Кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи кимиёӣ

Мудири кафедра:доктори илмҳои техникӣ, дотсент Самиҳов Шонаврўз Раҳимович

Бо қарори  раёсати Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) моҳи марти  соли 1992 дар  сохтори  факултети  химияи донишгоҳ кафедраи  пайвастаҳои калонмолекулӣ ва  технологияи химиявӣ  ташкил гардид. Зарурати таъсиси кафедра дар он буд, ки дар бахши химияи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ аз ҷониби доктори илмҳои химия,  профессор  Кимсанов Бурӣ Ҳакимович таҳқиқоти ғаниву пурарзиш ва назаррас ба даст оварда шуда буд. Бинобар ин   дар заминаи кафедраҳои химияи органикӣ ва усули таълими химия ин  кафедра ташкил гардид ва профессори  зиндаёд Кимсанов Б.Ҳ. аввалин мудири он интихоб гардид. Дар давоми фаъолияти кафедра роҳбарии онро профессор Кимсанов Б.Ҳ. (солҳои 1992-2004), Зокиров А.М. (28.02.2004-06.2004) иҷрокунандаи вазифа, профессор Каримов М.Б. (солҳои 2004-2008), дотсент Бекназарова Н.С. иҷрокунандаи вазифа (солҳои 2008-2010), дотсент Раҷабов С.И. (солҳои 2010-2014), дотсент Тағоева С.Э. (солҳои 2014-2018) ва аз моҳи сентябри 2018 то инҷониб д.и.т., дотсент Самиҳов Ш.Р. ба уҳда дорад.

Дар марҳилаи аввали ташкилшавии кафедра дар ҳайати омӯзгорони кафедра, ғайр аз мудири он – Кимсанов Б.Ҳ. боз 5 омӯзгор,  номзадони илмҳои химия: Каримов М.Б., Расулов С.А., Бӯрибоева З.Б. ва муаллимони калон: Э.А. Еганӣ ва З.М. Тиллохонова фаъолият доштанд.

Бо ташаббуси мудири кафедра профессор Кимсанов Б.Ҳ. ва заҳмату меҳнатҳои ин марди фозилу дурандеш соли 1992 дар назди кафедра озмоишгоҳи таҳқиқотӣ – илмии «Химияи глитсерин» таъсис дода шуд ва он имрӯз ҳамчун озмоишгоҳи мустақил дар ҳайати Институти илмњои таҳқиқотии ДМТ фаъолият намуда, хушбахтона, бо қарори Шӯрои олимони ДМТ аз 30.09.2011 ба номи профессор Бӯри Ҳакимович Кимсанов  номгузорӣ гардидааст. Кордонию дурандешии ин марди фозилу доно буд, ки барои тайёр намудани кадрҳои  баландихтисоси илмию омӯзгорӣ дар мадди аввал корро  аз таъсис додани озмоишгоҳи илмӣ шурӯъ намуд. Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии ӯ як зумра кормандон ва устодон корҳои  номзадию докторӣ аз ҷумла Каримов М.Б. доктори илмҳои химия, Бўрибоева З.Б., Расулов С.А., Тағоева С.Э. ва Зокиров А.М. рисолаи номзадии худро дифоъ намуданд.

Хулоса, кафедра бо кадрҳои баландихтисос пурра таъмин гардидааст. Аз ҷониби  устодони кафедра зиёда аз  20 китобу дастурҳои  таълимӣ бо забонҳои  русӣ ва тоҷикӣ ба табъ расидааст. Дар соҳаҳои  ихтироъкорӣ низ ба комёбиҳои назаррас ноил  гардида, муаллифи бештар аз 30 ихтироот  ва 550 адад асарҳои илмӣ, ки бо забони  гуногуни олам  дар Канада, Лаҳистон, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Украина, Узбекистон ва ғайра  ба табъ расидааст.

Дар кафедра якчанд озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ташкил гардидааст, ки дар онҳо таҷрибаҳои умумӣ ва курсҳои махсус роҳеъ ба омўзиши хосиятҳои физикию химиявии глитсерин ва асосҳои технологияи химиявӣ гузаронида мешавад.

Дар бунёду инкишоф додани кафедра профессорон Б.Ҳ. Кимсанов, М.Б. Каримов, М.А. Куканиев, Р. Усмонов, дотсентон З.Б. Бўрибоева, С.А. Расулов ва муаллимони калон Э.А. Еганӣ ва М.М. Тиллохонова саҳми калон доранд.

Дар давоми 27 соли охир дар кафедра таҳқиқоти амиқ роҳеъ ба дарёфти усулҳои беҳтарини тавлиди ҳосилаҳои алифатӣ ва сиклии глитсерин, омўзиши хусусияти структурӣ физикию химиявӣ ва биологии онҳо анҷом гирифтааст. Дар ин муддат зиёда аз 1400 ҳосилаҳои нави глитсерин тавлид гардидааст. Дар асоси корҳои илмию тадқиқотии гузаронида шуда беш аз 25 шаҳодатномаҳои ихтироот ба даст оварда шудааст, ки татбиқи онҳо метавонанд боиси дарёфти маводи нави муассир барои зироатҳои хоҷагии қишлоқ бошад ва барои дигар ҷиҳатҳои нигохдорӣ ва парвариши рустанӣ истифода шавад.

Кафедра дорои 8 озмоишгоњи таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ буда, раванди таълиму тарбия ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аз соли 1992 то соли 2019 кафедра зиёда аз 600 мутахассиси соҳаи химияи пайвастҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ тайёр намудааст, ки 16 нафарашон то имрўз рисолаҳои номзадӣ ва 3 нафарашон рисолаҳои докториро дифоъ намудаанд.

Омўзгорони кафедра дар мавзўи «Тавлиф ва коркарди технологии маҳсулотҳои нафтӣ, захираҳои маъданӣ ва растанигии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2016-2020 таҳқиқоти илмӣ мебаранд. Аз рўйи ин самт устодони кафедра таҳқиқотҳои илмӣ гузаронида аз ҷониби профессор Усмонов Р. ва Самињов Ш.Р. 2 – монография ва 5 – патент ба даст оварда, натиҷаҳои онро дар истеҳсолот ва ҷараёни таълим ворид гардониданд.

Бо назардошти он, ки Тоҷикистони мустақил бештар ба мутахассисони соҳаи нафту газ ва мушкилоти энергетикӣ эҳтиёҷ дорад, бинобар ин аз соли 2003 шурўъ карда, дар пояи кафедра ихтисоси технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ ташкил гардид. Ҳоло дар кафедра мутахассисон дар соҳаи технологияи коркарди нафт ва газ тайёр карда мешаванд.

Хатмкунандагони кафедра қариб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар муассисаҳои давлатӣ, заводу фабрикаҳо (заводи химиявии Ёвон, заводи нуриҳои азотии Вахш, заводи алюминии Тоҷикистон, корхонаи муштараки «Зарафшон», корхонаи муштараки «Пакрут», комбинати маъдантозакунии Анзоб, заводи гидрометаллургияи Исфара, заводи машруботи Душанбе ва ғайра), пажўҳишгоҳҳо, донишгоҳҳо ва мактабҳои миёнаи махсуси ҷумҳурӣ софдилона меҳнат мекунанд.

Устодони кафедра дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, тарҷумаи китобҳо аз забони русӣ ба забони давлатӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос фаъолияти пурмаҳсул менамоянд. Ҳайати кадрии кафедра пайваста аз ҳисоби хатмкунандагони болаёқат такмил меёбад.

Ҳоло дар кафедра профессор Р. Усмонов, дотсентон; З.Б. Бўрибоева, Ш.Р. Самиҳов, ассистентон; Э.Х. Каримов, С.Х. Одинаев Б.Т. Рўзиев, Усмонов У.Р., мудири озмоишгоҳ Фарҳоди Идибек, лаборантон; Мунисаи Зафарзода, У. Ҳасанов, Т. Одинаева, Ф.А. Пулотова кору фаъолият мекунанд.