ПАЁМ – ҲУҶҶАТИ МЕҲВАРИИ РУШДБАХШАНДАИ СОҲАИ СОҲИБКОРӢ

398
 Сангинзода Д.Ш., мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ паёмҳои Пешвои миллат як ҳуҷҷати расмӣ ва стратегии рушдбахшандаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқии Тоҷикистон эътироф шуда, китоби рӯимизии ҳар як корманди давлатӣ ва аҳли ҷомеа мебошад.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, дар баробари таҳлили бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар фарогири масоили мубрами соҳаи соҳибкорӣ буд. Аз ҷумла дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат зикр гардид, ки: “Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3–5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд. Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки амали он аз якуми январи соли 2022 оғоз мегардад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва ба ин васила ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои зикргардида нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии онҳо ба қисми даромади буҷети давлатӣ боз иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардидаанд”.

Дар ин замина зикр намудан зарур аст, ки санаи 23-уми декабри соли 2021 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (15 фасл, 58 боб, 417 модда) имзо гардид, ки дар он дар баробари имтиёзу сабукиҳои мавҷуда, сабукиҳои нав пешбинӣ гардиданд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хизматрасониҳои меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз кам гардид.

Пешвои миллат, инчунин, зикр намуданд, ки “… дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонид”. Воқеан бо қабули Қонунҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон “Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон бинобар қонунигардонии маблағояшон” аз 10 майи соли 2002, № 40, “Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк” аз 16 майи соли 2007, № 271, “Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии баъзе маблағҳои онҳо” аз 25 феврали соли 2010, № 596 ва “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон” аз 2 июли соли 2021, № 1802 дар соҳаи соҳибкорӣ имконияти фарох ва мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуд. Чунки авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳо ин озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дороиҳо ва маблағҳое, ки мутобиқи талаботи қонун қонунӣ гардонида мешаванд, пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ ва кафолатҳои давлатии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандоне, ки дороиҳо ва маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд. Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикиcтон” аз 2 июли соли 2021, № 1802 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла соҳибкорон) дар давраи қонунигардонӣ метавонанд маблағҳои худро бо тартиби зерин қонунӣ гардонанд: 1) дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисобҳои пасандози муҳлатноки на кам аз яксола ва ё амонати исломӣ ба ҳамин муҳлат ба номи худ ворид намудани пули миллӣ ва ё асъор бо роҳи пардохти нақдӣ ва (ё) ғайринақдӣ (бо роҳи интиқоли маблағҳо аз суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ) бо нишон додани мақсади қонунигардонӣ дар шартнома ва ҳуҷҷати хазинавии даромад; 2) саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ бе ҳуқуқи бозпас гирифтани маблағ аз сармоя дар давоми се сол; 3) харидории ҳиссаҳо ва саҳмияҳои шахсони ҳуқуқии тиҷоратии давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4) харидории коғазҳои қиматноки давлатӣ ва хусусӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эмиссия шудаанд; 5) харидории евробондҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; 6) иштирок дар сохтмони ҳиссагии манзил дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; 7) ташкили хоҷагии деҳқонӣ ва маблағгузории фаъолияти онҳо тавассути ворид намудани маблағ ба суратҳисоби бонкии онҳо ё саҳмгузорӣ дар фаъолияти хоҷагии деҳқонии амалкунанда; 8) сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна бо ё бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ; 9) пардохти молу маҳсулот, таҷҳизоти воридотии таъиноти соҳибкорӣ; 10) сармоягузории корхонаҳои истеҳсолӣ; 11) сармоягузорӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ; 12) сармоягузорӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар; 13) сармоягузорӣ ба сохтмони молу мулки ғайриманқули ба фаъолияти соҳибкорӣ вобаста; 14) сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 15) сармоягузорӣ барои таъсиси субъектҳои нави фаъолияти соҳибкорӣ бо ҷои корӣ барои на кам аз 30 корманд; 16) сармоягузорӣ барои таъсис ва ё тавсеаи фаъолияти марбут ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар доираи талаботи қонунгузории амалкунанда; 17) сармоягузории такрорӣ барои рушди соҳаҳои саноат, аз ҷумла истеҳсолӣ, коркард ва кишоварзӣ; 18) ба бонкҳои ваколатдор фурӯхтани асъор.

Дар баробари таҳлили ваъи мавҷудаи соҳаи соҳибкорӣ Пешвои миллат баҳри рушди он дар Паёми худ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла зикр намуданд, ки: “Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати тақвият бахшидани ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан, сармояи мустақим барои бахшҳои саноати коркард мунтазам чораҷӯӣ намояд. Зарур аст, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми сармоягузории мустақим нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 10 фоиз расонида шавад. Ҳоло дар мамлакат 82 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 42 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Вале эҳтиёҷоти соҳаҳои мухталифи кишвар, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ дар самти бунёди инфрасохтори зарурӣ ҳанӯз ҳам зиёд мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки корҳоро доир ба ҷалби маблағҳои имтиёзнок тақвият бахшида, дар 5 соли оянда ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шавад. Дар ин раванд, ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона» ва таҳияи тартиби роҳандозии ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти давлатӣ бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд. Ҳамчунин, то охири соли 2022 раванди бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар давоми 24 соат, аз ҷумла ба тарзи электронӣ ба роҳ монда шавад”.

Пешвои миллат дар Паёми худ баҳри рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ чунин дастуру супоришҳои мушаххас доданд: андешидани тадбирҳои қатъӣ ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат, хусусан, барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ; баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, афзалият додан ба рушди нерӯи инсонӣ ва қабул кардани Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз»; таҳияи усулҳои пешгӯии хавфҳои эҳтимолӣ ва таъсири манфии омилҳои гуногун ба иқтисоди миллӣ, хизматрасониҳои рақамӣ, пешрафти «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» ва дар робита ба ин, ба роҳ мондани омӯзиши ҳамаҷонибаи манбаъҳои алтернативӣ, ихтироъкориву навоварӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нави каммасраф ва роҳу усулҳои аз ашёи хоми ватанӣ истеҳсол кардани доруворӣ ва нуриҳои маъданӣ ҳамчун вазифаи вазифаи аввалиндараҷаи олимони кишвар; андешидани чораҳои судманд баҳри такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи ҳуқуқ. Дар ин асно зарур аст, ки мо олимони кишвар, аз ҷумла ҳуқуқшиносон барои такмили қонунгузорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, бартараф намудани нуқсонҳои мавҷуда, ихтилофоти меъёрӣ пешниҳодҳои худро илман асоснок пешкаш намоем, тафсирҳои илмию оммавиро омодаи чоп намоем ва бо назардошти ҳадафҳои стратегии кишвар баҳри навиштани монографияҳо, рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ камари ҳиммат бандем.