Кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ

Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ

Тибқи қарори Шӯрои олимони раёсати ДДТ ва фармоиши ректори ДДТ аз 14.07.1993, таҳти №274-9 дар заминаи факултети таърих бо мақсади омӯзиши масъалаҳои асосии таърихнигорӣ ва манбаъшиносии умумибашарӣ ва манбаъшиносию таърихнигории таърихи халқи тоҷик, тайёр кардани муаррихони сифатан нав баҳри омӯзиш ва таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, омода кардани мутахассисони соҳаи бойгонишиносӣ кафедраи нав бо номи «Археология манбаъшиносӣ ва таърихнигорӣ» таъсис дода шуд. Ба ҳайси нахустин мудир д.и.т., профессор Боқиев О.Б. интихоб шуда, баъдан дотсентон Шарифов Р.Я., Ёрмуҳаммадов А., Маҳмадшоев Р., Азимова Б.Т рисолати роҳбарии кафедраро ба дӯш доштанд. Аз соли 2014 то инҷониб н.и.ф., дотсент Ғуломов Т.М. вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда доранд. Айни замон дар кафедра докторони илми таърих, профессорон Иброҳимов М., Зикриёев Ф.Б., номзадҳои илми таърих, дотсентон Ёрмуҳаммадов А., Азимова Б.Т., Ғуломов Т.М., Шарофуддинов С.С., Умаров А., Неъмонов Б.З, муаллимони калон Сангалиев Х.Б., Саймуҳаммади Б., ва ассистент Асратбекова фаъолият доранд. Тағйиротҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию мадании дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди Истиқлолияти давлатӣ ба амал омада, тайёр кардани мутахассисони касбии дорандаи маълумоти олиро талаб менамуд. Бинобар ин бо дарки талаботи рӯзафзун ба касби бойгонидорӣ ва бо кадрҳои баландихтисоси маҳаллӣ таъмин намудани самтҳои мухталифи фаъолияти бойгонидории кишвар, аз қабилӣ; Бойгонии марказии давлатии ҶТ, бойгониҳои давлатӣ дар шаҳру вилоятҳо, бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, инчунин бойгониҳои зиёде, ки дар назди муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳо фаъолият доранд, бо ташаббуси профессор Боқиев О.Б. соли 1996 дар назди кафедра ихтисоси таъриху архившиносӣ таъсис дода шуд. Имрӯз хатмкардагони ин ихтисос дар самтҳои мухталифи соҳа фаъолияти пурсамар доранд. Дар баробари гузариш ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар кафедра таҳсилоти зинаи бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-23011300-таъриху архившиносӣ, таҳсилоти зинаи магистратура аз рӯи ихтисоси 1-23011300-Бойгоншиносӣ, таҳсилоти зинаи доктор PhD аз рӯи ихтисоси 6D020300- манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ ва усули таҳқиқи таърих ва ихтисоси 6D051500 – бойгоншиносӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва таъмини ҳуҷҷатнигорӣ ба роҳ монда шудааст.

Самти илмии кафедра: Самти илмии таҳқиқотии кафедра ба омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои назариявӣ ва амалии таърихи умумибашарӣ, проблемаҳои актуалии таърихи илми таърих ва манбаъшиносӣ дар марҳилаи муосир, проблемаҳои муҳими таърихнигорӣ ва манбаъшиносии Осиёи Марказӣ равона карда шудааст.

Фанҳои асосии кафедра дар доираи дараҷаи бакалавр: Манбаъшиносӣ, таърихнигорӣ, назария ва методологияи таърих, назария ва методикаи фаъолияти бойгонидорӣ, археография, палеография, осорхонашиносӣ, хронологияи таърихӣ, таърихи илм, коргузории кадрӣ, архивҳои электронӣ ва аудиовизуалӣ, таъмир ва консерватсияи ҳуҷҷатҳо, таърихи умуми архивҳо ва ғайра.

ҲАМКОРИҲОИ КАФЕДРА: Бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони муаррих-архившинос, манбаъшиносу таърихнигор ва мустаҳкам намудани базаи илмӣ-методии кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ бо Институти таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии АИ ҶТ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи славянии Россияю Тоҷикистон, Саридораи Бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии марказии давлатии ҶТ ва бойгониҳои зерсохтори он дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, бойгониҳои муассисавию хусусӣ, бойгонии аксу садо ва синамои ҶТ ва кафедраҳои ҳамному ҳамихтисоси Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтари ба номи Н. Хусрав ва Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги ба номи М.Турсунзода ҳамкориҳои дуҷонибаи илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дорад. Инчунин дар Бойгонии марказии давлатии ҶТ кабинети илмӣ-методӣ ва дар бойгонии муассисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон лаборатория барои гузаронидани дарсҳои амалии донишҷӯёни шӯъбаи «Таърих-архившиносӣ» таъсис дода шудааст, ки аз онҳо донишҷӯён самаранок истифода менамоянд.

КОРМАНДОНИ КАФЕДРА:

Иброҳимов Мусаммир – доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: масъалаҳои актуалии манбаъшиносӣ, назарияи манбаъшиносӣ ва масоили таърихнигории равобити байналхалқии илмии УДТ бо кишварҳои хориҷӣ.

Зикриёев Файзӣ Боқиевич – доктори илмњои таърих, профессори кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: таърихнигории таърихи ватанӣ дар асри ХХ ва ибтидои асри ХХI, таърихнигории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон.

Ёрмуҳаммадов Амиршоҳ – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: таърихнигории таърихи ватанӣ дар асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ, таърихнигории матбуоти советии Осиёи Миёна, таърихнигории Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон.

Ғуломов Тоҷиддин Мирзоалиевич. – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: масъалаҳои назариявии таҳқиқи густариши ислом ва инъикоси он дар манобеи асримиёнагии форсӣ; манбаъшиносӣ ва таърихнигории Осиёи Марказӣ;

Азимова Бозоргул Тағоевна – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: масоили манбаъшиносӣ ва таърихнигории Осиёи Марказӣ, инъикоси муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии хонигариҳои Осиёи Миёнаи нимаи аввали асри ХIХ дар манобеи таърихӣ.

Шарофуддинов Суҳроб Саломович – номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: таърихнигории таърихи ватанӣ, саҳми академик В.В. Баротольд дар омўзиши таърих ва фарҳанги халқи тоҷик, саҳми муаррихони тоинқилобии рус дар таърихнигории тоҷик.  

Умаров Абдуллохоҷа Қурбонхољаевич – номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: масоили таърихнигории низоми бисёрзинагии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми созмонҳои байналмилалӣ дар рушди маорифи Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ.

Неъмонов Беҳрўзҷон Зариёевич –  номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: масоили таърихнигории таъқибу фишорҳои сиёсӣ нисбати ходимони ҳизбию давлатӣ дар солҳои 20-30-юми асри ХХ, инъикоси таъқиботи сиёсӣ дар матбуоти солҳои 30-юми асри ХХ, сарнавишти зиёиёни тоҷик дар солҳои 20-30-юм ва дигар масоили сиёсӣ-иҷтимоии асри ХХ.

Сангалиев Хонҷон Баротович –  муаллими калони кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: масъалаҳои таърих ва ташкили фаъолияти бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди дигаргунсозиҳо ва рушди кори бойгонидории Тоҷикистон;

Саймуҳаммади Бобоҷон – ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: таърихнигории равобити илмии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ, равобити илмии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ.

Асратбекова Адиса Давлатмамадовна – ассистенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ. Фаъолияти асосии илмӣ: таърихнигории вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии аморати Бухоро ва  Помир дар охири асри XIX ва аввали асри XX.