Мудири кафедра
психолог, номзади илмҳои сиёсӣ,
Расулов Сайфидин Худоиевич
Ҳанӯз аз солҳои аввали ташкилёбии Донишгоҳ дар ҳудуди он таълими фанни психология низ ба роҳ монда шуда буд. Дар ибтидо таълими ин фан аз ҷониби кафедраи муттаҳидаи педагогика ва психология таъмин карда мешуд, ки роҳбарии онро Б. А. Киановский, профессор Д. И. Фелдштейн, дотсент Н. П. Парпиев ва дигарон ба уҳда доштанд. Дар он давра А.Исмов, Э.А.Мазитова, Л.И.Разборова, М.Т.Давлатов, Х.Юсуфова ва дигар устодони кафедраи мазкур аз асосҳои ин фан ба донишҷӯён дарс мегуфтанд. .
Соли 1982 кафедраи педагогика ва психология барҳам дода шуд ва ба ҷойи он кафедраҳои алоҳидаи педагогика ва психология ташкил ёфтанд. Ҳамин тавр, таълими фанни психология аз соли 1982 сар карда, аз ҷониби кафедраи мустақили психология ба роҳ монда шуд, ки аз замони таъсисёбӣ то соли 1997 сарварии онро профессор Разиюлло Атахонов ба зима дошт. Сипас, ба ҳайси мудири кафедра солҳои 1997-2009 дотсент Амонов Н. Қ, солҳои 2009-2012 дотсент Юнусова Н.М. фаъолият намуданд ва феълан роҳбарии кафедра бар дўши дотсент Расулов С.Х. вогузор карда шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти кафедраро ба роҳ мондани ҷараёни таълим, бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корҳои маърифатӣ-равшаннамоӣ, корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва бо аҳолӣ, инчунин хадамоти психологӣ ба аҳолӣ ташкил мекунанд.
Дар маркази тадқиқоти илмии аъзоёни кафедра масъалаи муайян намудани хусусиятҳои психологии инкишофи тафаккур дар ҷараёни таълим меистад.
Муаллимони кафедра дар фаъолияти тадқиқотии худ кӯшиш намудаанд, ки роҳҳои амалии ташаккули типи назариявии тафаккурро ошкор кунанд. Дар таҳлилу тадқиқи ин масъала муаллимони кафедра ба комёбиҳои намоён ноил гашта, рисолаҳои илмӣ ва китобу мақолаҳо ба табъ расонидаанд. Беҳтарин дастоварди устодони кафедра дар тадқиқи ин мавзӯъ коркарди якчанд тестҳои психологӣ мебошад, ки дар соҳаи ташхиси психологӣ ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Аз тарафи профессор Атахонов Р. методикаи АПР коркард шуд, ки дар соҳаи ташхиси зинаҳои инкишофи тафаккур ба таври васеъ истифода бурда мешавад ва мутахассиони ҷаҳонии ин соҳа онро эътьироф намудаанд. Инчунин, барои ташхиси зинаҳои инкишофи тафаккур дар мактаббачагон аз тарафи дотсент Амонов Н. чунин методикаҳои психологӣ коркард шудаанд: барои ташхиси зинаи аналитикии тафаккур – методикаҳои «ҷамъкунӣ», «ададҳои ҷуфт», «тақсим ба 4», «тақсим ба 7», «тақсим ба 8», «квадратҳо», «зарбкунӣ»; барои ташхиси зинаи банақшадарории тафаккур – методикаҳои «пирамида», «пирамидаи сарбурида», «трапетсия», «кубик», «шашкунҷа», «ки калонтар»: барои ташхиси зинаи рефлексивии тафаккур – методикаи «ҳарфу рақамҳо».
Маҳсули фаъолияти илмии олимони кафедра дар нашри монография ва мақолаҳои илмӣ дарҷ гардидааст. Дар назди кафедра лабораторияи илмию тадқиқотии «Ташхис ва таълими бачаҳои болаёқат» фаъолият мекард. Фаъолияти тадқиқотӣ дар ин лаборатория ба проблемаҳои ташхис, интихоб ва таълими бачаҳои болаёқат бахшида шудааст. Маҳсули пурсамари корҳои илмию тадқиқотии муаллимони кафедра ва ходимони илмӣ (Атахонов Р., Н. Амонов., М. Давлатов., М. Қодиров ва дигарон) имконият дод, ки соли таҳсили 1996-97 дар назди мактаби №22-и ш. Душанбе синфҳои махсус барои таълими бачаҳои болаёқат кушода шаванд. Мақсад аз кушодани ин гуна сифатҳои таълимӣ он буд, ки бо тағйир додани дониши хонандагон ба дараҷаи баланди инкишофи психикӣ ва ташаккули лаёқати ақлии бачаҳо ноил гарданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани маҳсули корҳои илмию тадқиқотии худ кафедра ба шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва литсейи №1-и шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ баст. Мувофиқи ин шартнома аъзои кафедра дар ин муассисаҳо чунин корҳоро иҷро карданд:
– ташхиси дараҷаҳои инкишофи тафаккури хонандагон;
– мутобиқгардонии методҳои интихоби бачаҳои болаёқат;
– роҳбарӣ ва ёрии илмию методӣ расонидан дар ташкили таълими тафриқавӣ.
Дар баробари ин, аъзои кафедра маҳсули корҳои илмию тадқиқотии худро дар раванди таълими фанҳои махсус ва амалию лабораторӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Муаллимони кафедра мекӯшанд, ки таҷрибаи кории худро ба шогирдон омӯзонида, онҳоро ба корҳои эҷодӣ ҷалб намоянд. Бо ин мақсад, бо роҳбарии профессор Р.Атахонов фаъолияти маҳфили илмии «Тафаккур ва шахс», бо роҳбарии муаллими калони кафедра М. Давлатов маҳфили илмии «Психология ва ҳаёт» оғоз ёфта, ҳайати иштирокчиёнашон ҳар сол зиёд шудан мегирифт. Феълан маҳфили илмии донишҷӯён дар кафедраи психология бо номи «Рӯҳнавоз» фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро ассистенти кафедра Каримов Қ. ба уҳда дорад. Дар маҳфил масоили мубрами психологии рушди ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, ба доираи баҳс кашида мешаванд.
Бояд қайд кард, ки соли 1993 таҳти роҳбарии Р. Атахонов аспирант Нодир Амонов, ки ҳамзамон дар кафедра кор мекард, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои психологии инкишофи тафаккури математикии хонандагони синфҳои 5-9» дар шаҳри Маскав бомуваффақият ҳимоя кард. Баъд аз Р. Атахонов, соли 1997 роҳбарии кафедраро шогирди ӯ Н. Амонов ба дӯш гирифта, то соли 2009 ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуд. Новобаста аз набудани шароит барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар соҳаи илми психология устодони кафедра кӯшиш менамоянд, ки дар ҳамкорї бо олимони дигар илмҳо рисолаҳои номзадии худро дифоъ намоянд. Устоди кафедра Алиев М. соли 2006 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Fояҳои тарбиявӣ дар осори Имом Муҳаммад Fазолӣ» ҳимоя намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогика мушарраф гардид. Муҳтавои рисоли номзадии ӯ дар рисолаи илмиаш, ки бо номи «Андешаҳои тарбиявии Имом Муҳаммад Fазолӣ» соли 2008 ба чоп расидааст, дарҷ ёфтааст. Муаллими кафедра Расулов С.Х. бошад, соли 2010 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Нақши муоширати сиёсӣ дар дигаргуншавии ҷомеа (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» дифоъ намуд.
Аъзои кафедра дар ҳамаи ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ аз фанҳои психологияи умумӣ, психологияи синнусолӣ, психологияи пенитенсиарӣ, психологияи фаъолияти касбӣ, психологияи муоширати корӣ дарс мегӯянд.
Соли 1994 бо ташаббуси профессор Р.Атахонов дар факултети таърих шуъбаи психология кушода шуд ва ҳайати устодон ба 10 нафар расид.
Муаллимони кафедра норасоии маводи таълимиро ба эътибор гирифта, дар рафти фаъолияти илмию методии худ мекӯшиданд, ки дастурҳои гуногуни методиро ба табъ расонанд. То кушодашавии шуъбаи психология дастурҳои таълимию методии «Шахс ва муносибатҳои байни шахсҳо» (мураттиб проф. Р. Атахонов, 1986), «Фаъолият ва диққат (мураттиб: Р. Атахонов, М. Давлатов, Х. Ашрафова, Ф. Неъматов, 1988), «Методҳои психологии тадқиқи шахс ва коллектив» (Зери таҳрири М. Давлатов, 1990), «Протсессҳои маърифатӣ» (мураттибон: Р. Атахонов, М. Давлатов, Н. Амонов, 1998) нашр гардидаанд. Дар ин дастурҳо мавод барои машқҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораторӣ оид ба соҳаҳои гуногуни психология барои донишҷӯён ҷамъ оварда шудаанд.
Кафедраи психология аз ҳисоби хатмкардаҳои фаъол ва умедбахши ихтисоси психология ҳайати худашро пурра менамояд ва ба ҳамин дар тайёр намудани олимони ояндаи соҳаи психология замина мегузорад.
Соли 2001 факултети фалсафа таъсис дода шуд ва шуъбаи психология ва кафедраи он ба сохтори ин факултет ворид карда шуд, ки ба фаъолияти кафедра вусъати тоза бахшид. Маҳз бо дарки норасоии маводи таъдимию методӣ бо забони давлатӣ устодони кафедра фаъолияти худро дар самти таълифи дастуру воситаҳои таълимию методӣ ҷоннок намуданд. Аз соли 2001 инљониб чунин дастурҳои таълимию методӣ нашр гардидаанд: «Психология» (Давлатов М. дар ҳаммуаллифӣ, 2002); “Дастури психологияи амалӣ” (мураттибон: Юнусова Н.М. Давлатов М.,Содиқова Л., Ҳамроева Н. Зери таҳрири Юнусова Н.М, 2004); “Психологияи иҷтимоӣ” (Давлатов М. дар ҳаммуаллифӣ, 2004); “Асосҳои психологияи муоширати педагогӣ” (Амонов Н., 2003); “Психологияи зӯроварӣ дар оила” (Давлатов М. дар ҳаммуаллифӣ, 2006); “Педагогика ва психология” (Давлатов М. дар ҳаммуаллифӣ, 2007); “Вожаномаи тафсирии истилохоти психологӣ ва педагогӣ” (Қодиров Б.Қ., Давлатов М., Расулов С., 2007); “Андешаҳои тарбиявӣ дар осори Имом Fазолӣ” ( Алиев М., 2008); “Маҷмӯи тестҳои психологӣ”, Қисми 1 (Алиев М., 2009); “Методҳои сотсиометрӣ”(Алиев М., 2009); “Муқаддимаи психология” (Р. Атахонов, Абдураҳмонов Г., 2009); “Хусусиятҳои фардӣ-психологии хонанда ва ба эътибор гирифтани онҳо дар ҷараёни таълим”(Абдураҳмонов Г., 2009); “Маҷмӯи тестҳои психологӣ”( Ёраҳмадов А., 2009); “Психосоциальный подход в работе с детьми, находящимися в конфликте с законом” (Юнусова Н.М.,2009); “Психология дар роҳнамоии касбӣ”( мураттибон: Давлатов М., Юнусова Н. ва диг., 2010); “Ташкил ва расонидани ёрии психологӣ дар минтақаи њолати фавқуллода” (Юнусова Н.М. дар ҳаммаллифӣ, 2010); “Омодагии психологии кӯдак ба мактаб: ташхис ва ислоҳнамоӣ” (Абдураҳмонов Г., Ёраҳмадов А., 2011); «Политическое общение и лидерство» (Расулов С. дар ҳаммуаллифӣ, 2009); «Роҳнамои ёрии психологӣ ба ҷабрдидагон аз таркиши минаҳо» (Давлатов М., 2011).
Бояд қайд кард, ки аввалин китоби дарсии «Психология» ба забони тоҷикӣ аз тарафи устодони кафедра соли 2010 ба чоп расонида шуд, ки имрӯз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ аз он истифода мебаранд.
Як муддат дар назди кафедра кооперативи «Прогноз» амал мекард. Фаъолияти ин кооператив бо масъалаи расонидани ёрии психологӣ ба муассисаҳо ва шахсони алоҳида вобаста буд. Аъзоёни кафедра дар асоси дархостҳои муассисаҳо ба он ҷойҳо рафта, тадқиқоти психологӣ гузаронида, ба роҳбарият ҳуҷҷатҳои лозима ва ба коргарон маслиҳатҳои муфид медоданд. Хадамоти психологӣ ба шахсоне расонида мешуд, ки муҳтоҷи маълумотҳои психологӣ оид ба шахсияти худ буданд. Соли 2011 бо дастгирии Бахши Тоҷикистонии Институти ҷомеаи кушод – Бунёди мадад дар назди кафедра «Маркази талимӣ-методӣ оид ба психологияи гендерӣ» ва «Маркази машварати психологӣ» кушода шуд, ки самти асосии фаъолияти онҳоро расонидани ёрии психологӣ ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ ташкил медиҳад.
Яке аз самтҳои фаъолияти кафедра бурдани корҳои маърифатӣ-равшаннамоӣ маҳсуб меёбад. Муаллимони кафедра тарғиби донишҳои психологиро тавассути ВАО ба роҳ монда, мекӯшанд, ки оид ба масъалаҳои мубрами психологӣ фикру ақидаҳои худро баён кунанд. Дар ин самт ҳамкории кафедраи психология бо шабакањои гуногуни садою симо хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Инчунин дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ устодони кафедра Давлатов М., Амонов Н., Юнусова Н., Расулов С., Абдураҳмонов Г., Раҷабов Н. ва Каримов Қ. бо мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба мавзӯҳои «Зӯроварӣ дар оила», «Шиканҷа», «Расонидани ёрии психологӣ дар ҳолатҳои фавқуллода», «Муоширати бенизоъ дар оила», «Офиятбахшии иҷтимоӣ-психологии ҷабрдидагон аз таркиши минаҳо» ва дигар масоили ҳалталаб дар давоми солҳои 2009-2013 семинар-тренинҳо гузаронидаанд. Соли 2010 устодони кафедра Юнусова Н., Расулов С. ва Раҷабов Н. бо дастгирии Ташкилоти байнахалқии беҳдошт ба ноҳия Ванҷ, ки дар он ҷо заминларза ба вуҷуд омада буд, сафар намуда, бо фаъолони ноҳия оид ба мавзӯи «Расонидани ёрии аввалини психологӣ дар ҳолатҳои фавқуллода» семинар гузаронида, бо кӯдаконе ки дар минтақаи заминларза умр ба сар мебурданд, корҳои ислоҳнамоии психологӣ гузарониданд. Худи ҳамин сол устодони мазкур ба шаҳри Кӯлоб, ки қисме аз аҳолии он бар асари селњисороти моддию ҷонӣ дида буданд, сафар намуда, ба аҳолии зарардида кӯмаки психологӣ расониданд. Аз тарафи устодони кафедра дар давоми 4 соли охир бо фаъолони ноҳияҳои Ванҷ, Тавилдара, Нуробод, Хуросон, Панҷ ва Қумсангир, ки дар муносибат бо офатҳои табиӣ осебпазиранд, чорабиниҳои маърифатӣ оид ба расонидани ёрии психологӣ ба аҳолӣ гузаронида шуд.
То он даврае, ки дар олимпиадаи байни донишљӯёни муассисањои таҳсилоти олии касбӣ фанни психология шомил буд, шогирдони устодони кафедра дар бахши психология иштирок намуда, ҷойҳои аввалро соҳиб мегардиданд: (А. Ёраҳмадов 2002, Ф. Давлатов 2003, М. Шарифова 2005, Х. Бобоёров 2006, З. Сафарова 2007).
Бояд қайд намуд, ки аз соли 2000-ум сар карда муаллимони кафедраи психология бо ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ карда истодаанд. Дар заминаи ҳамкорӣ бо як қатор ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Бахши Тоҷикистонии Институти ҷомеаи кушод – Бунёди мадад, TEMPUS, хазинаи кӯдаконаи СММ, Ташкилоти умумиҷаҳонии беҳдошт, Раёсат оид ба маводи мухадир ва ҷинояткории СММ устодони кафедра тавонистанд аз соли 2000 инҷониб 6 лоиҳаро амалӣ намоянд. Дар заминаи ин ҳамкориҳо иштироки устодони кафедра Расулов С., Амонов Н., Давлатов М., Юнусова Н. дар конфронсу семинарҳои байналхалқии берун аз кишвар баргузоргардида вусъати тоза пайдо кард.
Айни замон дар кафедра дотсентон: Амонов Н., Юнусова Н., Алиев М., Расулов С., муаллимони калон: Давлатов М., Шарипова М., ассистентон: Ҳамроева Н., Ҷурабоев Ҷ., Ризвонова З., Раҷабов Н., Каримов Қ, Табаров Х. ва Сафарова З. машғули корҳои таълимию тарбиявӣ ва илмию методӣ мебошанд.
Ҳайати устодону кормандони кафедра
1. Расулов С.Х. – номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент;
2. Юнусова Н.М. – доктори илмҳои педагогӣ, дотсент;
3. Амонов Н.Қ. – номзади илмҳои психология, дотсент;
4. Алиев М. – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент;
5. Давлатов М. – м/к;
6. Шарипова М. – номзади илмҳои психологӣ, м/к;
7. Раҷабов Н. – ассистент;
8. Каримов Қ. – ассистент;
9. Ҳамроева Н. – ассистент;
10.Ризвонова З. – ассистент;
11.Табаров Х. – ассистент;
12.Ҷурабоев Ҷ. – ассистент;
13.Сафарова З. – ассистент;
14.Идрисова М. – мудири лабораторияи психологӣ;
15.Қамчинбекова Г. – лаборанти кафедра.