Кафедраи физикаи назариявӣ

Кафедраи физикаи назариявӣ соли 1958 таъсис ёфтааст. Асосгузор ва мудири аввалини он олими намоёни тоҷик академик Султон Умаров буданд. Ҳофизаи баланди илмӣ ва ташкилотчигӣ ба ӯ имконият дод, ки дар муддати кӯтоҳ дар атрофии худ ҷавонони болаёқатро муттаҳид намуда, самтҳои асосии тадқиқоти илмии кафедра, аз қабили физикаи оморӣ, физикаи плазма, физикаи ҷисмҳои сахт ва дигарҳоро муайян намояд.

Адҳамов Акобир Адҳамович, узви пайвастаи (академик) АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, директори Институти физакаю- техникии ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ, солҳои 1964-1965 мудири кафедраи физикаи назариявии ДДТ ба номи В. И. Ленин буданд ва то охири умр дар вазифаи профессори кафедра кор кардаанд. Таҳти сарварии академик А.А. Адҳамов гурӯҳи зиёди олимон тадқиқоти илмӣ бурда, то ҳол дар кафедраҳои факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дигар мактабҳои олиии Ҷумҳурӣ ва давлатҳои муштаракулманофеъ шогирдони ӯ фаъолият карда истодаанд. Бояд гуфт, ки олимони шинохтаи тоҷик академик С. Одинаев, профессор А. Асоев, профессор Т.Х. Солиҳов, профессор М.С. Салоҳиддинов, профессор Ш.Ш. Шокиров, дотсент Абдурасулов аз ҳамин мактабанд.

Узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Ҳакимов Ф. Х солҳои 1965-1967, 1969-1980, 1982-1987 ва 1992-1996 вазифаи мудирии кафедраро ба ӯҳда дошт. Дар ин муддат як зумра дастпарварони кафедра рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд. Масалан, Қ. Комилов дар мавзӯи «Назарияи сеченакаи конденсатҳои ленгмюрӣ», Д. Қ. Солиҳов дар мавзӯи «Равандҳои ғайрихатии пароканиш дар плазма», И. Сарҳадов дар мавзӯи « Паҳншавӣ ва ангезиши мавҷҳои электромагнитии сатҳӣ дар плазмаи маҳдуд», С.Б. Канашкин дар мавзӯи «Проблемаи монандӣ дар гидродинамикаи магнитҳо», М. И.Кооп дар мавзӯи «Генератсияи майдонҳои магнитӣ ва плазмаи чархзананда» ва ғайраҳо.

Минбаъд вазифаи мудири кафедраро дотсент Ҳ.Р. Раҳимов (1967-1969), дотсент Ш.Ш. Шокиров (1980-1982) ва дотсент Қ.К.Комилов (1987-1992) Ҳ.О. Абдуллоев (1996 – 2010) ва дотсент Зарипов А.Қ. (2010-2015) ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2015 то имруз роҳбарии кафедраро номзади илмҳои физика математика дотсент Одилов О.Ш. ба ӯҳда дорад. Ҳоло дар кафедра 10 устод аз ҷумла 2 академик (С. Одинаев, Ф.Қ. Раҳимӣ), 2 профессор (Ҳ.О. Абдуллоев, Қ. Комилов), 4 номзадҳои илм-дотсентон(А.Қ. Зарипов, О.Ш. Одилов, Д.Қ. Солиҳов ва М. Ҳакимова) ва 2 ассистент(Алишери М. ва Р. Маҳмадбегов) ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ машғуланд.

Проблемаи асосии тадқиқоти илмии кафедра ба омӯзиши ҳодисаҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ дар муҳитҳои конденсӣ таалуқ дорад.

Оиди татқикотҳои масъалаҳои ғайрихаттии ҷисмҳои сахт бо роҳбарии профессор Ҳ.О.Абдуллоев се рисолаи докторӣ аз ҷумла Х.Т. Холмуродов- «Ҳалли математики эффектҳои ғайрихаттӣ дар системаҳои конденсӣ» 1996, ш. Дубна, Ҳ.Ҳ. Муминов- «Масъалаҳои назарияи анизотропӣ бо назардошти майдонҳои мультиполӣ»-1996, ПМТЯ (ОИЯИ) ш. Дубна, Ф.Қ. Раҳимов ИМТЯ АИ Ҷумҳурии Қазоқистон, ва 5 рисолаҳои номзадӣ ва зери роҳбарии профессор Т.Ҳ. Солиҳов як рисолаи докторӣ У. Мадвалиев «Коркарди усулҳои нави спектроскопияи фотоакстикии муҳитхои конденсӣ »-2007, институти акустика, ш. Москва ва 5 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карда шудаанд.

Фаъолияти таълимии кафедраи физикаи назариявӣ асосан ба таълими фанҳои физикаи назариявӣ, аз қабили механикаи назариявӣ, механикаи квантӣ, термодинамика ва физикаи оморӣ, электродинамика, усулҳои физикаи математикӣ ва ғайра бахшида шудааст. Дар тӯли фаъолияти худ кафедра зиёда аз 350 назар мутахассисони соҳаҳои мухталифи физикаи назариявиро тайёр намудааст, ки 22 нафарашон доктори илм ва зиёда аз 100 нафарашон номзади илм мебошанд.

Имрӯзҳо хатмкардаҳои кафедра дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарии вазорату мактабҳои олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, акдемики АИ ҶТ, профессор С. Одинаев – собиқ ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, академик Ф.Қ. Раҳимӣ– президенти академияи илмҳои ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Ҳ.Ҳ. Мӯминов – директори Институти физикию техники АИ ҶТ, дотсент А.Абдурасулов – собиқ ректори Донишгоҳи техникии ҶТ, А.Т. Мақсудов ректори Донишгоҳи омӯзгории Хуҷанд, доктори илмҳои физикаю математика Д.Қ. Солиҳов – собиқ директори институти тадқиқтӣ- илмии назди ДМТ, ҳоло декани факултети физикаи ДМТ мебошанд.

Дастовардҳои илмии кафедра дар шаш монографияи илмӣ, 15 дастурҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва садҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ, хориҷи кишвар, Руссия ба чоп расидаанд. Аз ҷумла, монографияи илмии С.В. Владимиров, В.Н. Цытович, С.И. Попель, Ф.Ҳ. Ҳакимов « Таъсири мутақобилӣ дар плазма» 1995 (бо забони англисӣ) Ф.Ҳ. Ҳакимов «Протсесҳои бисёрмавҷӣ дар физикаи плазма» Душанбе, 1989, Ҳ.О. Абдуллоев, А.В. Маханков, Ф.Ҳ. Ҳакимов « моделҳои классикии ғайрихаттӣ дар муҳитҳои конденсӣ» – Душанбе,1989. Ҳ.О. Абдуллоев, Ф.Қ.Раҳимов, А.В.Маханков «Муқаддима оиди назарияи солитонҳо» -Душанбе, 1997 ва ғайраҳо ба чоп расидаанд.

Махсусан солҳои охир дар кафедра навиштани дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ бо забони давлатӣ , ки бешубҳа дар раванди таълим барои донишҷӯён,унвонҷӯёну аспирантон мавриди истифода қарор мегиранд, ҷоннок шудааст. Аз ҷумла ба забони тоҷикӣ китобҳои дарсии зерин нашр шудаанд:

Аз ҷумла китобҳои дарсии зерин нашр шудаанд:

1. М. Ҷамолов., Қ.Комилов лексияҳо аз механикаи назариявӣ қисми 1 кинематикаи нуқта ва ҷисми сахт динамикаи нуқта , Душанбе – 1982 с.

2. Д.Қ. Солиҳов., Ҳ.О. Абдуллоев., курси мухтасари назарияи функсияҳои тағйирёбандаи комплексӣ, Душанбе – 2006 с.

3. Д.Қ. Солиҳов., Ҳ.О. Абдуллоев., курси мухтасари муодилаҳои физикаи математикӣ, Душанбе – 2007 с.

4. Д.Қ. Солиҳов, Ҳ.О. Абдуллоев, Ф.Қ. Раҳимов «Усулҳои физикаи математикӣ», Душанбе – 2008 с.

5. Д.Қ. Солиҳов, Ҳ.О. Абдуллоев, А. Абдурасулов, Ф.Қ. Раҳимов Консепсияи табиатшиносии муосир , Душанбе – 2010 с.

6. Қ. Комилов, А.К. Зарипов. Механикаи назариявӣ, Душанбе – 2013 с.

7. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимов Физикаи статистикӣ Душанбе–2014 с.

8. Қ. Комилов, А.К. Зарипов, Р. Маҳмадбегов Асосҳои таҳлили векторӣ ва тензорӣ, Душанбе –2015 с.

9. Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов. Татбиқи назарияи функсияҳои тағирёбандаи комплексӣ дар ҳалли масъалаҳои физикаи назариявӣ. Душанбе – 2015 с.

10. Алишери М., Одилов О., Хоҷаев Ю.П., Консепсияҳои табиатшиносии муосир, Душанбе –2016 с.

11.Ҳ.О. Абдуллоев, Д.Қ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Термодинамика. Душанбе-2016. 430 сах.

12. Ҳ.О. Абдуллоев, ДҚ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Асосҳои математикии физикаи назариявӣ. Душанбе-2016. 276 сах.

13. Ҳ.О. Абдуллоев, ДҚ. Солиҳов, Ф.Қ. Раҳимӣ – Термодинамика. Душанбе-2016. 430 сах.

14. Солиҳов Д.Қ,, Комилов Қ., Зарипов А.Қ., Истамов Ф.- Маҷмуи масъалаҳо аз физика»-Душанбе-2017 с. «ТоРус». 303 саҳ.

Яке аз паҳлӯҳои муҳими фаъолияти кафедра робитаҳои илмии он бо муассисаҳои илмии хориҷи кишвар мебошад. Аз ҷумла шартномаҳои тарафайн оид ба иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо Пажӯҳишгоҳи Муттаҳиддаи Таҳқиқотҳои Ядроии ш. Москваи Федератсияи Русия. Институти физикаи ба номи П.Н. Лебедеви АИ ФР, ш.Москва, Донишгоҳи миллии ш. Киев, Украина. Институти физикаи муҳитҳои конденсии Академияи миллии илмҳои Украина, ш. Лвов ва ғайраҳо амал доранд, ки дар заминаи онҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногуни байналмилалӣ ба чоп расиданд.

Самти дигари фаъолияти устодони кафедра иштироки онҳо дар корҳои тарбиявӣ ва ҷамъиятӣ дар факултет мебошад. Аксарияти устодони кафедра кураторони гурӯҳҳои академӣ, узви Шӯрои олимони факултет ва донишгоҳ мебошанд.

Кафедра барои тайёр кардани мутахассисони болаёқат ҳамаи шароитҳоро дорад.

Умаров Султон

Умаров Султон (11.08.1908 ш.Хуҷанд.-06.05.1964, Душанбе), физикдон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, яке аз муассисони илм дар Узбекистон ва Тоҷикистон ,академики АИ Узбекистон(1943) ва академики АИ Тоҷикистон(1957), Арбоби шоистаи илми РСС Тоҷикистон. Хатмкардаи Академияи педагогии самарқанд (1931) . Собиқаи Фаъолияти корию илмиаш: солҳои 1963-1941-дотсенти факултаи физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Узбекистон (Самарқанд): 1941-1942- аввал муовин сипас директори Донишкадаи давлатии педагогии Тошканд : 1942-1943 ва 1945-1950-ректори Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (Тошканд ):1950-1956-мудири Шӯъбаи физикаи назариявии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ Узбекистон , 1956-1957- директори ҳамин Пажӯҳишгоҳ. Солҳои 1957-1964 (то поении умр )- Президенти АИ РСС Тоҷикистон ва дар як вақт мудири кафедраи физикаи назарии ДДТ буд. Таълифоти илмии Умаров ба мехханикаи статистӣ физикаи ядро (ҳастта) электроникаи физикӣ, наз- арпияи олоти нимноқилӣ ва фалсафаи табиатшиносӣ оинанд .Ҳамчунин , ба забони узбекӣ чанд асарри свҳнавӣ ва шеърҳо навиштааст. Дар давраи сарвари АИ РСС Тоҷикистон будани Умаров дар пешрафти илми тоҷик таккони ҷиддй ба амал омад.

Умаров Султон бунёдгузори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ Тоҷикистон аст, ки ин дам мусаммо ба номи ӯст. Умаров узви Кумитаи иқтисодии Шӯрои миллатҳои Шӯрои Вазирони СССР,Комиссияи умуми иттифоқии аттестатсионӣ, Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти илмии академияҳои ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Раиси Шӯрои илмӣ оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷумҳурӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи «Маърӯзаҳои АИ Тоҷикистон »буд .Бо ордени Ленин, 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ,чандин медал ,ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии РСС Узбекистон ва РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст .

Адҳамов Акобир

Адҳамов Акобир (04.09.1928ш. Самарқанд- 1990, ш. Душанбе), физикдон доктори илмҳои физикаю математика (1964),профессор (1966),академики АИ ҶТ (1968). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1949). Фаъолияти меҳнатиашро дар ДДТ оғоз кврда, дар вазифаҳои муаллими калон (1953-1954), декани факултаи физикаю математика (1953-1954) кор кардааст . Фаъолияти минбаъдаи меҳнатиаш дар вазифаҳои директории Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи АИ ҶТ, саркотиби илмии АИ Ҷаённ кардааст. (1965-1968) .

Адҳамов Акобир ба сектори физикаи назарриявӣ ва силсилаи лабораторияҳои ултрасадо, таҳлили рентгенӣ – сохторӣ , таҳлили активатсионӣ, электроникаи квантӣ ва криогенӣ дар Пажӯҳишгоҳи фавқуззикр асос гузоштааст. Тадқиқоти илмии Акобир ба акутикаи молеекулӣ ва назарияи кинетики паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъҳо кор карда баромадааст . Назарияи кинетики эластикӣ ва ғилзати моддаҳои ғайриякҷиса ва падидаҳои интиқорлро тарҳрезӣ намудааст .

Адҳамов Акобир муаллифи зиёда аз 100 мақолаи илмӣ ва чандин китобу дастурҳои таълимӣ аст . Узви Шӯрои олимони АИ СССР , Шӯрои олимони ВДОММ СССР , Шӯрои олимони ДДМТ буд. Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ »,медалҳои « барои меҳнати шоён » ва «Собиқадорӣ меҳнат» аст.

Абдуллоев Ҳабибулло

Абдуллоев Ҳабибулло (19.08. 1946 н. Ваҳдат), физикдон . доктори илмҳои физикаю математика (1912), профессор (1996). Узви вобастаи АИ ҶТ Хатмкардаи ДДТ. Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (2000). Фаъолияти меҳнатиаш дар ДДТ аз ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ оғоз гардида (1968 – 1972), минбаъд дар вазифаҳои дотсент (1972 – 1994), профессор(1994) кор кардааст ва аз соли 1996 то соли 2011 мудири ҳамин кафедра кор кадааст.

Тадқиқоти илмии Абдуллоев Ба назарияи сохтор{ои uайрихатии системаҳои магнитӣ мансубааст. Абдуллолев тасвири назариявии бархeрди ғайричандирии солитонҳо, сохтори ҳолатҳои умумикардашудаи когерентиро нисбат ба гурeҳҳои пешниҳод намудааст.

Абдуллоев муаллифи зиёда аз 260 маrолаи илм, 3 монография ва 12 китоби дарсӣ мебошад. Сазовори медали «Хизмати шоиста» (2006), Арбоби илм ва техникаи ҶТ (2011). Ҷоизаи АИ ҶТ ба номи С.У. Умаров (2014) гаштааст.

Одинаев Саидмуҳамад

Одинаев Саидмуҳамад, доктори илмҳои физикаю математика, профессор, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви Академияи илмҳои Ню-Йорк, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, 19 октябри соли 1942 дар ноҳияи Ховалинги таваллуд шудаам. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии ш. Кӯлоб, соли 1960 ба факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин ба ихтисоси физика дохил шуда, онро соли 1965 хатм намудам. Аз соли 1965 то с.1966 ба ҳайси асистенти кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи мазкур фаъолият намуда, аз соли 1966 то соли 1967 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат намудаам. Аз соли 1967 то соли 1969 муаллими физика ва методисти Шӯъбаи маорифи ноҳияи Восеъ фаъолият намудам.

Аз соли 1969 то соли 1979 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1979 то соли 1999 дар кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз вазифаи дотсент то профессори кафедра фаъолият намудам. Баъд, аз соли 1999 то соли 2001 ба сифати директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2001 то соли 2005-ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, аз соли 2005 то соли 2008–ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, аз соли 2010 то соли 2016 ба сифати ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси Шӯъбаи физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз декабри соли 2016 то ҳол вазифаи сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров, ва ҳамзамон профессори кафедраи физикаи назариявии ДМТ-ро ба ӯҳда дорад.

Тадқиқотҳои илмии профессор С. Одинаев асосан ба масъалаҳои омӯзиши сохтор, ҳодисаи интиқол, табиати равандҳои релаксатсионӣ ва хосиятҳои чандирию акустикии моеъҳои сода, бисёратома, ионӣ, магнитӣ ва маҳлулҳои электролитӣ бахшида шудаанд. Натиҷаи пажӯҳиши илмии ӯ дар 300 маводи илмӣ, аз он ҷумла дар 1 монография ва 5 васоити таълимӣ интишор гардидаанд. Саҳми профессор Саидмуҳамад Одинаев дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос калон аст. Таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи докторӣ ва 7 нафар рисолаи номзадpo ҳимоя кардаанд. Ӯ ҳоло роҳбарии кори илмии як аспирант, ду унвонҷӯ ба ӯҳда дошта, машваратчии илмии ду докторант мебошанд. С.Одинаев аз соли 2003 то 2007 раиси Шӯрои махсусгардонидашудаи назди Комиссияи Олии Атестатсионии Федератсияи Россия доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисосҳои «Теплофизика ва теплотехникаи назариявӣ» дар Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ буданд, ки 17 нафар рисолаҳои номзадии худро дар ин Шӯро ҳимоя намуданд.

Солиҳов Давлат

Солиҳов Давлат (тав. 15. 01. 1956, ноҳияи Ҳамадонӣ), физик, номзади илмҳои физикаю математика(1987), дотсент (1988). Хатмкардаи ДДТ (1981). Фаъолияти меҳнатиашро дар ҳамин донишгоҳ аз вазифаи ассистенти кафедраи физикаи назарявӣ оғоз кардааст. Баъдтар муаллимикалони ҳамин кафедра (1981). Солҳои 1991-2001 муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи физика, сардори қисми илмии Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон буд. Аз с. 2002-дотсенти кафедраи физикаи назфрявии ДДМТ, профессор (2017). Корҳои илмии ӯ ба тадқиқи назарияи равандҳои пароканиши маҷбурии мавҷҳои электромагнити дар плазма оиданд. С. Муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, 15 дастури таълимӣ ва як китоби дарси мебошад. Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон, ва медали «Хизмати шоиста» сазовор гаштааст.

Комилов Қосим

Комилов Қосим (тав. 26. 04. 1945, ноҳияи Хуросон), физикдон, номзади илмҳои физикаю математика (1978), дотсент (1983). Хатмкардаи ДДТ (1967) ва аспирантураи он (1975). Фаъолияти меҳнатиаш дар кафедраи физикаи назарявӣ оғоз ёфта, дар вазифаи ассистент (1967), муаллими калон (1975), дотсент (1983), мудири кафедраи физикаи назарявӣ (1987), бори дигар дотсент (1992), муовини декани факултаи физика оид ба таълим (1999, 2001), декани факултаи физика (2001-2007) кор кардааст. Аз с. 2007-дотсенти кафедраи физикаи назарявӣ. Декани факултаи физика (2009-). Тадқиқоти илмии Комилов Қосим ба физикаи плазма, назарияи молекулави-кинетикии моэъҳои магнитӣ мансубанд. К. муаллифи зиёда аз 70 мақолаи илмӣ ва чанд дастури методӣ, дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ва медали «Хизмати шоиста» (2018) мебошад.

Одилов Одина Шакарович

Одилов Одина Шакарович 10-уми марти соли 1963 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Москва (дар ҳозира Ҳамадони) вилояти Хатлон дар 1980 ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (дар ҳозира ДМТ) дохил шуда, онро соли 1985 бо мувафақият хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявии иниситути давлатии педагогии Кулоб ба кор рафта аст. Одилов О.Ш. коромузи ва аспирантураро дар кафедраи назарияи кванти ва физикаи энергияҳои баландии донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов гузаштааст.

Аз соли 2004 инҷониб Одилов О.Ш. дар кафедраи физикаи назариявии ДМТ ба сифати дотсент кор мекунад. Ӯ дорои зиёда аз 40 мақолаҳои илмию методӣ аст. Аз соли 2014 сар карда вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявиро ба уҳда дорад, дорандаи нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (2017) ва Медали «Хизмати шоиста» (2018) мебошад.

Зарипов Авзалшо Карамович

Зарипов Авзалшо Карамович 29-уми январи соли 1980 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2003 онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кории ӯ аз соли 2003 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии ДМТ оғоз гашта, дар назди ҳамин кафедра солҳои 2005-2007 дар аспирантура таҳсил намудааст. Баъди хатми аспирантара дар вазифаи ассистенти ҳамин кафедра фаъолияташро давом дода, соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Релаксатсияи сохторӣ ва хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои магнитӣ» дифоъ кардааст. Аз соли 2010 то 2015 дар вазифаи мудири кафедраи физикаи назариявии ДМТ ва аз соли 2015 инҷониб ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият намуда истодааст.

Китобҳои «Механикаи назариявӣ (қисми 1), Асосҳои таҳлили векторӣ ва ҳисобҳои тензорӣ, Ҳалли масъалаҳо аз физика» аз чоп баромадааст. Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ. Бо усули молекулавӣ-кинетикӣ системаи муодилаҳои гидродинамикаро бо назардошти майдони магнитии беруна барои моеъҳои магнитӣ тартиб дода, муодилаи Смолуховскийро барои зичии бинарии зарраҳои моеъи магнитӣ ҳосил намуда, ҳалли умумии онро ёфтааст.

Хоҷаев Алиҳмад Абдуғафорович

Хоҷаев Алиҳмад Абдуғафорович (31.08.1987, н. Ҳамадонӣ ) соли 2005 ба факултети физикаи ДМТ дохил шуда соли 2010 онро хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ дар кафедраи физикаи назариявӣ ба сифати лабаранти калони кафедра фаъолият оғоз намуда, аз соли 2011 инҷониб ассистенти кафедра мебошад. Хоҷаев Алиҳмад алакай пас аз хатми донишгоҳ ба корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ машғул шуда, бо роҳбарии профессор Солиҳов Д.Қ. ба омӯзиши хосиятҳои физикии плазма ва муҳитҳои плазмамонанд машғул мебошад.

Аз моҳи январи соли 2014 то 31-якум декабри соли 2016 ҳамчун аспиранти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ таҳсил намуд. Аз моҳи январи соли 2017 инҷониб ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ фаъолият намуда истодааст.

А.А. Хоxаев дар давраи донишҷӯи ва фаъолияти имрӯзаи кориаш худро ҳамчун ҷавони боинтизом, меҳнатдӯст, хоксор нишон дода, дар корҳои ҷамъиятии факултет фаъолона иштирок мекунад. Ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, зиёда аз 10 номгӯи мақолаву фишурдаҳо дар маҷаллаҳои илмии кишвар ба чоп расонидааст. Рисолаи илмии ӯ ба мавзӯи «Ташаккули салоҳиятнокии касбии омӯзгорони оянда ба фаъолияти мустақилонаи эҷодкорӣ» бахшида шудааст.

Маҳмадбегов Рашидҷон Саидвалибегович

Маҳмадбегов Рашидҷон Саидвалибегович (18.11.1986 н. Дарвоз) соли 2005 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2010 бо ихтиссоси физика хатм намудааст. Бо сабаби болаёқат ва илмдӯст будан, пас аз хатми донишгоҳ Маҳмадбегов Р.С ба кафедраи физикаи назариявӣ барои фаъолияти илмӣ намудан ба кор даъват карда шуд. Аз моҳи августи соли 2010 то моҳи феврали соли 2019 ба ҳайси ассистент ва аз моҳи феврали соли 2019 инҷониб ба ҳайси муаллими калони кафедра фаъолият намуда истодааст. Инчунин аз якуми сентябри соли 2017 то 10-уми майи соли 2019 муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ буданд. Ҳоло ба ҳайси сармутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот ва ҳамзамон муаллими калони кафедра фаъолият менамоянд. Ба донишҷӯён аз фанҳои гуногуни назариявӣ дарс мегӯяд. Ӯ солҳои 2013-2015 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, соли 2016 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Назарияи релаксатсионии хосиятҳои диэлектрикии маҳлулҳои обии электролитӣ» бо муваффақият ҳимоя намуданд ва соҳиби дипломи номзади илмҳои физикаю математика гаштанд. Ба ғайр аз ин ба мавзӯҳои илмии кафедра ва мавзӯъҳои лоиҳавии берун аз он аъзо буда ба таҳқиқотҳои илмӣ машғул аст. Асосан таҳқиқотҳои ӯ ба омӯзиши назариявии хосиятҳои диэлектрикии маҳлулҳои электролитӣ бахшида шуда, зиёда аз 20 мақолаву тезисҳо дар ин соҳа ба чоп расонидааст.

Алишери Маҳмадлатиф

Алишери Маҳмадлатиф ( 12.07.1990 тав. н. Шаҳринав) соли 2008 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 2013 бо дипломи сурх хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба кафедраи физикаи назариявӣ факултети физика ба ҳайси ассистент ба кор омадааст. То имрӯз ба донишҷӯён аз фанҳои гуногуни физикаи назариявӣ дарс мегӯяд. Ҳамзамон соли 2014 ба аспирантураи шӯъбаи ғоибонаи Институти илмии тадқиқоти шӯъбаи физикаи муҳитҳои конденсӣ ДМТ дохил шуда, онро соли 2018 хатм намудааст. Моҳи апрели 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Пажвоки ғайрихаттии фотоакустикии xисмҳои сахти як ва дуқабатаи ғайриякxинсаи оптикӣ» ҳимоя намудааст. Инчунин дар мавзӯъҳои лоиҳавии «Акустикаи радиатсиони» берун аз каферда аъзо буда ба таҳқиқотҳои илмӣ машғул аст. Зиёда аз 12 мақолаҳои илмӣ ва дар дохил ва хориҷи кишвар аз чоп баромадааст.