ИҶЛОСИЯИ САРНАВИШТСОЗ

393

Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон, ки ба шарофати ин рӯзҳо мо ба таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти фароҳам пайдо намуда, дар остонаи таҷлили санаи бузурги миллиамон рӯзи Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дастоварди муқаддастарини халқи Тоҷикистон мебошад қарор дорем.

Иҷлосияи ХVI – Шӯрои Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд.Бо пешниҳоди шахсиятҳои бузург Иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар минтақаи озоди Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, қасри Арбоб, дар хоҷагии ба номи С. Ӯрӯнхуҷаев даъват карда шуд.

Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 230 нафар вакилон 193 нафар иштирок доштанд. Инчунин дар Иҷлосия намояндагони ҳар ду гурӯҳ: мухолифин ва сохти конститутсионӣ даъват карда шуданд, то ки байни ин ду нерӯ созишномаи «Оштии миллӣ» оғоз гардад.

Дар чунин вазъияти ниҳоят мушкил барои Тоҷикистони бесаробон, сарваре лозим буд. Аз ин рӯ, вакилони Шӯрои Олӣ бо фикру мулоҳизаҳои худ чандин нафарро пешниҳод карданд, аз ҷумла дар байни онҳо намояндаи халқ Абдулвоҳид Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии №47, ноҳияи Ҳисор ба сухан баромада, номзадии вакили халқ Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Дар натиҷаи интихобот аз 197 вакили дар Иҷлосияи мазкур ҳузур дошта, 186 нафари он ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз доданд. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Интихобшавии Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил буд, аммо бо суханони барномавии худ дар назди вакилон баромад намуда, савганд ёд намуд, ки тамоми қувваи худро ва агар лозим шавад, ҷони худро фидо менамояд, то ки дар Тоҷикистон сулҳ ва оромӣ пурра пойдор гардад.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон сарвари органи Олии қонунбарори Ҷумҳурӣ, яъне сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид ва аввалин суханашон ин буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам!».

Интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи аз ҳама баланди давлатӣ , қонунӣ ва дуруст буд.Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид. Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузорӣ дорад. Хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо ба ҳисоб меравад.

Ин корнамоӣ ва матонати қаҳрамонии фарзанди фарзонаи миллати мо ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад шуд.

Ин Иҷлосияи таърихӣ ва барои миллати мо сарнавиштсоз буд ва миллату давлатамонро нигоҳ дошта, самти ҳаракати ҷомеаро муайян сохт. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳақиқат, иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахш, инчунин амали ғайриоддӣ ва ҷасурона дар оғози роҳи душвори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллии Тоҷикистон буд ва маҳз интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат баҳри пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, барқарорсозии сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол замина гузошт. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, ки вакилон дар интихоби Сарвари давлат хато накарда будаанд, зеро вақте ки он рӯзҳоро ёдовар мешавем ва бо ин рӯзҳои сулҳу ваҳдат муқоиса мекунем, дигаргуниҳои ниҳоят куллӣ пеши назарамон пайдо мешавад.

Қасри таърихии Арбоб барои кишвари мо рамзи ба ҳам омадани миллат, сулҳу ваҳдат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳофизат кардани муқаддастарини муқаддасамон- Истиқлолият мебошад. Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар мешавему мебинем, ки то расидан ба ин рукни муқаддас, чӣ рӯзгореро ба сар бурдаем ва чӣ роҳҳои мушкилгузареро тай намудем. Имрӯз, баъди 26 сол мебояд аз ҳамаи онҳое сипосгузор бошем, ки сабабгори даъвати ин Иҷлосия шуданд ва дар кори он ширкат варзиданд.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияе буд, ки оғоз дошту анҷом надошт, зеро ки тамоми дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламон аз қарори он сарчашма мегирад. Воқеан ҳам, ин Иҷлосия нақши муҳими худро дар ҳаёти мо ва имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гузошт. Шояд мо дар асл аҳамияти таърихии ин Иҷлосияро то он дараҷае ҳаст, надонем, лекин як чизро бояд қайд намуд, ки маҳз бо шарофати ҳамин Иҷлосия мо ба ин рӯз расидем ва ба ояндаи хеш боварии нек дорем.

Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои сиёсии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд. Ин Иҷлосия табаддулоте буд, ки давлати баъди ҳазор сол ташаккулёфтаву соҳиби истиқлолият шударо нигоҳ дошт.

Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҳанӯз 30 сол аз ин қабл нахустин хиштҳои ваҳдат ва сулҳу субот бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гузоштани саҳм дар роҳи сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ мебошад. Танҳо бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мо метавонем сатҳи зиндагии мардумро баланд бардошта, рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро таъмин намоем. Дар хотир бояд нигоҳ дошт, ки дар мустаҳкам гардидани сулҳ маҳз кӯшишу иродаи мо – ҷавонон низ зарур мебошад.

Муҳаммадалиев Қурбоналӣ- донишҷӯи курси 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ