АВВАЛИН КОРГОҲ ДАР САМТИ ДОРУСОЗӢ

405

Аз таҷлили Рӯзи парчами давлатӣ то ифтитоҳи Коргоҳи маводи ҷолинусӣ

Имрӯз (23.11.202) дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амали гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” бо ибтикори ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар назди Парки технологии донишгоҳ Коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ) кушода шуд.

Дар ифтитоҳи коргоҳи мазкур муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, намояндагону роҳбарони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазорати маориф ва илм, вазорати рушди иқтисод ва савдо, АМИТ инчунин, сохторҳои марбутаи кишвар иштирок доштанд.   

 Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии донишгоҳ ва сохторҳои ҳамкори он боздид намуда, сипас ба фаъолияти Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳи миллӣ шинос шуданд. Зимнан таъкид шуд, ки  дар ОЗМОИШГОҲ НАНОТЕХНАЛОГИЯ имконияти гузаронидани таҳлил ва ташхиси мавод: маъданҳои кӯҳӣ, об, ашёи минералӣ, маҳсулоти саноати металлургӣ, фарматсевтӣ ва хоҷагии қишлоқ мавҷуд мебошад. Дар ин озмоишгоҳ барои муайян намудани таркиби маводҳои зикргардида аз усулҳои атомӣ-эмиссионии спектралӣ, атомӣ-абсорбсионӣ, потенсиометрӣ, волтамперометрӣ, фотометрияи маҳлулҳо, фотометрияи алангавӣ, спектрометрияи инфросурх ва ултробунафш ва аз усулҳои химиявӣ истифода бурда мешавад.

Пояи моддию техникии Озмоишгоҳ барои иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби донишҷӯён, магистрантон, унвонҷӯён, докторанти фалсафа (Ph.D)-доктор аз рӯйи ихтисос,  докторони илм ва устодон мувофиқа мебошад. Озмоишгоҳинанотехналогия дар пояи озмоишгоҳи  Маркази таҳлил ва ташхиси маводи Институти илмию таҳқиқотии назди ДМТ санаи 20-уми октябри соли 2021 ифтитоҳ ёфтааст.

Ҳамзамон, меҳмонон аз МАРКАЗИ БИОТЕХНОЛОГИИ назди донишгоҳ боздид ба амал оварданд. Мақсади фаъолияти Маркази биотехнологӣ – рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, коркарди самтҳои пажӯҳишҳои илмӣ дар асоси афзалиятҳои давлатии инкишофи илмӣ-техникӣ бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодии он мебошад.

Вазифаҳои асосии Маркази биотехнологӣ аз рушди таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, инкишофи пажӯҳиши бунёдӣ ва амалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, ҷустуҷӯи самтҳои таҳқиқоти замонавӣ иборат мебошад. Равияҳои илмии Марказ – биотехнологияи растаниҳо ва биотехнологияи микроорганизмҳо мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки бори нахуст дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дар ҷумҳурӣ дар асоси натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони варзидаи  Институти илмию таҳқиқотӣ ва дар заминаи Парки технологии донишгоҳ КОРГОҲИ МАВОДИ ҶОЛИНУСӢ (галеникӣ) таъсис дода мешавад. Коргоҳи мазкур бевосита бо ташаббус ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, иқдоми амалиест дар роҳи татбиқи дастовардҳои илм ба истеҳсолот.

Зимни ифтитоҳи коргоҳ иттилоъ дода шуд, ки Коргоҳи маводи ҷолинусӣ коргоҳи истеҳсоли химиявӣ-фарматсевтие мебошад, ки дар он аз манбаҳои табиӣ (растанигӣ, маъданӣ, мавҷудотӣ ва ғ.) моддаҳои фаъоли биологӣ, ғизоӣ ва доруворӣ ба даст оварда мешавад. Маҳсулоти нимтайёри ба даст овардашуда дар натиҷаи коркарди минбаъда ва стандартонӣ то ба маҳсулоти тайёри доругӣ ва ё ғизоӣ расонида мешавад.

Дар ин коргоҳ шаклҳои доруворӣ: маҳлулу луобиҳо, шаробу экстрактҳо, сиробу мушкобаҳо, моддаҳои инфиродӣ ва дигар маҳсулоти табиӣ ба даст оварда мешаванд, ки дар бозори истеъмолӣ ҳамчун маҳсулоти баромадашон табиӣ (масалан, настойкаҳои бояришник, валериана, пустирник, пиона, родиола, прополис ва диг.) арзиш ва талаботи зиёд доранд.

Баъд аз ифтитоҳи коргоҳи мазкур дар толори калони донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавии хеш ҳайати меҳмонон ва кулли устодону кормандони донишгоҳро ба Рӯзи парчами давлатӣ ва ифтитоҳи коргоҳи мазкур самимона табрик намуда, дар самти сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҷиҳати татбиқи илм бо истеҳсолот суханронӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин муассисаи олӣ барои бевосита то ба сатҳи истеҳсолот омода намудани донишҷӯёни ихтисосҳои технологияи саноати дору, технологияи маводи атторӣ ва ороишӣ, дорусозии факултети фарматсевтӣ, ки бевосита ба саноати дорусозӣ пайвастагӣ доранд, тадбирҳои муҳимеро рӯйи кор гирифтааст. Ихтисосҳои марбутаи факултетҳои химия, биология, фарматсевтӣ ва тиб, бозомӯзии мутахассисони алоҳидаи ширкатҳо ва муассисаҳои фарматсевтии ватанӣ ба чунин як пойгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолӣ эҳтиёҷ доранд. Фаъолияти чунин коргоҳ барои омодасозии мутахссисони воқеии саноатии дорусозӣ қадами аввал хоҳад буд.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ ва кулли мардуми шарифи кишварро ба Рӯзи парчами давлатӣ самимона табрик намуда, саҳми устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро дар парчамбардории миллӣ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ Раҷабов С. – директори Институти илмию таҳқиқотии донишгоҳ ва Халифаев П.Д. – корманди Парки технологии донишгоҳ дар робита ба фаъолияти кории институт ва Парки технологӣ, инчунин, амали намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла Саноатикунонии босуръати кишвар суханронӣ намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки фаъолияти коргоҳ барои омодасозии мутахассисон, коршиносони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, бозомӯзии мутахассисони ширкатҳо ва муассисаҳои фарматсевтии ватанӣ чун пойгоҳи таҷрибавии истеҳсолӣ хизмат хоҳад кард. Дар ин коргоҳ мутахассисони ҷавон донишҳои назариявии худро дар амалия санҷида, маълумоти зарурии соҳаи дорусозиро ба даст хоҳанд овард. Фароҳам шудани чунин шароит метавонад ҷиҳати баланд шудани савияи дониши мутахассисони ҷавон дар илмҳои даққиқ ва оянда равнақ ёфтани нақши илм дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Оғози фаъолияти Коргоҳи маводи ҷолинусӣ барои ташкилсозии дигар коргоҳҳои низоми саноати фарматсевтӣ заминаи бунёдӣ фароҳам оварда, дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – Саноатикунонии босуръат мусоидат менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки чунин коргоҳи таҷрибавӣ-истеҳсолии маводи ҷолинусӣ дар таърихи дорусозии даврони истиқлол аввалин коргоҳ ба шумор меравад. Маводи ҷолинусӣ (галеникӣ) ва технологияи ба даст овардани онҳо сарманшаи муқаддимавии дорусозӣ ба шумор меравад. Он аз давраҳои қадим бо ибтикори олими Юнони қадим – Клавдий Гален (Ҷолинуси Ҳаким, солҳои 130-200 то милод) ва такмилу такомули саромадони тибби форсу тоҷик – Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ ибни Сино ба миён омада, то ба имрӯз ҳамчун яке аз қисматҳои оғозии технологияи фарматсевтӣ мавқеъ дорад.

Қабл аз бахши фарҳангии чорабинӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ғолибони олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия, ки дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон доир шуд, самимона табрик намуд. Ғолибон донишҷӯёни факултети химия Бобохонов Муҳаммадҷон (ҷойи 2), Икромов Меҳриддин ва Машрабов Шукрулло (ҷойи 3) буданд. 

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатиро манзури иштирокчиён намуданд.