НАҚШИ ПЕШВО ДАР ҶОМЕАИ МУТТАҲИДУ ЯГОНА ВА ДУНЯВИИ ТОҶИКОН

290

(Бахшида ба ҷашни 30 солагии Иҷлосияи 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Мақом ва нақши шахс дар ҳаёти иҷтимоӣ яке аз мавзӯҳҳои муҳим маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи олимону мутаффакиронро дар ҳамаи давру замон ба ҳуд ҷалб намудааст. Дар ҷаҳони муосир мавзӯи шахс ва мақому нақши ӯ мафҳуми илмҳои ҷомеашиносӣ буда, тадқиқотчиёну коршинос ин масъалаи муҳимро аз нуқтаю назари байналмилалӣ арзёбӣ менамоянд.

Мафҳум, нақш ва мақоми пешвои сиёсии миллӣ дар ҷомеаҳои тозаистиқлол ҳамчун падидаи нодир мазмун ва моҳияти ба худ хосро қабул намуда, дар сиёсат, таърихи давлату миллат нақши боризи нотакрор дорад.

На ҳамаи сарварони давлатҳо метавонанд ба ҳайси пешво қабул, эътироф ва сазовор гарданд. Маҳз сарваре ба ин мақоми оли сазовор шуда метавонад, ки дар таърихи халқу миллати худ як барномаи муккамали сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар самтҳои пешравии кишвараш ба муваффақият ба анҷом мерасонад. Дар ин ҷода номи пешвоёни эътирофшудаи миллии халқу миллатҳои гуногунро, ба мисли Маҳатма Гандӣ, Франклин Рузвелт, Шарл де Голл, Эмомалӣ Раҳмон ва якқатор пешвоёнро метавон номбар намуд, ки барои миллату давлати худ хидмати барҷаставу нотарор кардаанд, ки ному пайкори онҳо дар саҳифаи таърих ва давлату миллат бо хатҳои заррин навишта мешавад. Ин пешвоёни миллӣ на танҳо дар ҳалли масъалаҳое, ки барои оромии вазъи сиёсӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимои кишвари худ хидмати барҷастае кардаанд, балки мақому нақши худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намуда, ҳамчун нерӯи муттаҳидгари миллатҳо дар атрофи ғояҳои ваҳдагароию ваҳдатсозӣ нақш гузоштаанд.

Фаъолият ва нақши пешвоёни миллии таърихии миллатҳои гуногун умумиятҳои зиёд ва нақши тақдирсоз дошта, дар шароитҳои мураккаби давлат, миллат ва халқи худ ба сари қудрат омадаанд.Масалан, дар Фаронса, вақте ки Шарл де Голл ба сари қудрат омад, зарурати бартараф кардани фашизм ва оқибатҳои ишғоли он муҳим буд. Саҳм ва нақши Маҳатма Гандӣ низ дар Ҳиндустон низ нотакрор арзёбӣ мегардад.

Дар таърих ҳар як сарвар – пешвои миллӣ бо нақши худ ва бо устувории иродаи нотакрору қавӣ масъулияти бузурги давлату миллати хешро ба душ гирифта, эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ва миллии худро соҳиб шуда, ҳамчун шахсиятҳои миллатсозӣ дунё шинохта шуданд. Дар мисоли таъриху давлати навини тоҷикон чунин мақоми олиро меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, асосгузори давлати навини тоҷикон Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гаштаанд.

Нақш, мақом ва талошҳои Пешвои миллии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90 қарни ХХ ва зиёда аз ду даҳсолаи қарни ХХI барои ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, пешрафти самтҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию мадании миллати тоҷику давлати тоҷикон бесобиқа буда, нестшавии давлати тоҷиконро аз арсаи мавҷудият дар харитаи сиёсии ҷаҳон наҷот бахшид ва ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат ва созандаи давлати навини тоҷикон шинохти ҷаҳонӣ гирифта, соҳиби обрӯву эътибори байналмилалӣ шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне қудрати сиёсии давлатро ба даст гирифтанд, ки дар кишвар ҷанги таҳмилии дохилӣ оғоз гардида буд ва хафви нобудшавӣ ва ба мардум хатари гуруснагию нодорӣ таҳдид менамуд. Табиист, ки дар чунин рӯзҳои мудҳиш ва давраи тақдирсози давлату миллат ба даст гирифтани рисолати роҳбарию сарварӣ ва идории давлат мушкил ва хатарнок буд. Ба созиш омадан ва муттаҳид намудани гурӯҳҳои мухталиф дар ҷомеа таҳаммулпазирона ба дарки воқеият ва масъулияти баланд дар рӯзҳои вазини давлату миллат кори осон набуд. Зарурати танҳо бо роҳи гуфтушунид бо гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, ба созиш овардан ва амали намудани идеяҳои нави корсоз ба сулҳу ваҳдат расидан ба миён омада буд. Миллати тоҷик дар марҳилаи наву тақдирсози миллат шахсиятеро дар симои пешвоӣ ва роҳбарӣ диданд, ки он бевосита аз миёни мардум баромада ва барои халқ ва наҷоти давлату мииллат дар шароити вазнини тақдирсоз масъулияти вазнинро ба дӯш гирифтааст. Сарвари ҷавони кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои нахусти ба сари қудрат омаданаш изҳор карда буд, ки: «Кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем».

Сарвари ҷавони тоҷикон бо таҳаммул ва дарки масъулияту дурустии воқеияти вақт бо қувваҳои мухолиф ба музокира оғоз намуд, ки натиҷаи нек ба бор овард. Сулҳ баста шуд ва роҳ ба ояндаи нек кушода шуд. Барқарор шудани сулҳу суббот дар натиҷаи музокиротҳои зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар боиси ба имзои расидани санади тақдирсози миллӣ Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ (27.06.1997) дар шаҳри Маскав гашт, ки ин санади тақдирсоз аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарманша гирифта , истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонид ва амнияти миллату сокинони кишвар таъмин карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу талоши зиёд роҳҳои иртиботӣ ва ҳамкориро бо кишварҳои хориҷи дуру наздик боз намуда, нақшаҳои бузургро дар самти расидан ба Ҳадафҳои устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва рушди кишвар бо қабули стратегияю барномаҳои гуногунмуҳлат амалӣ истодаанд. Сулҳу суббот, пешравии ҳаёти иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ равиши эҳёгарии меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоди донишмандон, ватанпарастон ва мардуми кишварро сазовор гашта, нақш ва мақоми ӯро ба унвони пешвои миллӣ муҳим дониста, якдилона қабул намуданд.

Аз ҷониби аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз 8 ноябри соли 2016 қабул карда шуд, ки боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯсту сокини кишвар гардид.

Дар моддаи 2 ва банди 1 қонуни мазкур “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” оварда шудааст: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст”.

Бояд қайд намуда, ки доираи фаъолияти Пешвои сиёсии кишвар аз доираи ҷумҳурӣ берун баромада, бо ташаббус ва пешниҳодҳои глобалии худ ба пешрафти кишварҳои дигари ҷаҳон дар муборизаи беамон ба муқобили терроризми байналмиллалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи муходир, ҳифз ва ҳимояи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла оби тозаи нӯшокӣ ва захираи пиряхҳо таъсири ҷиддӣ расонда истодаанд.

Хизматҳои шоён ва барҷастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба назар гирифта,ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», тағийрот ворид карда шуд, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», аз 14.05.2016 дар Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад. Ба ин рӯз рост омадани ин ҷашн рамзи таърихӣ дошта, ин рӯз оғози кори Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд (1992) ва бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халку Ватан савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (1994) мебошад.

Бузургдошти “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ” ба маънои дарки ахамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу нигоҳдории давлати миллии тоҷикон ва хамчунин, чашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишхои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумхурии Точикистон ҳамчун кафили конститутсионии онхо фаъолият мекунад. “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва чашни ҳар як сокини озоду осудаи Точикистони азиз аст. Имрӯз бо сарбаландию ифтихор метавонем зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат кору зиндагӣ намоем. Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Точикистон тарзи идоракунии давлатии президентиро дар кишвар такмил дода, дар меҳвари он мактаби нави давлатдории миллии точиконро ба вучуд овард, ки имрӯз бо бартарию хусусиятхои худ эътирофи байналмилалӣ касб намудааст.

Дастовардҳои бунёдии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари мардумӣ, ки шахсияти сиёсияш қадам ба қадам дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккулёфта, ҷойгоҳи худро ба таври табиӣ дар идораи давлат ва қалби сокинони кишвар ёфтааст.

Рӯзи Прединти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи сокинони кишвар шоду фархунда бошад.

А. Мирализода- д. и .п. профессор, мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ, Л. Назирӣ- н. и. п. дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ