Таҳқиқи истилоҳи терроризм яке аз масъалаҳои мураккабу печидаи илми ҷаҳонӣ мебошад. Маълум аст, ки зиёда аз дусад таърифи терроризм вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ яке аз ин таърифҳо умуми эътирофшуда нест. Ин аз он дарак медиҳад, ки зуҳуроти терроризм гуногунҷабҳа, мураккаб ва бисёрчеҳра мебошад. Аз нуқтаи назари равиши методологӣ сухан сари он меравад, ки оё системаҳои иҷтимоӣ, қобилияти худинкишофёбӣ ва ҳамоҳангшавиро доранд ё не? Дар раванди амали намудани ин мақсад мо бояд аз идеяи фавқулодагии миллату давлат, даст кашем ва ба иттифоқу сулҳ, муколамаи зинда бо дигар халқу миллатҳо кӯшиш намоем ва фалсафаи гайризуровариро дар саргаҳи муносибатҳои худ ҷойгир намоем.
Терроризм яке аз шаклҳои зуҳуроти номатлуби қарни ХХI дар фаъолияти худ аз системаи муайяни пайравҷамънамоӣ, таълиму ташвиқ ва тарбияи террористон истифода менамояд. Муҳақиқи америкоӣ Марк Хаузер муаллифи асари «Ахлоқ ва хирад», истилоҳи «ангезаи ахлоқи» – ро ҷорӣ менамояд. Ӯ ин асарашро ба таҳлили сабабҳое, ки одамонро барои вайрон намудани ангезаҳои ахлоқи водор менамояд бахшидааст. Ба ақидаи ин муаллиф вайронкунии ахлоқӣ вақте сар мезананд, ки фард бевосита ҳуқуқ ва накуаҳволии дигаронро маҳдуд менамояд . Ба ин маъно фаъолияти экстремистӣ ҳам ба он равона шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандро вайрон карда, дар ҷомеа ноустувориро ҷорӣ карда, кори инистутҳои иҷтимоии ҷомеаро фалаҷ гардонад. Мушоҳида мешавад, ки ҷавонон ба объекти ҷалбнамоии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор гирифтаанд.
Ҷалбнамоии ҷавонон ба фаъолияти экстремистию террористӣ яке масъалаҳои камтаҳқиқ шуда буда, барои муҳақиқон душвориҳои зиёди методологиро пеш овардааст. Вуҷуд надоштани равиши ягонаи истилоҳию методологӣ дар бораи тарзу усулҳои ҷалбнамоию ҳамроҳкунии ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ба ҷомеаи илмӣ душвориҳои зиёд пеш овардааст. Яъне мо бояд донем, ки ҷавонон ба фаъолияти экстремистию террористӣ ё гурӯҳҳои ифротӣ чи тавр ва бо кадом роҳу усулҳо ҷалб карда мешаванд ва чи тавр мо метавонем, ки онро пешгири кунем. Донистани ин омил имконият медиҳад, ки мо нисбати ин масъала як назарияи муккамали илмӣ эҷод намоем. Зарур аст, ки аз нигоҳи амалӣ роҳҳои ҷалбнамоии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ нишон дода шаванд, чунки ин имконият медиҳад, ки чорабиниҳо дар самти муборизаю пешгирии экстремизму терроризм боз ҳам муккамалтар карда шавад.
Сабабҳо ва шароити ҷалбнамоии ҷавонон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ бояд, ки аввалан ба гурӯҳҳо ҷудо карда шуда, таснифот шавад то дар асоси он як системаи муккамалии илмӣ ва давлатии муборизаю пешгирии фаъолияти террористӣ коркард шавад. Таснифоти сабабу шароитҳои ҷалбнамоии шаҳрвандони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ тақозо менамояд, ки мо бояд, пеш аз ҳама ба як равиши воҳид ва фаҳмишу дарки ягонаи экстремизм ва терроризм такя намоем. Ин маънои онро дорад, ки экстремизм ва терроризм зуҳуроти иҷтимоӣ – сиёсии мураккаб буда, аз унсурҳои зиёди ба ҳам алоқаманд иборат мебошанд. Равишу муносибати методологии дақиқ нисбати экстремизм ва терроризм самаранок буда, имконият фароҳам меорад, ки ҳеҷ омиле дар сохтори терроризм сарфи назар шавад ва ба омилҳою сабабҳои пайдоиши экстремизму терроризм ҷавобҳои сазовор пайдо карда шавад.
Бояд қайд кард, ки мо бояд ҳатман системаи муккамали пешгирию мубориза бо экстремизму терроризмро коркард намоем ва дар асоси он бо сабабҳою шароити пайдоиш ва инкишофи экстремизму терроризм ва ҷалбнамоии ҷавонони мо ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мубориза барем. Фаҳмиши экстремизму терроризм бояд мушаххас, ва таърихӣ бошад, ва он ҳамчун зуҳуроти манфии ҷомеаи инсонӣ баҳогузорӣ шавад, чунки мушоҳида мешавад, ки аз мавҷудияти экстремизм ва терроризм ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан давлатҳои алоҳида азоб кашида истодаанд. Равиши методологии воҳиду системавӣ имконият медиҳад, ки ба таҷрибаи мушаххаси давлатҳои дигар оиди пешгирии экстремизм ва терроризм такя намуда, бо он дастаҷамъона мубориза барем. Омӯзиши экстремизм ва терроризм дар такя бо таҷриба ва тадқиқоти мӯҳақиқони ватании соҳаҳои сотсиология, сиёсатшиносӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва психология хело ҳам муфид буда, боиси дақиқ кардани табиат ва моҳияти манфури ин вабои асри ХХ1 хоҳад шуд. Дар раванди таҳқиқи сабабу шароитҳои пайдоиши экстремизм ва терроризм мо гурӯҳи омилҳоеро ҷудо кардем, ки фарогирандаи паҳлӯҳои гуногуни ҳайёти ҷомеа буда, дар ташакулёбии фаъолияти экстремистию террористӣ таъсири муайян мегӯзоранд, ки инҳо мебошанд: идеологӣ; сиёсӣ; иқтисодӣ; иҷтимоӣ; қавмӣ; мазҳабӣ – динӣ; маъмурӣ – ҳудудӣ; равонӣ;
Сарҳади омилҳои дар боло тақсимбандишуда шартан буда, ҳар як сатҳ дорои зерсатҳи худ мебошад. Идеология ҷавҳари аслии дилхоҳ таълимоти фалсафӣ – иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мазҳабӣ мебошанд. Маҷмӯи арзишҳо, мазмунҳо ва ѓояҳои эътирофшуда, ки асоси худшиносии гурӯҳи ва шахсиро ташкил медиҳад идеология номида мешавад . Дар энсиклопедия фалсафӣ таърифи зерини истилоҳи идеология дода шудааст, ки ба ақидаи мо мазмуни мукамалтар дорад. Идеология маҷмӯи идея ва тасавуротҳои истилоҳан ба расмият дароварда шуда буда, ифодакунандаи ҷаҳонбинӣ ва идеяҳои субъектҳои гуногунӣ сиёсат ба монанди синфҳо, миллатҳо, ҷомеаҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошад ва ҳамчун шакли тасдиқ ё иҷозати ҳукмронӣ ё ҳокимият дар ҷомеа баромад менамояд [3;с.81]. Ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ идеологияи зуровариро ба сифати воситаи зарурии ба даст овардани мақсадҳои муайяни сиёсӣ истифода менамоянд. Идеологияи зуроварӣ бояд дар пайвастагии дигар равандҳои иҷтимоии ҷомеа таҳқиқ карда шавад. Мутобиқан барои тасвири илмии идеологияи зӯровари бояд, ки омилҳои равонӣ, дини ва қавмии ҷалбнамоии ҷавонон ба фаъолияти террористӣ дида баромада шавад. Идеологияи зӯровари хосият ва табиати гуногуни зоҳиршавӣ дошта, бо шаклҳои мухталифи экстремизм ва терроризми алоқаманд аст. Идеологияи зуроварие, ки хислати динӣ дорад, асосан бо экстремизм ва терроризми таасуби алоқамандии зич дорад. Экстремизм ва терроризми таасуби байни дигар шаклҳои экстремизму терроризм хатарноктар буда, боиси қурбониҳою марги зиёди аҳолии осоишта мегардад. Ба ҳамин хотир зарур аст, ки бо тамоми воситаҳою сарчашмаҳо зидди идеологияи зуроварӣ мубориза барем. Ин тақозои замон аст, агар хоҳем, ки ҷомеаи тоҷик муътадил рушду инкишоф ёбад, бояд барномаи давлатии пешгирию мубориза бо экстремизм ва терроризмро таҳия намоем ва дар амалияи ҷамъиятӣ татбиқ кунем. Вобаста ба ҳамин масъала муҳаққиқи тоҷик С.Ятимов идеологияро бо тамоми ҷабҳаҳояш таҳлил карда, қайд менамояд, ки «Бар зидди ҳама гунна идеологияи зараровар на танҳо панду насиҳат, ё худ ибрози нияти нек, балки ҳатман ба воситаи идеологияи пурқудрат ва муқовиматкунанда мубориза бояд бурд» . Гурӯҳи омилҳои сиёсӣ дар он зоҳир мегардад, ки гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи якқатор ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, молиявӣ ва хадамотҳои кашофии кишварҳои хориҷӣ маблаѓгузори мешаванд. Мутобиқан барои тарѓиботу маблаѓгузорӣ ва ҷалбнамоии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ маблаѓҳои калон ҷудо мегарданд. Маҳкам кардани роҳҳои воридшавии маблаѓ ба ҳисоби гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ яке аз воситаҳои муҳими пешгирии ҷалбнамоии ҷавонон ба фаъолияти экстремистию террористӣ мебошад.
Гурӯҳи дуюми омилҳои ба вуҷудоварандаи экстремизм ва терроризм бо равандҳои сиёсии дохилиминтақавӣ алоқаманд буда, имконияти ҷалбнамоии ҷавононро ба фаъолияти экстремистию террористӣ зиёд мегардонад. Яке аз сабабҳои фаъол шудани гурӯҳҳои ифротию террористӣ ин пеш аз ҳама равандҳои дохилисиёсӣ дар минтақаҳои муайяни ҷуѓрофӣ мебошад, ки элитаҳо ва кланҳои сиёсӣ дар он нақши фаъолро бозӣ менамоянд. Яъне кланҳо ва элитаи сиёсии минтақаҳо ва кишварҳои алоҳида дар аксари маврид манфиатҳои дохилигурӯҳии худро авлотар дониста, ба зарари кишвар ва аҳолии худ амал менамоянд. Ҳатто мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо байни худ низ дар ҳолати таззод мебошанд ва дар ҳолатҳои муайян ба воситаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба ҳамдигар таъсир мерасонанд. Ин ҳолатро мо метавонем дар равандҳои иҷтимоӣ – сиёсии як қатор кишварҳои Шарқи Наздик махсусан дар Ироқ, Сурия, Қатар ва Либия баръало мушоҳида намоем. Масалан, гурӯҳи экстремистӣ ва террористии «Давлатӣ исломӣ» дар натиҷаи дастгирии молиявию иқтисодии як қатор кишварҳои исломии Шарқи Наздик бо ҳамкори хадамоти ҷосусии кишварҳои алоҳидаи Ѓарб рӯйи кор омадаанд. Аз дасти саркардагон ва пайравони ҳаракати экстремистию террористӣ «Давлатӣ исломӣ» давлатҳои калони Шарқи Наздик ба монанди Ироқ, Сурия ва Лубнон ба майдони ҷанг табдил ёфта, аҳоли зиёди ин кишварҳо муҳоҷири иҷбори шуданд.
Гурӯҳи экстремистию террористии давлати исломӣ ба ҷавонони тоҷик низ таъсири манфӣ расонида истодааст. Тарѓиботи густурдаю пинҳонии ин гурӯҳи экстремистӣ ва террористӣ ба воситаҳои гуногун, махсусан тавасути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси он гардид, ки як қатор шарҳрвандони мо ба таври фаъол ба фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ ҷалб карда шуда, ба сафи ин гурӯҳ пайваста дар ҳудуҳои Сурия ва Ироқ дар ҷангу хунрезӣ иштирок карда истодаанд.
Гурӯҳи дигари омили пайдоиши экстремизм ва терроризм ба масъалаи инкишофи коррупсия, заиф шудани идоракуни давлатию маҳаллӣ дар ҷомеа алоқамандии зич доранд. Дақиқ аст, ки Инистутҳои ҳокимияти давлатӣ дар мубориза бо экстремизму терроризм заиф буда, нисбати пешгирии ин хатар ба саҳлангорию бепарвоӣ роҳ медиҳанд, ки нобахшиданист. Масъалаи асоси дар он аст, ки бояд пеш аз ҳама мақомотҳои идоракунии давлатӣ дар минтақаҳо ва мақомотҳои маҳаллӣ мустаҳкам бошанд ва дар он хизматчиёни давлатии дорои худшиносии миллӣ, донишу савияи тахассусии баланд фаъолият намоянд ва тавонанд, ки зуҳуротҳои экстремистию террористиро дар ҳолати пайдоиш дарк ва мушоҳида карда, бо он мубориза баранд. Мутаасифона ҳолатҳои ҷой доранд, ки саркардагони ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ба воситаи ришва хизматчиёни давлатиро муттаҳам карда, ба ин тарз яроқу лавизимоти ҳарбиро озодона ба кишвар дохил менамоянд, байни аҳоли тарѓиботи ифротӣ бурда, ҷавонони гумроҳро ба фаъолияти экстремистию террористӣ ҳамроҳ менамоянд.
Яке аз заминаҳои асосии пайдоиши экстремизм ва терроризмро омилҳои иҷтимоӣ ташкил медиҳанд. Масалан, бекорӣ, даромади пасти аҳолӣ, надоштани манзили зист, иқтисодӣ ҷиноӣ ба ҳалқаи омилҳои иҷтимоии пайдоиши ин зуҳуротҳои номатлуб дохил мешаванд. Бояд қайд кард, ки номутаносибии инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа ва душвориҳои ба кор таъмин кардани аҳолӣ боиси халалдор шудани фазои иҷтимоӣ – сиёсӣ ҷомеа ва сар задани зуҳуротҳои экстремистӣ – терористӣ мегарданд. Қайд кардан зарур аст, ки баъди барҳам хурдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо сабаби ихроҷи кадрҳои баландихтиссос, сатҳи технологии иқтисодиёт хеле паст гашт. Ин раванд вазъияти ногӯвореро ба миён оварда, боиси паст шудани сатҳи донишу маърифати аҳолӣ гардида, муқобилиятнишондиҳии ҷомеаро нисбати хатари паҳншавии омилҳои экстремистӣ ва террористӣ хеле паст гардонид. Маълум аст, ки ибтидоӣ солҳои 90 –ум иқтисодиёти Тоҷикистон ба бӯҳрони амиқ гирифтор шуда, ба талаботи инкишофи замон дигар ҷавоб дода наметавонист. Яъне инкишофи иҷтимоӣ – иқтисодии кишвар ва ҷомеа дар пешгирию мубориза нисбати гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ нақши муҳимро мебозанд. Ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷинс, сину сол, баромади иҷтимоӣ, таълимот ва ҷаҳонбинии ҷавононро ба назар гирифта, ҷалби онҳоро ба сафҳои худ ба роҳ мемонанд. Яъне ба ақидаи аксари муҳақиқон омилҳои демографӣ ба монанди кӯчиши аҳолӣ, ба шуѓл фарогирифтани онҳо, таълим дар Донишгоҳҳо ба интихоб ва ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротию террористӣ таъсир мерасонад. Аксари ҷалбшавандагон ба ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ ин ҷавонони сину соли 20 то 35 – сола бе шуѓли муайян асосан ҷинси мард мебошанд. Яъне ҷавонони бекор, аз раванди таълиму тарбия дар канор монда, муҳоҷирони меҳнатӣ ба объекти асосии тарѓибот ва таъсирасонии ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор мегиранд. Маълум аст, ки аксари амалҳои террористӣ ба дасти ҷавонон роҳандозӣ карда мешаванд.
Амалҳои террористӣ ба он равона шудаанд, ки дар ҷомеа ҳолати муайяни тарсу нобовариро ба вуҷуд оваранд. Амалҳои террористӣ ба воситаи ВАО, Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода мешаванд, ки таъсири равонии ин амалҳоро боз ҳам зиёдтар карда, вазъияти иҷтимоӣ – сиёсӣ ва динии ҷомеаро хароб мегардонад. Вазифа ва мақсади асосии терроризм ин таъсирасони ба эҳсоси омма, тарсонидани аҳолӣ, эҷоди вазъияти тарс, вайрон кардани маъною мақсади ҳайёт ва арзишҳои инсонӣ мебошад. Ба таълиму тарбия фаро нагирифтани ҷавонон таъсирпазири ва ҷалбнамоии онҳоро ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ хеле зиёд мегардонад. Барои ҳамин ҷавонони бедонишу бетахассус туъмаи асосии идеологони гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд, чунки инсони бедонишу бе маърифат назди тарѓиботи идеологӣ оҷиз аст. Муҳити иҷтимоӣ – фарҳангии инкишофи шахсиятро танҳо дар раванди таълиму тарбия метавон ба вуҷуд овард. Дар ҳолати беаҳмият мондани раванди таълиму тарбия чи аз тарафи волидайн ва чи аз тарафи давлат ҷавонон метавонанд аз тарбияи арзишҳои идеологӣ ва маънави ҷомеа берун монанд. Дар ҳолати беназорат мондани заминаҳои маънавии ҷомеа, раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо ҷавонони муосирро назди тарѓиботи экстремистӣ – террористӣ бемуҳофизат мегардонад.
Омили дигаре, ки метавонад заминаи пайдоиши экстремизм ва терроризм гардад маргинализатсия мебошад. Оиди истилоҳи маргинализатсия ақида ва назарияҳои гуногуни иҷтимоӣ – фалсафӣ вуҷуд доранд, ки якдигаро сарфи назар менамоянд. Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик Маҳмадиев Н.Д. марҳилаи муҳим оид ба тадқиқоти маргиналҳо ва люмпенҳо дар сохтори ҷомеа ва нақши онҳо дар ин сохтори ҷамъиятӣ ба фалсафаи постмодернизм, ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ- фалсафӣ мансуб аст. Постмодернистон ҳамаи равияҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фалсафиро, ки то давраи онҳо вуҷуд доштанд, мавриди тафтиш – аз навдидабароӣ қарор дода, калимаи маргиналро ба доираи васеи расму русуми фарҳангӣ ворид намуда, люмпенро бошад, инсони мобайни маънидод карданд. Ҳам маргинал ва ҳам люмпен манбаъи умумии мавҷуд набудани мавқеи муайянро дар фарҳанг доранд. Дар бораи маргиналҳо ҳамчунин метавон гуфт, ки дар онҳо худогоҳӣ, мавқеи муайян дар сохтори иҷтимоии ҷамъият мавҷуд нест. Аз ин рӯ, онҳо ба осонӣ дар зери таъсири ѓоявии гурӯҳҳои динӣ – экстремистӣ ва гурӯҳҳои сиёсӣ мемонанд [5;с.98]. Душвориҳои иҷтимоӣ ба монанди майзадагӣ ва нашъамандӣ инсонро маргинал намуда, ва ӯ осон туъмаи ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ мегардад ва ба сифати шаҳид дар амалҳои террористӣ истифода мешаванд.
Ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ ба зиддӣ давлати мо кор карда, мутаасил кӯшиш менамоянд, ки озодии мутлақ ба даст оранд то ки ба ҳокимияти сиёсӣ ва сарчашмаҳои иқтисодӣ роҳ ёбанд. Масалан, дақиқ маълум аст, ки яке аз мақсадҳои асосии ҳаракати экстремистию террористии ҲНИ ин даст ёфтан ба сарчашмаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аз нигоҳи ҷуѓрофӣ дар бунбасти камуникатсионӣ қарор дошта, дар минтақаи ҷойгир аст, ки 93% онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва ин омил имкониятҳои иқтисодии аҳолӣ ва кишвари моро каме маҳдуд месозад. Ин омилҳоро ба назар гирифта идеологони ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ ба зидди ҷомеа ва кишвари мо фаъолиятӣ густурда бурда, шаҳрвандони моро ба ҳаракатҳои экстремистӣ ва фаъолияти террористӣ ҷалб менамоянд. Аммо новобаста аз вуҷуд доштани душвориҳо бо шарофати кӯшишҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо зина ба зина аз бунбасти комуникатсионӣ раҳои ёфта, аз пай инкишофи соҳаи иқтисодиёт ҳастем, то ки бо ин роҳ вазъияти иҷтимоӣ – иқтисодии давлатро беҳтар созем.Омили дини – мазҳабӣ эҷодкунандаи фазои мусоид барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба фаъолияти экстремистию террористӣ мебошад. Душвории асоси сари он аст, ки бо тамоми воситаҳо пеши роҳи тарѓибнамоӣ ва ҷалбнамоии ҷавонон ба фаъолияти экстремистӣ – террористӣ гирифта шавад. Дар ҷаҳони муосир тамоюлоти тақвиятёбии экстремизми динӣ баръало мушоҳида мешавад, ки қурбониҳою зиёди инсониӣ ва зарари калони моддӣ ба миён оварда истодааст. Дар дохили дини Ислом ҳаракатҳои зиёди таасубгаро ва экстремистӣ вуҷуд доранд, ки мақсади асосиашон мубориза бо кофирон, пайравони дигар динҳои ҷаҳонӣ буда, дар саргаҳи идеология ва таълимоти экстремистии онҳо бунёди хилофати исломӣ қарор дорад. Аммо идея бунёди хилофати исломӣ утопия буда, дар марҳилаи муосири инкишофи ҷаҳон амалинашаванда аст, чунки ҷаҳони ислом ва миллатҳое дар ин ҳудуди бузург зиндагӣ мекунанд, зиндагии зери ҳукмронии хилофати исломиро ҳаргиз намехоҳанд. Чунки ин тарҳи сиёсии утопиявӣ бо номи хилофати исломӣ ба ҳувият, худшиносӣ ва фарҳанги ин миллатҳо хатари бузург дорад. Фарҳангу ахлоқи миллӣ ҷавҳари ҳастии ҳар як халқу миллат буда, мо бояд ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар муборизаю пешгирии паҳншавии экстремизм ва терроризм истифода намоем. Инчунин мушоҳида мешавад, ки ҳаракатҳои экстремистию террористӣ аз инқирози иҷтимоӣ – иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷомеа, махсусан ҷавонон истифода намуда, онҳоро ҳаматарафа меомӯзанд таасубгаро менамоянд ва ба фаъолияти экстремистию террористӣ ҷалб менамоянд.
Баъди оѓози марҳилаи бозсозӣ дар охири солҳои 80 – ум вазъияти сиёсие ба миён омад, ки ѓояҳои экстремистӣ махсусан таълимоти экстремистии ваҳҳобия байни ҷомеаи тоҷик тарѓиб шуданд. Дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ибтидои солҳои 90 – ум гурӯҳҳои динӣ – экстремистӣ як тарафи фаъол ва бераҳми моҷароро ташкил медоданд. Ба ақидаи якқатор сиёсатмадорон ва муҳақиқон барҳам хурдани давлати Шӯрави садамаи бузурги геополитики қарни ХХ мебошад, ки ба зиндагии гурӯҳи калони одамон таъсири манфӣ расонидааст [6]. Одамоне, ки гирди як идеология сарҷамъ буданд, дар як шаб худро маҳрум аз идеологияи муттаҳидкунанда ва давлат эҳсос намуданд. Аз набудани идеология муттаҳидкунанда истифода намуда, ҷой онро бо коркардаи муайян идеологияи ҳаракатҳои дини – экстремистӣ махсусан ваҳҳобия, ҳизб – ут – таҳрир, салафия гирифта, гуруҳи зиёди аҳоли махсусан ҷавононро таасубгаро, ифротӣ ва гумроҳ намдуданд. Ҳаракати экстремистии ваҳобия ва салафия дар ҷомеаи муосири тоҷик низ реша давонда ба таври пинҳони амал намуда, ба бехатари ҷомеа ва давлати мо таҳдид менамояд. Ҳаракатҳои экстремистии исломӣ ба воситаи таъсирасонии равонӣ ҷавононро ба сафи гурӯҳояшон ҷалб менамоянд. Ѓояпардозони онҳо Сура ва оятҳои алоҳидаи Қуръонро ба таври худ ва ба мақсаду ҳадафҳои онҳо мувофиқ шарҳу тафсир дода, ҷавонони ба доми фиреби онҳо афтидаро ба ҷиҳод яъне ҷанг бар зидди кофирон ё пайравони динҳои дигар даъват менамоянд. Бояд қайд кард, ки Ислом дини сулҳофару башардӯст мебошад, аммо ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ ба монанди ваҳҳобия, салафия, ДИИШ, Ҷабҳат – ан-нусра ва дигарон номи ин динро бо шарҳу тафсирҳои нодурусти худ бад менамоянд.
Дар хулоса бояд қайд намоем, ки бо истифодаи сарчашмаҳои равонию иҷтимоӣ мо бояд ҷавононро дар руҳияи худшиносию ватанпарвари тарбия намоем то ки онҳо тавонанд дар ҳама ҳолати зиндагӣ худро аз хатари таасубгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм ҳифз намоянд. Муҳоҷирони меҳнати ба гурӯҳи демографии осебпазир дохил мешаванд, чунки онҳо ҳар дақиқа ва ҳар сония метавонанд, ки ба объекти ҳуҷумҳои ҷисмонию равонӣ қарор гиранд, ки хоҳ нохоҳ ба эҳсоси инсонии ва психикаи онҳо бе таъсир намемонад. Аз ин ҳолат пеш аз ҳама идеологони ҳаракатҳои экстремистӣ – террористӣ истифода карда, муҳоҷирони ҷавонро коркард карда ҳолати равони онҳоро таъѓир дода, ҷаҳонбинии онҳоро ифротӣ мегардонанд ва ба фаъолияти террористӣ ҳамроҳ менамоянд. Яъне ҳисси миллию қавмии муҳоҷиронро бо мақсадҳои ѓаразнок бедор менамоянд ва истифода мебаранд. Ҳамин тавр, муносибати халқу миллати таҳҷоӣ нисбати эҳсоси қавмию миллии муҳоҷирони ҷавон намояндагони дигар халқу миллатҳо яке аз заминаҳои асосии ривоҷ ёфтани экстремизм ва терроризм мегарданд.