Кафедраи физикаи умумӣ

Мудири кафедра

доктори илмҳои физикаю математика, дотсент,

Ақдодов Д.М.

Кафедраи физикаи умумӣ яке аз кафедраҳои бунёдии факултети физикаю математика ва баъдтар факултети физикаи  ДМТ ба шумор меравад, зеро он ҳанӯз соли 1949 ташкил ёфта буд. Дар ибтидо устодони кафедра барои донишҷӯёни факултетҳои физикаю метематика, химия, биология ва геология аз курси физикаи умумӣ дарс мегуфтанд.  Аз соли 1979 таълими амиқи  курси физикаи умумӣ барои донишҷӯёни факултетҳои физика ва механикаю математика  ба уҳдаи ҳамин кафедра вогузор шудааст.  Мудири аввалини кафедра А.И.Лукяченко (1949-1950) буд. Сипас ин вазифаро дотсент К.С.Мустафин (1950-1954), дотсент С.П.Макагон (1954-1956), профессор А.А. Адҳамов (1956-1959), дотсент Ҳ.У. Содиқов (1959-1978), профессор Т.Б.Бобоев (1978-1985), дотсент О.Ш.Шокиров (1985-1990), профессор Т.Б.Бобоев (1991-1998) З.Низомов (1998-1999)  ишғол намудаанд. Аз соли 2010 то имрӯз сарварии кафедраро дотсент Истамов Ф.Х. ба ӯҳда дорад.Давоми солҳои гуногун дар ин кафедра профессорон М.И. Салоҳуддинов, Б.Сабуров, С.О.Одинаев, Ф.Қ. Раҳимов, номзадҳои илм-дотсентон Н.М.Ҳошимов, Г.Н.Почоҷонова, О.Ш.Шокиров, М.А.Акрамова, В.И.Иванников, А.И.Агафонов, М.А.Бурнашев, Р.С.Шуссер, А.М.Муҳаммадиева, И.К.Султонова, С.Н.Ниёзов, Т.Маҳмудов,З.И.Ниёзова, Т.Нуриддинов, С.Юнусова, А.С.Самадов, С.И.Селитсер, Ҳ.Ғаюров, Ю.А.Авазов, З.Бердиев, У.Орифхоҷаев, С.Қодирӣ,З.М.Иоффе, Ҷ. Маҳкамбоев, муаллимони калон  Т.И.Нечаева, М.Д.Усмонова, З.К.Абдуллоева, А.Абдураҳимов, С.Исмоилов, Р.Г.Тоҳирова, С.Р.Қобилҷонова, Ю. Муҳамадҷонов, И.У.Христова, Т.Шербадалова ва дигарон  кору фаъолият кардаанд. Айни замон дар кафедра корҳои илмӣ, таълимӣ ва  тарбиявиро профессор  Т.Б.Бобоев, дотсентон Ф.Х.Истамов, З.Низомов, Ҳ.С.Саъдуллоев, М.Муҳаммадҷонова, Ҳ.Шарифзода, Д.М.Ақдодов, муаллими калон У.М.Шоимов ва ассистент Б.Гулов  пеш мебаранд. Дар баробари иҷрои барномаҳои таълимӣ аз курси физикаи умумӣ яке аз вазифаҳои ҷиддие, ки ба дӯши устодони кафедра аст, ба васоиту дастурҳои таълимию методӣ таъмин намудани донишҷӯён аст. Дар солҳои охир устодони кафедра зиёда

аз 20 васоиту дастурамалҳои таълимию методиро чоп намуданд, ки қисмҳои физикаи умумӣ ва практикумҳои физикиро дар бар мегирад.

Корҳои илмию-тадқиқотӣ ҷузъи ҳатмии фаъолияти устодони кафедра ба шумор меравад. Фаъолияти илмии ходимони кафедра бо соҳаҳои гуногуни физикаи муҳитҳои конденсӣ алоқаманд аст. Дастовардҳои илмии устодон ба намуди мақолаҳои илмӣ, дар маҷаллаҳои илмии Россия, ИМА, Англия, Голландия, Чехия, Украина, Латвия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нашр мегарданд. Дар баробари ин устодони кафедра дар симпозиуму конфронсҳои илмии байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ бо маърузаҳо баромад мекунанд ва сарпарастии  корҳои илмии аспирантҳо ва докторантҳоро бар уҳда доранд. Ба замми тадқиқоти бунёдӣ кормандони кафедра корҳоеро анҷом медиҳанд, ки бевосита ба истеҳсолот алоқаманд мебошанд. Масалан, сохтани манбаъҳои  таъминоти лампаҳои газоразрядии фишорашон фавқулбаланд ва ҳамчунин коркарди системаи оптикие, ки сели якҷинсаи рӯшноиро ба вуҷуд меорад. Таҳти роҳбарии Т.Б.Бобоев тӯли солҳои охир тадқиқи деструксияи полимерҳои композитие  бурда мешавад, ки барои ҳифзи киштиҳои кайҳонӣ  аз таъсироти радиатсия ва гармӣ истифода мешаванд. Натиҷаҳои ин тадқиқот бевосита дар соҳаи киштисозии кайҳонӣ истифода мешаванд ва бо 13 шаҳодатномаи муаллифии ихтироъ ҳимоя гардидаанд.