МУОДИЛҲОИ ВОЖАИ ПАРЧАМ ВА САЙРИ ТАЪРИХИИ ОНҲО

597

Забони адабии тоҷикӣ аз замони пайдоиш ва ташаккули худ то ҳол тараққиёти таърихиро аз сар гузаронида, торафт ғанӣ ва мукаммал шуда, барои ба ҷо овардани эҳтиёҷоти ҷомеа ҳамчун воситаи асосӣ хидмат кардааст ва хидмат дорад. Таҳқиқу баррасии таркиби луғавӣ ва қишрҳои мухталифи он дар забоншиносии тоҷикӣ таърихи қадима дорад. Ба ин кор ҳанӯз луғатнигорону тазкиранависони гузашта иқдом намуда буданд. Омӯзишу баррасии таркиби луғавии забони тоҷикӣ ва дар он муайян кардани нақши вожаҳои таърихӣ дар рушди таркиби луғавии забон имрӯз низ идома доранд. Мо тасмим гирифтаем, ки дар доираи ин мақола роҷеъ ба чанд вожаи ифодагари соҳаи сиёсӣ-иҷтимоӣ, ки таърихи тулонӣ доранд ва таҳаввулоти таърихиро аз сар гузаронидаанд, маълумоте чанд бидиҳем. Ҷиҳати муайян кардани шакли аслӣ ё таърихии ин қабил вожаҳо ба мо усули таърихӣ-қиёсӣ, яъне таҳлили этимологӣ ё решашиносӣ ёрӣ мерасонад.

Этимология ё решашиносӣ риштаи забоншиносӣ буда, таълимот дар бораи пайдоиш ва инкишофи таърихии шакл ва маънои калима маҳсуб меёбад. Ё ба таври дигар, муайян кардани маншаи калимаҳо ё этимология [юн. etymon–ҳақиқат+logos-таълимот]-и вожаҳои таркиби луғавии ин ё он забон маҳсуб ёфта, онҳо [вожаҳо] аз нигоҳи сарчашмаҳои пайдоишашон таҳқиқ карда мешаванд. Дар асоси талаботи ин риштаи забоншиносӣ калимаҳои таркиби луғавии забон, ки вожаи ифодагари соҳаи сиёсӣ-иҷтимоӣ низ ба ҳамин гурӯҳ шомиланд, ба гурӯҳҳои калимаҳои худӣ [аслан эронӣ ё тоxикӣ] ва иқтибосӣ [аз забонҳои дигар воридгардида] ҷудо карда мешаванд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар таҳқиқи этимологӣ, пеш аз ҳама, истифодаи дақиқи қонуниятҳои мувофиқати овоз ва муқаррар кардани истисноҳои аз ин қонуниятҳо берун ниҳоят заруранд, зеро ки истисноҳои муайян дар мувофиқати овозии давраҳои мухталифи як забон ва ё забонҳои ба ҳам хеш бо сабабҳои маълум ва мушаххаси воқеӣ ба вуҷуд меоянд. Танҳо дар сурати ба назар гирифтани ҳамаи ин сабабҳои объективӣ этимологияи ҳақиқии илмии калимаҳоро, аз ҷумла вожаҳои ифодагари соҳаи сиёсӣ-иҷтимоиро муқаррар кардан мумкин аст [ниг.:Маxидов, 218– 225].

Тавре зикраш рафт, аз нигоҳи сохту таркиб ва хусусиятҳои калимасозӣ вожаҳои ифодагари соҳаи сиёсӣ-иҷтимоиро низ ба навъҳо ва қолибҳои гуногун метавон ҷудо кард. Аз ҷумла, аз ҷиҳати пайдоиш ва баромади забонӣ [этимологӣ] вожаҳои таърихии ифодагари соҳаи сиёсӣ-иҷтимоии таркиби луғавии забони тоxикӣ аслан ба гурӯҳи забонҳои эронӣ [тоҷикӣ, форсии қадим, форсии миёна, суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ, яғнобӣ, помирӣ] тааллуқ дошта, ҳамчунин вожаҳои ифодагари соҳаи сиёсӣ-иҷтимоии туркиву арабӣ ва муғулӣ низ ба назар мерасанд. Бинобар ин вожаҳои таърихии соҳаи сиёсӣ-иҷтимоии забони тоҷикиро аз нигоҳи таҳлили этимологӣ ва баромад ё басомад метавон маъмулан ба чунин гурӯҳҳо: а)вожаҳои таърихии соҳаи ҳуқуқ, б) вожаҳои таърихии соҳаи иқтисодӣ, в) вожаҳои таърихии соҳаи сиёсӣ иҷтимоӣ тасниф намудан ба мақсад мувофиқ аст. Яке аз ин вожаҳо парчам маҳсуб меёбад, ки ҳоло барои ифодаи рамзҳои миллии тоҷикон ва барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон дар таркиби луғавии забонамон корбурд дорад. Вожаи парчам дар фарҳангҳо, аз ҷумла дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин шарҳ дода шудааст: «Пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи гови кӯҳӣ [қӯтос], ки ба нӯги байрақ ё найза мебастанд» [Фтзт. – Д., 2008, Ҷ.2]. Дар навиштаҳои шоирони бузурги адабиётамон ба ин маъно омадани вожаи мазкур зикр гардидааст:

Ба нӯги найзаҳо сарҳо фитода,

Сабо гесӯи парчамҳо кушода. [Низомӣ]

Ҷаъди ломаш чу зулфи хубон ҳам,

Бар ливои зафар бувад парчам. [Ҷомӣ]

парчами гиреҳзада киноя аз зулфи тобдор:

То парчами гиреҳзадаи ӯ ба боғ дид,

Печид сар бунафша аз ин рашку хоб кард. [Мушфиқӣ]

Хотирнишон месозем, ки дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ 6 (шаш) адад муродифи вожаи парчам корбурд дорад, ки яке аз қадимтарини он дирафш аст.

Вожаи дирафш қадимтарин вожагони ориёиест, ки ба ифодаи мафҳуми байрақ, ливо, парчам, роят меояд ва вожаи аз ҳама бостонӣ ва серистеъмол дар сарчашмаҳои хаттӣ, аз ҷумла дар адабиёти классикиамон маҳсуб меёбад. Шакли қадимаи ин вожа дар китоби «Авесто» дар шакли *<drafša буда, ба маънои дурахшидан далолат мекунад. Дар достони «Коваи оҳангар»-и «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ҳикоят мешавад, ки Кова пешдомани чармини сурхи худро дирафш кард ва мардумро алайҳи истибдоди Заҳҳоки морон ба мубориза даъват намуд. Мардум зери ин парчам, ки бо номи «Дирафши Ковиён» машҳур аст, ҷамъ омаданд ва пирӯз шуданд. Сипас, шоҳ Фаридун ба тахт омада, ин дирафш [парчам]-ро «Дирафши Ковиёнӣ» хонду бо зару зевар ороиш дод ва аз он замон дирафш [парчам] чун рамзи давлату давлатдорӣ, озодии аҷдоди мо қабул ва муқаддас дониста шуд.

Аз ин xост, ки вожаи дирафш чанд маротиба ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва давлатдорӣ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ зикр гардидааст:

Биёрост онро ба дебои Рум,

Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.

Бизад бар сари хеш чун гирд моҳ,

Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.

Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,

Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дурафш».

Аз ин пас ҳар он кас, ки бигрифт гоҳ,

Ба шоҳӣ ба сар барниҳодӣ кулоҳ,

Бар он бебаҳо чарми оҳангарон,

Баровехтӣ нав ба нав гавҳарон.

Зи дебои пурмояву парниён

Бар он гуна гашт ахтари ковиён,

Ки андар шаби тира хуршед буд,

Ҷаҳонро аз ӯ дилпур уммед буд

Барафрошта ковиёнӣ дурафш,

Ҳумоюн ҳамон хусравонӣ дурафш, [«Шоҳнома», X. 1. – С.81-83].

Ин аст, ки ибораҳои «Дирафши Ковиёнӣ», «Дирафши сурх», феъли дирафшидан, ки маънои дурахшидан, алвонҷ хӯрдани матоъ аз бод, барқ заданро дорад, ҳамчунин вожаҳои дирафшон – дурахшон хеле маъмуланд. Парчамдориву парчамбардорӣ ба ҳалқи мо аз ниёкони ориёӣ, ба хусус аз дирафши пешдодии Ковиён ёд дорад. «Дирафши Ковиёнӣ»-ро «Ахтари Ковиёнӣ» низ хондаанд. Вожаҳои «ахтар» ва «дирафш» дар садаҳои пешин чун «нишон» ва «парчам» ба кор мерафтаанд. Дар муътабартарин фарҳангҳои форсӣ «ахтар»-ро ситора навиштаанд ва ситораи бахту толеъ, бахту иқбол ва аламу роъяту парчам низ гуфтаанд. «Дирафш» аз вожаи дираф- шидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои алам, аломату байрақ, ливо ва парчам омадааст.

Нахустин парчам дар Эрони қадим, Чин ва Миср пайдо шудааст. Дар «Авасто» парчамҳои Бохтари қадим ва дирафшҳои душманони он тасвир шудаанд. Парчамдорӣ таърихи беш аз 3-3,5 ҳазорсоларо дорост ва қабилаҳои гуногун дар қадим ҳини набард ба нӯги чӯбҳо тасвири ҳайвон ё рустаниеро, ки ҳомии худ мешумурданд, мебардоштанд ва тавассути он худиҳоро аз бегонагон фарқ мекарданд. Чӯби барҷаставу мунаққаши бар болои сафҳои лашкариён бардошташуда аз бошишгоҳи сипаҳсолор хабар медод. Ин рамзҳо ба ҷанговарон самти пешрафт, ҷойи ҷамъшавӣ, сафороиро нишон медод, ба қабилаҳои разманда боварӣ ва эътимод мебахшид.

Вожаи дигаре, ки чун муодили парчам дар таърихи тамаддуни мо нақш дорад, вожаи алам ба шумор меравад. Алам калимаи арабӣ буда, муродифи вожаҳои байрақ, дирафш, ливо, парчам, роят аст:

Алам сар зи Айюқ бартар кашид,

Синон чашми сайёраро баркашид. Хисрави Деҳлавӣ

Алами илм по ба гил нагзошт,

Оламеро ба дӯши худ бардошт. Бедил

4.маҷ.гурӯҳе аз лашкар, одамони зери як байрақ. Муҳаллаб гуфт, ки агар ҳар оина маро бояд рафтан аз ҳар аламе марде бо ман фирист ва аз рафтани ман касеро огоҳ макун. «Таърихи Наршахӣ»

алам бардоштан а) байрақ бардоштан:

Ақл ҳам кишвари бадан бигзошт,

Аз пайи дил шуда алам бардошт.

Мушфиқӣалам баркашидан – байрақ бардоштан:

Алам баркаш, эй офтоби баланд,

Хиромон шав, эй абри мушкинпаранд.

НизомӣЗи ҳусни аҳд ба олам агар алам гардӣ,

Ливои рифъати ту бигзарад зи чархи баланд.

«Ахлоқи Муҳсинӣ»Аламбар байрақдор, байрақбар:

Не, не, ба базми шодию рӯзи вағо-ш ҳаст,

Кайхисрав обдору Сикандар аламбараш.

ХоқонӣАламдор байрақдор, байрақбардор, ливобардор:

Чун садои нафир ва наъраи карраной ба гӯш расид, …аламдорон аламҳоро барафроштанд [«Фатҳнома»]. Ин вожаро шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ дар шакли аламбардор [сипоҳии далеру нерeманди баргузида, ки пешопеши лашкар мерафт ва вазифаи ифтихорӣ ҳисоб мешуд] ашъори худ корбасткардааст:

Аламбардори номи ман ту бошӣ,

Давомиман, паёмиман тубошӣ.

Бимирамдарҳақат, эй тифлифардо,

Агарқоиммақомиман тубошӣ.

Вожаи дигаре, ки чун муодили парчам дар таърихи тамаддуни мо нақш дорад, вожаи байрақ маҳсуб меёбад. Байрақ калимаи туркӣ буда, дар ашъори шоирони пешин низ ба ифодаи парчам корбаст гардидааст:

Ба ҳикмате, ки халал андар ӯ наёбад роҳ,

Зи меҳру моҳ кушоданд он миён байрақ. Анварӣ

Ин вожа ба маънои маxозӣ дар шаклҳои зерин: байрақи гетӣ [киноя аз хуршед, офтоб], байрақи моҳ[киноя аз доғи калони миёнаи моҳ], байрақи сипеҳр, байрақи субҳ [офтоби саҳаргоҳ],байрақи шафақ [а) байрақи субҳ, б) тобиш ва чароғонии шафақи субҳ] ифода ёфтааст. Байрақбар [барандаи байрақ, байрақ бардор], Байрақдор [дорандаи байрақ, бардорандаи байрақ, шахси вазифадори баранда ва мафҳуздорандаи байрақ], Байрақкаш [ниг. Байрақбар], Байрақнамой [байрақшакл, монанди байрақ]:

Ҳама кӯҳ пур барқи байрақнамой,

Ҳама дашт пур байрақи барқзой. Хоқу

Байрақситон 1. гирандаи байрақ аз дасти душман, ситонандаи байрақ; 2. маҷ. ғолиб, музаффар; 3. васфи муболиғавие, ки дар ҳаққи паҳлавоне ва шахси пурқуввате мегӯянд.

Матои ранги муайян, ки ба чӯби борики дарозе насб мекунанд ва дар он аксаран сурати нишонаи давлат, ҷамъият, ташкилот ҳамчун рамзи мавҷудият кашида мешавад ва муродифи алам, ливо ва парчам мебошад. Ибораҳои байрақи давлатӣ, байрақи сурх, байрақи ҳарбӣ ва ғ. маъмуланд. Баъди Инқилоби Октябр калимаи байрақ афзалият дошта, дар таркиби ибораҳои байрақи Октябр, байрақи сурхи меҳнат, байрақи Ленин ва ғайра хеле фаровон корбаст гардида, ҳатто шоири маҳбубамон М. Турсунзода маҷмӯаи аввалинашро «Байрақи зафар» (1932) номида, А. Лоҳутӣ бо номи «Тоҷ ва байрақ» достоне эҷод намудааст.

Ливо низ калимаи арабӣ буда, муродифҳои алам, байрақ, парчам, роят маҳсуб меёбад ва ин вожаҳо замоне мафҳуми ливоро ифода кардааст: Чун хисрави анҷум ба байтушшарафи хеш хиромид, ливои ҳишмат дар қалъаи кутволи ҳисори панҷум барафрошт [Равзат-ус-сафо]. Ба нун номаш алам дар олам афрошт, Алам, яъне ливои мотам афрошт [Бадрии Кашмирb]. Ин вожа дар таркиби ибораҳои ливои дӯстӣ, ливои зафар, ливои истиқлол ва монанди инҳо ба маънои парчам корбаст гардида, дар адабиёти тоҷик аз ҷониби М. Миршакар бо номи «Ливои зафар» достоне эҷод гардидааст.

Роят вожаи арабӣ буда, муродифҳои алам, байрақ, дирафш, ливо, парчам маҳсуб меёбад ва замоне ин вожа мафҳуми парчамро ифода мекардааст, ки шоири тавонои тоҷик А. Лоҳутӣ дар манзумаи «Зинда аст Ленин» вожаи мазкурро бар ифодаи парчам меорад:

Шаҳри таърихии Маскав шуда мотамкадае,

Ҳама ҷо сурху сиёҳ, Ҳама дар кисвати мотам,

Ҳама дар ҳоли азо Рояту хайлу сипоҳ.

Парчам калимаи тоҷикии китобӣ мебошад. Дар ин хусус дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» [Д., 2008, Ҷ.2] омадааст: 1) байрақ; 2) пӯпаки абрешимин, ки бар байрақ баста мешавад.

Имрӯзҳо рӯзи парчамро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Мексика, Канада, ИМА, Швейтсария, Лаҳистон (Полша), Ҷопон, Либерия низ ботантана ҷашн мегиранд. Манораҳои бузурги парчам то 162 метр дар Озарбойҷон, 160 метр дар Куриёи Шимолӣ, 133 метр дар Урдун ва 126 метр дар Уммон мавҷуд аст. Соли 2011 баландтарин парчам дар Тоҷикистон бо баландии 165 метр барафрохта шуд. Аввалин бор бо ибтикори Президенти кишвар 24-уми ноябри соли 2009 Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил гардид, ки минбаъд ин ҷашнгирӣ ба ҳукми анъана даромад. Бар асоси «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 11-уми декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, парчами миллӣ рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, шакли он аз матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, иборат мебошад.

Тавре ки дар Суруди миллии мо зикр шудааст, ба зери Парчам саф кашида бошем ва дар сояи он мо, мардуми шарафманди Тоҷикистон, барои ояндаи неку ҷовидонаи Ватани азизамон ҳамеша саъю талош намоем. Ниҳоят, таъкид менамоем, ки бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ғурури миллӣ, ифтихори давлатдорӣ, истиқлолият ва ватандории мову шумо бошад.

Дилмурод Ҳомидов, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ