МОҲИЯТИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

208

Ноустувор шудани пояҳои давлатдории Шуравӣ дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-ум ба фурӯпошии империяи абарқудрати ИҶШС оварда расонд. Гарчанде ки раъйпурсии умумихалқӣ (17 марти соли 1991) 89 дар сади тарафдорони барҳам нахӯрдани Давлати Шуравиро нишон дода бошад ҳам, дар ибтидои соли 1990 ҷумҳуриҳои Назди Балтика истиқлолияти худро эълон намуда буданд. Дар Қазоқистон ва Осиёи Миёна низ ҳаракатҳои озодихоҳона дар мисоли намоиши зиёиён ва донишҷӯёни қазоқ дар Алмаато, ихтилофоти марзӣ байни қирғизҳо ва ӯзбакҳо дар вилояти Ӯши Қирғизистон ва моҷарои туркҳо дар Ӯзбакистон ба чашм мерасид.

24 августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ Эъломия қабул намуд.

Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олӣ (сентябри соли 1991) рӯзи 9 сентябрро чун санаи ташкилёбии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон тасдиқ намудБарҳам хӯрдани империяи Шуравӣ ба Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз узвиятҳои понздаҳгонаи худ истиқлолиятро ҳадя намуд. Ин туҳфаи бебаҳои таърих дар ҳоле дастраси тоҷикон гардид, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷумҳуриҳои аз маркази собиқ Иттиҳод хеле дур ҷой гирифта, дар сатҳи паст қарор дошт. Ба замми ин дар сохтори давлатӣ ва дастгоҳи ҳизбии он айём унсурҳои номатлуби маҳалчигӣ, хешутаборчигӣ ва ёру ҷӯрабозӣ дар масъалаи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо зиёд реша давонда буданд. Ҳамаи ин ва боз сабабҳои дигар боиси он гаштанд, ки баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, дар дохили давлат байни гурӯҳҳои гуногун ва ба ҳам мухолиф муборизаҳо авҷ гиранд. Аслан, муборизаҳои миллию озодихоҳӣ, ки баъдтар ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гаштанд, хеле барвақт оғоз шуда буданд.

Аввалин кӯшиши пайгирона дар ин самт мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ буд, ки 22 июли соли 1989 бо қарори Президиуми Шурои Олӣ ҳукми қонуниро касб намуд. Дар ҳоле ки як қисми аҳолии ҷумҳуриро миллатҳои ғайритоҷик, махсусан аҳолии шаҳрҳоро, хеле зиёд русҳо ташкил медоданд ва аксаран ҳамчун кадрҳои роҳбарикунандаву мутахассисҳои варзидаи соҳаҳои гуногун фаъолият мекарданд, ин амал чун зарбаи гарон ба ин гурӯҳ буд. «Мувофиқи ҳисоботи оморӣ соли 1989 дар Душанбе 601501 нафар шаҳрвандон зиндагӣ мекарданд, ки аз ин ҳисоб 235392 нафарашонро тоҷикон, 194691 нафарашонро русҳо ва боқимондаашро миллатҳои дигар ташкил медоданд» [Мо чанд нафарем? // Паёми Душанбе. – 1990. – 19 апрел. – №78.].

Баъдан аз 9 то 13 феврали соли 1990 дар назди бинои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон бо баҳонаи дар Душанбе бо манзил таъмин намудани гурезаҳои арманӣ гирдиҳамоии дарозмуддате ташкил ва гузаронида шуд. Аз як тараф, ташкили ин гирдиҳамоӣ дасисаи қувваҳои беруна бошад, аз тарафи дигар, мардум мехостанд, арзи худро аз сатҳи пасти зиндагӣ, норасоӣ ва камбудиҳо ба роҳбарони давлату ҳукумат расонанд. Дар ин миён қувваҳое буданд, ки ин гирдиҳамоиро ба муноқиша расонида, онро ба бетартибию ғоратгарӣ, вайронкорию оташзанӣ ва бадтар аз ҳама ба хунрезӣ анҷом доданд.

«Воқеаи баҳманмоҳ ҳодисаи ҷузъию тасодуфие набуд, ки дастаи бангию ҳангоматалаб содир карда бошад, балки инқилоби мардумие буд, ки дар солиёни тулонии сипаришуда ҷомеадории тариқи навин ва ҷомеадорони бесуннат лаҳза-лаҳза ва зарра-зарра омодааш сохтаанд» [Мусулмониён Р. Ҷаҳонро ба бад наспарем // Садои Шарқ. – 1991. – №5. – С. 119-125.].

Вакилони иҷлосияи якуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 1991 сурат гирифт, номзадии Қаҳҳор Маҳкамовро ҳамчун раиси Президиуми Шурои Олии Тоҷикистон пазируфтанд ва дар иҷлосияи чоруми Шурои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. «Қаҳҳор Маҳкамов зумраи кадрҳои тасодуфиро мемонд, ки дар натиҷаи гурӯҳбозӣ ва маҳалгароӣ ба тадриҷ сари қудрат баромада буд. Маҳкамов бузургтарин пояи маҳалгароиро дар Тоҷикистон мустаҳкам намуд ва ҳисси нафрати дигар кадрҳои Тоҷикистонро бедор кард» [Насриддинов Ҳ. Таркиш. – Душанбе: Афсона, 1995. – 365 с.].

Дар муддати кӯтоҳи сарварии Қаҳҳор Маҳкамов ҷумҳуриро ҳарҷу марҷи иқтисодиву сиёсӣ фаро гирифт ва баъди нӯҳ моҳи фаъолияташ дар иҷлосияи ҳафтуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум рӯзи 30 августи соли 1991 аз вазифааш сабукдӯш гардид. «Баҳманмоҳ ноуҳдабароии сарваронро сад дар сад исбот карда бошад ҳам, коммунистҳокимон буттарошиашонро идома доданд ва бар рағми раъйи ҷомеа Маҳкамовро «шахси аввали ҷумҳурӣ» карданд. Рӯзгор баъди якуним сол бар онҳо ришханд зад ва боз собит кард, ки хулосааш дуруст буд» [Қосим Н. Фарҷоми Президенти бехалқ. // Адабиёт ва санъат. – 1991. – 5 сентябр. – №36.].

Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум рӯзи 9 сентябри соли 1991 «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва Тоҷикистон соҳибистиқлол эълон карда шуд.

Рӯзи 21 сентябри соли 1991 Қ. Аслонов раиси Шурои Олӣ – иҷрокунандаи вазифаи президент, ҷиҳати манъи фаъолияти ҳизби коммунист дар қаламрави ҷумҳурӣ фармон содир кард ва мири шаҳри Душанбе М. Икромов бардоштани пайкараи Ленинро аз майдони марказии шаҳр иҷозат дод. Фармони Қ. Аслонов ва амри М. Икромов тазоҳуроти калонеро ба миён овард, зеро ин фармони бемавқеъ дар ҳоле ба амал бароварда шуд, ки ҳизби коммунист ҳазорҳо тарафдорони содиқи худро дошт. Кандани муҷассамаи Ленин ҳамчун як намоишномаи даҳшатзо ғазаби ин гурӯҳро бедор намуд.

Ҷаласаи фавқулодаи Шурои Олӣ рӯзи 23 сентябр ин рафтори нодурусти Қ. Аслоновро муҳокима намуда, ӯро аз вазифааш барканор намуд. Р. Набиевро раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд, дар ҳоле ки чанд моҳ баъд интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардиду номбурда яке аз номзадҳои соҳибмавқеъ ба ҳисоб мерафт.

Қувваҳои зиддиҳукуматӣ ҳамон рӯз дар назди бинои Шурои Олӣ гирдиҳамоӣ таъсис дода, ба гуруснанишинӣ ва дигар амалҳои таҳдидӣ оғоз намуданд, ки он то рӯзи 7 октябр идома ёфт. Рӯзи 24 ноябри соли 1991 нахустин маротиба бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ интихоботи президентӣ доир гардид. Раҳмон Набиев бо гирифтани 58 дар сади овозҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Қувваҳои зиддиҳукуматӣ мавқеи худро нигоҳ дошта истода, бо баҳонаи муҳокимаи кори вазири умури дохилии Тоҷикистон М. Навҷувонов аз тарафи раёсати Шурои Олӣ ба муборизаи рӯйрост гузаштанд. Рӯзи 25 марти соли 1992 дар назди бинои Шурои Олӣ як гурӯҳ одамон ҷамъ омада иқдомоти Раёсати Шурои Олиро маҳкум менамуданд ва талаб менамуданд, ки парлумон пароканда ва сарвараш Сафаралӣ Кенҷаев ба истеъфо равад.

Гирдиҳамоӣ бо шиорҳои «Истеъ- фои парлумон!», «Истеъфои Сафаралӣ Кенҷаев!» хеле пуршиддат мегузашт ва он 28 рӯз идома ёфт. Дар натиҷаи ин тазоҳурот Сафаралӣ Кенҷаев ба истеъфо рафт.

Рӯзе пас 25 апрел дар майдони Озодӣ, дар назди бинои ҳукумат, гирдиҳамоии дигаре ташкил карда шуд, ки ин гурӯҳ аз ҳукумати қонунӣ интихобшуда пуштибонӣ мекарданд. Гирдиҳамомадагон талаб мекарданд, ки қарорҳои охирини иҷлосияи Шурои Олӣ бекор ва Сафаралӣ Кенҷаев дар вазифааш барқарор карда шавад.

Гирдиҳамомадагони майдони «Шаҳидон», ки қисман пароканда шуда буданд, боз ба майдон баргаштанд. Вазъият дар шаҳри Душанбе хеле хавфнок шуда буд, зеро намояндагони ҳар ду майдон ба ҳам зид истода, бошитоб худро соҳибсилоҳ мекарданд. Ин вазъи ҳассос ҳар лаҳза метавонист ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонад.

Дар муроҷиатномаи рӯзномаи «Чароғи рӯз» зери унвони «Тафриқа маяндозед!» омадааст:… «Наход ба истеъфо рафтани як-ду одам боиси он шавад, ки дунёро ба сар бардоштаву мардумро ба шӯр андохта, бародарро бо бародар ҷанг андозанд ва ному номуси як халқро ба замин зананд. Агар ин ҳокимоне, ки аз муҳтоҷӣ ва тарс ману туро оғӯш мегиранд, дилсӯзи ману ту мебуданд, моро – додару бародар, падару писарро дар як кӯча паси сангари муқобил намегузоштанд. Дар Восеъ ҳазорон-ҳазор ба касалии сил гирифтор намешуданд, аз ҳар се тифли дар Айнӣ ба дунё омада, яктояш намемурд. Дар водии Вахш кӯдакон ба ҷои шир аз пистони модар заҳр нӯш намекарданд, дар Бадахшон аз камғизоӣ одамон беёд намешуданд, занони ҳомиладори панҷакентӣ дар тамокузор аз ҳуш намерафтанд» [Тафриқа маяндозед // Чароғи рӯз. – 1992. – 10 май. – №18.].

Дар ин миён қувваҳое буданд ва дарк намуданд, ки ба ду майдон ҷудо шудани тоҷикон оқибати нохуш дорад, бинобар ин, дар байни ду майдон ҷо гирифта мавқеи мобайниро ба худ касб намуданд.

Митингчиёни майдони «Озодӣ» пароканда гаштанд ва сарваро- нашон аз тарафи қувваҳои мусаллаҳи пойтахт дастгир карда шуданд. Баъди чанд муддате пешвоёни майдони «Озодӣ» Сангак Сафаров ва Рустами Абдурраҳим озод карда шуданд.

Вазъият дар ҷануби ҷумҳурӣ баъди парокандашавии гирдиҳамоиҳо хеле бад шуд. Махсусан дар вилояти Кӯлобу Қӯрғонтеппа ҳар рӯз садҳо нафар кушта мешуданд ва нафарони зиёде хонаву манзилҳои худро тарк гуфта, ҳамчун гуреза рӯ ба фирор меоварданд. Сарварони давлат дар ором намудани вазъият наметавонистанд саҳмгузор бошанд, зеро тамоми зинаҳои ҳокимият фалаҷ гашта, идора кардани органҳои давлатӣ душвор шуда буд.

Бо мақсади пешгирии роҳи хунрезӣ 26 июли соли 1992 дар Хоруғ мулоқоти байни қувваҳои мухолиф сурат гирифт. «Дар ин ҷо Шодмон Юсуф бо Шодӣ Шабдолов, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Мулло Ҳайдар Шарифзода, Сангак Сафаров бо Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддин Соҳибназаров бо Қурбоналӣ Мирзоалиев, Саид Олимов бо Давлати Усмон тавонистанд, ки бо ҳамдигар бо ахлоқи ҳамида, ақлу хирад, оромона сӯҳбат намоянд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё ҳама аз рехтани ноҳақу ҷанги бемазмуни бародаркуш хаста шуданд. Ва яке дигареро даъват менамуд, ки ба ҷанг хотима диҳанду силоҳро бисупоранд ва аз пайи ободу зебо гардондани Тоҷикистони азиз бишаванд» [Кенҷаев С. Табаддулоти Тоҷикистон. Китоби 2. – Тошканд: Ӯзбекистон, 1994. – 496 с.].

Баъди гуфтушуниду муҳокимаи сангини дурӯза ҷонибҳо – иштирокдорони мулоқоти шаҳри Хоруғ ба созишномаи мусолиҳа, ки аз 16 банд иборат буд, имзо намуданд. Созишномаи оташбас, ки байни тарафҳои даргир имзо карда шуд, натавонист вазъияти ҷангиро ором созад. Баъди чанд рӯзи имзои ин созишнома вазъият боз рафти пештараи худро касб намуд.Иҷлосияи Шурои Олӣ даъвати понздаҳум, ки моҳи августи соли 1992 дар Душанбе шуда гузашт, натавонист дар пешгирии даргириҳои сиёсӣ саҳмгузор бошад.

7 сентябри соли 1992 бо фишори қувваҳои силоҳбадасти дар шаҳри Душанбе ҳукмрон Раҳмон Набиев аризаи худро барои истеъфо рафтан аз вазифаи президентӣ навишт.

Ҷумҳуриро пурра ҳараҷу мараҷ фаро гирифта буд. Қуввае набуд, ки мардуми одиро ҳимоя ва пуштибонӣ намояд. Сарони давлату ҳукумат дар итоати силоҳбадастоне буданд, ки дар пойтахт ҳукмронӣ мекарданд. Мардуми хеле зиёд гуреза шуда макони зисти худро иваз намуда буданд ва зиндагии хеле сангину пуразоб доштанд. «Тоҷикистон дар он солҳо киштии шикастаеро мемонд, ки на роҳнамо ва на самти муайяни ҳаракати худро дошт. Мусофирону садрнишинони ин киштӣ дар талвосаи ҷон ва халосӣ аз ин вартаи маргу нобудӣ даступо мезаданд» [Раҳмонов Э. Тоҷикистон: Даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Ҷилди 1. – Душанбе, 2001. – 480 с.].

Масъалаи дар ягон минтақаи ором гузаронидани иҷлосияи навбатии Шурои Олӣ ба миён омад ва қарор дода шуд, ки он дар шаҳри Хуҷанд сурат бигирад.

16 ноябри соли 1992 дар колхози ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Хуҷанд ҷаласаи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа инчунин намояндагони ҳизбу созмонҳои мухталиф, гурӯҳҳои силоҳбадаст иштирок намуданд. Ҷаласа ҳайати нави раёсати Шурои Олӣ ва Шурои вазирони ҷумҳуриро интихоб намуд.

Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов интихоб шуд. Ӯ дар нахустин суханрониаш қайд намуд, ки: «Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем» [Гузориши фишурда аз иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, рӯзи 19 ноябр. // Садои мардум. – 1992. – 27 октябр. – № 217.].

Сиёсати пешгирифтаи Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов оташи ҷанги дохилиро рӯз то рӯз хомӯш мекард. Музокираи байниҳамдигарии сарони давлат ва қувваҳои зиддиҳукуматӣ оғоз шуд, ки марҳалаи хеле муҳим ва сарнавиштсози таърихи халқи тоҷик мебошад.

Гуфтушунидҳои байниҳамдигарӣ 5 сол давом намуд ва оқибат, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ аз тарафи гурӯҳҳои мухолиф имзо карда шуд. Ба созишнома аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва аз тарафи қувваҳои опозитсионӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ имзо гузоштанд. Бо таклифи Эмомалӣ Раҳмонов 27 июн рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид. «Пас аз ин воқеаи таърихӣ дар мамлакат тадбирҳои ба сохторҳои ҳукуматӣ шомил кардани намояндагони мухолифин, ба ҷумҳурӣ баргардонидани қувваҳои мусаллаҳи онҳо, таъмини фаъолияти озоди ҳамаи азҳоб ва ҷараёнҳои сиёсӣ, ки фаъолияташон ба қонунҳои ҷумҳурӣ мухолифат намекунанд, андешида шуданд. Ин тадбирҳо роҳи сулҳро пойдор намуда, ваҳдати миллиро мустаҳкам карда истодаанд» [Набиева Р., Зикриёев Ф. Таърихи халқи тоҷик. – Душанбе: Сарпараст, 2001. – 346 с.].

Бо барқарор шудани сулҳу якдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон ҳаёти иҷтимоӣ маҷрои орому осудаҳолонаро ба худ интихоб намуд. Сохтмони роҳу пулҳои аҳамияти минтақавӣ ва дохилӣ дошта, аз қабили роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб, роҳи мошингарди Кӯлоб – Қулма – Қароқум оғоз гардида, сохтумони неругоҳҳои барқии Сангтӯда, Роғун ва Помир 2 вусъати тоза пайдо намуданд. Ҷалби саҳмгузорони хориҷӣ барои рушди саоноати Тоҷикистон бештар гардид.

Ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ имрӯз дар Тоҷикистон маҷрои орому осудаҳолона дорад ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини ҷумҳурӣ гузоштани саҳми бевоситаи худ дар роҳи ваҳдат ва сулҳу осоиштагии Тоҷикистон мебошад.

Дӯстмурод Ҳафиззода,устоди ДМТ