ФАКУЛТЕТИ ФАЛСАФА

Кафедраи кори иҷтимоӣ Кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон
Кафедраи онтология ва назарияи маърифат Кафедраи сиёсатшиносӣ
Кафедраи психология Кафедраи сотсиология
Кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ

Факултети фалсафа соли 2001 ташкил ёфтааст ва яке аз факултетҳои ҷавони ДМТ ба шумор меравад. Таъсиси факултети фалсафа аз он хотир буд, ки дигаргунсозиҳои дар ҷомеа баамалоянда тарбияи ҷавонони дорои тафаккуру ҷаҳонбинии созандаву навро тақозо мекард.

Декани нахустини факултет номзади илмҳои фалсафа, дотсент Муҳабатов А. (2001-2004) буд, ки дар ташаккули факултет саҳми калон гузоштааст. Сипас дар ин вазифа дотсент Маҳмадова М.Ф. (2004-2006) ва доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Маҳмадов А.Н. (2007-2012) кор карданд. Аз моҳи феврали соли 2012 то имрӯз вазифаи декании факултетро доктори илмҳои фалсафа, профессор Назаров Р. ба уҳда дорад.

Факултет дорои 7 кафедраи тахассусӣ мебошад: таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ (мудири кафедра – д.и.ф, профессор Комилов Р.С), онтология ва назарияи маърифат (мудири кафедра – д.и.ф., проф. Зиёев И.Ғ.), сиёсатшиносӣ (мудири кафедра- д.и.с., проф. Зокиров Г.Н.), сотсиология (мудири кафедра -н.и.ф., дотс. Баромбеков В.А.), психология (мудири кафедра- н.и.с., дотсент Расулов С.Х.), равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон (мудири кафедра- н.и.с., дотсент Ҳукмишоев З.Д.), кори иҷтимоӣ (мудири кафедра – н.и.ф., дотс. Гиёев Қ.Ҳ.).

Коллективи педагогии факултет аз 52 нафар иборат буда, дар айни ҳол 10 нафар доктор ва 25 нафар номзадҳои илм ифои вазифа менамоянд. Аксари муаллимони ҷавони факултет хатмкардагони ихтисосҳои марбутаи он мебошанд.

Ҳоло дар факултет 1 дарсхонаи компютерӣ муҷаҳҳаз бо компютерҳои навтарин, 3 синфхона бо тахтаи электронӣ, 2 синфхонаи лингофонӣ ва 1 лабораторияи таълимӣ фаъолият мекунад.    Имрӯз дар факултет аз рӯйи ихтисосҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, менеҷменти сиёсӣ, сотсиология, психология ва кори иҷтимоӣ аз ҳисоби бюҷет ва дар асоси шартномаҳои инфиродӣ ва ташкилоту муассисаҳо дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона мутахассисони соҳибмаълумот тайёр карда мешаванд.

Семинарҳои илмию назариявӣ қисмати муҳими фаъолияти илмии 7 кафедраи марбути факултет мебошад. Дар машғулиятҳои он масъалаҳои сиёсӣ, фалсафӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию психологӣ мунтазам ба муҳокима гузошта мешаванд. Дар баробари ин, фаъолияти семинарҳои методии кафедраҳо дар ташаккули маҳорати педагогии омӯзгорони ҷавони факултет, ки аксариятро ташкил медиҳанд, нақши муҳим мебозад. Ин аст, ки дар тӯли фаъолияти факултет, 17 нафар устодони факултет (Умедов М., Абдулҳақов М., Раҷабов И., Алиев М., Баҳромбеков В., Бекназарова Г., Ҳукмишоев З., Ниёзов С., Асоев А., Расулов С., Амирхонов Ш., Қудусов Х., Раҷабов Б., Насурова Б., Маҳмадиев Н., Холов Х.) рисолаҳои илмӣ ҳимоя намуданд ва сазовори унвони номзади илм гаштанд.

Дар факултет 1 маҳфили илмии назди садорат “Ориёно”, 7 маҳфили илмии наздикафедравии донишҷӯён ва 4 маҳфили инфиродии устодон фаъолият менамоянд. Моҳияти машғулиятҳои онҳоро баррасии масъалаҳои назариявӣ ва амалии фалсафӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва психологӣ дар бар мегирад. Дар кори ин маҳфилҳо зиёда аз 100 нафар донишҷӯён ҷалб карда шудаанд.

Раванди таълим дар факултет дар шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст. Таъдоди донишҷӯён дар ҳарду шакли таҳсил 739 нафарро ташкил медиҳад. Дар шаш ихтисоси он (фалсафа, сиёсатшиносӣ, сотсиология, психология, кори иҷтимоӣ ва менеҷменти сиёсӣ) 23 нафар духтарон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд.

Хатмкардаҳои ихтисосҳои марбути факултет дар Вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо,  соҳаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ кору фаъолият мекунанд. Айни замон дар факултет чунин тахассусҳо арзи ҳастӣ менамоянд:

1.Тахасусуи файласуф – муҳаққиқ ва омӯзгори фанни фалсафа дар мактабҳои олӣ. Таҳсил дар ин тахассус 5 сол буда, донишҷӯёнро ду кафедра – кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ ва кафедраи онтология ва назарияи маърифат роҳнамоӣ менамоянд. Дар ин ду кафедра файласуфони шинохтаи тоҷик – академик Диноршоев М.Д, профессорон, докторони илми фалсафа,  Аҳмадов С.А., Маҳмадали Музаффар, Комилов Р., Зиёев И., Назаров Р., Қурбонов А.Ш,  ва даҳҳо номзадҳои илм ва устодони соҳибтаҷриба ба донишҷӯён таълим медиханд. Имрӯзҳо кафедраҳои тахассусӣ барои донишҷӯён тамоми шароитҳои таълимиро ва маводҳои лозимии таълимиро муҳаё намудаанд. Дар кафедраҳо маҳфилҳои илмии донишҷӯён амал карда, дар факултет ҳар рӯзи чоршанбе шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ, олимони варзида дар маҳфили «Ҷаҳони андеша» дар назди донишҷӯён баромадҳои илмӣ менамоянд. Инчунин дар ин ихтисос магистратура ва аспирантура низ ташкил карда шудааст.

2.Тахассуси сиёсатшинос (сиёсат ва идораи  давлатӣ ва менеҷменти сиёсӣ). Таҳсил дар ин ихтисос 5 сол буда, ба омода намудани ин мутахассисон дар факултет ду кафедра – кафедраи сиёсатшиносӣ (мудираш профессор Зокиров Г.Н.) ва кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон (мудираш дотсент Ҳукмишоев З.Д.) вобаста карда шудаанд. Аксари хатмкунандагони ин ихтисос дар мақомтҳои давлатии  ҳокимияти маҳаллӣ, вазоратҳои қудратӣ, созмонҳои ҷавонон ва созмонҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд. Донишҷӯёнро профессорон – Зокиров Г., Маҳмадов А.Н., Муҳаббатов А., доцентон Тауров , Солиев, Ҳукмишоев З., Қудусов Х.С., Муродова Н., Абдклҳақов М. ва даҳҳо номзадони илму устодони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд. Дар назди кафедраҳо маҳфилҳои илмии донишҷӯён хело ҳам фаъоланд. Донишҷӯён аллакай дар курсии донишҷӯӣ  навиштани корҳои илмӣ –тадқиқотӣ ва маҳорати роҳбариро аз худ менамоянд. Дар ҷодаи ин ихтисос дар факултет Шӯрои дифои рисолаҳои номзадию докторӣ фаъолият менамояд. Дар ин ихтисос магистратура ва аспирантура низ кушода шудааст.

3.Тахассуси корманди иҷтимоӣ. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар ҷаҳон тахассуси кори иҷтимоӣ дуввумин касби соҳибэҳтиром баъди тахассуси тиббӣ ба шумор меравад. Омода намудани ин навъи мутахассисон дар ҷумҳурӣ нав оғоз шудааст ва имсол 42 нафар (рузонаю  ғоибона) факултетро аввалин бор дар ҷумҳурӣ бо ин касби нав хатм намуданд ва ҳамагӣ аз ҷониби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда шуданд. Онҳо аввалин мутахасссиони дипломи маълумоти олӣ доштаи ҷумҳурӣ дар соҳаи кори иҷтимоӣ мебошанд. Соҳаи иҷтимоӣ дар мамлакат бузургтарин соҳа буда, бозори меҳнати он хеле ҳам васеъ аст ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат бузургтарин вазорати мамлакат ба ҳисоб рафта он ба 8 млн. аҳолии мамлакат сару кор дорад. Ин ихтисос барои тамоми соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ – нафақа, фонди иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, хона –интернатҳо барои маъюбон, бепарасторон,  камбизоатҳо ва пиронсолон, кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғайраҳо мутахассиси дараҷаи олӣ тайёр менамояд. Довталабон метавонанд ба шӯъбаи рӯзона, ғоибона ва магистратураи  шӯъбаи ғоибона  ҳуҷҷат супоранд.

4.Тахассуси психолог (равоншинос). Ин касбест, ки имрӯз дар ҷаҳон ва, махсусан Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле ҳам зарурӣ мебошад. Дар факултети фалсафа донишҷӯён усулҳои тахқиқи равоншиносиро аз худ карда, маҷмӯи донишҳои амалиро низ меомӯзанд. Имрӯз соҳае нест, ки ба равоншинос эҳтиёҷ надошта бошад. Аз ин рӯ, дар соҳаи маориф, роҳбарии давлатӣ, марказҳои илмӣ –тадқиқотӣ, тиб, соҳаи иҷтимоӣ, суд, прокуратура ва ниҳодҳои қудратӣ ниёз ба мутахассиси равоншинос хело ҳам зиёд шудааст. Факултети мо ягона макони омода намудани равоншиносони сатҳи олӣ дар мамлакат мебошад ва аз ин рӯ, кафедраи психология (мудриаш доцент Расулов С) ва устодони соҳибтаҷриба – дотсентон Юнусова З, Амонов  ва Алиев, муаллимони калон Давлатов М., Раҷабов Н., Каримов Қ, Ризвонова ….. имрӯзҳо дар тайёр кардани равоншиносони сатҳи олӣ хизмат карда истодаанд. Дар назди кафедра лабораторияҳо, Маркази ёрии психологӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва китобҳонаи назди кафедравӣ  барои донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён амал менамояд. Таҳсил дар ин ихтисос ба низоми аврупоии таълим  дузинагӣ мебошад. Дар зинаи аввал донишҷӯён  4 сол таълим гирифта соҳиби дипломи бакалавр мешаванд ва хоҳишмандон баъдан метавонанд дар зинаи дуюм – магистратура таҳсилашонро идома диҳанд. Муҳлати таҳсил дар магистратура 2 сол мебошад. Баъди ҳимояи рисолаи магистрӣ онҳо метавонанд дар зинаи докторантура барои дарёфти унвони илмии доктори илми психология қувва озмоянд.

5.Тахассуси сотсиология. Ягон ҷомеа бе таҳлилу хулосабарориҳои ҷомеашиносон оид ба паҳлуҳои гуногуни зиндагии инсон наметавонад арзи вуҷуд кард. Ин таҳлилҳоро дар асоси усулҳои тадқиқотии махсуси сотсиологон дар ҷомеа ба анҷом мерасонанд. Илми сотсиология илми тадқиқотӣ ва тахассуси сотсиолог ин тадқиқотчии ҷомеа мебошад. Ин касб низ имрӯз дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон хело ҳам зарур ва хушхаридор гардидааст. Омода намудани сотсиологҳо (ҷомеашиносон)-ро ягона макотиби олии мамлакат – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои тамоми ҷумҳурӣ дар назди факултети фалсафа ба уҳда гирифтааст. Кафедраи сотсиология (мудираш  дотсент Баҳромбеков В.Д.) таҷрибаи зиёди илмию амалиро дар тайер кардани сотсиологҳо ҳосил кардааст. Донишҷӯён бо роҳбаладии устодони кафедра усулҳои тадқиқоти сотсиологиро омӯхта дар лоиҳаҳои тадқиқотӣ аз аёми донишҷӯи ширкат варзида, маҳорати илмию амалии тадқиқоти сотсиологиро аз худ менамоянд. Хамкунандагони ин ихтисос дар соҳаҳои гуногуни давлатию ғайридавлатӣ фаъолият менамоянд.