Имрӯз (01.11.2023) бо дастгирӣ ва иқдоми роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толори маҷлиси судии таълимӣ ифтитоҳ гардид. Дар ифтитоҳи толори маҷлиси судии таълимӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. устодону кормандон ва донишҷуёни факултети ҳуқуқшиносӣ, судяҳо, кормандони мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояидагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок доштанд.
Имрӯз (31.10.2023) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуман Ҷон Айлӣ ва муовини ректори ҳамин донишгоҳ Ҷалилӣ Абдувайлӣ мулоқот намуд.
Ташкил ва баргузор намудани курси «Сарварони сиёсӣ», бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, муттаҳидии донишҷӯёни фаъол ва таҳсилоти муносиб барои онҳо, дастгирии ташаббуси донишҷӯёни фаъол, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷавонон, рафъи мушкилоти онҳо дар раванди...
Имрӯз (31.10.2023) дар толори шурои олимони ДМТ вохӯри устодону донишҷӯёни факултетҳои тиббӣ, химия ва фарматсевтӣ бо намояндагони ҳифзи ҳуқуқ дар самти татбиқи “Стратегия муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 июни соли 2021, №187) баргузор гардид.
Дар шароити ҷаҳонишавиии муосир ва бархурди манфиатҳои миллӣ ҳифзи муҳити зист масъалаи муҳимми ин раванд дониста мешавад. Дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, хусусан, иқдоми ҳимояи пиряхҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат пешбарӣ намуд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои...
Имрӯз ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» муайян ва ҳавасманд гардонида шуданд.
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ,...
Имрӯз ба ифтихори ҷашнҳои таърихӣ - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи бокси Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш дар ҳамкорӣ ба Федератсияи ҷаҳонии бокс бо иштироки доираи васеи варзишгарони ватанӣ чорабини оммавӣ-варзишии «Дави бокс» (Боксзабег) баргузор мегардад. Дар чорабинии мазкур...
Директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Мирзамонзода Х.М. дар мизи мудаввари маҷозии “Забони русӣ- забони ҳуқуқэҷодкунӣ дар ИДМ”, ки аз ҷониби Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ баргузор карда шуд, иштирок намуд.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи Шурои Федератсияи Маҷлиси...
Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ иқдоми некеро рӯйи даст гирифтааст, ки қабл аз оғози баргузории ҷаласаи васеи Шурои олимони донишгоҳ дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва аксаран бо диплому ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Имрӯз (27.10.2023) низ дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро қадрдонӣ...
Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, дар натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои таърихӣ, аз ҷумла иди Меҳргон эҳё гардид. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.
Имрӯз (27.10.2023) дар...