ҲАМОИШҲО ДАР РОБИТА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

729

Ҳамасола 6-уми ноябр дар саросари кишварамон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Дар робита ин санаи муҳим дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ чорабиниҳои илмӣ-таълимӣ гузаронида шуд. Аз ҷумла, чунин чорабинӣ дар факултети ҳуқуқшиносӣ кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ дар мавзӯи «Конститутсия ва низоми ҳуқуқии муосири Тоҷикистон: алоқамандии илм, ҳуқуқэҷоднамоӣ ва амалия» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани ифтитоҳии сардори раёсати илм ва навоварии техникии ДМТ Рустам Наботӣ оғоз гардид. Баъдан Ҷ.Қодиров – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ доир ба «Масоилҳои вазъи маъмурӣ –ҳуқуқӣ раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия» ва З. Соибов – муаллим калони кафедраи ҳуқуқи конститусионӣ оид ба «Аҳамияти Конститутсия дар давлатҳои муосир» маърӯза намуданд.

Ҳамчунин, бахшида ба ин санаи таърихӣ дар факултети биология ҳамоиш баргузор гардид. Дар нишаст нахуст декани факултет, профессор Каримзода А.И. ҳамагонро ба муносибати ин ҷашни муҳимми давлатӣ табрик намуда, зикр намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард.

Сипас дотсенти факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ф.Шоев маърӯза намуда, қайд намуд, ки: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таҳкимкунандаи фаъолияти қонунии давлат буда, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин санади олӣ бо як фазои озоди танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ табдил ёфт».

Ҳамзамон, дар факултети молиявию иқтисодӣ бо иштироки мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкории факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ, д.и.ҳ профессор Д. Сангинов чунин нишаст доир шуд. Дар нишаст зикр гардид, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти дав¬латии моро мустаҳкам намуда, барои эъмори давлати демокративу ҳуқуқ¬бунёд заминаи муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, салоҳияти мақомоти олии кишварро бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ муайян кард.

Дар чорабинии мазкур муовини декан оид ба илм М. Тағоев ва муовини декан оид ба тарбия Қ. Саидов ширкат варзида, чорабинии мазкурро ҷиҳати беҳтар гардонидани донишҳои ҳуқуқӣ ва маърифати донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуданд.