ҲИКМАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1079

Имрӯз (12.05.2021) бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳо ва роҳу воситаҳои таҳким ва такмили истиқлолияти Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Дар нишаст таъкид шуд, ки Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард то роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Гуфта шуд, ки истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад, ки он аз ин ҳам ҳикмати бештареро дорост.

Сипас дар нишаст маърӯзаҳои доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи сиёсатшиносӣ Г.Н. Зокиров «Мақоми истиқлоли шахс дар таҳкими истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон», ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Муҳаммад А.Н. «Истиқлол, озодӣ ва муҳиммияти сиёсии онҳо», декани факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ М.Акмалова «Таҳқиқ ва омӯзиши манбаъҳои сиёсӣ ва ғоявӣ-назариявии консепсияи истиқлолияти давлатӣ», сарходими илмии шуъбаи Аврупо ва Амрикои Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Каримов Ш.Т. «Ташаккул ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон ва ИМА дар замони истиқлолият», мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ, дотсент Абдулҳаққов М. «Равандҳои глобализатсионӣ ва истиқлолияти давлатӣ» ва дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.