ФАКУЛТЕТ УСУЛҲОИ МУОСИРИ ИЛМИ ХИМИЯРО ҶУСТУҶӮ НАМОЯД

355

Ҷаҳони имрӯза ва ҳаёти инсониятро бе рушди илмҳои табиатшиносиву дақиқ ва дастовардҳои он тасаввур кардан ғайриимкон аст. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар ва бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза рушду тараққиёти илми муосир ва ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои рушди тафаккури техникии насли наврас дар кишварамон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд, ки фанни химия яке аз қисматҳои асосии илмҳои табиатшиносӣ мебошад.

 Вобаста ба ин имрӯз (09.03.2023) вохӯрии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати устодону кормандони факултети химияи донишгоҳ доир гардид.

Дар мулоқот самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулин дастурҳои мушаххас гирифтанд.

Ректори донишгоҳ доир ба интизоми меҳнат, таълим, илм, равобити байналмилалӣ, тарбия суханронӣ намуда, иброз дошт, ки факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон яке аз махзанҳои муҳими омодкунии кадрҳо дар самти мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, муҳандисӣ ва технологии ҷумҳурӣ буда, ҷиҳати анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ ва кашфиёту навоварӣ пешсаф бошад. Таъсиси лобароторияҳои омӯзишӣ ва дуруст истифода намудан аз техникаву технологияҳои муосир бо ҷалби мутахассисону муҳаққиқон инчунин, корҳои илмию таълимӣ, омода намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ вазифаи асосии факултет аст.

Зимнан гуфта шуд, ки масъулини факултет, аз ҷумла мудирони кафедраҳо ҷиҳати гузаронидани дарсҳои кушод, дуруст ба роҳ мондани нақшаи таълимӣ, истифода намудани технологияи иттилоотию иртиботӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналмилалӣ, ташвиқу тарғиби гуруҳҳои русӣ – англисӣ, дарёфти грантҳо ва ғайраро бояд аз пештара дида бештар таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Ҳамчунин, факултет баҳри боз ҳам рушд бахшидани мавқеи худ ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, махсусан, омӯзиши илми химия роҳу усулҳои муосирро ҷустуҷӯ ва дар раванди таълим онро татбиқ намуда, баҳри таъмини озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ бо асбоб ва таҷҳизоти замонавӣ пайваста тадбирҳои амалӣ андешад.