Бахши 1. ШАРҲИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

462

(Бардошт аз бахши аввали ҷаласаи вазеи Шурои олимони ДМТ: Фаъолияти донишгоҳ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023)

Имрӯз (04.01.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд ироа гардид, ки дар он ду масъала: омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботи ректори донишгоҳ оид ба бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (2022) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2023 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷаласа сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Маҳмудзода Маҳкам Аъзам ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар оғоз Суруди миллӣ садо дода, сипас, академики Маҳмудзода М.А. оид ба ҷанбаҳои гуногуни Паёми Пешвои миллат сухан намуда, аз бунёдкориҳо ва пешрафти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, инчунин, нақши маориф дар рушди давлатдории миллӣ ёдовар шуд.

Зимнан таъкидшуд, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолият мавриди таҳлил қарор гирифта шудааст. Вазифаи аҳли илмумаорифи кишвар дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Гуфташ шуд, ки Президенти кишвар ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкиддоштанд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем.

Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.

Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад».

Зимнан зикр гардид, ки таъкидҳои Паём танҳо рамзиву шиорӣ нестанд ва ба таври ҷузъиву мушаххас нишон додану таъкид гаштани масъалаҳои алоҳида далели он аст, ки ин нақшаҳо хеле зуд амалӣ хоҳанд гашт. Масъалаи илму маориф ба марҳилаи нав ворид гашта истодааст ва ин пойдевори қавии ҷомеаи пешрафтаву намунаи мо барои наслҳои оянда хоҳад шуд.