• English
  • Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 9
Имрӯз (20.03.2025) ҷиҳати тибқи бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар пояи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Маркази омӯзишии масоили муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ” таъсис дода шуд. Дар ифтитоҳи маркази мазкур намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи...
Имрӯз (20.03.2025) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Насими баҳорӣ, фазои идонаи Донишгоҳ ба дили устодону донишҷӯён фараҳу шодӣ бахшид. Дар саҳни Шаҳраки донишҷӯён аз ҷониби садорати факултетҳо хони наврӯзӣ, аз қабили...
Имрӯз, 19-уми март, бо чунин унвон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз ташкил шуда, бо иштироки устодон, донишҷӯён ва муҳаққиқони соҳа доир гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт, ки дар он нақши Наврӯз ҳамчун...
Тавре иттилоъ дода будем, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Мусобиқаи лигаи футзали донишҷӯён ғолиби ҷойи 3-юм гардиданд. Имрӯз зимни баргузории ҷавласаи васеи Шурои олимон ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дастаи ғолибро дар шаҳсияти роҳбарияти даста табрик намуд. Ёдрас мешаваем, ки дастаи Донишгоҳ бо роҳбаладии Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён...
Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои ДМТ дар самти амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми марти соли 2025 дар толори асосии Институти Конфутсийи назди ДМТ ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: афзалият, самтҳо ва дурнамои он» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир карда шуд.
Бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иқлим, аз ҷумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дармиқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид – рӯзи 21-уми март...
Соли ҳафтум аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди...
6 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” баргузор гардид. Ин ҳамоиш ба 25-умин солгарди қабул шудани нахустин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати...
Имрӯз бо ташаббуси факултети таърихи ДМТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуии "Аҳамияти байналмиллалии пешниҳоди Пешвои муаззами миллат роҷеъ ба “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда"” баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони сохторҳои гуногуни илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Зимнан қайд гардид, ки 24 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии...
Имрӯз (05.03.2025) дар оғози ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. доктори илмҳои филология, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳ Бадриддин Мақсудовро барои дастоварди байналмилалӣ - Медали ҷашнии “Сарсупурдаи маънавиёт” табрик намуда, дар ҷодаи илму таълим муваффақиятҳо таманно намуд. Қобили қайд аст, ки дар...

Эълонҳо