Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандони қисмҳои тарбия ва равобити байналмилалии донишгоҳ таваҷҷуҳи асосӣ, пеш аз ҳама, ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тарбияи ҷавонон дар руҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон,...
(Курси омӯзишии "Зан-сарвар" дар ДМТ)
Бо чунин унвон имрӯз (26.10.2023) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангии Шарифҷон Ҳусензода курси навбатии омӯзишии "Зан-сарвар" доир гардид, ки дар курси мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва зиёда аз 100 нафар донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳо иштирок...
Рӯй овардан ба таҳқиқоти илмӣ, хусусан ба таҳқиқи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди кишвар ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи байналмилаӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Бо ташаббус ва дастгириҳои...
Имрӯз роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баҳри зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо беҳтарин шароити муосоидро фароҳам овардааст. Ин тадбирҳо аз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат маншаъ гирифтааст. Моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, тамоми азму талоши худро баҳри донишомӯзӣ равона карда, баҳри ободии имрӯзу фардои кишвар саҳмгузор бошем.
Ин...
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзода хониши сиёсӣ бо иштироки мудири кафедраи психология Саидзода Баҳрулло ва раиси сарпарастони ДМТ Илҳомиддин Ашуров бо устодону донишҷӯёни факултети журналистика доир гардид.
Зимнан Саидзода Б. дар робита ба нуктаҳои гуногуни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу...
Курси такмили ихтисосро намояндагони муассисаҳои олии кишвар аз рӯйи равияи педагогика ва психология дар Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ хатм намуданд.
Бо мусоидати ректори донишгоҳ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, инчунин баланд бардоштани малакаи касбии кормандони...
Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо кормандони қисми таълими донишгоҳ нуктаҳои гуногуни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди шарҳ қарор гирифт. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаҳои интизоми меҳнат, танзими ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ҷараёни таълим, назорати санадҳои сессияи санҷишию...
Имрӯз (21.10.2023) бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи забони ҳиндӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ иштирок карданд. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Шодиев Рустам оғоз ёфт.
Баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқию сиёсии ҷавонон, пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни онҳо, инчунин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар вохӯрии судияҳои Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо зумрае аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ташкили чунин вохӯриҳои судмандро роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ муҳим ва рӯзмара...
Таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ ба самти илм зиёд аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар фаъолияти илм баъзе камбудиҳо дида мешавад. Аз ин рӯ, талабот ба самти корҳои илмӣ аз пештара бештар гардида, тадбирҳои нав рӯйи даст гирифта мешаванд. Ҳайати устодони кормандон бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули омӯзиш ва корбарии самти илмро дар донишгоҳ роҳандозӣ намуда, навгониҳои...