ПРЕЗИДЕНТ, ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҶАВОНОН

805

Ба дурнамои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ишора карда, дар яке аз паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ қайд намуданд, ки «Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд».

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имконияти васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.

Дар воқеъ, давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар минтақа ва дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии моро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо неруи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Давлати соҳибистиқоли Тоҷикистон низ ба ин қувваи бузурги миллат такя намуда, ояндаи худро дар дасти ҳар як ҷавони бо нангу номуси диёр мебинад.

Бояд қайд кард, ки яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ин таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхоронаи Пешвои миллат ба насли ҷавони кишвар мебошад, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пеш гирифт. Ҳанӯз 13 марти соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, санадҳои аввалин дар роҳи ташаккул ва инкишофёбии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» – ро қабул намуд. Дар баробари ин дар ин марҳалаи нави таърихии Тоҷикистон дар байни кишварҳои минтақа яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд ва як моҳ пеш аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва баъди мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат 23 майи соли 1997 мақоми ваколатдори соҳа – Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардид ва моҳи ноябри соли 2006 дар заминаи ин мақоми давлатӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ҳоло он ҳамчун Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.

Бо қабули Конститутсия мавқеи сиёсиву ҳуқуқии ҷавонони кишвар боз ҳам боло рафт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқиро барои бунёди давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва ягона гузошта, қонуни асосии давлат эътироф гардидааст. Яке аз меъёрҳои асосии Конститутсия – афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ки дар ҳимояи ҳуқуқии ҷавонон замина гузошта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешавад. Ё худ, имрӯз дастгирии соҳибкорони ҷавон ҳамчун кафолати конститутсионии машғул шудан ба фаъолияти озоди соҳибкорӣ (моддаи 12 Конститутсия) зери ҳимоя ва дастгирии махсуси давлат қарор дорад. Тибқи таҳлилҳо дар кишварамон тақрибан 80 дарсади шаҳрвандони ба иқтисодиёт машғулро ҷавонон ташкил медиҳанд. Мутаносибан ҷавонон ҳамчун захира ва қувваи асосии меҳнатӣ, инчунин, сармояи афзалиятноки инсонӣ дар иқтисодиёти кишвар арзёбӣ мегарданд.

 Соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки яке аз хадафҳои он беҳтар кардани вазъи ҳуқуқии ҷавонон буда, барои иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат шароити баробар фароҳам овардааст.

Қисмати муҳими тағйиру иловаҳо идомаи мантиқии пиёдашавии ҳидоятҳои бузургу стратегии Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии ҷавонон аст, зеро дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки чӣ гуна ба ҷавонон ҳамчун неруи бузурги созандаву бунёдкор дастгириҳои беназир сурат гирифта истодаанд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Дар асоси тағйиру иловаҳои 22 майи соли 2016 барои ҷавонон вобаста ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат имконияти васеътар дода шуд, аз ҷумла синни интихоб шудан ба вакили Маҷлиси намояндагон, узви Маҷлиси миллӣ, пешниҳод ба номзадии Президент ва таъин шудан ба вазифаи судяҳои Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе аз 35 ба 30 поён карда шуд, ки ин барои ҷавонон имконият медиҳад, то онҳо бевосита дар ҳаёти сиёсии кишвар ва идоракунии давлат иштирок намуда, аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намоянд.

Пас аз ворид гардидани ин тағйиру иловаҳо иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи тадриҷан рӯ ба афзоиш оварда, барои интихоб ва таъйин шудани онҳоро дар се шохаи ҳокимият заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Ба ҳайси заминаҳои ҳуқуқии ин гуна дастгириҳо ва ташаббусҳо аз ҷониби парламенти мамлакат доираи муайяни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳои давлатии ҷавонон, аз қабили «Барномаи рушди саломатии ҷавонон», «Барномаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» таҳия ва тасдиқ шудаанд, ки ин идомаи мантиқии раванди созандагӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб мераванд.

Ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон, амалӣ намудани робитаҳои байналмилалии ҷавонон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, хароҷоти сохтмон ва таъмири объектҳое, ки ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон мансуб мебошад, маблағҳои муайяни пулӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин самт қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд, ки барои тадбирҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон имкон дорад аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар маблағҳое, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, маблағ ҷудо карда шавад.

Имрӯз баҳри дастгирии олимони ҷавон таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсис гардидани Стипендияи президентӣ, квотаҳои президентӣ, Стипендияи байналмилалии Президентӣ “Дурахшандагон”, стипендияи Раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия барои дастгирии ҷавондухтарону ҷавонписарон – ин ҳама дастовардҳои истиқлолият барои инкишофи маънавии ҷавонон мебошанд. Самараи ин ҳама ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат мебошад, ки наврасону ҷавонони мо дар озмунҳои мухталифи дохиливу байналмилалӣ дастрболо мегарданд. Дар маҷмуъ, музаффариятҳои илмии ҷавонон яке аз падидаҳоест, ки бори меваҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб гардида, бори дигар собит месозад, ки ҷавонон ва вазъи онҳо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

 Дар баробари дастгириҳои рӯзафзуни ҳукумати мамлакат, масоилҳои самти ҷавонон мариди диққати давлат буда, барои бартараф намудани онҳо тамоми чораҳо андешида шуда истодаанд.

Масъалаи якум, ки таваҷуҳи роҳбарияти давлатро ба худ ҷалб намудааст, ин бекории ҷавонон мебошад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат дар Паёми хеш қайд намуданд, ки «бо мақсади вусъат додани шуғли аҳолӣ ва кам кардани шумораи бекорон, хусусан, дар байни ҷавонон, аз ҳисоби рушди соҳаҳои кишоварзӣ, коркарди маҳсулот, саноати сабук, хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмон, кимиё, маъдан ва хизматрасониҳои нақлиёту алоқа, сайёҳӣ ва маорифу тандурустӣ ҳамасола на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд». Ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар ҷалби ҷавонон ба шуғли фоиданоки давлатию ҷамъиятӣ, махсусан ба корҳои илмию тадқиқотӣ роҳи дурусти масъала буда метавонад.

Масъалаи дуюм, баланд бардоштани маърифати ҷавонон мебошад, ки он бо роҳи амалӣ намудани корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ тавассути ташкили вохӯриҳои судманд ва воситаҳои ахбори омма вобаста ба тарғиби комёбиву дастовардҳои кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Бо ин роҳ ҷавонон аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик, арзишҳои милливу умумибашарӣ ва равандҳои глобалии ҷаҳони муосир зиёдтар огоҳӣ пайдо менамоянд. Дар баробари ин, бо мақсади тарғибу ташвиқи баланд бардоштани маърифати илмии ҷавонон бо ташабус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор мегардад, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон, омӯзгорон ва намояндагони дигари ҷомеаи кишвар ширкат меварзанд.

Масъалаи сеюм, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия буда, Пешвои миллат дар паёмашон ба парлумони кишвар қайд намуданд, ки “бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вобаста ба ин миёни донишҷӯён тайи чанд соли охир озмунҳои «Грантҳои хурд ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Навовари беҳтарин» ва «Донишҷӯ ва пешрафти илму техника» бо иштироки теъдод зиёди донишҷӯён баргузор карда мешавад. Хушбахтона, ҷавонони имрӯзаи мамлакат донишу қобилияти худро бо илмҳои замонавӣ такмил дода, сатҳи донишашонро боз ҳам баланд бардошта, дар шууру фаҳмиши онҳо дар баробари илму дониш, забономӯзӣ, инчунин зиракии сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандориро хуб эҳсос кардан мумкин аст.

Дар маҷмуъ, мо ҷавонони даврони Истиқлол бо сарварии Пешвои миллатамон бо такя ба таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллат, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллӣ барои ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон, ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот, ҳифзи истиқлолият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини зиндагии арзандаи халқ ва ҳифзи манфиатҳои миллиамон тамоми кушишҳоро намуда истодаем.

Сулаймонзода Манучеҳр Субҳоналӣ,

дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии

факултети ҳуқуқшиносии ДМТ