САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ

347

Сада яке аз ҷашнҳои зебову қадимаи миллати некноми тоҷик аст, ки таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Вожаи сада аз шумораи (сад) ва пасванди (а) сохта шудааст. Дар баъзе луғатномаҳо вожаи сада ба маънои аср, қарн яъне сад сол низ меояд. Чунончи, садаи 20, 21 ва ғайра. Вале, аслан сада ҷашн аст, ки даҳи баҳман, яъне сад рӯз пас аз зимистони панҷмоҳаи Эрони бостонӣ гирифта мешуд ва дар ин ҷашн мардумон оташафрӯзӣ мекарданд.

Дар фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти тоҶику форс омадааст, ки Сада мансуб ба адади сад, ки аслан аз вожаи «Садак»-и паҳлавӣ реша гирифта, дар арабӣ ҳамчун вожаи сазақ ва садақ шакл гирифта, ҷашнест, ки дар баҳманрӯз ва баҳманмоҳ (шаби даҳуми баҳман) барафрӯхтани оташ тайи маросими хосса анҷом мегирад.

Устод Абулқосим Фирдавсӣ бунёд ниҳодани ҷашни Садаро ба даврони подшоҳии Ҳушанг марбут дониста, чигунагии пайдоиши оташ ва оғози ин ҷашнро дар «Шоҳнома» чунин тасвир намудааст:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,

Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.

Падид омад аз дур чизе дароз,

Сияҳрангу тиратану тезтоз.

Ду чашм аз бари сар чу ду чашма хун,

Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.

Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,

Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.

Ба зӯри каёнӣ биёзид даст,

Ҷаҳонсӯз мор аз Ҷаҳонҷӯ биҷаст.

Баромад ба санги гарон санги хурд,

Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.

Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,

Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.

Нашуд мор кушта, валекин зи роз,

Падид омад оташ аз он санг боз.

Ҳар он кас, ки бар санг оҳан задӣ,

Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.

Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,

Ниёиш ҳаме карду хонд офарин.

Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,

Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.

Бигуфто: «Фурӯғест ин эзадӣ,

Парастид бояд, агар бихрадӣ».

Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ,

Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,

Сада номи он ҷашни фархунда кард.

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,

Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр,

К-аз обод кардан Ҷаҳон шод кард,

Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард.

Бояд зикр намуд, ки Абурайҳони Берунӣ бунёди ин ҷашни пуршукӯҳро ба даврони подшоҳии Фаридун нисбат додааст: «Обонрӯз аст аз баҳманмоҳ. Ва андар шабаш, ки миёни рӯзи даҳум аст ва миёни рӯзи ёздаҳум оташҳо зананд ба газву бодом ва гирд ба гирди он шароб хӯранд ва лавҳу шодӣ кунанд… Ва аммо сабаби номаш чунон аст, ки аз ӯ то Наврӯз панҷоҳ рӯз аст ва панҷоҳ шаб…Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Бирюсп (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯзе, то мағзашон дар он ду реш ноҳондандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд….Афредун ӯро бигрифт, сарзаниш кард.

Унсурии Ғазнавӣ Ҷашни Садаро марбут ба Фаридуну Ҷамшед медонад:

Сада ҷашни мулуки номдор аст,

Зи Афредуну ваз ҷам ёдгор аст.

Бояд қайд намуд, ки ҷашни Сада мисли Наврӯзу Меҳргону Тиргон дар ягон давру замон шукӯҳу эътибори худро (ҳатто дар давраҳои исломӣ) аз даст надода, аз тарафи шоҳу амирон бо хосу ом ҳамеша бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мешуд. Шоирони забардасти тоҷик Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Азрақии Ҳиравӣ, Унсурии Балхӣ, Манучеҳрии Дамғонӣ ва садҳои дигар дар ашъорашон идҳои миллии мо Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргонро васфу тавсиф намудаанд.

Вожаҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон вожаҳои зебову қадиму асили тоҶикианд, ки аз ғановати забону фарҳанги қадимии мо гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҳамаи ин Ҷашнҳо ваҳдати инсону табиат, муттаҳидиву якдилӣ, дӯстиву рафоқат, пирӯзии некӣ бар бадӣ, нур бар зулмат, гармӣ бар сардӣ ва сериву пурӣ бар қаҳтиву нодорӣ чашмрасу намоён буда, моро ба ободкориву хештаншиносӣ ҳидоят менамоянд.

Сироҷиддин Раҷабзода- директори ИИТ ДМТ