ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ – ТАЪМИНГАРИ ФАЪОЛИЯТИ САМАРАНОКИ СОЗМОНҲОИ ҒАЙРИДАВЛАТӢ

452

Ба миллати тоҷик таърих фурсат дод, ки ба истиқлолияти сиёсӣ бирасиданд. Ҳарчанд «дар як гӯшаи ватани таърихии худ ба озодӣ расиданд ва ин ҳам ҳанӯз истиқлолияти комил нест, қадри он бояд бидонем, зеро рӯйдоди бузурги таърихист, ки давраи наве дар таърихи миллат оғоз ёфт». Ин рӯзро, асрҳо боз ҳар фарди бедордили миллат орзу дошт. Имрӯз бовар ҳосил шуд, ки истиқлолу озодӣ на як орзуи дастнорас, балки чизе имконпазир будааст ва умеде пайдо гардид, ки дигар бахшҳои сарзаминҳои таърихии мо низ рӯзе ба ин саодат хоҳанд расид. [Масъалаҳо ва роҳу воситаҳои таҳким ва такмили истиқлолияти Тоҷикистон // Маводҳои ҳамоиши илмии маҳфили инфиродии «Шабафрӯз». – Душанбе, 2012. – 69 с., с. 5] Имрӯз мо тоҷиконро лозим аст, ки аз пештара дида, ба қадру ҳифзи ин рӯйдоди бузурги таърихӣ бирасему онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Масъалаи истиқлолият дар ду сатҳ – истиқлоли шахсӣ ва ҷамъиятӣ (сиёсӣ) зоҳир мегардад. Ин вобаста ба он аст, ки аз як ҷониб ҳар инсон то кадом андоза мустақилияти худро эҳсос намудааст ва аз тарафи дигар, давлат ва ҷомеа то чи дараҷа умумият, ягонагӣ ва таърихияти худро дарк кардааст. Ин ҳамаро бояд дар ташаккул ва рушди миллат мушоҳида кард.

Эҳсоси мустақилияти шахс марҳалаи муҳиме дар инкишоф ва рушди ҷамъиятӣ аст. Чун инсон худро озод, мустақил ва комил эҳсос намуд, шахсияти ӯ сифатҳои нав пайдо мекунад. Ин сифатҳо ба ҳамдиливу ҳамдастӣ ва истиқлолияти комили ҷамъият қувват медиҳад, то ки худро қудратманду пуриқтидор нишон диҳад. Ягона роҳи расидан ин худшиносии миллӣ аст. Дар ин ҷо такмилдиҳандаи худшиносии миллӣ, ягонагии этникӣ (дар заминаи ғояи ягонаву муттаҳидкунанда) баромад мекунад. Ягонагии этникӣ дар заминаи таъриху фарҳанг шакл мегирад, онро дар тули асрҳо халқу миллатҳо эҳсос мекунанд, арзишҳои олии онро дарк менамоянд.

Истиқлолият дар шакл ва навъҳои гуногун зоҳир мегардад. Аммо истиқлолияти шахсӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва иқтисодии мардум бештар муҳиманд. Пеш аз ҳама дар баробари навъҳои дигари истиқлолият, бояд истиқлолияти шахсӣ ташаккул ёбад. Мустақилияти шахс нисбати нафари дигар ин сатҳи олии истиқлол мебошад. Истиқлолияти сиёсӣ бошад, фаҳми васеъ дошта, он бештар муносибатҳои байни шаҳрванд ва давлатро фаро мегирад. Асоси истиқлолияти сиёсиро масъалаи кӣ қудрати қабули қонунҳо, муайян намудани тартибот ё тағйири онҳоро дорад, ташкил менамояд. Истиқлолияти сиёсӣ фаъолияти субъектҳоест, ки ба воситаи «давлат ё дар ҳудудҳои он амал менамоянд» ва кафолат медиҳанд, ки мустақилият ва соҳибихтиёрӣ дар инкишофи ҷомеа риоя гардад.

Истиқлолияти сиёсӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Яке аз он истиқлолияти давлатӣ буда, дорои мазмун ва мундариҷаи худ мебошад. Истиқлолияти кишвар ин истиқлолияти давлатӣ аст, ки дар навбати худ ба истиқлолияти дохилӣ ва хориҷӣ тақсим мегардад. Ин ду навъи истиқлолият хусусиятҳои ба худ хос доранд. Истиқлолияти дохилӣ дар заминаи мардумсолорӣ, қонун, конститутсия, парламент ва дигар институтҳои ҷамъиятию сиёсӣ воқеияти худро пайдо мекунад. Ба истиқлолияти хориҷӣ бошад, давлат ба сифати иштирокчӣ ва дорандаи ҳуқуқи комил оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ баромад мекунад.

Истиқлол ба шахсу шахсият, миллату давлат, ҳизбу ҳаракат ва дигар институтҳои иҷтимоию сиёсӣ қудрат медиҳад, ки тағйироти сифатиро барои барҳам додани қафомонии сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, умуман ҳар гуна ноадолатиҳои замон равона менамояд. Ин ҳамаро таъриху фарҳанги миллат месозад. Тамоми инкишофи таърихии мардум аз фарҳангу тамаддуни онҳо сарчашма мегирад. Ин аст ки табиати миллатҳо гуногун аст.

Агар ба таърихи халқу миллатҳо назар намоем, раванди бадастории истиқлолият хеле мураккаб буд, пайи муборизаҳои сиёсии пуршиддат ба он расидаанд. Муборизаҳои истиқлолиятхоҳӣ дар сатҳ ва зинаҳои гуногун ба амал омадаанд. Бештар вақт истиқлолият дар натиҷаи муборизаи ғайриосоиштаи халқҳо ба даст оварда мешавад. Баръало инро мо дар таърихи муборизаи мамлакатҳои ба ном «ҷаҳони сеюм» баҳри соҳибистиқлолгардӣ борҳо, дар муборизаҳои тӯлони оммаи мардум дида метавонем. Пайваста неруҳои сиёсии ватанпарвар сарварии онро ба душ мегирифтанд. Яке аз он ин буржуазияи нав ташаккулёфта буд, ки кӯшиши аз зери таъсири метрополия баровардани кишварро дошт.

Дар замон ва макон неруҳои сиёсӣ табиати гуногунро дар нисбати раванди бадастории истиқлолият ба худ соҳибанд. Масъалан, мустамликаҳои англисҳо дар Амрикои Шимолӣ дар асри XVII таъсис дода шуданд ва тавассути губернаторҳои таъйиншуда аз ҷониби шоҳи Англия идора мешуданд. Раванди таъсиси ҳукумати ИМА тахминан ба замоне рост меояд, ки тағйирот ва ивазшавии элита дар авҷ буд. Яке аз падидаҳои он замон истиқлолиятгароӣ шинохта шудааст. Раванди истиқлолиятгароӣ дар таърихи мардуми Амрико то қабули Эъломияи истиқлолият (4 июли соли 1776 бо як овоз тамоми сездаҳ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабул намудаанд) бар меояд. Матни эъломияи истиқлол, асосан маҳсули заҳмати Т. Ҷефферсон мебошад. Моҳияти эъломия фақат бунёди расмии давлати мустақил набуда, пешниҳоди таълимотест, ки озодии инсонро дар тамоми олам ҳамчун воситаи тавоно ва омили пешбар муаррифӣ намудааст.

Мустамликаҳо аз рӯй зарурат ба мубориза шурӯъ намудаанд ва мexoҳанд, ки шакли сохтори давлатиро дигар намоянд. Oнҳо маҷбур шуданд, ки ба муқобили ҳокимияти истибдодии мутлақи шоҳи Британия мубориза намуда, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ намоянд. Дар эъломия ба таври муфассал беадолатиҳо ва қонунвайронкуниҳои ҳокимияти метрополия нишон дода шудааст. Муборизаи халқҳои ИМА барои истиқлолият ба таври муфассал баён гардидааст. Дар ҳуҷҷати мазкур принсипҳои асосии истиқлолияти давлатӣ нишон дода шудаанд. Ҳам дар сиёсати хориҷӣ ва ҳам дар сиёсати дохилӣ мустақилияти комили собиқ мустамликаҳо нишон дода шудаанд. [Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Иборат аз се ҷилд. – Душанбе: «Андалеб-Р», 2015. , с. 499]

Эъломия ба фалсафаи сиёсии мутафаккирони Британияи Кабир ва Франсия асос ёфта буд. Ҳамзамон, дар бунёди ИМА доираҳои гуногуни илмӣ, даҳҳо консепсия барои такмил ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ пешниҳод намуданд. Кофист, ки аз «Мақолаҳои федералист» ишора намоем, ки аз 85 адад маводи таҳлилию тавсиявӣ иборат аст.

Мақсади ҳар як неруҳои ватанпарварро, пеш аз ҳама, дар доираи иттиҳод ин таҳким ва мустаҳкам намудани ҳукмронӣ, иқтисоди миллӣ ва роҳбарии ҷомеа ташкил медиҳад. Барои такмил ва таҳкими ғояҳои истиқлолият дар Тоҷикистон доираҳои гуногун ширкат намуданд. Инро мо дар солҳои 90-уми асри XX аз ҷониби муаррихон, сиёсатшиносон, коршиносон, рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва доираҳои дигар дида метавонем, ки гурӯҳ-гурӯҳ муттаҳид шуданд, то ки аз таъсиси ҳизбу ҳаракате хабар диҳанд. Ҳамзамон, аҳли илму адаби Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳо ва консепсияҳои пурарзиши илмию амалиро ба нашр расондаанд. Дар осори онҳо ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҷомеа пурра дарҷ гардидаанд. Дар таълифот бештар таваҷҷуҳ ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон равона гардидаанд. Барои инъикоси равандҳои истиқлолиятгарои Тоҷикистон на танҳо сиёсатшиносону таърихнигорон, балки зиёиён, шахсиятҳои касбу кори гуногун ва шоҳидони воқеаҳо даст задаанд. Аммо таълифоти онҳо хусусияти ёддоштӣ дошта, ба муаллифони онҳо фурсат даст надодааст, ки воқеаҳоро аз ҷиҳати илмӣ асоснок намоянд. Ҳадаф аз таълифи чунин асарҳо нақли воқеаҳои дида ё шунидаи муаллифон мебошад. Аммо новобаста аз камбудӣ ва арзиши илмиашон ин асарҳо дар омӯзиши таърихи замони соҳибистиқлолии кишвар аҳамияти муҳим доранд. Аммо новобаста аз тарзи навишт ва истифодаи манфиатҳои сиёсӣ ин асарҳо дар муайян намудани баъзе паҳлуҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсии ҳамон солҳо маълумот медиҳанд, то ки аз вазъи истиқлолиятхоҳии неруҳои замон маълумот дастрас гардад.

Агар гурӯҳе воқеаҳои дида ё шунидаи худро оид ба истиқлолият ва раванди истиқлолиятгароии Тоҷикистон китобат карда бошад, гурӯҳи дигар талош намудааст, то ки равандҳои истиқлолиятхоҳии замонро таҳлили илмию амалӣ намояд. Ин аст, ки то ба имрӯз ҳушу гӯши доираҳои гуногунро масъалаи истиқлолият ба худ кашидааст. Дар ин бобат чандин асарҳои илмӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мақолаҳои илмӣ дар ҳамоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ нашр гардиданд.

Гурӯҳи дуюм, донишмандоне ҳастанд, ки дар ин самт асарҳои зиёди илмию таълимӣ нашр намуданд. Аз қабили Г.Н. Зокиров, М.Шакурӣ, А. Маҳмадов, А. Имомов, Ш.З. Имомов, Ф. Зикриёев ва дигарон. Гурӯҳи дигар бошад дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотиашонро ба масъалаи истиқлолият бештар таваҷҷуҳ намудаанд. Дар ин самт солҳои охир рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ ёфта истодаанд. Аз замони соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз чандин ҳамоишҳои илмӣ дар бораи масъалаи мазкур баргузор гардидаанд, паҳлуҳои гуногуни масъалаи истиқлолро мавриди муҳокима қарор доданд, бо умеде, ки мушкилиҳоро бартараф хоҳанд кард. Тадқиқу таҳлили масъалаи истиқлолият бо тамоми махсусиятҳояш то ба имрӯз идома дорад. Табиист ки он арзиши хосаро касб менамояд.

Яке аз субъектони муборизаи сиёсиро дар замони истиқлолиятхоҳӣ созмону ҳаракатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ташкил медиҳанд. Онҳо ҳамчун неруҳои пешқадам мақсади ба пуррагӣ нест намудани зулми иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва таъмини истиқлолияти комилро доранд. Ба ин гурӯҳ дар аксарияти мамлакатҳо қисми зиёди ҳарбиёни ватандӯст шомил мегарданд. Ба муборизаи яроқноки оммаи мардум онҳо роҳбарӣ намуда, бештар таъсир мерасониданд. Қувваҳои сиёсӣ, ки ба моҳият ва мазмуни муборизаи худ сарфаҳм рафтаанд, мақом ва нақши хосаро ба худ мегиранд. Мардум онҳоро дастгирӣ менамояд, мадад мерасонад. Таҷрибаи гурӯҳи мамлакатҳои рӯ ба инкишоф собит менамояд, ки ҳизбҳои сиёсии халқӣ ва демократӣ бештар манфиатҳои аксарияти мардумро пуштибонӣ менамуданд ва аз ин сабаб аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёфтанд. Аз ин ҷост, ки дар ташхиси пешрафти ҷомеа нақши асосӣ марбути онҳо буд. Ин аст, ки имрӯз наметавон нақши Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нодида гирифт.

Баробари соҳибистиқлол гардидани кишварамон дар ҷумҳурӣ созмону ҳаракатҳои гуногун таъсис ёфтанд, ки ҳадафашон маърифатнок кунонидани шаҳрвандон, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдати сартосарии кишвар мебошад. Вобаста ба ин, дар самтҳои гуногун фаъолиятро оғоз намуда, идома дода истодаанд. Дар шароити муосир яке аз самтҳои муҳим дар фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ҷомеа аст. Онро метавон дар самтҳои илму маориф, ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарғиби ғояҳои истиқлолият, сулҳу ваҳдат, муносибатҳои гендерӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, беҳдошти саломатӣ ва муҳити зист, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иловатан, ҳамкориҳои бахши сеюм бо ҳизбҳои сиёсӣ, ВАО, созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ ва ғайра мушоҳида кард.

Аз ин бар меояд, ки СҒД доираҳои гуногунро муттаҳиду ба ҳам овардаанд. Агар ба шаклгирии СҒД-и Тоҷикистон назар намоем ин табиист, ки бунёди он аз анъанаи замони советӣ ба мерос омадааст. Ин аст, ки берун аз сиёсати Ҳукумати советӣ ва Ҳизби коммунист ҳеҷ созмону ташкилоте бунёд намешуд. Агар таъсис ҳам меёфт ячейкаи ҳизб дониста мешуд. Бо ҳамин мавҷ СҒД-и Тоҷикистон солҳои 80-90-уми асри ХХ ташаккул ёфтанд.

Яке аз онҳо созмонҳои ҷавонон буданд. Дар ин самт созмонҳое чун, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Иттиҳоди ленинии коммунисти ҷавонон, Иттиҳодияи зиёиёни эҷодкор ва ҷавонон, «Меҳрафрӯз», Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносии ҷавонон, Ассотсиатсияи табибони ҷавон, Ассотсиатсияи ҷавонони донишҷӯ – «Карп», Ассотсиатсияи сотсиологҳои ҷавон, Ассотсиатсияи донишҷӯёни варзишгар, Ассотсиатсияи наврасон – «Аврора», Ассотсиатсияи сарварони ҷавон, Ассотсиатсияи иқтисодшиносони ҷавон, Ассотсиатсияи маҳфили зарифон ва ҷавонони эҷодкор, Ташкилоти пионерии ба номи Ленин, Фонди тарбияи эстетикию маънавии кӯдакон ва ҷавонон -«ҷавонӣ», Иттиҳодияи ҷомеа ва ҳуқуқи атфол, Маркази экологии ҷавонон аз қабили аввалин иттиҳодияҳои ҷавонон мебошанд, ки ба фаъолият пардохтанд.

Хушбахтона, насли ҷавони кишвар бо дарки раванди инкишофи ҷомеа ба таъсис додани созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ пардохтанд. Аммо ин дар заминаи анъанаи гузаштаи давлатдории Тоҷикистони Советӣ шакл гирифтаанд. Дар ҳамин рӯҳия, дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор созмону ташкилотҳо дигаре таъсис ёфтанд, ки онҳоро насли нисбатан калонсол бунёд намуда, бо кӯдакону наврасон ва ҷавонон кор мебаранд. Аз ҷумлаи ин ташкилотҳо Бунёди атфол, Маркази маънавиёти кӯдакон ва наврасон, Ассотсиатсияи тарбияи кӯдакони бепарастор, Хазинаи «Оила», Ташкилоти «Наҷоти кӯдакон», Маркази раҳму шафқати модарони хизматчиёни ҳарбӣ «Меҳри модар» ва ғайра мебошанд, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои адлияи вилоятҳо расман ба қайд гирифта шуда, фаъолият мебаранд.

Дар асл инҳоро созмонҳои ғайридавлатӣ не, балки созмонҳои ғайриҳукуматӣ номидан мункин аст. Сабаб дар он аст, ки дар доираи фаъолияти ҳукумат бунёд мешаванд ва дастгирӣ меёбанд. Барои тақвияти он бояд чунин гуфт, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ҳамчун субъекти сиёсати давлатии ҷавонон эътироф мешаванд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» (2014) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун ташкилотҳои махсуси кор бо ҷавонон нақши худро касб кардаанд. Боби 5-уми Қонуни мазкур ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон бахшида шуда, дар он вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва дастгирии давлатии онҳо ба таври возеҳу равшан инъикос гардидааст.

Дар ҷумҳурӣ фаъолияти тамоми созмонҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои ғайрҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (2007) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад. Ба истиснои ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти онҳо тибқи қонунҳои алоҳида танзим мешаванд. Яъне, дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» истифода шудааст, он ибораи серпаҳлу буда, тамоми созмонҳои ғайридавлатиро фаро мегирад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ва дигар санадҳои расмӣ паҳлуҳои гуногуни фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода, дар умум фазои ягона ва солими ҳуқуқиро барои фаъолияти пурсамари ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ таъмин намудааст. Умуман, баъди соҳибистиқлолгарди кишвар вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир ёфт. Яке аз дастовардҳои пурарзиши истиқлолияти давлатӣ густариши бештари озодиҳои демократӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва дар ин замина пайдоиши аввалин ниҳоду сохторҳои ҷомеаи маданӣ, низоми бисёрҳизбӣ, шакл ва навъҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Соҳаеро пайдо намудан мушкил аст, ки имрӯз дар он созмонҳои ғайридавлатӣ амал накунанд. Новобаста ба ҳамаи ин, ниҳодҳои давлатиро лозим аст, ки бо ҷомеаи ғайрисиёсӣ барои ҳалли масъалаҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ якҷо амал кунанд. Аз пештара дида имрӯз эҳтиёҷ ба ҳамкории давлату ҷамъият зиёдтар аст. Ин ҳамкорӣ барои рушд ва инкишофи фаъолияти гуногунҷабҳаи созмонҳои ғайридавлатӣ ва баланд бардоштани маърифати маънавию ҳуқуқӣ, бахусус, насли ҷавон дар равандҳои ҷамъиятию сиёсӣ, афзудани саҳми онҳо дар ташаккули ҷомеаи маданӣ мусоидат менамоянд. Барои чунин ҳамкориҳо бештар давлату миллат манфиатдоранд. Зеро фардо аз имрӯз ибтидо мегирад. Танҳо меҳнати фоиданок, дониши мукаммал ва маърифати баланди ҳуқуқиву сиёсӣ, суботии иҷтимоиву сиёсиро дар замири Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мустаҳкам намуда, сатҳи баланди қобилияти дарки инсонро дар ҷомеа таъмин менамояд.

У.У. Исаев, дотсенти кафедари сиёсатшиносии факултети фалсафаи ДМТ