ФАҲМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР НИЗОМИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

848

Истиқлолият ва раванди истиқлолиятгароӣ масъалаи муҳими ташаккул ва рушди минбаъдаи кишварҳои мухталиф мебошад. Кишварҳои зиёд маҳз дар раванди истиқлолиятгароӣ имконияти ба даст овардани мустақилияти сиёсиро аз метрополия, баъзан аз субъекти асосии федератсия ва баҳри озод намудани кишвар аз истилолгарон пайдо намуданд. Дар ибтидо ин амал бо озодшавӣ аз таъсири беруна оғоз гардида буд. Баъдан, он бо омилҳои дигари давлатдорӣ ба мисли ҳифзи истиқлолият ва амнияти пойдории он, муайян намудани мавқеи худ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва ғайра алоқамандӣ дошт. Дар асл истиқлолият бо соҳибихтиёрии сардори давлат дар қабули қарорҳои сиёсӣ пиёда гардида, манфиату хоҳиши он боло мегирифт. Бинобар ин, барои дарки пурраи масъалаи мазкур моро зарур аст, ки ба ҷабҳаҳои назариявии он аҳамият дода, аз нигоҳи илмӣ ба воқеияти он баҳо диҳем. Пас истиқлолият чист? Моҳият ва хосияти сиёсии он бо кадомин омилҳои давлатдориву ҳокимиятсолорӣ пайваста аст?

Фаҳми суверенитет, истиқлолият, соҳибихтиёрӣ мазмунан ҳар замон бо унсурҳои давлатдорӣ ё таснифоти давлат алоқаманд буданд. Масалан, ҷабҳаи илмии мафҳумҳои мазкур мутобиқи шакли идоракунӣ, ҳолати режими давлатӣ, фазои имкониятҳои ташаккули инсон ва ҷомеа матраҳ гардида, хосияти мухталифро соҳиб гардидаанд. Дар иртибот бо фаҳми муосири мафҳуми истиқлолият (соҳибихтиёрии ҳокимияти давлатӣ) мавриди таҳлили андешаҳо оид ба дарки мухталифи он, ки аз ҷониби олимон тавсиф гардидааст, ба миён меояд.

Истиқлолият чун идеология. Баъзе аз муҳаққиқон соҳибистиқлолиро бо мавҷудияти идеологияи соҳибихтиёрӣ тавсиф мекунанд, ки дар он вазъи ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ҳузури як чеҳраи соҳибихтиёр, яъне ҳокими олӣ (як шахс ё гурӯҳи одамон) ба назар мерасад. Дар ин ҳолат, мавқеи қудрати олӣ тавассути маҷмӯи иловагӣ тасвир карда мешавад ва доштани зуҳуроти дохилӣ ва берунии принсипҳо чун қудрати номаҳдуди ҳокими олӣ, умумии институтсионалӣ, тақсимнопазир, устувор ва мустақилият аз ҳокимиятҳои шабеҳи он мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, дар фалсафаи сиёсӣ фаҳми суверенитет бо мафҳуми мутлақият ҳаммаъно дониста мешавад. Тадқиқотчӣ Ж. Маритен оид ба ин масъала мегӯяд. Ду мафҳум – «соҳибихтиёрӣ» ва «мутлақият» – дар як деги оҳангудозӣ, якҷоя гудохта шуданд. Ва ҳардуро мебояд партофт [Маритен Ж. Человек и государство. – М.: Идея-Пресс, 2000. 195 с., с. 53].

Баъдан, соҳибихтиёрӣ чун шакли режим, восита ё усули идоракунии марказонидашуда муайян мешавад. Дар ин ҷо мафҳуми соҳибихтиёрӣ аз нуқтаи назари ҳама гуна навъҳои режимҳои марказонидашудаи ҳокимият (тоталитарӣ, авторитарӣ, этатӣ, худкома, мутлақ, султонӣ, деспотӣ) амалан самаранок ва қобили тавзеҳ аст. Аз ин ҷост, ки Ж.Боден як тарҳи интиқолдиҳандаи маъмулӣ соҳибихтиёриро дар симои монархи «мутлақ» мебинад. Маҳз ифодакунандаи зуҳуроти истиқлолият, яъне бо мустақилияти ҳокимияти ҷудонашавандаи монарх алоқаманд аст. Ҳокими олӣ, яъне ҳокимияти монарх аз рӯи қонун ва берун аз қонун мавҷуд аст. Дар он сурат вай соҳибихтиёр аст, ки ҳеҷ яке аз муассисаҳои мавҷудаи ҳокимияти давлатӣ салоҳияти бекор кардани қарорҳои ӯро надоранд, инчунин, қобилияти рақобатпазирро созмон намедиҳанд. Ӯ худ соҳибихтиёр аст ва ҳуқуқро барои субъектҳо эҷод мекунад, худ берун аз қонун аст. Барои фаъолияти қонунгузории ӯ ягон маҳдудияти қонунӣ вуҷуд надорад ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Саркашӣ аз иҷрои қонунҳои баровардаи ӯ низ ба муҷозот мебарад. Бояд дарк кард, ки мавқеи соҳибихтиёр бо ҳуқуқ маҳдуд намешавад. Соҳибихтиёр ба қонунҳое, ки худи ӯ, яъне аз номи давлат эҷод мекунад, итоат намекунад [2, с. 223]. Соҳибихтиёрӣ ғояи қудратнок будани мутлақият ва номаҳдуди давлатро дар ҳудуди он инъикос мекунад [13, с. 161].

Дар режими демократӣ моҳияти соҳибихтиёрӣ маънои халқиро таҷассум мекунад. Масалан, дар Эъломияи истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (1776) ин нақши муайянкунандаи ҷомеаи маданӣ ба таври зерин ифода ёфтааст: ҳама одамон ба ҳаёт, озодӣ, истиқлолият, моликият, хушбахтӣ ва амният ҳуқуқҳои баробари модарзодӣ доранд; халқ манбаи қудрат аст ва он соҳибихтиёрӣ дорад, ҳукумат хизматгори халқ аст. Ҳама мақомоти давлатӣ бояд ба манфиати мардум амал кунанд ва агар онҳо манфиатҳои онро вайрон кунанд, дар ҳолати иҷро нагардидани вазифаҳои ҳокимият ва пеш аз ҳама, вазифаи ғамхорӣ дар бораи некуаҳволии тамоми халқ, мардум ҳақ доранд аз ҳукумат саркашӣ кунанд ва онро сарнагун кунанд [Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ.1- 3. – Душанбе, «Андалеб-Р» 2015.)

Сеюм, истиқлолият чун шакли сохтори давлатӣ. Марбут ба сохтори давлатӣ соҳибихтиёрии ҳокимият дар сохтори унитарӣ, яъне ягона бештар маълум мегардад, зеро он қобилияти ба амал баровардани ҳокимияти худро дар ҳудуди ягонаи маъмурӣ ба таври оммавӣ дорад. Масалан, федератсия имконияти сохибихтиёрӣ ва мустақилияти субъектҳоро зиёд намуда, волоияти истиқлолияти субъекти асосиро поймол месозад. Кӯшишҳои ба ҳам пайвастани суверенитет ва федерализм боиси зиддиятҳои сохторҳои дохилӣ мешавад, чун маҳдудият (аз ҷониби субъекти болоӣ назорат гардидани субъектҳо), тарҳи дугона (субъектҳо ва субъекти болоӣ), соҳибихтиёрии босамар (дар сиёсати дохилӣ ба даст овардани комёбиҳо) мегардад. Оид ба конфедератсия андеша наронем ҳам мешавад, зеро дар он маҳз истифодаи ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ имконияти муттаҳидшавиро муҳайё мекунад, ки албатта он низ метавонад ё хосияти инфиродии қабули қарор аз ҷониби сарвари давлат ё хусусияти дастаҷамъии онро дошта бошад.

Чорум, истиқлолияти давлатӣ. Давлат чун омили асосии инкишофи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ манфиатҳои гуногуни гурӯҳҳои иҷтимоиро ба эътибор мегирад. Бинобар ин, давлат шакли махсуси ташкили ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки соҳибихтиёриро дар идоракунии ҷомеа бо воситаи истифодаи дастгоҳи махсус ҳуқуқ дорад. Истиқлолияти давлатӣ бо волоият ва мустақилияти ҳокимияти давлатӣ пайваста аст. Ҳатмӣ будани қарорҳои ҳокимияти давлатӣ барои аҳолӣ, бекор кардани қарорҳо, баровардани қонун, истифодаи зӯрӣ ва ғайра чун фаъолияти давлат ба мақоми мустақил доштани он фароҳам оварда мешавад.

Истиқлолият, инчунин, тавассути соҳибихтиёрии давлат ва мустақилияти он аз дигар давлатҳо муайян карда мешавад, ки таввасути ҳокимияти сиёсӣ барои ба амал баровардани сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ифода меёбад. И.Д. Левин нишонаҳои суверенитети давлатиро чунин муайян мекунад: 1) Ягонагии қудрат, ҳокимият. 2) Монополия ё маҷбурияти қудрати давлатӣ. 3) Ҳокимияти номаҳдуди давлатӣ [Левин И. Д. Современная буржуазная наука государственного права. – М.: Изд-во Академ. наук, 1960. 399с., с. 71]. Дар асари Ж.Боден «Шаш китоб дар бораи ҷумҳурӣ» суверенитет дар маънои ҳокимияти олӣ фаҳмида мешавад [Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ.1- 3. – Душанбе, «Андалеб-Р» 2015. , с. 480]. Аз ин рӯ, фаҳми суверенитет мустақилияти пурраи давлатро аз давлатҳои дигар дар амалӣ намудани сиёсати дохилӣ ва берунӣ муайян мекунад, ки чун назарияи сиёсӣ бо мавҷудияти ҳокимияти олии сиёсӣ алоқаманд аст.

Истиқлолияти давлатӣ бо таъмини мустақилият ва рушди соҳаҳои ҷомеа низ пайваста аст, ки дар ин асно ибораҳои истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти иқтисодӣ, истиқлолияти иҷтимоӣ, истиқлолияти фарҳангӣ зуҳур меёбанд. Дар дарки назарияи истиқлолият ва мушахасгардонии моҳияти илмии он тазодҳои мухталиф низ ҷой доранд. Масалан, дар фаҳми яккаҳукмронии мутлақ чун соҳибихтиёрӣ зиддият бо назарияи волоияти қонун мушоҳида мешавад, ки он принсипҳои номаҳдуд ва ягонагии қудратро рад мекунад. Бояд хотиррасон кард, ки волоияти қонун ҳуқуқҳои (озодии) шахсро ҳамчун арзиши олӣ пешбинӣ мекунад. Ҷ.Локк ва Ч.Монтескё имконияти озодии инфиродро бо мавҷудияти тақсимоти ҳокимият, ки аз муассисаҳои ҳокимияти давлатии махсусгардонишуда иборат аст, муайян мекунанд. Аҳамияти иҷтимоиву фарҳангии ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон дар он ифода меёбад, ки дар сатҳи матни махсуси расмии ҳуқуқӣ – конститутсия сабт ёфтааст, ки ба маънои: а) вақте ки мавҷудияти ҳуқуқ, на тавассути санадҳои ҳокимияти олӣ ё иродаи давлат шарҳ дода мешавад, балки он бе давлат ва дахолати он низ ҷой дорад; б) дахлнопазирӣ, яъне имконнопазирии онҳо ва, пеш аз ҳама, ба воситаи қонунгузорӣ бекор нагаштани он. Аз ҷиҳати идеологӣ бекор кардани ҳуқуқи инсон барои муассисаҳои давлатӣ дастнорас аст. Фаъолияти онҳо маҳз бо таъмини ҳуқуқҳои инсон маҳдуд мешавад, ки мантиқан моҳияти ҳокимияти маҳдудро инкор мекунад [Габрелян Э. В. Суверенитет и права человека в условиях глобальной модернизации // Правоведение, 2013, № 4 (309), с. 41].

Таъмини ҳуқуқҳои табии шахс бо назардошти шартномаи ҷамъиятии пайдоиши давлат ба қавли Ҷ.Локк маҳдудияти амали қудрат ва ҳокимияти олӣ мегардад. Маҳз мавҷудияти маҳдудсозии ҳокимияти олии мутлақ имконияти ташаккули институтҳои сиёсии мустақилро, ба мисли ҷумҳурӣ, конститутсионализм, ғайримарказикунонии амудӣ ба миён меорад [Харт Г. Л. Понятие права. – СПб.: Изд. С-Петерб. ун-та, 2007. 302 с., с. 72]. Таърихи конститутсионализм ва мазмуни он, пеш аз ҳама, бо маҳдуд сохтани ҳокимият ва ғайримарказонидани он алоқаманд аст. Албатта, таърихи конститутсионализм ин таърихи либерализм аст, ки бо муборизаҳои шаддиди байни назарияи консептуалии истиқлолият ва назарияи марбут ба давлати қудратманд пайвандӣ дорад. Тарҳи амудии таъмини тақсимоти ҳокимият дар доктринаи сиёсии ИМА дар шакли федерализм бо мақсади парокандасозии қудрати идорасозӣ бо таъмини озодии инсон (марказ ва ҳукумати маҳаллӣ) ва шакли уфуқии он мисли тақсимоти уфуқии салоҳиятҳо байни шохаҳои ҳукумат, федерализм яке аз ҷузъҳои асосии системаи конститутсионӣ мебошад. Ба он асосан мавҷудияти институтҳои мустақил, рақобатпазир ва зиддиятнок, системаи таносуб ва тавозун, рақобати сиёсӣ, назарияи плюралистии қудрат ҷой дорад.

1. Мафҳуми соҳибихтиёрӣ дар анъанаи сиёсии континенталии Европа пайдо шуд ва дар ибтидо татбиқи он ба анъанаи сиёсии англосаксонӣ ва амалияи ташаккули муассисаҳои ҳокимияти давлатӣ мушкилот дошт. Масалан, дар анъанаи сиёсӣ ва ҳуқуқии англисӣ назарияи истиқлолияти халқӣ, миллӣ ва давлатӣ таҳия нашудаанд, он чун эҳтироми мақоми соҳибихтиёр боқӣ монд. Дар ИМА волоияти қонун бо радди қатъии соҳибихтиёрӣ омезиш ёфт. К.Шмитт қайд менамояд, ки фаҳми англосаксонии давлати плюралистӣ тафсири анъанавии давлатро тавассути соҳибихтиёрӣ поймол месозад [Шмитт К. Государственная этика и плюралистическое государство // Государство и политическая форма. – М., 2010. 272 с. , с. 237].

2. Дар пайравӣ ба фаҳми истиқлолияти Локк, ба гуфтаи Хантингтон, америкоҳо ин қадар зидди давлат мебошанд, ки давлат барои онҳо чун маҳдудият баромад мекунад [Хантингтон С. Политический порядок в меняющихся обществах. – М., 2004. , с. 113]. Яъне, давлат дар назди манфиатҳои табақаҳои гуногун ва аҳолӣ заиф гардида, заминаро барои рушди озодиҳои фаъолияти одамон ва татбиқи амалии дурнамои рушди ҷомеа муҳайё менамояд. Танҳо ба воситаи амали намудани манфиатҳои умумиамерикоӣ истиқлолияти давлатӣ ҳимоя мегардад. Аз ин рӯ, ҳуқуқи конститутсионии ИМА мақоми озодии бунёдии инсонро муқаррар карда, соҳаҳои озодии ҳудуди фаъолияти шахсро дар доираи фаъолияти давлатӣ маҳдуд намекунад. Маънои суверенитет дар ҳуҷҷатҳои расмӣ интишор мегардад, ки воқеиятро чандон инъикос намекунад. Суверенитети давлатӣ бо суверинитети миллӣ, бо суверенитети субъектҳои асосии созмонҳои байналмилалӣ ё баъзан бо суверенитети манфиатҳои табақаҳои ҳукмрон омезиш меёбад. Сарфи назар аз номувофиқии мафҳумҳои соҳибихтиёрӣ ва давлати ҳуқуқӣ масъалаи мантиқан рад кардани категорияи соҳибихтиёрӣ аз ҷониби баъзе аз назариётчиёни иҷтимоии асри ХХ ба вуҷуд меояд, ки мустақилияти мақомотҳои давлатӣ, махсусан, мақомоти қонунбарорро чун муайянкунандаи салоҳияти давлатӣ дар иртибот дорад. Ба ҳар ҳол он аз номи халқ ва давлат изҳор мешавад.

Дар ин ҳолат ҳангоми истифодаи истилоҳи «соҳибихтиёр» бидуни симои соҳибихтиёр, мафҳуми соҳибихтиёрӣ ба таври сунъӣ пур карда мешавад, мундариҷаи нав бо услуби кулан дигарро пайдо мекунад. Дар ин асно фаҳми ҳокимияти халқӣ, соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатӣ тавлид меёбад.

Дар кишварҳое, ки принсипи ғайридунявии давлатсолорӣ вуҷуд доранд, таъин кардани соҳибихтиёрӣ ба мардум, инчунин, бо тавзеҳ додан ба манбаи илоҳии қудрат (мансубияти соҳибихтиёрии Худованд. Масалан, Қудрати мутлақ бар ҷаҳон ва инсон ба Худо мутааллиқ аст. М. 56 – и Конститутсияи Эрон) алоқаманд аст [Габрелян Э. В. Суверенитет и права человека в условиях глобальной модернизации // Правоведение, 2013, № 4 (309). , с. 41].

Албатта, он бештар хосияти рамзӣ, мистикӣ ва ихтиёрӣ дорад ва нақши легитимиро иҷро намуда, ба воқеияти иҷтимоӣ начандон мувофиқ аст. Зеро он механизмҳои муайяни таъсиррасонии «соҳибихтиёр»-ро дар шакли маҷбурнамоӣ, зӯроварӣ, таъсиррасонӣ ва муҷозот надорад. Агарчи муносибатҳои дар ин маврид бо таъмини ҳолатҳои ғоявию афсонавӣ сурат мегирад, он танҳо воситаест баҳри сарҷамъ намудани халқу миллат ва давлат мебошад. Масъалаи дигаре, ки ба фаҳми истиқлолият марбут аст, бо мафҳуми “истиқлолияти халқӣ” алоқаманд аст. Дар маҷмӯъ онро муҳаққиқон чун фаҳми техникиву ҳуқуқӣ иброз менамоянд, ки чун амалиёти демократӣ интишор мешавад. Мафҳуми “соҳибихтиёрии халқ” аз нигоҳи техникӣ ва ҳуқуқӣ бофташуда аст. Мавқеи қасдан офаридашуда, ихтироъшудаи мафҳуми бофташуда, ки ба воқеият мувофиқат намекунад ва одатан бо ягон намуди ҳадафи мушаххас истифода мешавад, соҳибихтиёрии халқӣ мебошад [Левин И. Д. Современная буржуазная наука государственного права. – М.: Изд-во Академ. наук, 1960. 399с., с. 263].

Мафҳуми халқ ҳамчун категорияи умумииҷтимоӣ моҳияти дастаҷамъии ифодаи муносибати одамонро ба ҳодисаҳои сиёсӣ муайян мекунад. Вақте ки мо халқ мегӯем дар назар муносибати одамонро ба Ватан, чун масъулияти шаҳрвандӣ, ба наслҳои оянда чун аҷдодони поягузори халқу миллат, масалан, яке аз ҳамин гуна мустақилият дар қабули Конститутсия ва дебочаи он омадааст. «Мо, халқи Тоҷикистон… ҳамин конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Дар ин ҷо Конститутсия соҳибихтиёрии халқиро муайян мекунад. Тарҳи ҷолиби ҳамоҳангсозии муносибатҳои рӯзмарраи одамон марбут ба шуур ва фарҳанги муқаррарии онҳо хосияти легитимиро пайдо мекунад. Давлат мафҳуми халқиро чун таҷассумсозандаи мақоми волоии шахс ва баланд бардоштани мартабаи он дарҷ месозад. Масалан, сазовор донистани шахс ба унвони қаҳрамонони халқ ё ҳунарпешаи халқӣ ва ғайра. Аз тарафи дигар соҳибихтиёрии халқӣ бо мавҷудияти тарҳои психологии рафтор, маданияти сиёсӣ ва менталитет мавқеи худро метавонад на танҳо дар шинохти миллӣ, балки бо назардошти талаботҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ пиёда намоянд. Шартҳои он дар асоси ба «шуури иҷтимоӣ», “руҳияи халқӣ», «ҳуввияти миллӣ» ва ғайра метавонанд интишор гарданд. Ба мисли англопарастӣ, русификатсия, арабигардонӣ ва ғайра. Дар ин асно мустақилияти халқӣ на танҳо ба воситаи давлат, ки дорои ҳудуд ва аҳолӣ мебошад, балки ба воситаи кудратмандии давлат ва миллат сипарӣ мегардад. Ё барои баъзе миллатҳо он танҳо ҳамчун образҳои шоирона пайдо мешавад, ки аз маънои аслии онҳо гирифта шудаанд ва ҳисиёти онҳо ба воқеият мувофиқат намекунад [Сорокин П.А. Система социологии. Т. 1. – М., 1993. 376 с., с. 316].

Пас аз он ки моҳияти истиқлолият дар фаҳми сиёсии он дар асоси маводҳои илмӣ тахлили назариявии худро пайдо кардааст, мо тасмим гирифтаем, ки хосиятҳои онро дар таҷрибаи сиёсии Тоҷикистони муосир тасдиқ созем. Барои Тоҷикистон дарки фаҳми истиқлолияти давлатӣ ё сиёсӣ ва истиқлолияти миллӣ зарур аст. Тоҷикистони советӣ чун давлат дар ҳайати СССР ҷой дошт. Албатта, ба маънои истиқлолияти комил доштан он ифода намеёфт. Лекин дар иттифоқ он соҳиби ҳудуд ва аҳолии муайян гардид, нишонаҳои давлатро пайдо кард. Ба ҳар ҳол ҷумҳурии советӣ тавонист, ки имконияти ташаккули миллати тоҷикро таъмин созад. Он мустақилияти миллиро ифода кунад ҳам, лекин тобеият ба марказ хело чашмдошт буд. Маҳз вазъи инкишофи солҳои 90-уми асри ХХ имконияти ташкили давлати мустақилро пас аз пошхӯрии Иттифоқи Советӣ фароҳам овард. Бояд тазаккур намуд, ки вобаста ба конститутсияи соли 1978, дар моддаи 68 Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёри советии сотсиалистӣ эътироф гардида буд. Барандаи ин соҳибихтиёрӣ ба мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ дар РСС Тоҷикистон ба Совети Олии РСС Тоҷикистон мутааллиқ буд. Ба салоҳияти Совети Олии РСС Тоҷикистон қабули Конститутсияи РСС Тоҷикистон, тағйирот ба он, тасдиқи нақшаҳои давлатии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, буҷети давлатии ҶШС Тоҷикистон ва ҳисобот дар бораи иҷрои онҳо, ташаккули органҳои ба он дахлдор ва ғайра мансубанд. Боз яке аз хусусияти аҷоиб дар он аст, ки соҳибихтиёрӣ дар самти амалинамоии сиёсати берунӣ низ ба назар мерасад.

Масалан, дар моддаи 75 омадааст: «РСС Тоҷикистон ҳуқуқ дорад бо давлатҳои хориҷӣ робита кунад, бо онҳо шартнома бандад ва намояндагони дипломатӣ ва консулиро мубодила кунад, дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзад». Албатта, ин гуна соҳибихтиёрии «коғазӣ» дар асл имконияти иҷро шуданро надошт. Дар системаи сиёсии пӯшидаи ИҶСШ ягон ҳодиса ё раванде бе иҷозати субъекти асосӣ хосияти амалӣ шуданро пайдо намекард. Яъне, он истиқлолият танҳо дар шакли федератсия бояд зоҳир мешуд, лекин аслан ин тавр набуд. Ба гуфтаи Г.Н.Зокиров «Дар замони советӣ принсипи сохтори федеративиро принсипи тақсими миллию ҳудудӣ ташкил медод, ки мутлақо муқобили фаҳми принсипи классикии федерализм қарор гирифта буд» [Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ.1- 3. – Душанбе, «Андалеб-Р» 2015, с. 305]. Истиқлолияти давлатии мо дар зери ливои демократикунонӣ, либераликунонии иқтисодиёт ва буҳронҳои иқтисодиву маънавӣ 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум замоне, ки Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС буд, қабул гардид. Дар он омада буд: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлоли сермиллат мебошад [Зокиров Г.Н. Донишномаи сиёсӣ. Ҷ.1- 3. – Душанбе, «Андалеб-Р» 2015, с. 502]. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 – уми сентябри соли 1991 худро чун давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд эълон намуд. Замони муосирсозии Тоҷикистон бо тақкими истиқлолияти он вобаста буд. Таъсиси системаи нави сиёсӣ мебоист принсипи истиқлолиятро ба воситаи таъмини ҳокимияти сиёсии тавоно ва коршоям омода месохт. Аз ин рӯ, конститутсияи соли 1994 тағйироти ҷиддиро дар фаҳми истиқлолият маълум намуд.

Дар системаи муосири Тоҷикистон ифодакунандаи сохибихтиёрӣ, президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо назардошти демократӣ будани Тоҷикистон дар он ташаккули манбаи мутлақи соҳибихтиёрӣ, ки аз иродаи як шахс ё гурӯҳ ибтидо мегирад, вуҷуд надорад. Бинобар ин, соҳибихтиёрии кишвари тозаистиқлол дар ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ сабт ёфта, дар шаклҳои зерин ба амал бароварда мешавад: – Тоҷикистон чун кишвари соҳибихтиёр эътироф гардидааст (Моддаи 1.). Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. (Мод. 7, қисми 3.) Истиқлолияти давлатӣ ба воситаи механизмҳои давлат, ки қобилияти баамалбарории салоҳияти мустақили худро доранд, таъмин мешавад; – Давлати Тоҷикистон принсипи соҳибихтиёриро бо дарназардошти таъмини идоракунии президентӣ муайян мекунад. Дар моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти Президент дар муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ оварда шудааст. Ҳамаи салоҳияти Президенти Тоҷикистон ифодакунандаи фаъолияти озоди он мебошад, ки хоҳу нохоҳ бо принсипи соҳибихтиёрии сарвари сиёсӣ алоқаманд аст. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ мебошад, ки ифодасозии таҳкими истиқлолият ва таъмини онро дарҷ месозад. Принсипи ифодасозандаи истиқлолияти давлатӣ дар қисми дуюми моддаи 64-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин шакл оварда шудааст: Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад; – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ таъмини соҳибихтиёриро дар дӯш дорад.

Намояндагони халқӣ ва аъзои Маҷлиси Миллӣ дар қабули қонунҳо, таъсис додани мақомотҳои маъмуриву ҳудудӣ, ҳуқуқиву назоратӣ, муайян кардани самтҳои фаъолияти соҳаи иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва муносибатҳои байналхалқӣ ва ғайра саҳмгузор ҳастанд ва, пеш аз ҳама, принсипи мустақилиятро вобаста ба амалӣ намудани салоҳияти худ доранд, ки чун тақсимоти ҳокимият маълум аст. Яъне, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо принсипҳои муайяни давлатдорӣ, ба монанди демократия, ҳуқуқбунёд алоқаманд аст, ки аз мустақилияти мақомотҳо дарак медиҳад; – мафҳуми “истиқлолияти халқӣ” бо номи демократия алоқамандӣ дорард, яъне халқ ба воситаи намояндагони худ истиқлолиятро ҳифз менамояд. Шакли маъмули истиқлолияти халқӣ раъйпурсӣ мебошад. Мустақилияти инфироди сиёсӣ дар қабули қарорҳои сиёсӣ дар интиҳо бо фаҳми истиқлолияти давлатӣ ҳаммаъно мешавад, ки таъмини марзу бум ва ваҳдату суботи кишварро вазифаи худ медонад.

Хулоса, моҳияти истиқлолият аз омилҳои гуногун дар фаҳм ва воқеияти он вобаста аст. Дар системаи сиёсии Тоҷикистон истиқлолият ҳам дар шакли амудӣ (ба воситаи ҳокимияти давлатӣ) ва ҳам дар шакли уфуқӣ (ба воситаи ҷомеаи маданӣ) қабули қарори сиёсӣ ба амал бароварда мешавад, ки муносибати давлат ва ҷомеаро дар муайян кардани самтҳои инкишофи ҷомеа ошкор месозад. Истиқлолият мустақилияти давлатро таманно дорад, пас дар давлат вобаста ба режими сиёсӣ, хосияти соҳибихтиёрӣ, фаъолияти мақомотҳои он соҳибихтиёрӣ тавлид меёбад, ки дар маҷмӯъ аз таъмини истиқлолияти кулл сарчашма мегирад.

Н.С.Муродова,

н.и.с., дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДМТ