Кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ

Маълумоти мухтасар оид   ба таърихи кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ

Кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (ТФМД) дар соли 1953 (то соли 1965 – кафедраи муодилаҳои дифференсиалӣ) ташкил ёфтааст. Мудири нахустини кафедра ( то соли 1958) он замон дотсент Хоҷаев Латиф Шарипович буд. Дар солҳои минбаъда у доктори илмҳои физикаю математика дар АИ Узбекистон кор мекард. Л.Ш. Хоҷаев дар кори ба фаъолияти тадқиқотӣ ҷалб намудани ҷавонони донишҷӯй хизматҳои босазо кардааст, бисёр олимон математикҳои факултети механикаю математика ва институти математикаи АИ ҶТ бо роҳбарӣ ва кӯмаки бевоситаи ӯ ба илм машғул шуданд. Аз байни ин ҷавонон олимони барҷаста ба камол расидаанд, ки онҳо дар пешрафти илми математика ва таълими он дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳиссаи калон гузоштаанд. Дар ин ҷо номи академики АИ ҶТ А.Д.Ҷураев, узви вобастаи АИ ҶТ профессор В.Я. Стесенко ва профессор П.В.Сойро ёдрас кардан кофист.
Дар инкишофи кафедраи ТФМД хизмати касоне, ки солҳои гуногун сарварии онро ба уҳда доштанд, хеле калон мебошад. Инҳо профессор Л.Ш. Хоҷаев (1953-1958), дотсентон В.И. Каминский (1958-1959), В.Д.Андронов(1959-1960), Х.М.Маликов(1960-1962), профессорон В.Я. Стетсенко (1962-1965, 1970-1984, 1987-1990), А.Р.Есаян (1965-1968), Б.Имомназаров (1968-1970), дотсент О. Хосабеков (1984-1987, 1990-2002, 2006-2007), профессор Г. Ҷангибеков (2002-2005), дотсент М.М. Бақоева (2005-2006), профессор Р. Мустафоқулов (2007-2011), дотсент О.А. Ҷурахонов (2011-2015) мебошанд. Аз моҳи октябри соли 2015 мудири кафедра дотсент Г.Х. Хуҷаназарова мебошад.
Дар тули беш аз 60 соли фаъолият дар кафедраи ТФМД академикҳои АИ ҶТ П.Б. Бобоҷонов, Л.Г. Михайлов, Н. Раҷабов, А. Ҷ. Ҷураев, узви вобастаи АИ ҶТ Э.М. Мухамадиев, профессорон С. Байзоев, В.И. Борздико, М. Исматӣ, М.Х.Хасанова, дотсентон Х.Абдуваитов, Т.Я.Баринова, Ш.Ш.Бобоҷонов, В.Г. Гайтсгори, М.Зарифбеков, И. Кенҷаев, Д.Х. Каримова, С.М. Мамадҷонов, А.Ш. Маликова, Р.Г. Ниёзов, М. Саидусайнов, М.К. Темирбаева, Ш. М. Тоиров, М.А. Шаболов, М. Ширинбеков, Н. Қодиров, муаллимон А. Содиқов, М. Турсунова, М. Чоршанбиева, С. Қурбонов пурсамар кор кардааанд.
Кафедра аз оғози фаъолияташ бо олимони намоёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, бо марказҳои калони илмӣ алоқаи бевосита барқарор карда, онҳоро тадриҷан мустаҳкам мекард.
Махсус таъсири бузурги ҳамкории донишгоҳҳои Тоҷикистон ва ш.Воронежи Россия (ДДВ) ба ташаккули кафедраро қайд мекунем, ки он тавассути сарвари чандинсолаи кафедра В.Я. Стетсенко ва математики номӣ, мудири кафедраи муодилаҳои оператории ДДВ профессор М.А. Красносельский муқаррар карда шуда буд.
Дар доираи ин ҳамкорӣ бо тавсияи кафедраи ТФМД чандин устодон ва кормандони факултети механикаю математика дар ДДВ тайёрии аспирантӣ ва коромузиро гузаштанд. Зиёда аз 15 донишҷуёни факултет ба ДДВ интиқол дода шуданд. Қариб ҳамаи он касоне, ки дар ДДВ таҳсили худро давом доданд, инчунин аспирантон ва коромузон дар солҳои минбаъда номзади илм шуданд. Аз байни онҳо даҳ нафар ба гирифтани унвони доктори илм мушарраф гардиданд.
Натиҷаҳои ин ҳамкорӣ самти илмии кафедраро дар даҳсолаҳои минбаъда муайян намуд, ки он аз ду қисми бо ҳам зич алоқаманд иборат аст: таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ. Дар ин самт дар ҷумҳурии мо мактаби илмӣ арзи вуҷуд кард, ки солҳои тӯлонӣ роҳбари он узви вобастаи АИ ҶТ, профессор В.Я.Стетсенко буд. Аксарияти аъзои кафедра дар даҳсолаҳои охир намояндагони ин мактаб мебошанд. Дар ду даҳсолаи охир роҳбарии мактаби илмии кафедраро узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Э.М. Мухамадиев ва академики АИ ҶТ, профессор Илолов М. ба ӯҳда доштанд. Дар ин ҷо номи “ситораи паррон”- и математикаи тоҷик, доктори илми физикаю математика Темур Собировро ёдовар шудан бамаврид аст, ки у низ фаъолияти илмиашро дар кафедра оғоз намудааст.
Аъзои кафедра бо миннатдорӣ номи олимони намоёни Шӯравиро ба ёд меоваранд, ки онҳо дар солҳои гуногун ба ДМТ барои хондани лексияҳо омада буданд ва ба инкишофи тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои нави математика ва тайёркунии мутахассисони баландихтисос барои ДМТ ва умуман Ҷумҳурӣ саҳми калон гузоштаанд. Инҳо академики АИ Россия В.А Илйин, академики АИ Украина А.М.Самойленко, профессорон М. А. Красноселский, В.Г. Дёмин, А.А.Арсенев, П.Е. Соболевский, Я.Б.Рутитский,И.С. Иохвидов, Г.С.Рубинсштейн, Ю.А. Кузнетсов, В.Б.Колмановский, В.Р. Носов, Ю.С.Иляшенко ва ғ.
Ҳозир дар кафедра (1.09.2018) 7 нафар устодони штатӣ кор мекунанд. Инҳо академикҳои АИ ҶТ, профессорон М. Илолов ва М. Шабозов, профессорон Р. Мустафоқулов ва Г.Ҷангибеков, дотсентон Г.Х.Хуҷаназарова, н.и.ф.м., ассистентон Солиев С. ва Чоршанбиева М. мебошанд. Дар соли хониши 2018-19 ба сифати ҳамкор докторанти кафедра О.Ҷурахонов дар кафедра кори таълимӣ мебаранд. Кормандони кафедра дар баробари фаъолияти таълимӣ аз руи самтҳои зерини математика кори илмӣ- тадқиқотӣ мегузаронанд: назария ва амалияи муодилаҳои эволютсиони методҳои тақрибии ҳалли муодилаҳои операторӣ, тартибии касри назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ дар графҳо, назарияи муодилаҳои дифференсиалии сингулярӣ, назарияи наздиккунии функсияҳо. Аз тарафи аъзои ҳозираи кафедра зиёда аз 600 мақолаи илмӣ, 1 монография, 2 китоби дарсӣ, васоитҳои таълимӣ ва методии сершумор чоп карда шудаанд.
Кафедра солҳои тӯлонӣ бо Институти математикаи АИ ҶТ ва бо Донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (Донишгоҳҳои Москва, Воронеж, Новосибирск, Санкт-Петербург, институти математикаи АИ Россия ба номи В.А. Стеклов ва институти проблемаҳои идоракунии АИ Россия, Маркази ҳисобкунии Шӯъбаи Сибирии АИ Россия ва ғ.) алоқаи мустакам дошт.
Зиёда аз 70 нафар ҷавонони лаёқатманд аспирантураи кафедраро хатм намудаанд ва аксарияти кулли онҳо номзаду доктори илм гашта, дар макотиби олию марказҳои илмии мамлакати мо ва хориҷаи дуру наздик пурсамар кор мекунанд. Инчунин 6 олими ҷавон аз ҷумлаи докторантҳои кафедра (Илолов М., Қурбонов И., Юнусӣ М.Қ., Қурбоншоев С.З., Исҳоқов С.А. ва Азизов М.) рисолаҳои докториро ҳимоя карда соҳиби унвони докторони илм гардидаанд.
Кормандони кафедра дар кори конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳои сатҳи гуногун фаъолона иштирок мекунанд. Чанде аз онҳоро номбар мекунем: Конгрессҳои байналхалқии математикҳо (Москва-1966, Варшава-1984, Сиюрих-1995, Берлин-1998, Пекин-2002), мактабҳои умумииттифоқӣ оид ба назарияи операторҳо (Новосибирск-1975, Минск-1978, Рига-1983), конференсияи байналхалқӣ оид ба татбиқи муодилаҳои интегралӣ дар моделсозии амалӣ (Киев-1983), конфронси умумииттифоқӣ оид ба масъалаҳои ғайрикорректӣ (Самарқанд-1980), конференсияи байналхалқӣ оид ба назарияи идоракунӣ (Будапешт-1984), ду конференсияҳои байналхалқӣ оиб ба проблемаҳои наздиккунӣ бахшида ба ҷашнҳои 100-солагӣ ва 105-солагии академики АИ Россия С.М. Николӣский (Москва -2005, 2019) ва ғ.
Кафедраи ТФМД ташкилкунандаи 5 конференсияҳои умумииттифоқӣ ва байналхалқӣ мебошад. Соли 1987 конференсияи умумииттифоқӣ “Назария ва татбиқҳои муодилаҳои функсионалӣ-дифференсиалӣ”, соли 2000 конференсияи “Муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиқҳои онҳо” бахшида ба 60-солагии зодрӯзи профессор Т. Собиров, соли 2003 конференсияи илмӣ “Муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ бо коэффисиентҳои сингулярӣ”, соли 2015 конференсияи илмии байналхалқӣ “Современные проблемы функционального анализа и дифференциальных уравнений” бахшида ба 80-солагии зодрӯзи узви вобастаи АИ ҶТ В.Я. Стетсенко, соли 2018 конференсияи илмии байналхалки “Муодилаҳои дифференсиалӣ ва интегралӣ бо коэффисиентҳои сингулярӣ ва масъалахои канории назарияи функсияхо” бахшида ба 90-солагии зодрӯзи академики АИ ҶТ Л.Г.Михайлов. Инчунин кафедра дар ташкил ва гузаронидани конференсияи умумиитифоқӣ доир ба муодилаҳои дифференсиалӣ (соли 1964), ки дар он олимон- математикҳои барҷастаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок карда буданд, хизмати назаррас кардааст.
Барои комёбиҳо дар кори таълимӣ – тарбиявӣ, илмӣ – методӣ, иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тамоми аъзои кафедра чандин бор бо ифтихорномаҳо мукофотонида шудаанд. Академик М. Илолов бо ордени «Шараф»-дараҷаи 1, медали ҷашнии 20-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ, медали ҷашнии 10-солагии Иҷлосияи XIV Шӯрои олии ҶТ, медали Пушкин (Россия), медали Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, академик М. Шабозов бо унвони «Корманди шоистаи ҶТ», медали ҷашнии 20-солагии истиқлолияти давлатии ҶТ, медали Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои олии РСС Тоҷикистон (1988), Грамотаи фахрии Комитети омори ИДМ, профессор Ҷангибеков Г. бо нишони «Аълочии маорифи халқи ҶТ» ва ордени «Шараф»-и дараҷаи 2, профессор Мустафоқулов Р. бо нишони «Аълочии маорифи халқи ҶТ» ва ордени «Шараф»-и дараҷаи 1, дотсент Хуҷаназарова Г. бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ» сарфароз гардиданд.