БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ НАМУДАНИ СИНФХОНАВУ ОЗМОИШГОҲҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТИББИИ ДОНИШГОҲ

520

Дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори ректори ДМТ дар факултети тиббии донишгоҳ барои беҳтар намудани самти таълиму тарбияи донишҷӯёни факултети мазкур синфхона ва озмоишгоҳҳои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Имрӯз зимни ифтитоҳи синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд. Зимни боздид аз синфхонаю озмоишгоҳҳои нави таълимӣ ва ҷараёни дарсҳо ректори донишгоҳ ба садорат ва масъулини факултет дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои таълимию методӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб тавсияҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаи малакаҳои клиникӣ имконият медиҳад, донишҷӯён пеш аз гузаронидани амалиётҳои тиббӣ дар беморон донишҳои амалӣ худро дар муляжҳо такмил дода, дар дастгоҳҳои тиббӣ корро омӯзанд. Синфхонаи мазкур барои малакаҳои клиникӣ аз терапия, педиатрия, ҷарроҳӣ, акушерӣ ва гинекологӣ пешбинӣ шудааст.

Дар синфхонаи мазкур аёниятҳо ба монанди муляжҳо, дефибрилятор, таҷҳизоти сабти барқии дил, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, оксигенератор барои додани оксигени намнок, брохоскоп, муляжҳои дастҳои сунъӣ барои гузаронидани тазриқи даруни варидӣ ва муляжҳои сурин барои гузаронидани тазриқи даруни мушакӣ, ларингаскоп барои гузаронидани интубатсияи трахея, отаскоп барои муоинаи роҳҳои шунавоӣ, барои гузаронидани антропометрия-қадченкунакҳо, муляж барои гузаронидани чораҳои эҳёӣ, маҳси пушидаи дил ва додани нафаси сунъӣ ба воситаи халтаи амбуҳ, ва маводи акушерӣ мавҷуд ҳаст.

Озмоишгоҳи ташхиси клиникӣ бошад барои баргузории машғулиятҳои амалӣ барои донишҷӯёни ихтисоси кори тиббӣ-ташхисӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, дар озмоишгоҳи имконияти анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мавҷуд аст. Дар озмоишгоҳи мазкур дастгоҳу таҷҳизот зерин мавҷуд аст: Сетрофуга, анализатори биохимиявӣ, гемоанализатор, инкубатор-термостат, автоклаф, дастгоҳи устросадо, микроскопҳои электронӣ мавҷуд аст. Донишҷӯён метавонад, дар озмоишгоҳо бо роҳбарии омӯзгор ва ё мустақилона амалҳои зеринро анҷом диҳанд: таҳлилҳои биохимиявии хун, пешоб, бавоситаи ултросадо ташхиси тамоми узвҳои ковокии шикам ва кос, ғадуди сипаршакл, ширӣ, рагҳои хунгард ва ташхиси дохили батнӣ.

Дари озмоишгоҳи ташхиси клиникӣ, барои баргузории машғулиятҳои амалии фанҳои ташхисӣ-лабораторияи клиникӣ, гемотологияи лабораторӣ, курси малакаҳои клиникӣ, биохимияи клиникӣ, иммунология ва ташхиси функсионалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз озмоишгоҳи морфологӣ низ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар он дастгоҳу таҷҳизотҳои зерин мавҷуд аст: Миограф, кимограф, болғачаи неврологӣ, маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳикунанда, сентрофуга, ҳаммоми обӣ, спирометрҳо, электрокардиограф, глюкометр, камераи Горяев, асбоби Панченков, гемометри Салӣ, дозометр, микроскопҳо, маҷмуи препаратҳои гистологӣ ва ғайра.

Озмоишгоҳи мазкур барои баргузории машғулиятҳои лабораторӣ аз фанҳои физиологияи нормалӣ, гистология, физиология бо асосҳои анатомия пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, ин озмоишгоҳ барои анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ истифода бурда мешавад. Дар озмоишгоҳ донишҷӯён имкон доранд хусусиятҳои физиологии асабу мушак, таҳлили камонаки рефлекторӣ, рефлексҳои ҳароммағз, таҳқиқи боздории системаи асаб, усулҳои омода намудани препаратҳои гистологӣ, омӯзиши ҳуҷайраҳои бофтаҳо, фаъолияти биоэлектрикии дил, ченкунии фишори артериявӣ, муайянкунии нишондиҳандаҳои нафаскашии берунӣ, фаъолиятнокии ферментҳои шираҳои ҳозима, ҳисобкунии ҳуҷайраҳои хун, гематокрит, суръати такшоншавии эритросидҳо, муайянкунии гурӯҳҳои хун ва резуси хунро омӯзанд.

Баъд аз ифтитоҳи марказҳои мазкур ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд, ки ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти марказҳо ва иҷрои корҳои илмӣ-таълимӣ чораҳои зарурӣ андешида, фаъолияти онҳоро назаррас ба роҳ монанд. Синфхонаи малакаҳои клиникӣ ва озмоишгоҳҳои ташхиси клиникӣ ва морфологӣ барои муҳассилини факултети мазкур имконияти бештар омӯхтанро фароҳам сохтааст.