КАДОМ НАВЪИ КИТОБ БАРТАРӢ ДОРАД?

Китоб дӯсти беҳтарини мо инсонҳо ба шумор меравад, ки аз хонданаш ҳар як шахс ба худ дунё-дунё маънӣ мегирад ва роҳбалади беминнатеро дарёфт менамояд. Ин дунё хеле зебо ва аҷиб аст, ки метавон онро бо роҳнамоии ин дӯсти беминнат дарк кард ва аз он манфиате бурд. Дар пайдо кардани ин роҳнамо бошад, барои мо роҳнамои дигар — омӯзгор мададрасон аст. Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки бо супориши баъзе устодони ботаҷриба мо роҳ сӯи китобхона пеш мегирем. Онҳо моро иҷборан ба хондани китобҳои бадеӣ раҳнамун мекунанд, ки ин албатта манфиати мо — мутахассисони оянда аст. Хуб аст, ки ин маҷбурсозиҳо оҳиста-оҳиста китобхониро барои мо одат месохтааст.

Танҳо баъди як муддати ҳаёти донишҷӯӣ дарк кардам, ки китоб хондан барои мо лозим будааст. Назди худ мақсад гузоштам, ки дар як ҳафта як ё ду китоби бадеӣ хонам. Ин дар аввал бароям каме мушкил менамуд, вале оҳиста-оҳиста шавқу рағбатам ба китобхонӣ дучанд афзуд. Як субҳи рӯзи сешанбе бо мақсади хондани китоби бадеӣ аз хона ба сӯи китобхонаи ба номи «Лоҳутӣ» равон шудам ва мутаассифона, танҳо як китоби лозимиямро пайдо намудаму халос. Ба гуфтаи кормандони китобхона китоби дуюми дархостиам дар дасти хонанда будааст. Ин сабаб гардид, то аз онҷо ба Китобхонаи миллӣ равам. Тақрибан ним соати вақти китобхониам дар роҳ сарф шуд. Баъд аз ба китобхона омада расиданам китоби даркориямро дастрас намудам. Аз сабабе, ки ҳаҷми китоб васеъ буд, натавонистам ба пурагӣ хонам ва боқимондаи китобро аксбардорӣ намуда, пеши худ гуфтам, то пагоҳ онро хонда тамом мекунам. Пас аз он боқимондаи китобро дар шакли электронӣ дар хона мутолиа намудам. Вақте китобро хонда тамом кардам ва ба устодам адабиёт мусупоридам, ҳангоми саволгузорӣ танҳо ҳамон қисмате, ки дар китобхона хонда будам дар хотирам нақш баста буду халос. Ин бароям аввалин бор набуд, ки баъд аз хондани китобҳои электронӣ ҳамеша ба мушкилӣ дучор меоям. Аз ин ҷо фаҳмидам, ки ҷои китоби аслиро ҳеҷ чиз гирифта наметавонад. Ғизои маънавие, ки китоби чопӣ медиҳад ва хонанда аз он баҳри бузург қатрае об менӯшад, дарвоқеъ олами дигар аст. Ташнагии маънавии моро ҳеҷ гоҳ китобу аксҳои электронӣ рафъ намекардааст. Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ки “чӣ фарқ аст байни китоби электронӣ?”. Аммо мо мегӯем, ки китоби классикӣ афзалият дорад. Китоб танҳо дар шакли классикии аслии худ муъҷиза мебошад. Китоби электронӣ наметавонад дарди асарро нишон диҳад, заҳмати нависандаро канор мегузорад ва ба хонанда ба ҷуз аз якчанд маълумоте парешон чизе намедиҳад.

Замони муосири техникиву технология таваҷҷуҳи ҳамаро ба худаш ҷалб намудааст, ки ҳеҷ яки мо нисбати он бетафовут буда наметавонем. Аммо дар баробари ин на ҳамеша техника ҷиҳатҳои мусбати худро дорост. Дар навбати аввал он моро аз хондани китобҳои бадеӣ дур менамояд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таъкид карданд, ки «Имрӯз ҷавонони кишвари мо кам китоби бадеӣ мутолиа мекунанд ва сатҳи китобхонии ҷавонон дар муассисаҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо хеле дар сатҳи паст аст». Тавсияву маслиҳат низ доданд, ки бояд ҳар як толибилм ва донишҷӯ дар як моҳ ҳади аққал ду-се китоби бадеӣ хонад. Аз ин ҷиҳат мо насли имрӯз бояд ба ин гуфтаҳо бе таваҷҷӯҳ набошем ва пайваста ба хондани китоби бадеӣ рӯ оварем ва вақти қиммати хешро дар китобхониву мутолиа гузаронем ва хубтараш аз китобҳои электронӣ камтар истифода барему рӯ ба китобҳои чопӣ биёрем. Гарчанде мо наметавонем сади роҳи мутолиаи электронӣ гардем. Аммо барои лазати ҳақиқии асарро фаҳмидан китобҳои чопӣ хеле манфиат доранд. Ҳар нафаре мункири ин андеша аст, бигзор якчанд маротиба ин муамморо дар таҷриба дида барояд.

Саҳоба Шарипова, донишҷӯ

ГАНҶИ СУХАН

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китоберо чун «Фуpӯғи субҳи доноӣ…» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад, балки дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳза инсонро ҷон, ҳастиву тавон ва имону виҷдон мебахшад. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад.

Пас, бисёр бояд шитоб карду китобҳои бузургу нодир дарёфт. Зеро ба қавли бузургон калиди дари илму маърифат, асоси хираду заковат, ганҷинаи фарҳангу маъхази нуру зиё, тарғибгари ҳар шодиву ободӣ, ҳаёти хурраму пурнишот, илму адаби пойдору устувор китоб аст. Хушбахтона, санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиклоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад. Инчунин, бо дастгири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд гардонидани шавқи китобхони ҷавонон озмуни ҷумҳурияви “Фурӯғи субҳи доноӣ…” пешниҳод гардид ва ин иқдом идома дорад. Бояд мо ҷавонон аз имкониятҳои имрӯза хуб истифода барем ва дар хотир дорем, ки китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳо, кони ганҷу маърифат ва ҷамъи алфози накуст, ки инсонро бо ростию росткорӣ, хирадмандию мардонагӣ ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад. …

                                                                          М.Холов