ОИННОМАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Оиннома

Бо   қарори   Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз  31 декабри  соли 2008 № 687

тасдиқ  шудааст

Оинномаи

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд Донишгоҳ) бо қарори Совети Вазирони СССР аз 21 марти соли 1947 № 643 ҳамчун «Университети давлатии Тоҷикистон» таъсис, минбаъд ба «Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин», «Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон» ва мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 №669 «Дар бораи мақоми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон» ба «Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» тағйири ном кардааст.    

Донишгоҳ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз                          28 октябри соли 2008 №556 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997       №669» ба «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» тағйири ном кардааст.   

2. Муассиси Донишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд -Муассис)  мебошад.

3. Донишгоҳ муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии бисёрсоҳа мебошад, ки ба он тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1997 №669  «Дар бораи мақоми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон» мақоми муассисаи олии таълимии худмухтор ва худидора дода шудааст.

4. Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои баланси  мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забони давлатию русӣ, бланка ва штампҳо  мебошад ва коргузории худро тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

Донишгоҳ метавонад дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон cуратҳисоби худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ кушояд ва инчунин тибқи тартиби муқарраргардида маблағҳои озоди махсуси худро дар  бонкҳо ҳамчун депозит ҷойгир намояд.

5. Фаъолияти Донишгоҳ асосан аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишгоҳ ва дигар манбаъҳои   маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст амалӣ карда мешавад. 

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 №457 «Дар бораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон» Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли хониши 1998-1999 сар карда, ҷудо  намудани маблағро аз буҷети ҷумҳурӣ барои таъминоти Донишгоҳ аз рӯи меъёрҳои баланд пешбинӣ намуда, хароҷоти онро дар сатри алоҳида нишон медиҳад.

Донишгоҳ дар амалӣ сохтани барномаи таҳсилоти олии касбӣ, рушди илму техника ва фарҳанг дорои имконияти махсус мебошад.

Донишгоҳ метавонад фаъолияти соҳибкориро барои расидан ба мақсадҳое, ки баҳри онҳо таъсис дода шудааст, амалӣ намояд. Фаъолияти соҳибкориро Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

6. Донишгоҳ барои пешбурди фаъолияти байналмилалии гуманитарӣ ва иқтисодии хориҷӣ ҳуқуқ дорад, ки филиалҳо ва намояндагиҳояшро дар кишварҳои хориҷӣ дар мувофиқа бо Муассис кушояд.

7. Донишгоҳ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия                         (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.     

8. Номи расмии Донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ чунин мебошад:

бо забони тоҷикӣ – «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон»;

бо забони русӣ – «Таджикский национальный университет»;

бозабонианглисӣ – «Tajik national university».

9. СуроғаиҳуқуқииДонишгоҳ: 734025, ҶумҳурииТоҷикистон, шаҳриДушанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17.Телефон: (992-37) 221-77- 11, Факс: (992-37) 221-77-11; E-mail: tgnu@mail.tj.        

2. Худмухторӣ, худидора ва озодиҳои академии Донишгоҳ

          10. Донишгоҳ дар қабули қарорҳо ва амалӣ намудани  фаъолияташ, ки аз ин Оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бармеояд, худмухтор ва мустақил  аст.

         11. Дахолати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмию ҳоҷагӣ ва фаъолияти дигари Донишгоҳ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

         12. Донишгоҳ комплекси таълимӣ, илмию истеҳсолӣ ва хизматрасонии Муассис ба шумор рафта, метавонад ҷузъҳои таълимӣ (пажӯҳишгоҳҳо, донишкада ва академияҳои таълимӣ, коллеҷҳо, марказҳо, литсейҳо ва дигар сохторҳо), илмӣ, истеҳсолӣ ва  хизматрасон ба тариқи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкил намояд.

          13. Худмухторӣ қисми озодиҳои академӣ мебошад ва шарти  ҳатмӣ барои кафолати иҷрои ӯҳдадориҳои Донишгоҳ аст.

          14. Донишгоҳ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва дигар фаъолият мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мустақил аст.

          15. Донишгоҳ метавонад технологияи таҳсили фосилавиро ҷиҳати тадбиқи барномаҳои таълимӣ қисман ё дар ҳаҷми пурра ба истиснои машғулиятҳо ба тартиби муқаррарнамудаи мақомоти  давлатии идораи маориф истифода намояд.

          16. Донишгоҳ метавонад дар мувофиқа бо мақомоти  давлатии идораи маориф таълимро дар асоси технологияи инноватсионӣ ва низоми таҳсилоти кредитиро ташкил ва ҷорӣ намояд.

          17. Худмухторӣ қисми муҳимтарини ташкили раванди таълим ва  усулҳои академӣ буда, масъулияти давлатии Донишгоҳро дар назди Муассис муайян менамояд.

          18. Муносибати байни Муассис ва Донишгоҳ  мутобиқи шартнома муайян мегардад. Муассис дар доираи ваколати худ иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, литсензия, фаъолияти таълимӣ ва молиявию хоҷагии Донишгоҳро бевосита назорат мекунад.

          19. Назорат барои  мутобиқати фаъолияти Донишгоҳ бо   мақсадҳои Оинномавии он аз  ҷониби Муассис ва мақомоти давлатии идораи маориф, ки дар ҳудуди салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома додааст, амалӣ мегардад.

          20. Ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, аз ҷумлаи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарс (таълим)-ро бо усули худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунанд, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои худ онро гузаронанд ва ҳамчунин ба донишҷӯ  имконият дода мешавад, ки бо назардошти талаботи худ дар доираи барномаҳои таълимӣ мустақилона дониш андӯзад.

          21. Донишгоҳ бо мақсади аккредитатсияи ҷамъиятии худ ҳуқуқ дорад ба ташкилотҳои дохилӣ ва байналмилалӣ муроҷиат намояд.

          22.   Худидории Донишгоҳ дар фаъолиятҳои зерин инъикос меёбад:

          мутобиқи Оинномаи Донишгоҳ ҳуқуқи қабул намудани қарорҳо ва амалӣ намудани фаъолиятро, ки ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, дорад;

дар мувофиқа бо Муассис сохтори худро муайян месозад;

раванди таълим, илм, молия, хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятро мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёртарафаи басташуда бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ, Академияи илмҳо, Академияи илмҳои педагогӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо  фаъолиятҳои бисёрсоҳаро ба монанди: тайёр намудани мутахассисон, таълими донишҷӯён, аспирантҳо, коромӯз, табодули мутахассисон, пешбурди фаъолияти илмӣ, фарҳангӣ, ташкили конфренсияҳо, семинарҳо ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолиро ба роҳ мемонад;

вобаста ба ҳаҷм ва намуди корҳои иҷрошаванда, штати кормандон, миқдори ҳамаи категорияҳои кормандонро муайян мекунад, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро, аз он ҷумла, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони илмӣ, вазифаҳои деканҳо ва мудирони кафедраҳо, сардорони шӯъбаҳои гуногуни таълимӣ, илмӣ (марказҳо, шӯъбаҳо, лабораторияҳо) ва инчунин ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳро амалӣ менамояд;

самт ва тартиби истифодабарии маблағҳои аз ҳисоби буҷет ва дигар манбаъҳо, ҳамчунин ҳиссаи онҳо, ки барои музди меҳнат ва ҳавасмандии моддии кормандони худ равона шудаанд, муайян менамояд;

шакл ва андозаи музди меҳнати кормандонро муайян менамояд;

Донишгоҳ муассиси маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш» мебошад ва мувофиқи қонунгузорӣ ва Оинномаи мазкур метавонад, муассиси дигар воситаҳои ахбор низ бошад;

Донишгоҳ дорои нашриёти «Сино» ва матбааи замонавӣ мебошад;

барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ҳамчунин барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии  таълимиро аз рӯи як ё якчанд самтҳои  ҷудогона  амалӣ мегардонад;

тайёр кардани мутахассис, такмили ихтисоси кормандон ва бозомӯзии онҳоро дар ҷодаи муайяни фаъолияти касбӣ  ба роҳ мемонад;

таҳқиқоти илмӣ ва амалӣ мебарад.

23. Озодиҳои академӣ, масъулияти академии муҳайё кардани шароити мусоиди ҷустуҷӯи озодонаи ҳақиқат ва баёну интишори озодонаи онҳоро ифода менамоянд, ки ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

  истифодаи самарабахши нерӯи зеҳнӣ бо мақсади афзун гардонидани саҳми Донишгоҳ дар тайёр намудани кормандони илмӣ, илмию омӯзгорӣ ва дигар мутахассисон барои эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ;

демократикунонии ташкилу идораи ҷараёни таълим, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, ташкилӣ ва тарбиявӣ;

таъмини  алоқаи ягонаи таълим ва таҳқиқоти илмӣ;

таъмини иҷро ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани интизоми давлатӣ.

3. Объекти фаъолият, вазифа, ҳуқуқ ва сохториДонишгоҳ

         24. Донишгоҳ нақшаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи мӯҳлат ва зинаҳои гуногуни он ва такмили ихтисоси баъди таҳсилоти олиро мутобиқи стандарти давлатии муқарраргардида аз рӯи  самтҳои гуногуни илмӣ, техникӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки азхудкунии онҳо тавассути дипломҳои дар шакли муайян муқарраргардидаи такмили ихтисос ва бозомӯзии муттахассисон тасдиқ  мешавад, амалӣ менамояд.

         25. Мазмуни фаъолияти Донишгоҳ чун маркази таълимии таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони гуногуни дорои таҳсилоти  олии касбӣ аз рӯи самтҳои гуногун барои ҷумҳурӣ ва дигар кишварҳо  иборат мебошад.

Тайёр намудани мутахассисон аз рӯи самту ихтисосҳои мухталиф дар заминаи моддию техникии дар ихтиёри Донишгоҳ буда аз рӯи қоидаҳои амалкунандае, ки Шӯрои олимон муқаррар кардааст, амалӣ мегардад;

         26. Донишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуқуқ дорад корхонаҳо, сехҳо ё дигар қисмҳои таълимӣ, илмию истеҳсолӣ, хизматрасонӣ  ташкил дода, талаботи мардумро бо ҳар гуна ашё ва хизматрасонӣ қонеъ гардонад;

Донишгоҳ фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани иҷозатномаро муқаррар кардааст, баъди гирифтани он амалӣ карда метавонад. Донишгоҳ он фаъолиятеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, метавонад мустақилона ташкил диҳад.

         27. Вазифаҳои асосии Донишгоҳ аз инҳо иборат мебошанд:

 қонеъ гардонидани талаботи шахс барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавию рӯҳӣ; 

рушди илм ва иқтидори эҷодӣ ба воситаи фаъолияти илмию таҳқиқоти ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва  донишҷӯён, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;

омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси  кадрҳои илмию омӯзгорӣ;

ҳифз, нигаҳдорӣ  ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа;

таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии  илмию истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯён;

ташкилу гузаронидани корҳои амалию таҷрибавӣ, илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию ихтироъкорӣ, ки барои ҳалли масоили иқтисодиёти миллӣ равона карда мешаванд ва бо раванди таълим зич алоқаманд бошанд;

паҳн намудани донишу малакаи  муосир дар соҳаҳои иқтисодиёт ҳукуқ, тибб, экология ва дигар  соҳаҳои илм, баланд бардоштани сатҳи умумии таҳсилот, сиёсат ва  тарбияи фарҳангӣ бо  истифодаи қоидаҳои  маъмул ва низоми кредитии  таълим;

таҳия ва нашри асарҳои илмӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ;

тайёр кардани  кадрҳои илмию омӯзгорӣ (номзадҳо ва докторҳои илм).

         28. Ба сохтори Донишгоҳ намудҳои зерини ҷузъҳои сохторӣ, ки фаъолияти алоҳидаи Донишгоҳро амалӣ ё таъмин менамоянд, дохил мешаванд: таълимию илмӣ, таълимӣ, илмӣ, маъмурӣ, маъмурию хоҷагидорӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоию маишӣ, фарҳангӣ, нашриётию полиграфӣ, ки дар асоси қоидаҳои умумӣ ва низомномаҳои аз ҷониби ректор мутобиқи қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, амал мекунанд. 

Донишгоҳ маркази таълимию илмӣ ва истеҳсолию хизматрасонии Муассис ба шумор меравад ва ба он бо ризоияти Муассис ҳамаи  воҳидҳои таълимӣ (пажӯҳишгоҳҳо, донишкада ва академияҳои таълимӣ, филиалҳо, коллеҷҳо, марказҳо, литсейҳо ва дигар сохторҳо), ки баланси мустақил доранд, дохил мешаванд.

         29. Дар сохтори Донишгоҳ созмон додани ҳизбҳо ва дигар ташкилоти сиёсӣ манъ аст.

         30. Дар сохтори Донишгоҳ бо мақсади ҳимояи манфиати донишҷӯён метавонад, иттиҳодияҳои ҷамъиятии дониш­омӯзон ташкил карда шавад, ки муносибат бо он  дар асоси шартнома бо маъмурияти Донишгоҳ муайян карда мешаванд.

         31. Дар сохтори Донишгоҳ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ бо ризоияти Муассис иттиҳодияҳои таълимию методӣ, шӯрою комиссияҳои илмию методӣ, илмию техникӣ ва ғайра таъсис дода мешаванд.

         32. Шӯрои олимони Донишгоҳ дар фаъолияти худ тавсияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ баррасӣ менамояд ва ба назар мегирад.

         33. Донишгоҳ барои ноил гаштан бо мақсадҳои худ тибқи муқарррароти қонунгузории амалкунанда  ҳуқуқ дорад  ки:

            сохтори ташкилӣ, идоракунӣ ва шакли таълиму тарбияро аз рӯи самтҳо ва ихтисосҳо мустақилона муайян кунад;

            дар мувофиқа бо Муассис ва бо ризоияти он ҷузъҳои илмию таълимӣ аз ҷумла, пажӯҳишгоҳҳо, филиалҳо, марказҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, таъсис ва барҳам диҳад ва тибқи тартиботи муқарраргардида магистратура, аспирантура, докторантура, шӯъбаҳо, факултетҳо ва курсҳои махсуси таҳсилоти иловагӣ, маркази ҳисобдорӣ, китобхонаҳо инчунин бахши истеҳсолӣ, маҷмаи (комплекси) таълимӣ, хизматрасонӣ,  мактабҳо ва мақомоти   назоратии дохилидонишгоҳиро таъсис ва барҳам диҳад. Кушодани магистратура, аспирантура, докторантура, вазифаи ходимони илмӣ ва коромӯз, инчунин таъсис ва барҳамдиҳии дигар сохторҳои таркибии Донишгоҳ тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда сурат мегирад;

            сохтори ташкилӣ, шакли ташкил ва ҳавасмандгардонии меҳнатиро бо мақсади ниҳоии истифода намудани нерӯи зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни худ муқаррар намояд;

            мустақилона ҷадвали штати кории ҳайати шахсии Донишгоҳ ва дигар шахсони ба таълиму фаъолият ҷалбшударо бе назардошти музди ниҳоӣ ё миёна дар доираи захираи музди кор муқаррар ва тасдиқ кунад;

            имтиёзҳои дохилиро барои ишғоли вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимии донишгоҳ муқаррар намояд;

            ба муассисаҳои илмию таълимӣ, кооператсия, корхонаҳо, иттиҳодияҳо, консернҳо, ташкилотҳо ё муассисаҳои байналмилалӣ, ки манфиатҳои умумиро ифода мекунанд (тайёр кардани мутахассисон, тадқиқотҳои илмӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва дигар шаклҳои фаъолият иҷозат дода) дохил шавад ва барояд;

            амволе, ки аз ҷониби Муассис ба вай вобаста карда шудааст, мувофиқи таъинот ва мақсадҳои пешгузошташуда соҳибӣ, мақсаднок истифода ва ихтиёрдорӣ намуда, васоите, ки таъиноташро дар натиҷаи истифодабарӣ гум кардааст, аз ҳисоб барорад;

             моликиятеро, ки дар натиҷаи фаъолияти илмӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба даст медарорад,  мустақилона идора кунад;

             моликиятеро, ки дар натиҷаи истифодабарӣ таъиноти худро гум кардаанд, ё фарсуда шудаанд,  истифода набарад;

             воҳидҳои иҷтимоӣ, табобатию варзишӣ, табобатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, хоҷагии ёрирасон дошта бошад;

            дар  заминаи илмӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонии худ   омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ,  курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон ҳамчунин барои марказҳои машваратии  минтақавиро барои донишҷӯёни таҳсилоти ғоибона  ташкил ва барҳам диҳад.

Таъсисдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Донишгоҳ (факултетҳо, кафедраҳо, коллеҷҳо, филиалҳо, пажӯҳишгоҳ, донишкада ва академияҳои таълимӣ, мактабҳои миёнаи касбӣ, шӯъбаҳо, курсҳои такмили ихтисос, литсейҳо ва ғайра) аз ҷониби  Донишгоҳ тибқи тартиботи муқарраршуда амалӣ мегарданд.

4. Фаъолияти таълимӣ, методӣ ва илмииДонишгоҳ

34. Дар Донишгоҳ вобаста ба мӯҳлат ва зинаҳои тайёр кардани   мутахассисон барномаҳои гуногуни таълимии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва бозомӯзии мутахассисон  татбиқ карда мешавад.

35. Самтҳои тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисон тибқи литсензияе, ки ба Донишгоҳ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад ва Шаҳодатнома  оид ба аккредитатсияи давлатӣ  амалӣ мегардад.

36. Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар раванди ташкил ва  пешбурди таълим, истифодаи технологияи нав, шакл ва методҳои пешқадами таълимро   истифода менамояд.

37. Забони таълим дар  Донишгоҳ мувофиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ки ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос карда шудааст.

38. Донишгоҳ нақша ва ҷадвали раванди таълимро, аз ҷумла, барои омӯзиши инфиродии ашхоси алоҳида бо назардошти сатҳи тайёрии пешакӣ ва қобилияти онҳо мувофиқи низомномаҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ мекунад.

39. Донишгоҳ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби усул ва методҳои  таълим барои донишҷӯён ҳама шароитҳоро таъмин менамояд. 

40. Мазмуни таълим  аз рӯи самтҳо ва ихтисосҳо тавассути нақшаҳои таълимии дар Шӯрои олимони Донишгоҳ тасдиқшуда ва дар асоси стандартҳои давлатӣ мураттабшуда, ки аз ҷумла таълими мустақилонаро дар бар мегирад, муайян карда мешавад. Донишгоҳ ҳамчунин нақшаҳои таълимӣ ва ҷадвали ҷараёни таълимро, аз ҷумла, барои таълими инфиродии ашхос бо назардошти қобилият ва омодагии пешакӣ мустақилона таҳия ва тасдиқ менамояд;

41. Донишгоҳ мазмун ва усулҳои раванди таълимро аз рӯи самтҳо, меъёри мӯҳлати азхудкунии нақшаҳои амалкардаистода, инчунин самтҳою ихтисосҳои нави раванди таълимие, ки тибқи стандарти давлатӣ муқаррар карда мешавад, муайян мекунад.

42. Ба дигар корҳо ҷалб намудани донишҷӯёну шунавандагон, ки ба фаъолияти таълимӣ алоқаманд нестанд, манъ аст. Инчунин истифода ва татбиқи усулҳои ғайрибашарии таълиме, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид мекунад, манъ аст.

Донишгоҳ дар интихоби системаи баҳогузорӣ, шаклҳо, тартиби гузаронидани машғулиятҳо, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил мебошад.

43. Принсипи асосии фаъолияти илмии Донишгоҳ ин ҳамгироии он бо ҷараёни таълим, инчунин илмҳои соҳавӣ ва  академӣ мебошад. 

44. Донишгоҳ корҳои илмию тадқиқотии худро аз рӯи нақшаи тематикӣ (мавзӯӣ) анҷом медиҳад, ки аз тарафи Шӯрои олимон тасдиқ карда шудаанд ва захираҳои илмии худро таъмин намуда, онро оқилона ва самарабахш истифода менамояд, сифати корҳои иҷрошудаистода ва бехатарии шароити меҳнатро таъмин мекунад, ҷалби васеъи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯ, шунавандаро ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва эҷодӣ ба роҳ мемонад.

5. Идоракунии Донишгоҳ, назорати фаъолияти он 

45. Донишгоҳ мутобиқи тартиби муқар­рар­намудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қоидаи тартиботи дохилии меҳнатӣ, шартномаҳои коллективӣ ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқӣ идора карда мешавад.

46. Мақомоти идоракунандаи Донишгоҳ инҳоянд:

      Шӯрои олимон;

      Ректор;

47. Шӯрои олимони Донишгоҳ дар ҳайати ректор (раис), муовинон, деканҳои факултетҳо ва директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва кормандони дигари илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад. Ректори Донишгоҳ метавонад дар мавридҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои Шӯрои олимонро тағйир диҳад.

Ташкили бевоситаи фаъолияти Шӯрои олимони Донишгоҳ ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Ректор котиби илмии Шӯрои олимонро аз ҷумлаи аъзоёни Шӯрои олимон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

          48. Тартиби кори Шӯрои олимон мувофиқи Низомномаи Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  амалӣ карда мешавад.

49. Шакли асосии фаъолияти Шӯрои олимон ҷаласаи он дониста мешавад. Ҷаласаҳои Шӯрои олимон ҳамон вақт фаъолият мекунанд, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои олимон ҳузур дошта бошанд.

Қарори ҷаласаи Шӯрои олимон ҳамон вақт ҳуқуқи амалӣ шуданро пайдо мекунад, ки агар аз нисфи зиёди аъзои Шӯрои олимони дар ҷаласа ҳузур дошта, овоз диҳанд.

          50. Ваколатҳои Шӯрои олимон:

         доир ба ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи Донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд;

         масъалаҳои асосиро доир ба амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ,  таълимию тарбиявӣ, илмию тадқиқотӣ ва ғайраро дар самти  тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ муайян менамояд. Аз ҷумла, номгӯи  ихтисосҳо, курсҳои омӯхташаванда ва шумораи онҳо, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, вақти ягонаи оғоз ва анҷоми давраҳои таҳсил (семестрҳо)-и таълимиро муайян мекунад;

         масъалаҳои такмили идора ва сохтори Донишгоҳ, аз ҷумла, ташкил (барҳамдиҳӣ)-и марказҳо, пажӯҳишгоҳҳо, донишкада ва академияҳои таълимӣ, факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо, лабораторияҳо ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасониро баррасӣ менамояд;

         масъалаҳои асосии инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишгоҳ;

         ҷадвали воҳидҳои корӣ (штатҳои корӣ)-ро баррасӣ намуда, низоми пардохти музди меҳнатро дар мувофиқа бо Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандон тасдиқ мекунад;

         имтиёзҳои дохилиро барои ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ муқаррар ва татбиқ мекунад;

         низомномаи Донишгоҳро оид ба фаъолияти илмӣ ва аттестатсия тасдиқ мекунад;

         магистратура, аспирантура ва докторантура таъсис медиҳад;

         мувофиқи тартиботи муқарраршуда, шӯъбаҳо, намояндагиҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав боз менамояд;

         нақшаҳои дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ намуда, тасдиқ менамояд;

         низомномаи эътидоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгоронро тасдиқ мекунад;

         бо пешниҳоди ректор масъалаи пеш аз мӯҳлат аз вазифа озод намудани мудири кафедраро баррасӣ менамояд;

         комиссияи тафтишотиро интихоб,  низомнома ва ҳисоботи онро тасдиқ мекунад;

         интихоби довталабонро ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои вакантии ҳайати профессорону омӯзгорон амалӣ мекунад.

         масъалаҳои тайёр намудан,  такмили ихтисос ва ҳавасмандкунии кадрҳоро баррасӣ намуда, барои дохил шудан ба аспирантура, докторантура ва гузаронидани омӯзгорон ба вазифаи ходими илмӣ ва анҷоми рисолаҳои докторӣ тавсияҳо медиҳад;

         ҳайат ва хулосаи қарори комиссияҳо ва шӯроҳои доимию муваққатан амалкунандаро тасдиқ мекунад;

         масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба салоҳияти он мансуб намудааст, ҳал менамояд.

51. Ректори Донишгоҳ:

Ректори Донишгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва  озод карда мешавад.

52. Ректор барои ҳалли проблемаҳои фаврӣ метавонад раёсати Донишгоҳро (ректорат) ташкил намояд.

Шакли асосии фаъолияти раёсати Донишгоҳ гузаронидани ҷаласаҳо ба шумор меравад. Ҷаласаҳои раёсат вобаста ба зарурати корӣ аз тарафи ректори Донишгоҳ даъват карда мешавад.

53. Вазифа ва ваколатҳои ректори Донишгоҳ:

ба Шӯрои олимони Донишгоҳ дар бораи ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Оиннома, инчунин аз нав таҳрир кардани он таклифҳо пешниҳод менамояд;

аз номи Донишгоҳ амал карда, бе ваколатнома манфиатҳои онро дар мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, бонкҳо ва дар назди ашхоси алоҳида ҳимоя мекунад;

амвол ва маблағҳои пулии Донишгоҳро ихтиёрдорӣ  мекунад;

кормандони Донишгоҳро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;

дар  доираи ваколати хеш фармону амрҳо мебарорад, ки барои ҳамаи  ҳайати шахсии Донишгоҳ ҳатмӣ мебошад;

дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва воҳидҳои кории мавҷуда сохтор ва воҳидҳои кории Донишгоҳро тасдиқ  менамояд ва барҳам медиҳад;

қоида ва низомномаҳои сохторҳои таркибии Донишгоҳро тасдиқ менамояд;

         муовинонашро дар мувофиқа бо Муассис  ба вазифа таъин ва озод менамояд;

         деканҳои факултетҳоро ба вазифа таъин ва озод менамояд;

         директорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва роҳбарони муассисаҳои маъмурию хоҷагиро тибқи қарордод ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;

кори ректоратро ташкил карда, ба он роҳбарӣ мекунад;

Шӯрои олимони Донишгоҳро ташкил  ва роҳбарӣ мекунад;

ба Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳ дархост пешниҳод менамояд;

қабул, хатм, хориҷ, барқарор ва интиқол намудани донишҷӯён, аспирантҳо ва докторантҳоро амалӣ мекунад;

ҳисоботи солонаи Донишгоҳро ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

ваколатҳои дигарро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи  мазкур амалӣ менамояд.

         54. Декан фаъолияти факултетро роҳбарӣ менамояд. 

         55. Декан вазифадор аст:

корҳои таълимӣ-методӣ, ташкилӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмиро дар факултет роҳбарӣ кунад;

иҷрои нақшаҳо, барномаҳо ва ҷадвали ҷараёни таълимиро таъмин намояд;         

иҷрои ҷадвали машғулиятҳои таълимиро назорат намояд;

чорабиниҳо оид ба ташкили ҷараёни таълим, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисонро баррасӣ ва амалӣ намояд;

ба ректор таклифҳо дар бораи гузаронидани донишҷӯён аз курс ба курс, ба онҳо додани рухсатии академӣ, нақшаҳои инфиродӣ, хориҷ ва барқарор пешниҳод манзур намояд;

баррасӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба беҳдошти шароити зисту маишӣ, моддӣ ва  саломатии донишҷӯён;

якҷоя бо кумитаи иттифоқи касаба ва созмони ҷавонон муҳокима ва ҷудо намудани ордерҳо барои ҳуқуқи зист дар хобгоҳ;

ҳал намудани дигар масоили дар салоҳияти ӯ буда мувофиқи Оинномаи мазкур ва Низомнома дар бораи факултет, ки онро ректор тасдиқ намудааст.

 меъёрҳои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳро дар амал тадбиқ намояд.

56. Дар факултет таҳти роҳбарии декан Шӯрои олимони факултет ташкил карда мешавад. Тартиби ташкил ва ваколати Шӯрои олимони факултет мувофиқи Низомномаи Шӯрои олимони факултети  донишгоҳ муайян карда  мешавад.

57.  Ишғол намудани ҳамаи вазифаҳои кормандони илмӣ-педагогӣ дар Донишгоҳ, ба истиснои вазифаи мудири кафедра мувофиқи шартномаи меҳнатӣ, ки ба мӯҳлати то панҷ сол  баста мешавад, сурат мегирад. Ҳангоми ишғоли вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ пеш аз имзои шартномаи меҳнатӣ озмун гузаронида мешавад.

58. Фаъолияти кафедра ва мудири он тавассути Низомномаи кафедраи  Донишгоҳ, ки аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, танзим карда мешавад.

59. Донишгоҳ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи татбиқ намудани  нақша ва барномаҳои таълимӣ ва имтиёзҳоро мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд.

6. Қабул ба Донишгоҳ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои

донишҷӯёну шунавандагон, аспиранту докторон ва кормандон

60. Қабул ба Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ карда мешавад.

        61. Дар Донишгоҳ донишҷӯёну шунавандагон, аспиранту унвонҷӯён докторантҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва  кормандони дигар он ҳуқуқу ӯҳдадориҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар намудаст, доро мебошанд.

  62. Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои илмию омӯзгориро тайёр намуда, барои аз такмили ихтисос гузаштани онҳо шароитҳои мусоид фароҳам меоварад.

7. Фаъолияти молиявию хоҷагии Донишгоҳ

         63. Муассис бо мақсади таъмини фаъолияти таълимии дар ин Оиннома пешбинишуда биною иншоот, комплексҳои таълимӣ, амвол, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар амволи зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи фаврӣ ба Донишгоҳ вобаста менамояд.

         64. Донишгоҳ  ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани маблағу амвол ва дигар намудҳои моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш тӯҳфа намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё худ мерос мондаанд, самараи меҳнати зеҳнӣ ва эҷодкориро, ки натиҷаи фаъолияти устодони Донишгоҳ мебошад ва ҳамчунин даромади фаъолияти худ аз истифодаи ин объектҳоро дорад.

         65. Донишгоҳ воситаҳои пулӣ, дороӣ ва иншооте, ки аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли инъом ё васиятнома, натиҷаи заҳмати зеҳнӣ, даромади аз ҳисоби фурӯши мол ва хизмат ба даст оварда, ки маҳсули коргоҳҳо ва ҷузъҳои онанд, ҳамчунин васоите, ки аз фаъолияти ҳисоби хоҷагӣ дар кори тайёр ва аз нав тайёркунии мутахассисон ба даст меоянд,   мустақилона ихтиёрдорӣ менамояд.

         66. Донишгоҳ мувофиқи  тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ   ҳуқуқ дорад ба сифати иҷорагир ва ё иҷорадиҳанда баромад намояд.

         67. Сарчашмаҳои ташаккули амволи Донишгоҳ ва маблағгузории фаъолияти он  иборат аст, аз:

  моликияти ҷумҳурӣ, ки бемӯҳлат бо мақсади идораи фаврӣ ба Донишгоҳ дода шудааст;

  маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои фаъолияти молиявии Донишгоҳ  ҷудо гардидааст;

 ҳиссагузории корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои  илмию таҷрибавӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ, ки  дар тобеияти Донишгоҳ мебошанд;

 даромадҳое, ки аз амалӣ намудани шаклҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ ба даст меояд;

    аъзоҳақиҳои мақсаднок ва васоити фармоишдиҳандагон ва дигар сарпарастон, ки барои тайёр ва бозомӯзии  мутахассисон равона шудааст, хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла, ҳамкорони хориҷӣ;

  даромад аз истифодаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, хоҷагӣ ва ғайраҳо, инчунин аз истифодаи обектҳои аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба даст омадааст.

         68. Донишгоҳ соҳаву тартиби истифодаи маблағеро, ки аз ҳисоби буҷет ва манбаъҳои дигари иҷозатдиҳандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаанд, мустақилона муайян мекунад. Маблағи дар давраи ҷорӣ (семоҳа, моҳ) истифоданакардаи Донишгоҳро  пас гардонида гирифтан ё худ ба ҳаҷми маблағгузории давраи минбаъдаи муассисаи олии таълимӣ ҳисоб кардан мумкин нест.

         69. Донишгоҳ ҳамчунин ҳуқуқ дорад ба ҷуз нақшаи қабули донишҷӯён, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, донишҷӯёнро ба тариқи шартномавӣ бо пардохти ҳаққи таҳсил ба тариқи инфиродӣ ва аз ашхоси ҳуқуқӣ қабул намояд. Донишгоҳ дар ҳалли шартномаҳо, таъини ӯҳдадориҳо ва дигар мавридҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур нестанд, соҳибихтиёр аст.

          Донишгоҳ дар истифодаи даромад ва амволе, ки дар натиҷаи ин фаъолият ба даст меояд, соҳибихтиёр аст. Даромади мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мавриди истифода қарор мегирад.

         70. Аз даромади холисе, ки пас аз пардохтҳои мавриди назар дар ихтиёри Донишгоҳ боқӣ мемонад, маблағҳои махсус ташкил мешаванд.

          Тартиби ташкил ва истифодаи маблағҳои махсус тибқи тартиботи  муқарраршуда  амалӣ мегарданд.

         71. Донишгоҳ ба таври мустақим дар назди Муассис, мақомоти молия, андоз, мақомоти омор ва дигар мақомоти давлатӣ  тибқи қоидаҳои амалкунанда ҳисобот медиҳад.

         72. Донишгоҳ масъалаҳои бастани шартномаро барои амалӣ намудани фаъолияти таълимии пулакӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мустақилона ҳал менамояд.

         73. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, ассотсиатсияҳо ва иттиҳодияҳои гуногун, аз ҷумла, бо  иштироки ташкилот, корхонаҳо, ашхоси ҷамъиятӣ ва дигар шахсон ташкил намояд, дар таъсис додани фондҳои оинномавии рафоқатҳо (ҷамъиятҳои саҳомӣ) бо истифода намудани васоили молию пулие, ки дар ҳуқуқи идоракунии фаврии  он мебошанд, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати саҳм дар бунёди оинномавии онҳо ширкат варзад.

          74. Донишгоҳ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташ, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии амволӣ метавонанд дар асоси шартнома иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо таъсис диҳад.

         75. Донишгоҳ чун аъзои ассотсиатсияҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мустақилият ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқии худро нигоҳ медорад, аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия пешбинишуда, масъулияти субсидиарӣ дорад.

         76. Воҳидҳои таркибӣ ва муассисаҳои дигари дар сохтори Донишгоҳ буда, ҳуқуқи нигоҳ доштан ва кушодани суратҳисобҳои худро надоранд.

8. Фаъолияти байналмилалӣ ва фаъолияти хориҷии Донишгоҳ

         77. Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба шариккории ҳақиқӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байни дав­латӣ асос меёбад.

         78. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, ки дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, баъд аз таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии иловагӣ, илмӣ ва (ё) илмӣ-техникӣ, омӯзгорӣ ва дигар фаъолиятро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои  байналмилалиро  амалӣ намояд.

         79. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад бо муассиса,  фондҳои гуманитарӣ ва ташкилотҳои молиявии байналмилалии хориҷӣ робитаи бевосита муқаррар намояд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  татбиқ намояд.

         80.  Донишгоҳ ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, кори омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, созишномаҳои байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоикистон, Муассис ва мақомоти идораи таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ, инчунин тибқи шартномаҳои бевосита, ки Донишгоҳ бо шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ё бо шаҳрвандони хориҷӣ машғул мешавад.

81. Асъоре, ки Донишгоҳ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меорад, қонунан дар ихтиёрдории он буда, ба истиснои муқаррароти қонун мусодира кардан мумкин нест. Ин маблағ барои рушди соҳаи таҳсилот ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва рушди иҷтимоии Донишгоҳ ҳарҷ  карда мешавад.

9. Ҳисобот ва  ҳисоботдиҳӣ

82. Донишгоҳ ҳисоби фаврӣ ва муҳосибиро аз натиҷаҳои фаъолияти кори худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад, аз рӯи шакли муқарраршуда баҳисобгирии муҳосибӣ, оморӣ, коргузорӣ, амалиёти бойгонӣ бурда, дар ин хусус ба Муассис ҳисобот пешниҳод менамояд.

83. Вазифаи асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:

ташкили ахбори комилан дурусти раванди хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои корҳо ҷиҳати идора ва роҳбарии фаврӣ;

таъмини назорат аз болои мавҷудият ва гардиши пули нақд, васоити молӣ, меҳнатӣ ва ғайра мувофиқи меъёр, ченакҳо ва сметаҳо;

сари вақт огоҳонидан аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молӣ-хоҷагӣ, ошкор ва сафарбар намудани захираҳои дохилии Донишгоҳ.

84. Донишгоҳ ба таври мустақим ба тариқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти молия, андоз, омор ва дигар мақомоти марбута ҳисобот медиҳад.

85. Давраи  ҳисоботӣ барои Донишгоҳ соли тақвимӣ – аз 1 январ то 31 декабр мебошад.

86. Донишгоҳ маблағҳои буҷетиро дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.

87. Донишгоҳ баҳисобгирии муҳосибавӣ-омории худро дар асоси муқаррароти таъиншуда  ба роҳ мемонад.

88. Раёсати Донишгоҳ ва дигар шахсони мутассадӣ барои вайрон кардани  ҳисобот дар назди Қонун масъулият ва ҷавобгарии шахсӣ доранд.

10. Тартиби азнавташкилдиҳии Донишгоҳ

89. Азнавташкилдиҳии Донишгоҳ бо қарори Муассис тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

90. Донишгоҳ аз замони ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисгардида дониста шуда, аз рӯзи гирифтани литсензия ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баҳравар гардад.

91. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Донишгоҳ бо тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сурат мегирад.