ХАТАРИ ИМРӮЗУ ФАРДО

305

Дар ҳамаи давру замонҳо ҳадафу мақсади аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он бунёд ва ҳифзи рӯзгори осоиштаи халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллаташ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Вале баҳри расидан ба ин аҳдоф уқдаҳои печида ва монеаҳои ғайричашмдошт пеш меоянд, ки барои рафъи он кӯшишу талошҳои дастаҷамъонаи зиёде лозиманд. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз инсоният дар арсаи хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили экстремизму терроризм, паҳншавии маводи мухаддир ва амсоли инҳо қарор дорад. Айни замон ба гурӯҳи ин хатарҳои ояндасӯз коррупсия зам шудааст. Дар ин радиф коррупсия низ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ решаҳои амиқ давондааст, ки аз хатарҳои зикршуда тафовуте не, балки ба онҳо алоқамандии зич дорад.

Мавзӯи мазкур дар чорабине, ки бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: Насруддинзода Қ.Ш., Раҳимзода Ш., намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Умарзода И.М. ва намояндагони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД: Шарифзода Ф., Амиршозода Б.Р., ҳамзамон, намояндагони вазорати маориф ва илму дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ миёни устодону донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллӣ доир шуд, мавриди таҳлил қарор гирифт. Меҳмонон иброз доштанд, ки терроризм, ифротгароӣ ва коррупсия хатарҳои имрӯзу фардо буда, барои рафъи онҳо кори дастаҷамъона лозим аст.