ПАРЧАМ РАМЗИ ҲАЁТИ ОСОИШТА, ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ КОМИЛ АСТ

392

Аслан, дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои ватандӯстӣ ва садоқату эҳтиром ба арзишҳои милливу муқаддасоти давлатист. Аз ин рӯ, 24 ноябр ҳамчун рӯзи қабули Парчами давлатӣ санае фархундаест, ки моро ба иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ифтихор аз давлатдорӣ даъват менамояд. Таҷлили бошукӯҳи рӯзи Парчами давлатӣ-ин эҳтирому арҷгузорӣ ба он, бозгӯи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ ва дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мардуми шарафманди тоҷик, дар роҳи ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ ва муқаддасоти миллие, назири парчамдорӣ навроҳ нестанд. Зеро ба шаҳодати таърихи гузаштаамон, қавмҳои ориёӣ, ки мо дар меҳвари ин тамаддуни оламгир қарор дорем, аз давраҳои қадимтарин ба парчам эҳтироми бузург доштаанд ва дар он мероси арзишманди фарҳангӣ, аҷдодӣ, роҳи пурифтихори тайкардаи худ ва соҳибихтиёрии давлату давлатдориро инъикос намудаанд. Ин роҳи пурифтихор ё таърихи парчамдории миллати тоҷик аз замони Куруши Кабир оғоз гардида, маъмултарини он парчами Коваи оҳангар буд, ки дар таърих бо номи Дирафши Коваёнӣ ёд мешавад. Гузаштагони мо парчамро ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ ва мубориза барои озодию истиқлоли миллӣ мешинохтанд. Ин буд, ки Дирафши Коваёнӣ дар як давраи муайяни таърихӣ ҳамин гуна арзишҳоро ифода намуда, боиси ифтихору ғурур ва илҳомбахши пирӯзиҳои ворисони Фаридун аст.

Агар ба таърихи хеш назар намоем, халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ бидуни парчами хоси худ набуд. Чунончи, Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ низ соли 1924 парчами худро дошт, ки он сурхи якранг буда, дар канори чапаш акси досу болға, ситора ва пахта ҷой дошт. Баъдан, дар соли 1953 Парчами Тоҷикистон сохту шаклаш дигаргун гардида, қисман содатар гардид, яъне аз боло ба поён ранги сурх, дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз, дар гӯшаи чап, аз боло досу болға ва ситорача ҷой дошт, ки чунин тарҳ то соли 1991 мавҷуд буд.

Парчами давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон нишони бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳангӣ мебошад. Маҳз қабули Парчами давлатӣ ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат дод.

Парчами давлатие, ки ҳоло зери парафшонии он мо дар ақсои олам аз мавҷудияти давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон дарак медиҳем, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстию ватанпарастӣ, ҳимояи марзу буми муқаддаси мо таҷассум гардидааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 м ва дарозии он 60 м мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, дар заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст.

Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчам муаррифӣ мегардад. Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузаштаи худ ва ғамхорӣ ба фардо буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ маҳсуб мешавад. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди халқу миллати хеш боло мегирад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлолияти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумон, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, мақомоту идораҳои давлатӣ, дар болои биноҳо ва нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, дар дидбонгоҳҳои марзию гумрукии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Ин аст, ки баробари дидани Парчами давлатӣ дар нишасту чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, барафрохтани он ҳангоми сафарҳои расмию давлатии Пешвои миллат ба хориҷи кишвар, пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик моро эҳсоси ватандориву ғурури миллӣ фаро мегирад. Аз ин рӯ, эҳтиром ба парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ бояд дар замири ҳар соҳибватан ҷойгоҳи шоиста дошта бошад, зеро таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ низ ҳамин ҳадафҳоро дар пай дорад.

Мудири шуъбаи магистратураи ДМТ Дотсент Сайдализода Ш.А.