Кафедраи зоология

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗООЛОГИЯ АЗ ЛАҲЗАИ ТАШКИЛЁБИ ТО ИН ЗАМОН

Кафедраи зоология ҳамсоли Донишгоҳ буда, соли 1948 ба фаъолият дар самти таълиму тарбияи мутахассисони оянда шурўъ намудааст. Соли аввали таъсисёбӣ кафедра ҳамаги чор устод дошт. Як профессор, як  дотсент ва ду ассистент.

Соли 1948 д.и.б. Строганов С.У. аз Донишгоҳи шаҳри Томск ба Душанбе барои тарбияи мутахассисони маҳаллӣ даъват шуда буд. Ў дар Донишгоҳи навтаъсис  нахустин профессор  буд ва дар бунёд намудани кафедраи зоология саҳми арзанда гузоштаанд. Профессор Строганов С.У. тўли як сол роҳбарии кафедраро ба зимма гирифта, оид ба ширхўрони ҳашаротхўри Тоҷикистон корҳои зиёди илмиро ба анҷом расонида, беҳтарин коллексияи ҳайвонотро дар кафедра ҷамъ овардааст.    

Мудири аввалини кафедра профессор Иваненко И.Д. мебошад, ки аз соли 1949 то 1962 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Ў нақшаи таълимӣ ва барномаҳои таълимии марбути кафедраро тартиб дода, ҷараёни таълимро  дар кафедра ба низом даровардааст. Саҳми ин олими намоён дар ташкил ва ривоҷу равнақи кафедра ва илми зоология дар Тоҷикистон калон аст. Бояд тазаккур дод, ки профессор Иваненко И.Д. аввалин декани факултети биология буд ва таи 7 сол ин вазифаро ба ўҳда дошт.

Гритсай Таисия Яковлевна яке аз аввалин хатмкунандагони кафедра буда, тули 40 сол дар кафедра фаъолият намудааст. Солҳои дароз аз «Зоология бесутунмўҳра», «Методикаи таълими биология», «Таҷрибаомўзии саҳроӣ аз Зоологияи бестунмўҳра» ба донишҷўён дарс медод. Ў ба омўзиши фаунаи обӣ машғул буда, муаллифи чандин мақолаҳо ва дастурҳои таълимӣ мебошад.

Академик Нарзиқулов М.Н. аз соли 1962 то 1964 ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуда, дар тарбияи мутахассисони ҷавон ва омўзиши ширинчаҳо, ҳашароти осебрасони растаниҳои техникӣ, полезӣ, зироатӣ саҳми арзанда дорад. Ў муаллифи 600 мақола ва чандин рисолаҳою  китобҳо буда, қариб 100 намуди ширинчаҳоро бори аввал муайян намуда, ба илми энтомология дохил намудааст.

 Ин олими намоёни тоҷикро на танҳо дар ҷумҳуриҳои собиқ Шўравӣ, балки дар аксари мамлакатҳои Ғарб ба хуби мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Инчунин робитаҳои илмии кафедраро бо ҳамаи марказҳои илмӣ зич алоқаманд намудааст, ки ин робитаҳо то ҳол идома доранд. Профессор Лопатин И.К. бевосита экспедитсияҳои зиёдеро ташкил ва сарварӣ намуда, дар омўзиши олами ҳайвонот, махсусан, ҳашарот саҳми калон гузоштааст.

Зиёда аз 300 мақола ва чандин китобҳоро аз нашр бароварда дастраси хонандагони бешумор гардонидааст. Олим на фақат муаллифи китобҳои дарсии « Зоологияи умумӣ», «Зоогеография» мебошад, балки татбиқкунандаи фаунаи гамбусакҳои баргхўри Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои назди Балтика аст. Намудҳои нави ин гурўҳи гамбускҳоро бори аввал навишта, аксари корҳояшро дар хориҷ (Ғарб) чоп намудааст. Ба замми ин дар муайян ва табақабандии баргхўракҳои Ветнам, Африқо ва як қатор мамлакатҳои Европа ҳиссагузор мебошад.

Бо каломи эҳтиром  донишманди бузург профессор Старков О.А. – ро бояд ном бурд, ки вай зиёда аз 15 сол (1971-1987) сарварии кафедраи зоологияро ба ўҳда дошт.

 Вай 30 сол дар Донишгоҳи Рум ба ҳаиси устод ва мудири кафедраи паразитология буданд. Зиёда аз панҷ забони хориҷиро медонистанд ва озодона сухан меронданд.

Профессор Старков О.А. аксарияти масъалаҳои биологияро хеле хуб медонистанд ва бо маҳорати баланди такрорнашаванда дарс мегуфтанд. Бисёри китоб ва мақолаҳои илмии устод (100) дар хориҷ ба чоп расидаанд. Махсусан, олим дар омўзиши морфология, систематикаи канаҳо ва  чун интиқолдиҳандаи касалиҳои гуногун дар байни ҳайвоноти Тоҷикистон хизмати калон кардааст. Аксари корҳои калонтарини устод ин «Канаҳои иксоди Итолиё», «Канаҳои иксоди СССР» ва дар бораи Шайхурраис Ибни Сино  мебошад. Ин китобҳо ва асарҳои дигари олим чун ганҷи бебаҳои илм ба шумор мераванд.

Аз соли 1965 то 1984 дотсент Аркадий Василевич Попов хамчун орнитолог, ихтиолог ва муҳаққиқи ихтиофаунаи кўлҳои Помири Шарқӣ фаъолият намудааст. Ў аз мазмунҳои «Олами ҳайвоноти Осиёи Миёна», «Зоогеография», « Зоология мўҳрадорон», «Ихтиология» ба донишҷўён дарс мегуфт. Бо ташаббуси устод як чанд эспедитсияҳои илмӣ оид ба омўзиши олами ҳайвоноти Ҳисору Қаротегин ва Помир ташкил карда  буданд. Устод соли 1959 монографияи худро оиди парандаҳои Ҳисору Қаротегин аз чоп баровард. Ба замми ин муддатҳои тўлонӣ дар кўлҳои Помири Шарқӣ тадқиқоти илмӣ бурда, натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардааст.

Дотсент Сталмакова Виктория Алексеевна аз соли 1962 то 1992 дар кафедра фаъолят намуда аз фанҳои «Этология», «Герпетология» ва «Таҷрибаомўзии калон» дарс мегуфт. Устод бо як маҳорати баланди педагогӣ дарс медод ва ҷаҳонбинии васеъи илмӣ дошт. Соли 1975 монографияи худро дар мавзўи «Песчанки фауны Таджикистана» аз чоп баровард.  

Микитова Людмила Владимировна аз соли 1968 то 1977 дар кафедра кор ва фаъолият намудааст. Солҳои тўлонӣ ба омўзиши гамбускҳои оилаи – Bruchidae машғул буда, ҳамчунин доир ба сохти морфологии даҳони гамбускҳо препаратҳои зиёде тайёр намудааст, ки то ҳол дар кафедра мавриди истифода қарор доранд.

Дотсент Мелникова Т.Г. аз соли 1956 то 1960 дар кафедра кор ва эҷод намуда, дар рушду нумўи кафедра ҳисса гузоштаст. Коллексияи ҳашаротро ба таври пуррагӣ батартиб даровардааст.

Винклер Н.Г. аз соли 1965 то 1975 ба ҳайси дотсенти кафедра фаъолият намуда, дар омўзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва тарбияи мутахассисони маҳаллӣ саҳми арзанда дорад. Ў нисбати кирми ғўза ва нимсахтболҳо чандин мақолаҳои муҳими илмӣ тълиф намудааст.

 Приписнова М.Г. аз соли 1955 то 1990 дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Ў ба омўзиши ҳашароти заррарасони дарахту буттаҳои мамнўъгоҳи « Бешаи палангон» машғул  буда,  ҳамчунин дар омўзиши оилаи Meloidae ҳиссаи калон гузоштааст.

Тољибоев Р.Т. аз соли 1964 то 1970 дар кафедра кор ва фаъолият намудааст.

Профессор Чикатунов Владимир Илич зиёда аз 25 сол дар кафедра кор ва фаъолият намудааст. Бештар аз 7 сол  (1987-1992)  мудири кафедраи зоология ва 4 сол (1987-1991) проректор оид ба таълим дар Донишгоҳ  буд. Вай оид ба фауна, экология, зоогеография ва фонетикаи гамбускҳои баландкўҳи Тоҷикистон тадқиқотҳои беҳтарини илмиро анҷом додаст.

 Таи солҳои кориаш ў нафақат аз риштаҳои асосии зоология лексияҳои пурмазмун меуфт, балки чандин чавонро тарбия намуда, то ба дараҷаи номзади илм бурда расонидааст. Зиёда аз 50 корҳои илмӣ бо қалами устод аз чоп баромадаанд, ки арзиши хеле баланд доранд.

Профессор Қодиров Абдусалом Ҳафизович аз соли 1992 то соли 2008 роҳбарии кафедраро ба ўҳда дошт.  Вай аз соли 1967 то ҳол дар ин кафедра кор ва фаъолият намуда, 46 соли бобаракати хешро дар тарбияи мутахассисони баландихтисос, омўзиши олами ҳашароти Тоҷикистон ва эҷоди китобу дастурҳои таълимӣ бахшидааст.

 Профессор Қодиров А.Ҳ. зиёда аз 200 мақола, 10 дастур ва шаш китоби дарсиро бо забони тоҷикӣ ба табъ расонида, пешкаши донишҷўён намудааст («Зоологияи ғайрифақория» – 16 ҷ.ч., «Биологияи умумӣ» – 18 ҷ.ч., «Курси мухтасари ҳашаротшиносӣ» – 7 ҷ.ч., «Ҳашароти зарарррасони дарахту буттаҳои Тоҷикистон» – 13,5 ч.ч.), «Машғулиятҳои лабараторӣ ва амалӣ аз Зоологияи бесутунмўҳра». Ғайр аз ин зиёда аз 15 барномаи таълимиро бо забони тољикӣ тартиб додааст. Аввалин бор китоби «Мифтоҳи ташхиси марҳалаҳои ҳашарот» ва «Пайдоиш ва ташаккули назарияи такомул»-ро бо забони тоҷикӣ навиштааст. Қодиров А.Ҳ. аз соли 1981 то 1984 ба сифати устод дар донишгоҳи Кобул кор кардааст. Таи солҳои тўлонӣ профессор Қодиров А.Ҳ. нисбати ҳашароти зараррасон ва гамбускҳои осебрасони дарахту буттаҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ тадқиқотҳои илмӣ  бурдааст. Аз ҷониби ў оиди 7 оилаи гамбускҳо таҳқиқ  гардидааст (Scolotidae -39, Cerambicidae 167, Buprestidae -230, Elateridae-100, Scarabaeidae -260,  Staphulinidae 180- )  дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва дигар республикаҳои ҳамҷувор муайян намуда ва биология, экологияи аксарияти онњоро омўхтааст.   Доир ба систематика, биология, экология, зоогеография, пўстлоқхўракҳою, чўбхўракҳо ва дигар гурўҳҳои ҳашарот корҳои зиёди илмиро ба анҷом расонида ва барои пешгирии хавфи зараррасонҳо тавсияҳои муфид пешниҳод намудааст.

Лаҳзаи ҳамъоварии маводҳои илмӣ ва таҷрибаомўзиҳои саҳроӣ дар ноҳияи Данғара ҳангоми мудириии профессор Қодиров А.Ҳ.

Устод А.Х. Қодиров дар Тоҷикистон ягона мутахассисест, ки дар  соҳаи энтомология мактаби худро ташкил намуда, онро ривоҷ медиҳад. Тахти рохбарии он 5 нафар унвонҷуён рисолаи номзадии хешро дифоъ намудаанд. Ду нафар устодони кафедра Исоев К.С. ва Шоев М.Ҷ. таҳти роҳбарии устод Қодиров А.Ҳ. рисолаҳои докториашонро омода карда истодаанд.

Дотсент  Алламуратов Ю.А. дастпарвари кафедра буда, то соли 2008-ум кор ва фаъолият намудааст солҳои зиёд ҷонишини декани факултет оид ба таълим буд. Ў як қатор корҳои илмиро роҷе ба ҳайвоноти хоянда тадқиқ намуда, ҷамъшавии металҳои гуногунро дар организми ширхўрон, хояндаҳо ва обхокиҳо муқаррар намудааст.

Корҳои ба анҷом расонидаи дотсент  Алламуратов Ю.А. аз нуқтаи назари экология аҳамияти беҳамто доранд.

Устоди хеле ботаҷриба  Исоқов С.И. соли 1967 то соли 2010 дар ҳамин кафедра кор кардааст. Ў бешубҳа дар омўзиши «Зоологияи мўҳрадорон» ва тарбияи мутахассисон ҳиссаи калон гузоштааст. Дотсент Исоқов С.И.  нисбати систематика ва экологияи ширхўрони ҳашаротхўр татқиқотҳо гузаронда, натиҷаи хуби илмӣ ба даст овардааст.

Зиёда аз 30 мақола ва якчанд дастурҳои методиро ба табъ расонида, аввалин бор китоби «Машғулиятҳои лабараторӣ аз фанни «Зоологияи мўҳрадорон» – ро, ки аз се қисм иборат аст бо забони тољикӣ аз нашр баровардааст. Умуман, устод дар омўзиши ҳайвоноти сутунмўҳрадор, нигоҳдорӣ ва муҳофизати ҷонварони камшумори ҷумҳурӣ саҳми калон гузоштаанд. Меҳнатҳои беғараз, самимӣ ва босамари устод Исоқовро ба назар гирифта, соли 2012 кафедра тасмим гирифт, ки музейи зоологии назди кафедраро ба номи ў номгузорӣ кунад.

Дотсент Зарипова Д.Х. дастпарвари кафедра буда, аз соли 1969  то соли 2003 кор ва фаъолият намудааст. Дар раванди корҳои тарбияивии донишҷўён саҳми марҳум Зарипова Д.Х. хеле чашмрас буд.  

Зарипова Д.Х. солҳои тўлонӣ ҷонишини декан оид ба корҳои илмӣ  ва котиби Шўрои илмии факултет буд. Дар омўзиши систематика ва экологияи ҳашарот (Meloidae) корҳои илмии худро ба роҳ монда, теъдоди баъзе гурўҳҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ аниқ сохта зиёда аз 40 мақолаю дастурҳои таълимиро ба чоп расонидааст.

Доктори илмҳои биология, профессор Аҳроров Ф.  аз соли 2003 то соли 2011 дар кафедра ҳамчун мутахассиси соҳаи гидробиология кор ва фаъолият намудааст.

Ў муаллифи 180 мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла 2 монография, 4 китобҳои соҳавӣ, 4 воситаҳои таълими ва методӣ мебошад. Чандин донишҷўён зери роҳбарии устод Аҳроров Ф. кори дипломии худро бо баҳоҳои хубу аъло дифоъ намудаанд. Аҳроров Ф. –дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009), дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Е.Н. Павловский мебошад.

Дотсенти кафедра Исоев Комилшо Сафарович соли 1990 факултети биологияи ДМТ  хатм намуда, бо тавсияи роҳбарияти кафедраи зоология хамчун мутахассиси ҷавон дар кафедраи мазкур ба фаъолият шурўъ карда, то ҳол дар вазифаҳои гуногун ифои вазифа намуда истодааст. Исоев К. С. соли 1988 сардори лагери таҷрибаомўзии саҳрои «Такоб» таъйин гардид ва дар обод намудани ин базаи таълимӣ саҳми намоён дорад. Соли 2004  рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Аз соли 1999 то соли 2007 вазифаи ҷонишини декан оид ба тарбияро ба ўҳда дошт. Дар ин давра дар ҳаммуаллифӣ барномаи таълими соатҳои тарбиявиро тартиб дода, нақшаҳои кори тарбиявӣ ва шўрои кураторони факултетро мураттаб намудааст. Ҳамзамон дар ин давра ба ҳайси мушовири проректори тарбияи ДМТ фаъолият намуда, дар ташкили корҳои тарбиявии донишгоҳ низ саҳми арзанда дорад. Аз соли 2007 то соли 2009 дар вазифаи ҷонишини аввали декани факултети биология кор кардааст. Дар таҳияи нақшаи таълимии ихтисоси фарматсевтӣ ва ташхиси тибӣ, ки баъдтар ҳар кадоме ба факултетҳои алоҳида табдил ёфтанд, саҳми гузоштааст. Аз соли 2009 то соли 2012 вазифаи мудири кафедраи зоологияро ба ўҳда дошт.

Аз соли 1996 то соли 2015 дотсент Исоев К.С. дар олимпиядаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанни биология ба ҳайси раиси ҳакамон ва аъзои ҳакамон иштирок намудааст.

Замоне ки факултет ба бинои нав воқеъ дар шаҳраки донишҷўён кўчид, (2010) дар оройиши кафедраи зоология бо тамоми шиору овезаҳо, асбобҳои аввалияи дарсгузарӣ ва кўчондани зоомузей саҳми арзанда дорад. Бори аввал дар ин давра тамоми барномаҳои таълимии кафедра таҳия ва дар шакли китоби алоҳида чоп шуданд. Дар ин давра устодони кафедра 200 фишурдаю мақолаҳои илмӣ, 3 монография, 3 дастури илмӣ ва 2 китоби дарсиро ба нашр расониданд. Дар кафедра 2 коромўз имтиҳони номзадӣ супорида, 3 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ муҳокима карда шуда, як нафар (Шоев М.Ҷ.) рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Исоев К.С. аз соли 2012 то ҳол дар вазифаи директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад. Тўли ин муддат дар шаклгирии мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷалби муаллифон барои таҳияи китобҳои дарсӣ, мутобиқозии китобҳои дарсӣ ба стандартҳои ҷаҳонии таҳсилот, хусусан бо назардошти муносибати босалоҳият таҳия шудани онҳо саҳми намоён гузоштааст.

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007) ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018).

Зиёда аз 80 фишурдаю мақолаҳои илмӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла 1 монография, 5 китоби дарсӣ бо ҳаммуаллифӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми, 2 китоби дарсӣ барои донишҷўёни факултети биология, 2 китоб (Экология) барои донишҷўёни ғайри ихтисоси муассисаҳои таҳсилот и миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, 8 дастури таълимӣ. Дар матбуоти даври даҳо мақолаю вокунишҳо доир ислоҳоти соҳаи маориф чоп намудааст.

Исоев К. С. дар Шўрои омўзгорони давлатҳои муштаракулманофеъ (Армения 2012, Беларус 2014), доир ба омўзиши бисёрзабонӣ ш. Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон (2014), ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон (2013-2016) ва ҳамзамон дар семинари омўзишӣ оид ба гелминтология дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Покистон (11-22 феврали с. 2018) иштирок карда, соҳиби сертификат гаштааст.

Айни замон рисолаи докториаш дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад ва тибқи нақшаи кафедра бояд соли 2019 рисолаи докториашро дифоъ намояд.

Инчунин, соли 2011 баъд аз сафарҳои тўлонии илмӣ ба кафедра дотсент Дадабоев Х.Р. ба кор қабул карда шуд. Дадабоев Х.Р. таҷрибаи зиёди педагогию илмӣ дорад.

Ў дар тўли фаъолияти илмию педагогиаш  15 мақолаҳои илмӣ нашр намудааст. Аз моҳи январи  соли 2013 то январи 2014 вазифаи мудири кафедраро ба ўҳда дошт.  

Соли 2012 ба  кафедра доктори илмҳои биологи  Сатторов Т.С. даъват карда шуд ва то ҳол дар вазифаи профессори кафедра фаъолият намуда истодааст. Соли 1981 дар шурои илмии Институти зоологияи АИ Ҷумҳурии Украина дар мавзўи «Хазандаҳои Тоҷикистони шимолӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Ў солҳои тўлонӣ дар Донишгоҳи омўзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ кору фаъолият дорад. 

Дар ин муддат дар вазифаи декани факултети биологияи ДДОТ, мудири кафедраи зоология ва ҷонишини ректори ДДОТ ва дар дигар вазифаҳои масъул кору фаъолият кардааст.  Дар давоми  фаъолияти кориаш, дастурҳои методӣ ва мақолаҳои зиёди илмӣ, аз он ҷумла 2 монография ва китоби дарсӣ «Зоологияи сутунмўҳрадорон» барои донишҷўёни мактабҳои олӣ ва китобӣ дарсии «Зоология» барои синфи 8-умӣ мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии мактабҳои Тоҷикистон, зиёда аз 5-дастурҳои методиро  нашр намудааст. Солҳои пешин бо кафедраи зоология ҳамкорӣ дошт ва зиёда аз се сол  дар кафедраи зоология ба ҳайси  0,5  ҳисса дар вазифаи профессори кафедра фаъолият намудааст.    

 Дотсент Шоев М.Ҷ. аз моҳи марти соли 2014 то ҳол дар вазифаи мудири кафедра фаъолият намуда истодааст. Ў пас аз хатми Донишгоҳ бо дипломи «аъло» аз соли 1994 дар кафедра ҳамчун мутахассиси соҳаи ҷонваршиносӣ корро оғоз намудааст.

Пас аз хатми аспирантура соли 1999 аз фанни Зоологияи бесутунмўҳрадорон дарс мегуяд. Аз соли 2000-ум то 2005 ва аз соли 2007 то соли 2012 дар вазифаҳои гуногуни хизматчии давлатӣ кору фаъолият намудааст. Дар шаҷри Кофарниҷон, ҳозира Ваҳдат Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр ва дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушовири кумитаи аграрӣ, сипас Муовини мудири шўъбаи назорат ва Муовини мудири шуъбаи қабули шаҳрвандони Дастгоҳи (Мн МОҶТ) фаъолият намуда, ҳамзамон дар факултет дар ҳаҷми 0,5 ҳиссаи кори фаъолият мекард. Аз соли 2006-ум то соли 2010 сардори лагери таҷрибаомўзии саҳроии «Такоб»-ро ба ўҳда дошт. Ў дар обод намудан ва шароити беҳтар намудани донишҷўён дар пойгоҳи Такоб саҳми калон дорад.  Зиёда аз 50 фишурдаи мақолаҳои илмӣ ва се китоби дарсӣ бо ҳаммуалифии устодон ва як монография ба нашр расонидааст. Устод Шоев М.Ҷ. моҳи декабри соли 2011 рисолаи номзадии хешро дар мавзуӣ: «Гамбускҳои осебрасони дарахту бутаҳои Ҷанубу-Шарқи Тоҷикистон» дифоъ намудааст.  Дар тули чор соли фаъолияти мудири ду конференсияи ҷумҳурияви ва як донишгоҳи ва як мизи мудаввар ташкил намуда гузаронидааст. Ҳамзамон дар ин давра бо дастгирии Раёсати Донишгоҳ ва садорати факултет Осорхонаи зоологии ба номи Саттор Исоқов таъсис дода шудааст ва дар ҳамон рўз устод Қодиров Абдусалом Хафизович ва Шоев Муҳаммадҷон Чумаевич бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд. Шоев М.Ҷ. ва Исоев К.С. моҳи феврали соли 2018 бо дастгирии Вазорати маориф ва илм ва Раёсати Донишгоҳ ба Ҷумҳурии исломии Покистон ба сафари хизмати барои иштирок дар 5-умин семинари байналмилалии дар соҳаи илми нематология фиристода шудааст, ки бо маърўза баромад намудааст.  

Дар давраи мудирии Шоев М.Ҷ. се нафар устодони кафедра (Холматов И.Б., Якубова Д.Ш., Мирзоев Н.М.) рисолаҳои номзадии худро бо муваффақият дифо намудаанд.

Лаҳзаи ҳимояи рисолаи номзадии ассистенти кафедраи зоология, Якубова Дилшода Шараповна дар таърихи 02.06.2018 ҳангоми мудирии дотсент Шоев М.Ҷ.

Дар фаъолияти ҳозираи кафедра саҳми устодони дигари он, аз ҷумла, ассистентон Мирзоев Н.М., Якубова Д.Ш., Холматов И.Б., Талбонов Х.М., Давлатов О.М., Ҳакимов А.Т. низ хеле назаррас аст. Ҳамчунин дар пешрафти кори кафедра кормандони техникӣ Қурбонова С.П., Синонова С.Д. ва Боймуродов Э. низ саҳмгузор мебошанд.

Ҳамин тариқ имрўз дар кафедра 2 профессор, 3 дотсент, 5 ассистент, 1 мудири лаборатория, 2 лаборант ба корҳои таълимӣ – илмӣ машғуланд. Ҷамъияти илмии донишҷўён дар кафедра хеле хуб амал мекунанд.

Ҳоло устодони кафедра дар мавзўъи «Фауна ва экологияи баъзе гурўҳҳои сахтболҳо (оилаи Staphylinidae, Elateridae, Curculionidae, Buprestidae) ва гидрофаунаи ҳавзҳои Тоҷикистони Ҷанубу-Ғарбӣ» таҳқиқот гузаронида, кўшиш доранд, ки рўйхати ҳайвонотро   аниқ сохта, сабабҳои камшумор шудани баъзе ҳайвоноти бесутунмўҳраро ва дигаргуншавии олами ҳашароти онро ошкор созанд.

Дар баробари ин устодон ҳаматарафа таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳайвонот, нестшавии намудхои эндемикӣ ва чораҳои пешгирии онро таҳти омўзиш қарор додаанд. Кафедра бо пажўҳишгоҳи зоологияи Санкт-Петербург, Донишгоҳи давлатии шаҳри Масква ба номи Ломоносов, Институти морфология ва эволютсионии ш. Маскав, Донишгоҳи Силез ва Ополи Ҷумҳурии Полша ва бо Пажўҳишгоҳи зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории илмӣ дорад.

Дар кафедра 2- маҳфили илмии донишҷўён бо номи «Табииёт» бо роҳбарии профессор Қодиров А.Ҳ. ва «Муҳофизони табиат» бо роҳбарии дотсент Шоев М.Ҷ. амал мекунад, ки ҳамасола 25-30 аъзо дорад. Ҳар сол моҳи апрел дар конфронси илмии донишҷўёни Донишгоҳ бо пешниҳоди 10-12 маърузаи илми фаъолона иштирок мекунанд. Аъзоёни ин маҳфилҳо дар муратабгардонии колексияи ҳайвоноти гуногуни осорхонаи зоологӣ аз ҳисоби намудҳои ҷамъовардаи худашон саҳмгузорӣ мекунанд. Дар экспедитсияҳои илмии олимони кафедра иштирок намуда натиҷаҳои ба даст овардаашонро чун маводи илмӣ ҳангоми навиштани корҳои курсӣ ва дипломӣ истифода мебаранд.

Ҳайати ҳозираи устодони кафедраи зоология

Якубова Дилноза Шарапавна

Мирзоев Нуриддин Махмадович

Холматов Исмоил Бахтиёрович

Давлатов Одинашох Мухаббатович

Хакимов Абдулвахоб Тагоевич

Устодон ва кормандони кафедраи зоология дар бинои куҳнаи факултаи биология ҳангоми мудирии профессор Қодиров А.Ҳ.

  Устодони кафедраи зоология, ҳангоми мудирии дотсент Дадобоев Х.Р.

Лаҳзаи конференсияи ҷумҳуриявӣ моҳи апрели соли 2017 дар кафедраи зоология ҳангоми мудирии дотсент Шоев М.Ҷ.

Лаҳзаҳо аз кушодашавии осорхонаи зоологии кафедраи зоология ба номи дотсент Исоқов Саттор Исоқович ҳангоми мудирии дотсент Шоев М.Ҷ.

Лаҳзаи бо нишони Аълочии маориф ва илми ҶТ, сарфароз гардонидани профессор Ќодиров А.Ҷ. ва дотсент Шоев М.Ҷ.

Лаҳзаҳои баромад ва супоридани туҳфаҳо дар конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон.

 Мудири кафедраи зоология Шоев М.Ҷ. пас аз сарфароз гардидан бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҶТ».