Кафедраи омор

Кафедраи омор қисми таркибии факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин соли 1968 ташкил гардида, қабули довталабонро аз рӯи ихтисоси омор соли 1987 оғоз намудааст. Нахустин мудири кафедра н.и.и., дотсент Ҳ.Қ. Қурбонов мебошад. Дар ибтидо кафедра равияи оморӣ ва коркарди автоматии ахбороти иқтисодӣ дошта, мутахассисонро аз рӯи 2 ихтисос барои кумитаи давлатии омор, марказҳои ҳисоббарорӣ, комплекси агросаноатӣ вазорату ташкилотҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ тайёр намуд. Дар соли 1971 дар назди кафедраи омор тахассуси  «Ташкили коркарди механикии ахбороти иқтисодӣ» таъсис дода шуд, ки нахустин хатмкунандагони он соли 1977 ин шӯъбаро ба итмом расониданд. Соли 1984 дар заминаи  кафедраи омор, кафедраи «Коркарди автоматии ахбороти иқтисодӣ» ташкил гардид, ки н.и.и., дотсент З.А Раҳимов ҳамчун мудири кафедра таъин карда шуд.

Аввалин бор соли 1987 кафедра-мутахасисонро аз рӯи ихтисоси омор қабул кард ва онҳо Донишгохро соли 1992-ум хатм намудаанд. Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ талаботро ба мутахассисони баландихтисоси омор дучанд баланд намуд, бинобар ҳамин дар назди кафедра масъалаи баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён ва ба талаботи замон ҷавобгӯ будани онҳо вогузошта шуд.

Кафедра барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ, маводҳои таълимиро дар асоси талаботҳои конунӣ ва равандҳои таълимӣ кор карда баромад, ки ба шароити нави хоҷагидорӣ ҷавобгӯ буданд. Дар шароити ҳозира кафедраи омор яке аз кафедраҳои асосии факултети баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони пешрафтаи хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳм мегузорад. Дар солҳои гуногун сарварии кафедраи оморро номзадҳои илм –дотсентон Ҳ.Қ. Қурбонов (1968-1978), С.Қ. Қониев (1979-1989), Х.С. Боҳирова (1989-2000), С.А. Маъдиев (2001-2005), Ҷ.У. Урунбоев (2005-2006) ба ӯҳда доштанд ва аз соли (2006 -2011) дотсент Боҳирова Х.С. такроран интихоб шуда, дотсент Мирзоев С.С. (2011-2015), дотсент Эргашева М.А. аз соли 2015 инҷониб мудири кафедра мебошанд.

Аз давраи ташаккули минбаъдаи кафедра –устодони соҳибтаҷриба дар кафедра аз рӯи ихтисоси ташкили коркарди механизатсияи ахбороти иқтисодӣ- дотсентон Хосият Фатҳулоева, Саодат Бобоҷонова, Абдуҷаббор Абдуллоев, Аня Аксиненко, муалими калон Кароматулло Гулов кор карданд. Ба сифати ҳамкорон: н.и.и. Исмат Каримов-собиқ раиси Кумитаи давлатии омори ҶТ; Маҳмудҷон Содиқов- раиси Маркази ҳисоббарории Кумитаи давлатии омор; профессор Р.Розиқов –корманди Иниститути иқтисодии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва аз рӯи ихтисоси омор-дотсентон Ҳ.Қ. Қурбонов, М.А. Сой, С.Қ. Қониев, Ю.С. Паленко, Х.С. Боҳирова, С.А. Маъдиев, Н.Н. Салиев, Ҷ. Шарапов, С. Низомов, С.Х. Хоҷа, муаллимони калон А.С. Сафаров, М.Қаҳҳоров, Р. Гангинская, Г. Саломова, Ҷ.У. Урунбоев, асисентон П.Ҷ. Ҷураев, С.Х. Холов, С.С. Мирзоев, З. Шабдолова, Ҳ.И. Иброҳимов, А. Маҷидов, С. Бекова, А. Ҳасанов, ба сифати хамкорон-дотсентон Қ.А. Аҳмадов, С. Сайфол-ҷонишини раиси Кумитаи давлатии омор, н.и.и. Р. Эргашев-корманди Бонки миллии Тоҷикистон низ дар кафедра фаъолият намудаанд.

Як қатор устодони кафедра дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва давлатӣ, ба монанди: Н.Н.Солиев -мудири шӯъбаи методология ва санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии институти илмӣ-тадқиқотии Бонки мили Тоҷикистон, А.Абдуллоев-декани факултети инжинерӣ-иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, З.А. Раҳимов-мудири кафедраи молия ва қарди Донишгоҳи давлатии милии Тоҷикистон, Ҷ.Шарапов-мутахассиси асосии низоми бонкӣ ва дигарон вазифахои маъмуриро ишѓол мекунанд.

Дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси кафедра саҳми олимони машҳури соҳаи оморӣ- Б.Г.Плошко-д.и.и., профессор, мудири кафедраи омори Институти молиявию-иқтисодии Ленинград, А.Я.Боярский-д.и.и., профессор, мудири кафедраи омори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, Г.Л.Громико-д.и.и., профессор, мудири кафедраи омори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, О.П.Замосковний- д.и.и., профессор, мудири кафедраи хоҷагии қишлоқи Донишкадаи иқтисодию-омории Маскав, И.И.Елисеева-академики Академияи илмҳои Россия, Э.А.Акрамов-д.и.и. прафессор, мудири кафедраи омори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов, ҷонишини раиси кумитаи омори ИДМ хеле калон мебошад. Аз олимони ватани профессор Ҳисайнов Х.И., -д.и.и. Исломов С.И. Аъзо –корреспанденти Пажуишгоҳи Илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Доир ба ҷабҳаи тадқиқоти илмӣ аз тарафи муаллимони кафедра чандин дастовардҳо, аз қабили: Ҳ.Қ. Қурбонов «Паст кардани арзиши аслии маҳсулот-омили асосии баланд бардоштани даромаднокии истеҳсолот». (д., 1976с), Ҳ.Қ. Қурбонов «Праблемаҳои инкишофи демографии РСС Тоҷикистон», (д., 1981с), аз тарафи дотсент Мирзоев С.С., «Шуғли ғайрирасми ва муаммоҳои он» (2012с), аз тарафи дотсент Қониев С.Қ. «Сифати омори маҳсулоти саноат» (2008с), аз тарафи дотсент Боҳирова Х.С. «Захираҳои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар савхозҳои пахтакорӣ» (1986с), дотсент Боҳирова Х.С. ва А. Гадоев « масъалаҳои интенсификатсияи хоҷагии қишлоқ» (Душ.,1981с).

Муаллимони кафедра дар ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва методӣ саҳмиарзанда гузоштанд. Аз тарафи онҳо дастури таълимии «Назарияи умумии омор» (бо забони тоҷикӣ) (Х.Қ.Қурбонов, А.Сафаров), «Маҷмӯи мисолҳо аз ин фан» (М.Сой, Х.Боҳирова), «Дастури таълимӣ аз фанни оморшиносӣ» (С.Низомов, Ш.Қодиров), таҳия карда шудаанд.

Соли 1975 таълими фанни назарияи умумии омор аз тарафи устодони кафедра (Ю. Папенко, М.Сой, Х.Боҳирова) ба барномави таълимӣ гузаронида шуд, ки дар пешбурди кори таълимӣ ва методӣ нақши муҳим гузошт.

Баробари ба даст овардани истиқлолият ва ба тасвиб расидани қонун оид ба забони давлатӣ дар кафедра дастурҳои таълимӣ ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ, аз қабили «Супоришҳо (барои корҳои мустақилонаи донишҷӯёни шӯъбаи омор аз фанни назарияи умумии омор» – Х.Боҳирова (Д.,1993с), «Барномаи таҷрибаомӯзии истеҳсоли донишҷӯёни шӯъбаи омор»- Х.Боҳирова (Д.,1993с), «Дастури методӣ оид ба иҷрои рисолаҳои дипломӣ барои донишҷӯёни шӯъбаи омор»Н.Солиев (Д., 1992с) тайёр карда шуда буданд. Аз тарафи дотсентон Боҳирова Х.С., «Практикум аз назарияи умумии омор» (2008с), Мирзоев С.С. «Назарияи умумии омор» (2009с), Эргашева М.А., Боҳирова Х.С. «Мушоҳидаи интихобӣ» (2013с), аз тарафи Солиев Н.Н., Холов Р., Мирзоев С.С. « Таърихи омор» (2008с), аз тарафи дотсент Эргашева М.А. «Қаторҳои динамика» бо забони давлатӣ ва руси (2015), аз тарафи дотсент Мирзоев С.С. «Омори иҷтимоӣ-иқтисодӣ» бо забони давлатӣ (2017с), аз тарафи дотсентон Эргашева М.А., Боҳирова Х.С. «Назарияи умумии омор» китоби дарсӣ бо забони давлатӣ ва руси (2018, 2019с), аз тарафи ассистен Аҳмадов ва Мирзоев С.С. «Системаи ҳисобҳои миллӣ» (2019с), инчунин аз тарафи устодони кафедра дар соли 2013 «Барномаҳои таълимии кафедраи омори факултети баҳисобгирию иқтисодӣ» ва дар соли 2017 аз тарафи устодон «Маҷмубарномаҳои таълимӣ аз фанҳои тахассусии кафедраи омори факултети баҳисобгирию иқтисодӣ»

Раванди фаъолияти илмӣ ва амалии кори кафедра боиси он гардид, ки ба ѓайр аз тадқиқу омӯзиши мавзӯҳои ҷойдошта кафедра бо корхонаҳои истеҳсолии вилоятҳо ва хоҷагиҳои алоҳида оид ба корҳои тадқиқотию амалӣ ҳамкориҳо кардааст. Дар соли 1987 бо Комплекси агросаноатии вилояти Қурѓонтеппа оид ба «Таҳлили-87» дотсент (Боҳирова Х.С.) шартнома баста шуд, ки мақсади он таҳлили самараноки истифода бурдани захираҳои истеҳсолии совхозҳои пахтакории вилоят буд. Дар асоси таҳлили гузаронидашудаи устодони кафедра таклифҳои дақиқе кор карда баромада шуданд, ки дар истеҳсолот ҷорӣ гардидаанд.

Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ низ устодони кафедра  барои иҷро намудани грантҳо дар мавзӯъхои «Vater Consult ва Вазорати хоҷагии об», (дотсент Х.С.Боҳирова), Тадқиқи сатҳи камбизоатӣ дар ҶТ-барномаи UNDP, (Ҷ.Урунбоев) талабот ва қарзи истеъмолии-фонди «Имон», пардохти маблаѓи хизматрасониҳои тиббӣ-Маркази тадқиқотии «Зеркало», вазъи демографӣ дар ноҳияи води Рашт барномаи UNDP (С. Мирзоев )  ширкат варзидаанд. Омода намудани коркунони илмӣ-педагогӣ тавассути аспирантура ва докторантура, яъне аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра мебошад, ки айни ҳол дар кафедра ду нафар аспирантон ба корҳои илмӣ таҳқиқоти машғуланд.

Аз ибтидои ташкилшавии дар назди кафедра қабули аспирантону докторантон оғоз ёфтааст, ки дар мӯҳлатҳои гуногун 15 нафар устодони кафедра рисолаҳои номзадиашро дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он дифоъ намудаанд.

Устодони кафедра дониш ва малакаи худро дар марказҳои гуногуни тайёркунонии мутахассисони тавассути мунтазам ширкат варзидан дар семинар ва конференсияҳои байналхалқӣ ва дохилӣ сайқал дода бо хазинаи аҳолии барои кумак расонидани  рушди ҳисобҳои актуали дар барномаи «ICON» кумаки техники барои дастгирии ислоҳоти нафақа дар Тоҷикистон (Эргашева М.А.)

Барои баланд бардоштани корҳои илмӣ ва методӣ дар кафедра аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лоиҳаи «Татбиқи стратегияи миллии рушди омор» (гранти EKACTAT № IF0017852) ба ба кафедра 10 адад компютер бо арзиши умумии 64130 сомонӣ ва 1 (як) адад принтери бисёрамалиёта бо арзиши 2740,07 сомонӣ ҷудо кард.

Талаботи ташкил намудани кафедра барои мусоидат дар тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ин ду ихтисос барои Кумитаи давлатии омор, марказҳои ҳисоббарории ахборотӣ, комплекси агросаноатӣ, вазоратҳо, ташкилотҳо ва инчунин барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ алоқамандӣ дошт.

ҲАЙАТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ОМОР