ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ТОҶИКИСТОНУ БЕЛАРУС ДОИР ГАРДИД

484

Дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Қабл аз оғози форум вазирони маорифи кишварҳо аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дидан намуданд. Дар Осорхонаи Пешвои миллат экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи донишгоҳ гирд оварда шудаанд. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қ.Хушвахтзода меҳмононро бо нигораҳои осорхона ва санадҳои нодир, инчунин, аксҳои ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ, унвонҳои фахрии аз ҷониби донишгоҳҳои ҷаҳон тақдимшуда ва дастовардҳои олимони донишгоҳ, ки дар толорҳои мунаққашу зебои он нигоҳдорӣ шудаанд, шинос намуд.

Сипас, меҳмонон аз дастовардҳои илмию тахникии донишгоҳ, ки дар ошёнаи якуми бинои асосии  донишгоҳ бо тарроҳии наву замонавӣ ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Намоишгоҳ аз гӯшаҳои китобҳои таълифнамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию таълимии устодону кормандони донишгоҳ, таҳқиқотҳои илмие, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар самтҳои гуногун анҷом дода шудаанд, дастгоҳҳои замонавии таълимӣ-истеҳсолӣ,  китобҳои нодири таърихӣ, дастовардҳои Маркази биотехнология ва Парки технологии донишгоҳ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, таҷҳизотҳои муосири фанҳои табиию риёзӣ, маҷаллаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра иборат буд, ки он  хеле таъсирбахш ва ҷолиби диққат буданд.

Баъд аз тамошои дастовардҳои донишгоҳ Форум расман ба кори худ шуруъ намуд.

Дар оғоз гирдгардонандаи Форум, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода иттилоъ дод, ки дар доираи ҳамкориҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус” доир мегардад, ки дар самти рушди ҳамкориҳои дуҷониба иқдоми назаррас мебошад.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қ.Хушвахтзода қудуми мубораки меҳмомнонро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, дар идома, дар робита ба густариш ёфтани ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарони олии ҳарду кишвар – Тоҷикистону Беларус суханронӣ намуд.

Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро зимни суханронии худ зикр кард, ки дар самти ҳамкориҳои дуҷониба як қатор созишномаҳо миёни Ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ва муассисаҳои таҳсилоти олию илмии ин кишварҳо ба тасвиб расидаанд. Хусусан, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар 19 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳо мусоидат хоҳанд кард. Дар баробари ин, баргузор намудани Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар имкон фароҳам меорад, ки лоиҳаҳои гуногуни илмӣ татбиқ шаванд ва табодули таҷриба сурат гирад.

 Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Ивантс Андрей Иванович таъкид кард, ки дар рафти вохӯрии роҳбарони олии ду кишвар – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар назди мо ба таври мушаххас масъалагузорӣ шуд, ки ҳамкориҳо дар самти маориф ва илм ҷоннок карда шуда, барои рушди иқтисодиёти ду кишвар мутахассисони варзидаю соҳибкасб омода карда шаванд. Зиёд намудани теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, таъсиси филиали яке аз донишгоҳҳои Беларус дар шаҳри Душанбе аз аз ҷумлаи иқдомоте ҳастанд, ки мехоҳем дар оянда амалӣ намоем.

Зимнан гуфта шуд, ки сафари навбатии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Тоҷикистон саҳифаи тозаеро дар таърихи ҳамкориҳо боз хоҳад кард. Ин боз як далели бо суръат инкишоф ёфтани муносибатҳои дӯстонаи дуҷониб дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ташрифи намояндагони давлатҳои ҳамкор аст, ки барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд корҳои назаррасро анҷом медиҳанд.

Ҳамзамон, дар идомаи Форум ректори Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар дар мавзуи «Иттиҳоди ректорон ҳамчун воситаи ҳамкории мутақобила ва рушди таҳсилоти олӣ», раиси Шурои  донишгоҳҳои олии Беларус, инчунин, ректори Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Белорус Богуш Вадим Анатолевич дар мавзуи «Рушди ҳамкорӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани рақобатпазирии донишгоҳҳои шарик», ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Шоев Нуралӣ Наботович дар мавзуи «Факултетҳои муштарак – омили устувори таҳкими ҳамкорӣ» ва ректори Донишгоҳи миллии техникии Беларус Харитончик Сергей Василевич дар мавзуи «Ҳамкории мутақобила ба хотири сифати таҳсилоти олӣ: назари коршиносон» суханронӣ намуданд.

Зимни ироаи маърӯзаҳо таъкид шуд, ки баргузории форуми мазкур дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи илму маориф мусоидат хоҳад намуд ва зарур аст, ки чунин форумҳо ба таври доимӣ баргузор карда шаванд.

Дар қисмати дуюми Форум барномаи фарҳангии омоданамудаи ансамбли халқии «Наврӯз»-и ДМТ, ки аз рақсу сурудҳои рангину тамошобоб иборат буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Баъд аз баргузории Форум ва суҳбату мулоқотҳои хоса ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Э.Хушбахт

Т.Иҳромов