Кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ

Кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷӣ яке аз кафедраҳои фундаменталии факултети таърихи Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз соли 1967  ба фаъолияти илмию таълимии худ таҳти роҳбарии доктори илми таърих, профессор Слонимский А.Г. оғоз намуд. Солҳои баъдӣ дар ҳайати кафедра профессорон  Назаров Ҳ, Темурхонов Л., Мирзоев Н.М., Имомов Ш.З., Қ. Расулиён, дотсентон Муҳиддинов Т. Ойматов Ҳ., Фармонов А., Исмоилов Д., Овчаренко А.И., Шарифов Р.Я., Самиев Х.Д., Бозоров Қ. фаъолият намуданд.

Корҳои таълимию илмии кафедра дар доираи фанҳои “Таърихи Осиё ва Африко” (давраи наву навин);“Таърихи кишварҳои Аврупо ва Амрико, (давраи наву навин);”Таърихи Россия”; “Услуби таълими таърих” ҳамзамон омўзиши масъалаҳои мубрами кишварҳои Ховари Миёна, Шарқи Наздик, Осиёи Ҷануб ва Ҷанубу Шарқӣ, Робитаҳои мутақобилаи Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Масъалаҳои мубрами амнияти миллӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҳиндустон аз миёнаи асри XX то ибтидои асри XXI, Кишварҳои араб дар давраи наву навин дар заминаи курсҳои махсус ва фанҳои интихобии донишҷўён пеш бурда мешавад.

Кормандони кафедра:

Иброимова Гавҳар Саймуддиновна, номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедра.  Фаъолияти таълимию тадқиқотӣ: Масъалаҳои  этноконфесоналии кишварҳои Шарқ (дар мисоли Афғонистон, Эрон,Ҳиндустон), Таърихи Осиё ва Африко, Таърихи кишварҳои Араб, Масъалаҳои актуалии кишварҳои Шарқи Миёна.

Мунавваров Манзар – номзади илми таърих,дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ. Самти фаъолияти илмӣ: Точикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ. (1997-2010). таърихи кишварҳои Европа ва Америка.

Мунавварова Тамара Зокировна – номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ. Самти фаъолияти илмӣ: Проблемаҳои актуалии услуби дарсдиҳии таърихи умумӣ дар мактабҳои олӣ (2016- 2020).

Турсунов Турсунмурод Худойдодович – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ. Самти фаъолияти илмӣ: «Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи  Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ  (1947-2020)».

Бустонова Нисо Ҷумъаевна – дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ. Самти фаъолияти илмӣ: Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Чин дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХXI.

Қудратов Комрон Абдунабиевич – номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ. Самти фаъолияти илмӣ: «Мавқеи ҳазораҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон (1992-2022)».

Раҳимов Файзиддин Дониёрович – номзади илмҳои таърих, ассистенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ. Самти фаъолияти илмӣ: Ҷалли масъалаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон дар давраи истиқлолият (1991-2016).

Ҳалимова Маърифат Муҳаммадовна- номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии ДМТ. Самти фаъолияти илмӣ: Робитаҳои илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо.