• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 3
Имрӯз, 1 майи соли 2025, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Фестивали маърифатӣ-тарбиявӣ таҳти унвони «Футбол – омили муҳимми таҳкими сулҳ ва таъмини саломатии аҳолӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май таҷлил мегардад, роҳандозӣ шудааст. Ташаббуси баргузории он ба президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи...
Имрӯз, 30 апрели соли 2025, дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи электроникаи физикӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Масоили муосири физикаи нимноқилҳо ва диэлектрикҳо» баргузор гардид. Чорабинӣ ба солҳои 2020–2040 — «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф» бахшида шуда буд. Дар ҷараёни конференсия фаъолияти пурсамар ва...
29 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи Ассампшени шаҳри Бангкоки Тайланд нахустин Форуми ҳамкории консортсиуми омӯзиши байналмилалии Тайланд ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо ташаббуси Фонди “Шоҳроҳи нави Абрешим” ташкил гардида, ҳадафи он таҳкими робитаҳои илмию маорифӣ миёни кишварҳои минтақа ва густариши ҳамкориҳо дар самти таҳсилоти олӣ буд.
Имрӯз (29.04.2025) роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин дорандагони ҷоизаҳои илмию инноватсионӣ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар рафти вохӯрӣ роҳбарият бо изҳори табрикоти самимӣ аз дастовардҳои илмию эҷодии устодону донишҷӯён ёдоварӣ шуданд. Муовини ректори Донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. зимни суханронӣ...
Имрӯз (29.04.2025) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба рӯзи забони фаронсавӣ, ба истилоҳ ҳафтаи «Франкофонӣ» чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И. оғоз ёфт. Тавре гуфта шуд,...
Имрӯз (28.04.2025) бо ибтикори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи «Шоҳнома» ҳамчун рамзи ҳуввияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсия дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ...
Кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 5-уми декабри соли 2025 конференсияи байналмилалии илмию назариявиро дар мавзуи «Ҳуқуқи инсон ва проблемаҳои замони муосир» баргузор намояд. Дар конференсия масъалаҳои зерин баррасӣ мешаванд: нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар...
Кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки санаи 26-уми сентябри соли 2025 конфронси ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзуи «Нақши дипломатияи Тоҷикистон дар таъмини рушди устувор ва амният дар Осиёи Марказӣ дар шароити таҳаввулоти геополитикӣ» баргузор намояд. Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:
Имрӯз, 24-уми апрели соли 2025, дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Беларус, муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим, муҳтарам Раҷабзода Ф.ва декани факултети муштараки ДМТ бо МТО таҳсилоти олии Белорус – Одиназода С. бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии информатика ва радиотехникаи Белорус (ДДИРБ) вохӯрӣ анҷом доданд.
Чуноне қаблан иттилоъ дода шуд, 21-25 апрели соли 2025 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия XV Форуми иқтисодии ҷавонони Авруосиё баргузор гардида истодааст, ки дар он ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Парки технологӣ - Муродзода У.У. дар ҳайати зерин ба таври назаррас иштирок намуда истодаанд: 1. Бобомиров Усмонбой...

Эълонҳо