ҲУҚУҚИ ИНСОН: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

371

Бо чунин унвон имрӯз (09.12.2022) бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон – 10-уми декабр конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. зимни сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику шодбош намуда, иброз намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланди илмӣ дар инкишофи низоми ҳуқуқии кишвар ва боло бурдани маърифати ҳуқукии аҳолӣ нақши назаррас мегузорад. Мавсуф нақш ва мавқеи миллати тоҷикро дар масири таърих дар роҳи шинохти ҳуқуқи инсон ва эҳтиром гузоштан ба он мубрам арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки Эъломияи Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқҳои инсонро дар таърихи башарият муайян намуда, минбаъд баҳри қабул намудани санадҳои дигар дар самти ҳуқуқи инсон заминаи асосиро гузоштааст.

Сипас, декани факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қурбонализода Н.Ш. бо сухани шодбошӣ баромад намуда, нақш ва мавқеи Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро дар инкишофи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки ҶТ дар самти ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои беназир ноил гардидааст, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак ва дигар сохторҳое, ки бевосита ба ҳуқуқи инсон сару кор доранд, самараи ташаббусҳои Пешвои миллат дар бахши таҳкими мақому манзалати инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ мебошанд.

Дар кори конференсия олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, намояндагон аз вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ВАО ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, устодону кормандони факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия зиёда аз 19 маърӯза дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли мазмун ва моҳияти ҳукуқи инсон дар раванди ҷаҳонишавӣ; ҳимояи ҳуқуқ ва маифиатҳои гурезаҳо; бархӯрдории қурбонии савдои одамон аз принсипи масуният; нақши ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои танзими ҳуқуқии соҳавии он; таҳаввули ҳокимияти судии Тоҷикистон ва фаъолияти он дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; омилҳо ва асосҳои ҳуқуқии қабули стратегияи ватандӯстӣ; роҳҳо ва тарзҳои татбиқсозии ҳуқуқу озодиҳои иқтисодию иҷтимоӣ; асосҳои ҳуқуқии рушди омӯзиши фанҳои гуманитарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ; нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар ҷаҳонишавии низоми ҳукуқии Тоҷикистони муосир; асосҳои ҳуқуқи пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид намуд, ки конференсия кори худро дар чор бахш ба роҳ монда, дар он зиёда аз 94 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баррасӣ мешаванд.