Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ

Лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи микробиологияи бунёдӣ ва татбиқӣ» (Network for improving research-based higher education in basic and applied microbiology), CPEA-LT-2016/10095. Барои солҳои 2017-2019, аз тарафи доварон дастгирии молиявиро сазовор гардид. Буҷаи умумии лоиҳа 3 млн. крони Норвегияро ташкил медиҳад. Дар лоиҳаи номбурда олимони мамлакатҳои зерин иштирок менкунанд Тоҷикистон, Армения, Гурҷистон, Узбекистон ва Норвегия. Лоиҳаи “Ҳамкориҳои Авруосиё-Норвегия дар соҳаи тадқиқот ва маориф дар самти муҳити микробиологӣ”, ки аз ҷониби Маркази биотехнологияи донишгоҳ бо Донишгоҳи Бергени Норвегия татбиқ мегардад имсол низ идома ёфт. Дар доираи ин лоиҳа олимони ДМТ дар Гурҷистон ва Норвегия сафар намуда, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ анҷом доданд.

Лоиҳаи «Шабакаи такмили таҳсилоти олии илман асоснок дар соҳаи биотехнологияи микробиологӣ» Network for research-based higher education in microbial biotechnology CPEA-LT-2017/10061, барои солҳои 2018-2021. Дар лоиҳаи номбурда иштироки олимони Тоҷикистон, Армения, Гурҷистон, Норвегия, Хитой, Қазоқистон ва Қырғызистон ба назар гирифта шудааст. Буҷаи умумии лоиҳа 3 млн. крони норвегияро ташкил медиҳад. Маблағгузории лоиҳа аз 1 июли соли 2018 оғоз ёфт.