ПРЕЗИДЕНТИ СУЛҲПАРВАР ВА НЕРУИ СОЗАНДА

613

 Бахтиёри Қутбиддин, дотсенти ДМТ,

Зарина Собирова, унвонҷӯи ДМТ

Мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси таҷрибаву малака ва ҷаҳонибиниҳои густурдаи ин сиёсатмадори бузург аз садҳо самту зовияҳои мухталифе таркиб ёфтаанд, ки ҳар кадом дар бунёди ҷомеаи пешрафта судманд гардида метавонанд. Андешаи «Эмомалӣ Раҳмон давлатро наҷот дод ва онро дар фазои истиқлолият аз нав сохта тавонист» алакай ҳукми собитшудаи таърихист. Аз ин ҷиҳат сулҳу ваҳдати миллӣ ба идеологияи миллӣ низ табдил ёфт ва он торафт густариш меёбад. Ин абармард дар замоне сари қудрат омада буд, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги дохилӣ месӯхт ва ҳамин аст, ки қимати сулҳу сафову ваҳдатро бештар аз ӯ каси дигар намедонад. Зеро, ӯ барои миллат бо ҷони худ бозӣ мекард ва тавонист, ки бо ин ҷонбозиҳо сулҳу сафоро дар кишварамон барқарор намояд. Разолату даҳшатҳои ҷанг манзалату қимати сулҳро хеле осон бозгӯ менамоянд ва ҷанг аст, ки одамон сулҳро суроғ менамоянду қадри онро медонанд. Ҷанг ин хун, оташ, хокистар, шевану оҳ ва сели даҳшату ваҳшату нолаву фиғонҳост. Даҳшатноктарин ҷанг ин ҷанги шаҳрвандист, ки насли башар дар тули таърих садҳо маротиба онро дар ин, ё он нуқоти сайёра шоҳид шудасту аз сар гузаронидааст. Дар таҳқиқи аксар пажӯҳишгарон низои дохилӣ як тафсир дорад: «Бо роҳи зӯрӣ ба даст даровардани ҳокимият». Ин маънӣ ишора ба он дорад, ки сулҳ поймол мегардад, мулки ҳар ду ҷониби ҷанганда харобазор мешавад ва суботу амонӣ як сарзаминро тарк менамояд.

Омилҳои сар задани низоъҳои дохилӣ бештар мухолифатҳои иҷтимоӣ, мазҳабӣ, динӣ, маҳаллӣ ва миллӣ ба ҳисоб мераванд, ки иштирокдорони онҳо аслан ҷавононанд. Манфиатҳои молиявию иқтисодии гурӯҳҳо ва афроди алоҳида низ яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дониста мешаванд. Ҷанги шаҳрвандӣ одамони зиёдро ҳамчун қурбонӣ ба коми худ фуру мебарад. Равандҳои сиёсии ҷаҳони муосир собит менамоянд, ки абарқудратҳо дар роҳи забту ғасби кишварҳои миёнаҳолу кучак илоҷу ҷуръат ва имкони ошкори дигар надоранд ва дар ин роҳ орому ноайён аз барангехтани ҷангҳои шаҳрвандӣ дар зери ниқобҳои гуногун истифода мебаранд. Дар асрҳои 18 ва 19 тавассути ҳаракатҳои миссионерӣ абарқудратҳои империалисте, ки имкони молиявӣ доштанд кишварҳои дар ҷаҳолат қарордоштаро босуръат мавриди истимор қарор медоданд. Дар ин роҳ нахуст ба ҷавонон такя мекарданд ва онҳоро гумроҳ намуда, душмани диёру марзи худашон месохтанд. Чунин усул имрӯз низ қатъи назар нест ва ҷомеаҳои огоҳ аз вуқӯи ҷанги шаҳрвандӣ меҳаросанду барои пешгирии он талош менамоянд. Чунки оқибатҳои он мардумони зиёдро ба марг мувоҷеҳ месозад, кишварҳоро харобазор мегардонад ва мулку марзи аҷдодии миллату халқиятҳоро аз байн мебарад. Муроқибату мухолифати намояндагони як қавму миллат дар шароити иҷтимоиву сиёсии ҷаҳони муосир муддаои дили сиёсатсозиҳои сиёҳтинатона, ки аз тирагии як фазо суду манфиат меҷӯянд. Дар муқобили чунин ҷараён боварӣ ба ҳамдигар омили пешрафту саодати ҷомеа мебошад. Ин боварӣ дунёи умедест, ки мо худро дар як ҷомеа танҳо эҳсос наменамоем. Тафриқаандозиҳо мусибату даҳшати бузургеанд, ки ҷомеаҳоро фано месозанд. Дар ин тафриқаандозиҳо ҷавононро доимо дар саргаҳ қарор медиҳанд, ки сабаби аслии бадбахтии аҳли башар аст. Албатта, на он ҷавононе ки дарси мактаби худшиносиро азбар кардаанд. Ҳикмати маълуми дигар он аст, ки одамон қодиранд барои як қулт об бо ҳам барангезанду мухолифат дошта бошанд. Ҳол он, ки онҳо бо ҳам метавонанд сарчашмаи бузургеро бо номи дарё кашф кунанду ташнагиро рафъ созанд. Яъне чун роҳи салоҳу ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, бояд дар паи дарёфти он қадамҳои устувор ниҳод. Ватандӯстие ин қадар гуфтаанду мегӯем, ин ба ҷуз ваҳдат чизи дигаре нест, ки он дар сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати феълӣ бо шохаҳои худ ҳазорон ҷабҳаро фарогир аст. Ин ваҳдат парчамест, ки аз он гуногунсатҳиву гуногунфикрӣ чун як нерӯи том ба вуҷуд меояд. Рисолати парчамҳо он аст, ки ваҳдатсозанд ва ваҳдат низ парчами худро дорад, ки ҷойгоҳи он дар олами тафаккур аст.

 Дар ҳамагуна ҷомеа ҷавонон нерӯе мебошанд, ки ҳам созандаву ҳам сӯзандаанд. Ҷомеаи солиму фазои сулҳу ваҳдат боис мешавад, ки онҳо созанда бошанд. Қисмати зиёди аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва ҳамчун дивиденди демографӣ дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ нақши густурда доранд. Пешвои миллат дар сиёсати давлатдории худ таваҷҷуҳи доимӣ ба ҷавонон доранд ва дар баробари тарбияву камол ёфтани онҳо доимо аз як нуқта таъкид менамоянд, ки ҷавонон ғофилу ҷоҳил набошанд. Ибораи «зиракии сиёсӣ»-ро даҳҳо маротиба таъкид мекунанд ва мехоҳанд, ки ҷавонони кишвар бо таъсири фарҳанги бегонаву сиёсати ғаразмандона гумроҳу фирефта нашаванд. Ҷавонон ҳамеша қишри осебпазири ҷомеа мебошанд ва Пешвои миллат ин нуқтаи ҳассосро хуб дарк менамоянд. Ҳифзи сулҳу ваҳдатро бештар вазифаи ҷавонон меҳисобанд ва дар сиёсати пешгирифта ба нерӯи ҷавонон бештар такя мекунанд.

Мусаллам аст, ки сулҳу ваҳдату нерӯи ҷавонон дар олами афкори аҳли ҷомеаи мо мафҳумҳои тавъаманд ва дар ҳамбастагӣ муҷиби саодатмандии миллат мегарданд. Ин раванд аз оғоз то имрӯз дар мадди назари Пешвои миллат қарор дорад. Ҷавонон бо сулҳу ваҳдат ҳамқадам гардидаанд ва ин аввалин қадамҳо дар фазои осоиштагӣ бо иштироку саҳми ҷавонон дар роҳи созандагии давлату кишвар гузошта шуд. Тавре ки идора кардани давлат нисбат ба даст овардани он сангинтар аст, ҳифзу нигаҳдошти ваҳдат низ аз ба даст овардани ваҳдат садҳо маротиба душвортар аст. Аз ин рӯ дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҷавҳари ваҳдат гардидаанд. Ҳамдигарро бахшидан ва ба ҳам омадани як халқи дар низои дохилӣ олударо, ки дар кутоҳтарин фурсат сулҳсозӣ кардааст, таърих хеле кам ёд дорад. Қиёси рақамҳо нишон медиҳанд, ки аз соли 1945 то соли 1992 танҳо аз се як ҳиссаи гуфтушунидҳо дар зиёда аз сад ҷангҳои шаҳрвандӣ дар мамолики ҷаҳон бо сулҳ анҷомидаанд. Аксари онҳо дар ниҳоят сабаби парокандагии кишварҳову қавмҳо гаштаанд. Аз ин ҷиҳат, ваҳдат дар ифодаи оҳанг зоҳири сода дошта бошад ҳам, аммо ботини он хеле печидаву мураккаб аст. Барои ба ваҳдат расидан ҷонҳо аз даст мераванд ва ҷонбозиҳо пайкари ваҳдатро комил месозанд. Ҳикмате дар байни ҷомеашиносон вуҷуд дорад, ки «шарт нест, ки ҳама дар ҷомеа як фикр дошта бошанд». Ин ҳукм ҳақиқати комил дорад ва он тасаввур ки ҳама «бояд як фикр дошта бошанд…» амри имконнопазир мебошад. Талош дар ин роҳ маънӣ ҳам надорад ва ягон ҷомеа ба ин муваффақ ҳам нагаштааст ва намегардад. Танҳо он ҷиҳат қобили зикр аст, ки вақте ҳама фикрҳои гуногун дар роҳи талоши созандагӣ равон мешаванд, инро метавон ваҳдат номид.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз бо озодиҳову гуногунандешиҳо (афкори солим!) ваҳдати ҷавонони кишвари мо таъмин аст. Имрӯз ҳар як ҷавони тоҷики худшинос бо афкори гуногун дар роҳи сипар гардидан дар ҳифзи миллат дар пайроҳаи хоси худ ҳатман ҳиссае мегузорад. Нерӯи бузург, умеду эътимод ва тавоноию дороии феълии кишварамон имрӯз ваҳдати ҷавонони кишвар аст. Гузаштаҳо нисбатан тира бошанд ҳам, имрӯз аз он меболем, ки дар кучаҳои пойтахт низову хархашаи ҷавононро вобаста ба маҳалбозиҳо намебинем. Хушбахтиву саодати халқи мост, ки дар ҷомеаи мо мухолифату муборизаҳои мазҳабӣ вуҷуд надоранд. Имрӯз ҷавонони кишвари мо аз мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон дарси худшиносӣ омӯхтаанд. Сиёҳу сафедро фарқ гузошта метавонанд. Онҳо дарк кардаанд, ки ин шоҳроҳ, ки номаш ваҳдат аст, тақвияту нигаҳдорӣ мехоҳад, ки ин рисолат вазифаи онҳо ва ҳар як хурду бузурги кишварамон аст. Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷикро ба арсаҳои баланди худшиносии миллӣ расонид ва дар заминаи он халқ садоқату муҳаббат ба Пешвои худ дорад. Ин халқ буд, ки бо эътимоду боварӣ дар атрофи роҳнамои худ муттаҳид гардид. Гузаштаи худро амиқтар донист ва дар заминаи он ояндаи шукуфони худро сохтан мехоҳад. Ин халқ имрӯз дар раванди пурмуаммои ҷаҳонишавӣ дар мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон тарбия ёфту дарси ватандӯстӣ омӯхт. Неруи ин халқ муттаҳидист ва дар муқобили ҳар як ҷараён устувор мебошад. Боке аз таҳдиди тангназарону ғосибони замонавӣ надорад ва дар ҳифзи марзу мулки худ бо ҷону дил омодааст. Ҳазор сол дар банду асоратҳо зист ва дигар намехоҳад, ки аз ин озодии бадастовардаашро маҳрум гардад. Дар ин ҷабҳа нерӯи ҷавонон чун як сипари боэътимод қарор гирифтааст ва ин нерӯ аз ваҳдату ҳамфикрии ҷавонон бо тадриҷ бузургтар мешавад. Ҷавони имрӯза дарк менамояд, ки инсони комил будан ин масъулият доштан аст ва чунин фаҳмишу қонуният дар ҷомеаи мо решаҳои амиқтаре пайдо карда истодааст, ки он боз ҳам самараи мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.