• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 18
Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ миёни мардон донишҷӯи курси 3-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Икромзода Баракатулло дар вазни71 кг сазовори ҷойи 2- юм ва донишҷӯи курси 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ Ғаниев Мусохон дар вазни86 кг соҳиби ҷойи 3-юм гардиданд.
Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ чун анъана бо мақсади расонидани талабот ва низомномаи таҳсил ба самъи шунавандагони донишкада ва волидайни онҳо ҷаласаи кориро барои нимсолаи баҳории соли 2024 баргузор намуд. Ҷаласа бо иштироки директорони донишкада аз ҷониби Тоҷикистон Имомзода М.М. ва аз ҷониби Чин Лю Ҷианвей, ҳамаи омӯзгорон, шунавандагони гурӯҳҳои нав ва қаблӣ, ҳамчунин, волидайни онҳо...
Дирӯз дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, гӯштини ҷудо ва бозиҳои шашкаву шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ аз намуди гӯштини ҷудо донишҷӯи курси 2- юми факултети ҳуқуқшиносӣ Ғаниев Мусохон дар вазни 90 кг ва донишҷӯи курси 3- юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Икромзода Баракатулло дар вазни 73 кг...
Устодони донишгоҳ қадрдонӣ мешаванд... Имрӯз (15.02.2024) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. бо устодоне, ки дар 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон иштирок намуданд, вохӯрӣ намуд. Устодони донишгоҳ зимни иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ бо 1 Ҷоизаи Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WOIS), 2 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ, ки дар умум...
Ҳамасола 14 феврал дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад. Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ҳамин аст, ки бо Амри Асосгузори сулҳу...
Дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо ин мақсад имрӯз (13.02.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» доир гардид,...
Аз 4 то 7 феврали соли 2024 дар шаҳри Эл-Кувайти давлати Кувайт 14-умин намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар ин намоишгоҳи сатҳи баланди байналмилалии пайванди илм бо истеҳсолот дар қатори 65 кишари хориҷӣ 10 нафар олимону профессорон ва ихтироъкорон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Аз ҷумла аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон6 нафар устодон: доктори илмҳои химия, профессорон...
Имрӯз таҳти ин унвон дар доираи нақша-чорабиниҳои Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат конференсияи илмӣ-назариявӣ барузор гардид. Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С. оғоз ёфт. Дар кори конфронс директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Шарипов Ҷамолиддин, профессорони факултаи таърих Қаҳҳори Расулиён ва Шарифов Раҳмоналӣ маъруза намуданд.
Аз 4 то 7 феврал дар Давлати Кувайт таҳти унвони «Онҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна мегузарад, ки дар он ихтироъкорону олимони тоҷик низ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Эълонҳо