• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 165
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба таваҷҷуҳи устодону кормандон мерасонад, ки Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ ва Донишгоҳи давлатии сохтмонии Маскав дар доираи барномаи таълимии "Омӯзонидани усулҳои таълим ба муҳандисон" устодону кормандонро барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос даъват менамояд. Донишгоҳ устодонро бо макони зист ва маводи хониш таъмин менамояд. Дигар намуди хароҷотҳо ба барнома дохил набуда, аз ҳисоби...
Хатмкунандагони боҳунар ва хушзавқи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба шабакаҳои телевизион ва радио бидуни озмун бо роҳхати факултет ба кор қабул карда мешавад. Ин нуктаро санаи 31-уми марти соли ҷорӣ раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид дар вохӯрӣ бо хатмкунандагони факултети журналистикаи ДМТ иброз намуд. ...
Имрӯз (28.03.2020) бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирию иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи «Баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорати молиявию хоҷагӣ дар давраи иқтисодиёти рақамӣ» мизи гирди ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии сардори раёсати илм ва навоварии техникии донишгоҳ Р.Наботӣ оғоз ёфт. Сипас С. Низомов, д.и.и., мудири...
Имрӯз (19.03.2020) ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро бо баргузории чорабинии фарҳангию фароғатӣ ҷашн гирифтанд. Дар инфтитоҳи чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони чанде аз сохторҳои донишгоҳ аз хони омоданамудаи донишҷӯёни факултетҳо боздид намуда, ба омодагии устодону донишҷӯён баҳои баланд доданд. Сипас ректори донишгоҳ ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба...
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раёсати ДМТ дар арафаи ҳар ҷашну ид ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон кумаки моддиву ғизоӣ мерасонад. Дар ҳамин росто дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду биринҷ, шакар,...
14 марти соли 2020 дар кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносии факултети таърих дар мавзӯи «Суннатҳои Сомониён ва таъсиргузории он дар фарҳангу тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия муаррихон,...
Дар партави эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф” бо ибтикори садорати факултети молиявию иқтисодии ДМТ дар мавзӯи «Дурнамои рушди энергетикаи плазмавӣ» ҷамъомади васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст декани факултети молиявию иқтисодӣ И.С. Шамсов суханронӣ...
Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати кадбонугии бонувон бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни донишҷӯён озмуни маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Зан-оинаи рӯзгор» доир намуд. Санаи 13-уми март...
Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид. Ин рамзҳо аз тарафи Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои донишмандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.
Ҳамасола бо мақсади ҷалби донишҷӯёни болаёқат ба соҳаи илм бо ибтикори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз рӯи соҳаҳои гуногун олимпиадаи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Имсол бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ,...

Эълонҳо