ИҶЛОСИЯ – САҲИФАИ ДУРАХШОН ВА ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХӢ

409

Истиқлолияти давлатӣ – арзишмандтарин дастовард, бузургтарин неъмат ва беназиртарин сарвати халқи шарифи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамчун воқеаи фараҳбахши таърихӣ ва ҳодисаи муҳиму сарнавиштсоз ба тоҷикон озодиву соҳибихтиёриро ҳадя намуд.

Акнун мебоист, ки кишвари тоза ба истиқлол расидаи мо барои мустақилона ба роҳ мондани сиёсати дохилӣ оид ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва амалисозии сиёсати фаъоли хориҷӣ ҳамчун субъекти комилҳуқуқи робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳон гомҳои устувор гузорад. Зарур буд, ки ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ Конститутсия ва рамзҳои давлатии кишвари соҳибистиқлол қабул гардида, дар мамлакат ислоҳотҳои амиқи сиёсиву ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ амалӣ карда шаванд, фаъолияти муназзаму муътадили мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъмин карда шуда, барои зиндагонии ҳар як сокини мамлакат шароити арзанда фароҳам оварда шавад.

Қисмат мардуми тоҷикро бо дарназардошти ҳодисаву воқеаҳо ва тағйироту таҳаввулотҳои босуръати солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ дар роҳи ҳифзу нигаҳдошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ ба душвориву мушкилиҳои сангин мувоҷеҳ кард. Пош хӯрдани давлати абарқудрати Шуравӣ ба кандашавии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои пасошӯравӣ боис гардид. Ин омил тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро ба бӯҳронҳои шадиди сиёсиву иқтисодӣ дучор намуд. Гузашта аз ин якбора боло рафтани рӯҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гурӯҳу ҷунбишҳои гуногун, надоштани таҷрибаи кофии сиёсии идории кишвари соҳибихтиёр аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат, тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар оварда расонид.

Мутаассифона, дар натиҷаи мухолифатҳои шадиди сиёсӣ, бар асари мудохилаи ошкорои қувваҳои муайян аз ҳориҷи кишвар, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа бо мақсади ба сари мардуми тоҷик таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ сурат мегирифт, оқибат Тоҷикистон ба коми оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда ба хоҷагии халқи мамлакат ҳисороти азими иқтисодӣ ва талафоти ҷуброннопазири ҷониву маънавӣ расонида шуд. Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ давлати навтаъсиси тоҷикон ва миллати фарҳангсолори тоҷик дар чорсӯйи тақдир дар ҳолати яъсу навмедӣ қарор гирифта, роҳу равиши минбаъда ва дурнамои пешрафташ зери суол қарор гирифта буд. Вазъияти баамаломада зарурати оҷилан андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини оромию субот, сарҷамъии миллат ва ба суйи ҳаёти муътадил раҳнамун кардани мардуми тоҷикро тақозо менамуд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд яке аз саҳифаҳои дурахшон ва дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб меравад. Баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин марҳилаи сарнавиштсоз заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард.

Маврид ба зикр аст, ки иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта дар рӯзномаи он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд онҳо дар ба низом даровардани вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқӯъ пайвастани дигаргунӣ ва пешравиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам овард. Санадҳои меъёрии қабулшуда минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии кишвар, таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими муносибатҳои хориҷӣ, фаъолияти мунназами мақомоти давлат, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд.

Ин Иҷлосия дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Хурду бузурги Тоҷикистон ҳамарӯза назди оинаи нилгун бо ҳазор орзуву ниятҳои нек ҷиҳати ҳарчӣ тезтар ба эътидол омадани вазъияти ноороми сиёсӣ пахши мустақим ва ғайримустақими иҷлосияро бесаброна интизорӣ кашида, тамошо мекарданд ва аз қабули ҳар як қарори он худро хушҳолу болидахотир эҳсос мекарданд.

Мувофиқи рӯзномаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 ноябри соли 1992 масъалаи “Дар бораи интихоби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи овоздиҳи пинҳонӣ аз шумораи 197 вакилони мардумӣ 186 вакил номзадии Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро ҷонибдорӣ карданд ва ӯ Раиси Шурои Олии мамлакат интихоб гардид.

Хотирнишон бояд сохт, ки дар ҳамин Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи (Қонуни Асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1978) қабул карда шуда, мувофиқи он амали институти президентӣ боз дошта шуд ва мувофиқи ин тағйиротҳо салоҳиятҳои Президент миёни Раиси Шурои Олӣ, Шурои Вазирон ва Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим карда шуд. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат эълон гардид.

Аз лаҳзаҳои аввали оғози фаъолияти корӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро баҳри таъмини сулҳ, оромӣ, ризоияти миллӣ, гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, қатъ кардани ҷанги шаҳврандӣ ва ба ватан баргардонидани фирориёни иҷборӣ оғоз карданд. Аз ҷумла, зимни аввалин баромади хеш аз минбари баланди ин иҷлосияи таърихӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тарафдори бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд буда, тамоми донишу таҷрибаи хешро барои дар ҳар хона ва оила барқарор кардани сулҳ ва ба Ватан баргардонидани охирон гуреза равон карда, агар лозим шавад барои расидан ба ин ният ҷон нисор мекунам.

Дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навбати аввал ба ҳаллу фасли як қатор масъалаҳои доғи рӯз, аз қабили хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, ҳарчи зудтар гирифтани пеши роҳи хунрезӣ ва барқарор кардани ҳаёти осоиштаи мардум, барқарор намудани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва кори муътадили сохтору мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз байн бурдани хатари гуруснагӣ, бо маҳсулоти озуқаворӣ ва доруворӣ таъмин кардани мардум, барқарор кардани фаъолияти муназзами мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, танҳо бо роҳи музокироти миёни тарафҳо ҳал кардани мушкилоти мавҷуда, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ таваҷҷуҳи бевосита зоҳир карда шуд.

Қабули як қатор қонуну қарорҳои дахлдор дар иҷлосия, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд”, “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992”, “Дар бораи гурезагон”, “Дар хусуси тадбирҳои пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнине, ки бар зидди саломатӣ ва ҳаёти шаҳрвандон, ҳуқуқи амволи онҳо ва барои хароб кардани пояҳои иқтисодию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд” ва Қарорҳои Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиат ба мамлакатҳои ИДМ оид ба дохил кардани қувваҳои сулҳхоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон; Дар хусуси тасдиқи фармони и.в. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ кардани вазъияти фавқуллода ва қоидаҳои шабгардӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе», “Дар бораи Муроҷиатномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ, ҳаракату созмонҳо, ба тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ”, “Дар бораи гуфтушунид бо тарафҳои мухолиф ба посёлкаи Айваҷ фиристодани гурӯҳи депутатҳои халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ҳимояи иҷтимоии шахсоне, ки дар мухолифати мусаллаҳона дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ зарар дидаанд” шаҳодати равшани иқдомҳои шоиста ва саривақтии Сарвари давлат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон, дар Иҷлосия бо мақсади барқарор сохтани рукнҳои давлатдории миллӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардиданд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби рамзҳои мустақили давлатдории худ гардид.

Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози иҷлосияи мазкур минбаъд дар самти бунёди рукнҳои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ба ҳам овардан миллати тоҷик, имзои созишномаи истиқрори сулҳ, зинда гардонидани ҳофизаи таърихӣ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.

Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи давлатдории миллии тоҷикон беназир аст. Зимнан бояд эътироф намуд, ки бузургтарин дастоварди ин Иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллати тоҷик бо амри Парвардигор фарзанди бонангу номус, қавииродаву ватандӯст, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат интихоб гардид. Ин фарзанди фарзонаи миллат такя ба хиради азалии мардуми тоҷик ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта ба наҷоти миллату давлати тоҷикон бархост. Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон сарбаландона рафъ карда шуд.

Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон – шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Бояд ҷавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳуввияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад.

Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Аминем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Ҳамин тариқ, қайд кардан ба маврид аст, ки Иҷлосия зимистони қаҳратуни миллатро ба баҳори сарсабз табдил дод. Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз дар иҷлосия, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандонаи фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди давлатдории миллӣ гузошта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифт ва дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.

Соли равон аз замони баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. Мардуми сарбаланду меҳанпараст ва тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик бо шукргузорӣ аз даврони соҳибихтиёрӣ 30-юмин солгарди баргузории ин Иҷлосияи тақдирсозро дар фазои сулҳу субот ва созандагию бунёдкорӣ бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил менамоянд. Бо гузашти солҳо қадру қиммат, манзалат ва аҳамияту муҳиммияти ин рӯйдоди сарнавиштсоз меафзояд.

Бо қаноатмандӣ ва шукргузорӣ изҳор медорем, ки дар дарозои сӣ соли сипаришуда аз он овони таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо дастгирӣ ва пуштибонии амиқ аз сиёсати ҳадафмандонаву бобарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва истеҳсолӣ ноил гаштаанд.

Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии кишвар, барқарор сохтани фаъолияти фалаҷшудаи мақомоти давлатӣ, таъмини қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба роҳ мондани фаъолияти бомароми тамоми шохаҳои ҳокимият, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва боло бурдани мақому манзалати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз бузургтарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки пас аз 30 соли баргузории Иҷлосияи тақдирсоз аз ҷониби Сарвари давлат такя ба хиради азалӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардуми сулҳпарвар ва қадршиноси тоҷик анҷом дода шудаанд.

Маҳмудов И.Т. – мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДМТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент