• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 140
Имрӯз (18.09.2021) дар толори асосии ДМТ ҷаласа дар робита ба фаъолияти Бюрои иттифоқи касабаи кормандони раёсати донишгоҳи миллӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Абдулмуминзода Насимҷон Абдулмумин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Т.Раҷабов ва намояндагони раёсатҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти ректори Донишгоҳи индаси Покистон Халид Амин бо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмию таълимии дуҷониба буд. Дар оғози мулоқот ҷонибҳо доир ба шарту шароити таълиму тадрис дар ҳар ду донишгоҳ суханронӣ намуда, мақсади вохӯриро дар рушд бахшидани ҳамкориҳои...
Нимаи дуюми имрӯз (17.09.2021) Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ вохӯрӣ намуд. Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим...
Декани факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Мусозода Сафол Мираҳмад доктори фахрии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина (ш. Харков) пазируфта шуд. Дирӯз бахшида ба 100-солагии таъсисёбии Донишгоҳи миллии фарматсевтии Украина ҳамоиши илмӣ-амалӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни Украина дар донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Дар робита ба...
Ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии Тоҷикистони, 25-солагии Шӯрои ҷамъиятӣ (ШҶ) бо сарпарастии Пешвои миллат ва Раиси Шӯрои ҷамъиятии ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва 20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар қатори ҷамъомадҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ва дар ҳамбастагии сулҳу субот дар ин кишварҳо, барои устуворӣ ва рушди робитаҳои байнифарҳангии муносибатҳои байналмилалии ҷаҳон такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид. Агарчӣ мақоми СҲШ дар рушди муносибатҳои байналмилалӣ аз тарафи мутахассисон...
Воқеияти замони муосир аз он дарак медиҳад, ки ҷаҳон аз умумиятҳои мухталифи миллию этникӣ иборат аст. Муносибат ва равобити байниҳамдигарии онҳо аз зумраи муҳимтарин унсури воқеияти иҷтимоию сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Авҷи равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дар ин пайвастагӣ тағйирот ва дигаргуниҳои иҷтимою сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ дар миқёси ҷаҳонӣ боиси муҳоҷирати васеи мардум, кӯчидан, омехта шудани умумиятҳои гуногуни...
Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумрае аз устодону кормандони кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Подполковник Маниёзода Давлат Мурод, сардори сикли (бахш) тайёрии умумиҳарбӣ ва подполковник Мирзокаримзода Алишер Мирзовалӣ, сардори сикли тайёрии махсус бо медали ҷашнии “25-солагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”...
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳочӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай бо Федератсияи Россия равобити мустаҳками сиёсӣ ва дӯстонаро пеш гирифтааст. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Россия мавқеи муҳим дорад. (Абдунаби Сатторзода. Таджикистан и современный мир /Вестник/. Душанбе: 2006, №3. С-17.) Дар муносибатҳои байналмиалалиаш Ҷумҳурии Тоҷикиситон Россияро шарики стратегии худ мешуморад. Солҳои охир байни Тоҷикистон ва Россия робитаҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ, таъсиси корхонаҳои...
Яке аз самти муҳими Созмони Хамкории Шанхай мусоидат ба ҳамкориҳои самарабахши давлати аъзои Созмони Хамкории Шанхай дар соҳаи сайёҳӣ якқатор корҳо ба сомон расонида шудаанд. Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти СҲШ мебошад, дар фазои ин созмон беш аз 140 мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомиланд. Роҳи Абрешим...
Боиси сарфарозист, ки дар давраи 20 соли фаъолияти худ Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҳамчун як ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбии худро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намудааст. Дар ин муддат Созмон тавонист, ки тамоми масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавиро аз сиёсат то амният, иқтисодиёт то ҳамкории гуманитарӣ фаро гирад. Фаъолияти СҲШ...

Эълонҳо