МОЯИ ИФТИХОР ВА ҒУРУРИ МИЛЛӢ

533

 Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳама давру замон эҳтиром гузоштан ба рукнҳои муҳимтарине, ки ҳастии давлату миллати тоҷик аз онҳо вобастагии қавӣ дорад, амри зарурӣ дониста мешуд ва дар ин замина кӯшишҳои пайгиронае низ ба чашм мерасанд. Барҳақ, забони тоҷикӣ, ки дар ин радиф яке аз унсурҳои муҳимми пойдории миллату давлат маҳсуб меёбад, аз мадди назар дур намондааст ва ҳамеша пайи устувориву пояндагии он фарзандони шуҷову равшанфикрони миллат саъй намудаанд. Ба касе пӯшида нест, ки аҳли зиёи мо дар гузашта мақоми забони миллиро дар баробари давлати миллӣ медонистанд ва мавҷудияти ин ду мафҳумро ба ҳамдигар сахт иртибот медоданд. Ба таври дигар, забонро асоси давлат ва фанои онро заволи миллат медонистанд. Аз ин рӯ, ҳамеша забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат дониста мешуд ва баҳри устувориву пешрафти он аз ҳама имкониятҳо кор мегирифтанд. Чунончи, таълифи асарҳои илмиву бадеӣ бо забони тоҷикӣ дар замоне, ки дигар забонҳо нуфузи бештар доштанд, танҳо иродаи матин ва шуҷоати тоҷиконаро талаб мекард. Ифодаи «Чаро бо забоне нависам, ки барои ман ошно нест» дар ҳамон давра ҳамчун шиори худшиносиву худогоҳии миллӣ қабул шуда буд. Шиоре, ки баъдтар ба ҷараёни муқтадири ҳувияти миллӣ табдил ёфта, дар охирҳои асри гузашта аз худ дарак дод.

Истиқлолияти деринтизори мардуми тоҷик дар охири садаи бистум боис гардид, ки мақому манзалати забони тоҷикӣ ба сифати забони расмии давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол бознигарӣ шавад. Дар асоси чораандешиҳои саривақтии ҳукумати вақт, ки ба беҳбудии вазъи забон дар ҷомеа нигаронида шуда буданд, мақоми он устувор гардида, бештар аз ҳама, забони тоҷикӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибони асили худро дарёфт. Роҳбари давлати тоҷикон аз рӯзҳои аввал сиёсати забониро дар меҳвари сиёсати хеш қарор доданд ва барои амалӣ гардидани он як қатор ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуданд. Яке аз чунин ташаббусҳои комилан судманди Пешвои миллат ҷиҳати шинохти забон таълифи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» дар ду ҷилд мебошад, ки аз ҷониби аҳли зиёи мамлакат ва бевосита мутахассисони соҳа хеле хуб пазироӣ гардид. Мо дар мавриди ҷилди якуми китоби мазкур андешаҳои худро муфассал баён намуда, таъкид дошта будем, ки он дар шинохти таърихи забони миллӣ ва шаклгирии он ба ҳайси унсури миллатсоз арзишмандтарин асар ба ҳисоб меравад. Ин ҷо зарур медонем, ки чанд андешаи худро дар сифати ҷилди дуюми китоби мазкур иброз дошта бошем. Ба ин тариқ, ҷилди дуюми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ба қавли муаллиф, «саргузашту сарнавишти забони моро аз ҳамлаи муғул (асри XIII) то суқути сулолаи Манғитиён дар Осиёи Миёна ва эълони Ҷумҳурии Халқии Бухоро (1920) дар бар мегирад» (с. 6). Он бо фарогирии ҳафт боби муфассал тамоми бурду бохти забони моро дар паҳнои таърихи зиёда аз ҳафтсадсолаи мардуми тоҷик инъикос намудааст. Таъкид мегардад, ки ин давра дар шаклгирии забони тоҷикӣ замони хеле ҳассос ва пуртаъсир арзёбӣ мегардад ва маҳз барои инкишофу боландагии он дар минбаъда заминаҳои мусоиду мувофиқ гузошта шудаанд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар сангарҳои таърихӣ ба муқовиматҳои зиёди қавмҳои бегона рӯ ба рӯ шудаву дар ин набардҳои сиёсиву фарҳангӣ то ҳадде арзишҳои худро аз даст додааст. Агар аз даричаи қарни рафтаистода ба қаъри таърих назар андозем, маълум мегардад, ки баъд аз фурӯпошии давлати абарқудрати Сомониён то замони Истиқлолияти давлатӣ мардуми тоҷик аз тохтутозҳои аҷнабиён, ки мақсадашон аз миён бурдани таъриху тамаддун ва мавҷудияти миллати мо буд, дар канор намондааст. Хусусан ҳуҷуми муғулҳо ба сарзамини тоҷикон дар қарни 13-ро муаррихон ба таври хосса ва хеле дарднок баён мекунанд. Таъбири «Омаданду канданду сӯхтанду куштанду бурданду рафтанд» вазъи ҳамон давраро ба пуррагӣ инъикос намуда, аз ваҳшонияти гӯшношуниди муғулҳо ва баъдтар темуриҳо дарак медод. Маҳз ҳамин нукта фарогири муҳтавои боби аввали китоб буда, дар он ба таври хеле муфассал вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, забон ва илму фарҳанг дар ин давра ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Тавре ки муаллиф қайд менамояд: «То тохтутози муғулҳо ба Осиёи Миёна дар миёни халқҳои Хуросону Мовароуннаҳр мардуми тоҷик нақши халқи асосиро иҷро мекард. Яъне дар тамоми ин сарзамин мардуми тоҷик аксариятро ташкил медод. Ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна ва Эрон на танҳо ба қатлу ғорати беамони тоҷикон овард, балки ба дигаргунии вазъи ҷуғрофии сукунати тоҷикон дар сарзамини аҷдодии онҳо ибтидо гузошт» (с. 13). Ҳамчунин дар ин қисмат аз намояндагони илму адаб ва шоирону адибони ин замон ёдоварӣ мегардад, ки ин ҷиҳат ҷанбаи адабиётшиносии асарро хеле пурқувват намудааст. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки забони тоҷикӣ ҳатто дар ҳассостарин лаҳзаҳои таърихӣ низ аз рушду инкишоф бознаистода, мунтазам доираи нуфузи хешро тавсеа додааст. Чунончи, дар асрҳои XIII-XIV он ба сифати забони қудратманду тавоно аз доираи Мовароуннаҳру Хуросон берун баромада, дар сарзамини Ҳиндустон истифодаи васеъ дошта, ҳатто ба ҳайси забони давлатии баъзе манотиқи ин сарзамин низ роиҷ будааст. Маҳз ҳамин таъсир буд, ки имрӯз низ дар забони ҳиндӣ миқдори зиёди унсурҳои луғавии забони тоҷикиро дучор шудан мумкин аст. Метавон гуфт, ки дар ин асрҳо забони мо ба сифати забони байналмилалӣ ба қавмҳои зиёде хизмат намуда, осори фаровоне бо ин забон то ҳанӯз боқӣ мондааст. Албатта, ба чунин мартаба соҳиб гардидани забони тоҷикӣ бе заҳмати шоирону адибоне, ки бо ин забон иншо менамуданд, ба даст наомадааст. Дар боби дуюми китоб таъкид мегардад, ки дар устувор гардидани мақоми забони тоҷикӣ дар ҳавзаи Ҳиндустон саҳми фозилони давр Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Зиёуддини Нахшабӣ, Бадри Чочӣ, Муайядуддини Хоразмӣ ва дигарон хеле назаррас аст. Дар ин миён нақши Амир Хусрави Деҳлавӣ махсус арзёбӣ мегардад: «Мақоми Амир Хусрави Деҳлавӣ дар густариши забону адабиёти тоҷикӣ дар нимҷазираи Ҳиндустон хеле бузург буда, адибони баъдӣ ба вай ҳам дар шаклу ҳам дар мавзӯъ пайравӣ кардаанд» (с. 93).

Метавон хулоса намуд, ки забони тоҷикӣ дар асрҳои XIII-XIV ба сифати забони неруманд тавонист мавқеи худро дар ҳавзаҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ мустаҳкам намояд ва ин боиси он гардид, ки забонҳои дигар аз ҳисоби захираи луғавии забони мо унсурҳои луғавии зиёдеро қабул намоянд.

Бобҳои сеюму чоруми асари мавриди таҳлил асосан ба вазъи забони тоҷикӣ дар асрҳои XVI-XVIII бахшида шудаанд. Зикр мегардад, ки дар ин давра бо сабаби ноором будани авзои замона ва таассуби аз ҳад зиёди мазҳабӣ забон то ҷое аз инкишоф бозмонда, таркиби он аз ҳисоби унсурҳои забонҳои дигар ва оммиёна бой гардид. Дар аҳди Шайбониёну Сафавиён ва баъдтар Аштархониён ба василаи осори гаронбаҳои шоирони давр, аз қабили Бадриддини Ҳилолӣ, Камолиддин Биноӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Абдураҳмони Мушфиқӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Содиқи Муншӣ, Абдулқодири Бедил ва дигарон, ки маҳз бо ин забон менигоштанд, забони тоҷикӣ асолати хешро нигоҳ дошта, аз санҷиши гарони таърихӣ гузаштааст. Дар ин давра забони тоҷикӣ қудрати калимасозиву маъноофаринии худро боз ҳам мустаҳкам намуда, ба забони зиндаи мардум наздик гардид. Бо вуҷуди чунин афзалиятҳо масъалаи тозагии забон дар натиҷаи фишорҳои сиёсиву фарҳангӣ ва мазҳабӣ зери хатар қарор гирифт. Сабаби чунин беэътиноиро муаллиф чунин ба қалам медиҳад: «…дар мавриди беолоишии забони адибон камтар касе фикр мекард. Сабаби чунин вазъият берун рафтани табақаи дабирон ва адибон аз дарбор ва нишастани рӯҳониён, ки завқи чандоне ба шеър надоштанд, ба ҷои онҳо буд» (c. 206).

Таҳлили калимаҳои ҳаммаъно, иқтибосӣ, мураккаб, хусусиятҳои калимасозии забони ин давр, санъати саҷъ ва хусусиятҳои забонии он, истифодаи истилоҳот ва дигар мухтассоти забони тоҷикӣ дар ин қисмат аз ҷониби муаллиф хеле мӯшикофона ва илмӣ сурат гирифта, ҳусну қубҳи боби мазкурро баланд бардоштаанд. Бешак, вазъи забони тоҷикӣ дар асри XIX ба таҳқиқу таҳлили хосса ниёз дорад, зеро дар ин давра забон ба сифати унсури асосии баҳамоварандаи фарҳанги миллӣ мавқеи калидӣ дорад. Метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ дар ин давра марҳилаи ниҳоят душвори таърихиро аз сар гузаронида, баъдтар дар шакли обутобёфта ва нисбатан сода барои ҷомеа хизмати арзанда кардааст. Маҳз дар ҳамин давра ҷараёни маорифпарварӣ ба вуҷуд омада, он дар атрофи ғояҳои созандаи худ беҳтарин донишмандону шоирон ва адибону зиёиёнро сарҷамъ намуд. Шаҳри Бухоро дар ҳамон шабу рӯз ҳамчун маркази бузурги тоҷикнишин тавонист ба тавассути мактабҳои илмӣ ва адабӣ мавқеи забонро устувор нигоҳ дорад. «Дар ҳамин сарзамин забони тоҷикӣ умри дубора пайдо кард ва аксари рӯзномаву китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ нашр шуда, ҳаводорони забони тоҷикӣ аз ҳисоби ҷавобухориён зиёд гардида, таълифи аввалин намунаҳои дастури забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуданд» (c. 263). Дар ин давра низ забон аз таъсири дарбор дур намондааст ва маҳз ҳамин падида боис гардидааст, ки яке аз нишонаҳои фарқкунандаи он ибораороиҳои мураккаб ва пур аз ташбеҳу киноёт, маъниофариниҳои арабии бемавқеъ ва ҷумлабандиҳои пурпечутоб мебошад. Бо вуҷуди чунин нобасомониҳо таркиби луғавии забон аз ҳисоби вожаҳои гуфтугӯӣ ва умумиистеъмол низ такмил ёфтааст. Бо шарофати қаламбадастони машҳури ин замон, ба мисли Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Абдулқодирхоҷаи Савдо, Шамсуддин Шоҳин, Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, Нақибхони Туғрал, Аҳмад Махдуми Дониш ва дигарон забони адабии тоҷикӣ рушд намуда, то андозае ба забони зиндаи халқ наздик шудааст. Содданависӣ нисбат ба осори пешиниён дар забони асарҳои бадеии адибони ин давр анъана шуда, баъдтар вусъати бештар пайдо намуд. Муаллифи китоб ин матлабро чунин арзёбӣ мекунад: «Дар забони асарҳои маорифпарварон калима ва таъбирҳои номафҳум хеле каманд. Унсурҳои забони халқ, ашё ва мафҳумҳои мушаххаси ҳаётӣ бештар мушоҳида мешаванд» (с. 293). Агар дар боби дуюми китоб мавқеи забони тоҷикӣ берун аз доираи ҳавзаҳои таърихии он, яъне сарзамини Ҳиндустон баррасӣ шуда бошад, дар боби шашуми он вазъи забони форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон ба риштаи таҳлил кашида шудааст. Забонҳои форсӣ ва дарӣ, ки дар як давраи муайян бо мафҳуми забони тоҷикӣ ҳаммаъно буданд, ҳоло низ дар ин минтақаҳо роиҷанд. Имрӯз ин се забон, ки решаи ягонаи таърихӣ доранд, дар се ҳавзаи сиёсӣ истифодаи васеъ доранд. Дар ин қисмати китоб муаллиф асосан вазъи забони форсиро дар замони салтанати Қоҷория таҳлил намуда, аз абармардони илму адаби он давра ёдовар мешавад. Зикр мегардад, ки «Дар ин давра бо забони форсӣ дар риштаҳои гуногуни илм, ҳикмат, калом, адабиёт, санъат, меъморӣ ва ғайра асарҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Махсусан, дар бахши фалсафа шахсиятҳое пайдо шуданд, ки осори онҳо дар рушди фалсафа ба забони форсӣ хеле муассир мебошад» (с. 330). Ибтидои асри бистум барои халқи тоҷик ҳамчун марҳилаи муҳимми таърихӣ ва давраи гузоштани гомҳои устувор барои таъмини ояндаи дурахшон маҳсуб меёбад. Маҳз дар ҳамин давра аввалин матбуоти даврӣ бо забони ноби тоҷикӣ рӯйи чоп омад, қудрати калимасозиву истилоҳгузинӣ ва дастурии забон боз ҳам бештар гардид. Ғалабаи Инқилоби Октябр, пош хӯрдани салтанати амирони манғит, сари қудрат омадани Ҳокимияти Шӯравӣ, ба роҳ мондани сиёсати ягона, қабули хати лотинӣ, баргузор гардидани аввалин ҳамоиши забоншиносон ва дигар падидаҳои мусбат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ сабаб гардиданд, ки забони тоҷикӣ бо тарҳу вазифаҳои нав ба истеъмоли мардум ворид гардад. Ҳарчанд захираи луғавии он дар ин давра аз ҳисоби калимаҳои куҳнашудаву таърихӣ ва русиву аврупоии номафҳум бой гардид, бо вуҷуди ин пайкараи забон дар қолаби таърихии худ боқӣ монд ва дар хидмати халқ қарор гирифт. Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки заминаҳои устувори рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ ва ба ҳолати кунунӣ расидани он маҳз дар ҳамин давра гузошта шудаанд. Ҳамин тариқ, бо ифтихор ва қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” туҳфаи навбатии арзандаест ба соҳибон ва ҳаводорони забони тоҷикӣ. Умедворем, ки натиҷаҳои таҳқиқоти мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа ба таври васеъ истифода шуда, дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳифзи рисолати забон хизмати арзандаеро ба сомон хоҳанд расонд.

Ҳамрохон Дӯстзода, дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии ДМТ