• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 119
Имрӯз (17.03.2022) дар доираи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия  сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Андреас Протманн ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ мулоқот намуд. Қаблан меҳмони олиқадр бо ректори донишгоҳ вохӯрӣ намуда, дар...
Имрӯз (16.03.2022) дар Донишгоҳи миллӣ дар доираи ҳамкориҳо бо Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот дар мавзӯи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» семинари илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар семинар директори китобхонаи патентию техникии Муассиса  Тоҳир Холиқов, намояндаи Муассиса Соатулло Шарифов,  муовини сардори раёсати иттиллооти илмӣ-техникии Муассиса Қиёмиддин Миралиев ва мудири кафедраи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнии Муассисаи мазкур Луъбат Шарифова дар...
Имрӯз бо дастгирии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. гурӯҳи кормандони донишгоҳ барои афзун намудани донишҳои фарҳангӣ-таърихӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд. Кормандони самти илми донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. сафарбар гардида, бо роҳбаладони осорхона Бахтиёр Раҳимов ва Мадина Ваҳҳобова аз толорҳои таърихии осорхона дидан карданд.
Имрӯз (16.03.2022) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон В. А. Денисенко мулоқот намуд. Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти сафир мустаҳкам намудани робитаҳо ва табодули устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Белорус буд. Нахуст, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ...
Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз  бо  ташаббуси кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ падпалковник Ҳ. Қосимов ҳозиринро ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке...
Имрӯз ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. атташей оид ба фарҳанг ва ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Миёна Серж Беллиниро ба ҳузур пазируфт. Дар оғоз ректори донишгоҳ ташрифи меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, оид ба фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ суханронӣ намуд. Дар мулоқот  Серж Беллинӣ роҷеъ ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ...
Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи ДМТ дар шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешаванд. Ин нукта имрӯз дар вохӯрии раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо хатмкунандагони факултети журналистикаи донишгоҳ, ки дар Шаҳраки донишҷӯён баргузор шуд, иброз гардид. Зимнан дар вохӯрӣ раиси Кумита Нуриддин...
Имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар толори мактаби таълимӣ-варзишии №5 миёни бонувон, аз ҷумла донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии кишвар мусобиқаи варзишии “Гандбол” оғоз гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи бонувони Донишгоҳи миллӣ, таҳти роҳбарии устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Собиров С.  иштирок доранд.
Дар доираи ҳамкориҳои илмию таълимӣ имрӯз (12.03.2022) устодони Донишгоҳи федералии Урал ба номи президенти аввалини Русия Б.Н. Елсин: директори Институти илмҳои табиатшиносӣ ва математикаи донишгоҳ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Рогожин С.А  ва номзади илмҳои биологӣ, дотсент Зинитская С.А.  ба Донишгоҳи миллӣ  ташриф оварда, дар толори ба номи Ш. Ҳусейнзода бо устодону донишҷӯёни факултетҳои физика, механикаву математика,...
Муддатест, ки бо дастури роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ устодону донишҷӯён аз Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ боздид ба амал меоранд. Имрӯз (11.03.2022) бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси минтақашиносии хориҷии факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд. Мутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  Каримова...

Эълонҳо