АЗ ВОЛГА ТО ГАНГА ТАВАССУТИ ТРАНСОКСИАНА

428

 Имрӯз (20.10.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо Институти Осиё ва Аврупои АМИТ ва факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Волга то Ганга тавассути Трансоксиана» конференсияи  байналмилалии илми-амалӣ баргузор гардид, ки тибқи нақша давоми ду рӯз идома меёбад.

Дар ифтитоҳи конференсия ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х қайд намуд, ки конференсияи имрӯза бешубҳа инъикоскунандаи ҳадафҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомарӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба чор ҳадафи стратегӣ ва берун баромандан аз бунбасти коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.

Зикр гардид, ки саммити душанбегии Созмони Ҳамкории Шанхай ба самтгирии нави Созмон, ки пеш аз Шарқ ба Ғарб ҳаракат мекард, дигаргуниҳои сифатан навро ворид намуд. Пайвастани  Ҷумҳурии Исломии Эрон ва қаблан гирифтани узвияти он аз ҷониби Ҳиндустону Покистон ва изҳори таваҷҷуҳи як гурӯҳ кишварҳои араб, самти нави ҳамкориҳо – ҳамкориҳо дар самти “Шимол- Ҷануб” оғоз намуд. Акнун АвруОсиёи Шимолӣ (Русия) бо АвруОсиёи Ҷанубӣ (нимҷазираи Ҳинд) тавассути Осиёи Марказӣ равобити бисёрҷонибаи худро  боз ҳам қавитар месозад. Дар шароити имрӯзаи босуръат тағйирёбандаи геопалитикии ҷаҳон, ин тамоилро метавон ҳамчун тамоили  объективӣ ва рӯзмарра эътироф намуд.

Дар кори конференсия ҳамзамон, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Ҷамшед Ҷӯразода, директори ИАО-и АМИТ, профессор Ёрмаҳмад Ниёзӣ, сафири Фавқулода ва худмухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Туреханов Валихан Амирханули, намояндагони сафоратҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон, намояндаи Бунёди Горчаков хонум Даря Сапринская, раиси Фонди миллии “Шоҳроҳи абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат” дотсент, Абдуғанӣ Мамадазимов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баррасии конференсияи имрӯза, пеш аз ҳама, ҳалли мушкилоти мавҷуда, таҳияи стратегияҳои нави рушд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳои ба ҳам дӯст дар соҳаҳои иқтисод, сиёсат, фарҳанг, иттилооту ҳамлу нақл, бехатарӣ мебошад.

Гуфта мешавад, ки кори конференсия аз се бахш иборат буда, фардо низ ҷараён дорад.

Ашуралиева Шахзода