• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 19
Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. дар идомаи сафари корӣ дар Ҷопон аз Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон боздид намуда, бо намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳи мазкур мулоқот намуд. Дар мулоқот ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои ДМТ ва Донишгоҳи Васэдаи Ҷопон баён намуда, ҳамзамон, ҷиҳати ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои...
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои илмию технологияҳои Ҷопон ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҳайат Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Илёс Ғаффорзода ва мудири кафедраи мутолиоти аврупоӣ, дотсент Акбаршоҳ Наҷмиддинов намояндагӣ доранд.
Бо мақсади таблиғу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати татбиқи бандҳои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2021-2025" дар Донишгоҳи миллӣ пайваста бо омӯзгорону донишҷӯён вохӯриҳои судманд баргузор карда мешавад. Чунин вохӯрӣ дар...
Таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалиро ташкил...
Бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024 дар пояи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқии аҳолӣ – омили ташаккул ва инкишофи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ” ҳамоиши илмию назариявӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Дар нишаст аз...
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Донишгоҳи миллӣ силсилавохӯриҳои ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо падару модарони донишҷӯёни факултетҳо ба роҳ монда шудааст. Вохӯрии навбатӣ бо волидайни донишҷӯёни факултетҳои фарматсевтӣ ва химия доир шуд, ки дар толорҳои бинои марказии донишгоҳ сурат гирифт.
Имрӯз (29.01.2024) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва наздик ба 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2023 мухтасар сухан...
Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ван Ҷиён бо ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. густариш додани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ буд. Ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дар оғоз меҳмононро ба вазъи...
"Ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад". Эмомалӣ Раҳмон Дар доираи силсиславохӯриҳои ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. бо волидайни донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави Қонуни...

Эълонҳо