РУШДИ САМТҲОИ НАВИ ИЛМӢ

634

Имрӯз (25.10.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-слолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 20-солагии таъсисёбии Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии “Рушди самтҳои нав дар илм: вазъи кунунӣ ва дурнамои он” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур намояндагони ДМТ, олимону меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Директори Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор, Раҷабзода С. дар мавзуи “Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар масири 20 соли рушд” суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зарфи 20 соли фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Дар тафовут ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сохтори махсуси илмӣ – Институти илмию таҳқиқоти амал мекунад, ки яке аз марказҳои асосии пажуҳиш ва таҳқиқот дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии илмии ДМТ ба ҳисоб рафта, дар пояи он як қатор мактабҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои физика, математика, химия, биология, геология, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва иқтисодӣ амал мекунанд ва ин мактабҳои аз ҷониби олимони кишварҳои дохил ва хориҷи кишвар эътироф гардидааст.

Зимнан профессор, Шарипов Тақдиршоҳ дар мавзуи “Муқовимат ба экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ҳошияи соли “Маърифати ҳуқуқӣ”)”, профессор, Одинаев Ҳаёт дар мавзуи “Принсипҳо ва самтҳои асосии ҳамкории обӣ-энергетикӣ дар шароити Осиёи Марказӣ” баромад намуданд.

Дар охир як зумра кормандони Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳ бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, бо Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.