ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ВА ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР

171

Воқеан боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаю бунёркоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пояҳои истиқлолияти давлатиамон таҳким ёфта, халқи Ватани азизамон, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ва анъанаҳои фарҳангии бостонӣ мебошад, ба фардои рӯзгори худ ва ояндаи ободу осудаи кишварамон дилпурона ва бо эътимоди қавӣ назар менамояд.

Имрӯз бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз сулҳу суботи комил ва фазои орому беғубор дар диёри Тоҷикистони азиз ҳукмфармо буда, аз файзу баракати он сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худогоҳиву ифтихори миллии мардуми кишвар боло рафта, Тоҷикистон ба сӯи амалишавии ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор мегузорад. Иҷлосияи воқеан тақдирсоз имкон дод, ки бо дарназардошти дастовардҳои ин даврон эътибору мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафта, рушди муътадили низоми иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, дар заминаи арзишҳои волои Конститутсия барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ки дар он эҳтирому ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мадди аввал меистад, заминаи воқеӣ гузошта шавад. Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун дастоварди бузург ва воқеан нодиру фараҳбахш барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин фазои мусоид фароҳам оварда, дар ин раванд мавқеи давлати мустақили Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баланд гардид. Минҷумла, пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Бо шарофати ин иҷлосия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ташаббускор ва пешсафи ҳаллӣ масъалаҳои марбут ба об шинохта шуд.

Бо баргузории Иҷлосияи тақдирсоз сулҳу суббот ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқии мамлакат таъмин гардида, обурӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Ин рӯйдод боис гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ расман шинохта шавад.

Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар тамоми гушаю канори Тоҷикистон бузургтарин ҷашнҳои миллӣ, чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ – Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мудати 30-соли Иҷлосияи тақдирсоз дар самти таъмини шароити зиндагонии арзандаи сокинони кишвар, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, таъмини рушди устувори соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ба комёбиҳои бузург мушарраф гаштааст. Дар ин ҷода яке аз дастовардҳои 30-соли Иҷлосияи тақдирсоз ин эътирофи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масоили «об» дар сатҳи байналхалқӣ ва ҳамзамон такмили қонунгузории об дар самти миллӣ дониста мешавад.

Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои амиқро ба вуҷуд овард. Такмил ва инкишофи қонунгузории соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо ҳисобида хоҳад шуд.

Метавон гуфт, ки имрӯз дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ ҳамчун ғояи умумимиллӣ дар радифи мафҳумҳои исиқлолият, озодиву ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот пазируфта шудааст. Маҳз дар заминаи натиҷаҳои мусбати Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ мо ба тамоми ҳадафҳои худ расида, бо нерӯи созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони азизи худро дар қатори давлатҳои мустақили ҷаҳон ҷой дода тавонистем. Мо метавонем бо ифтихор гӯем, ки баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид. Имрӯз башарият иқдомоти башардӯстонаи давлати тоҷиконро низ доир ба ҳалли проблемаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон бо гармӣ истиқбол ва пуштибонӣ мекунад. Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ мустаҳкам гардад ва дар заминаи он қонунгузории мамлакат такмил ёбад. Ҳамчунин Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва манзалати хоса касб намояд. Дар ҷодаи истифодаи самараноки об, ки таъминкунандаи истиқлолияти миллӣ аст, Ҳукумати Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегии худро пеш гузоштааст. Ин ҳадафи стратегии давлати мо расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, талошҳои пайвастаи давлат ба бунёди чандин нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ равона шудааст. Дар давоми чанд соли охир дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар зиёда аз 180 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд гардиданд ва нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва Помир-1 ба истифода дода шуданд. Имрӯзҳо корҳои барқарорсозӣ дар нерӯгоҳи азими Роғун босуръат идома дорад. Ин ҳама талошҳо қадами нек дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошанд.

Мусалам аст, ки агар дар мамлакат истиқлолияти воқеӣ ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд.

Об – ин чунин омилест, ки муносибатҳои мутақобилаи минтақавиро ташаккул медиҳаду пойдории истиқлолияти миллӣ аз бисёр ҷиҳат вобаста ба он мебошанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Президенти мамлакат пайваста дар суханрониҳои худ ба масъалаи истифодаи самаранокӣ об диққати аввалиндараҷа медиҳад. Истифодаи самараноки обро қисми таркибии ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон «истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ» бояд донист. Зеро бо истифодаи самараноки об иншоотҳои бузургӣ гидроэнергетикӣ сохта шуда истодааст ва тайёр намудани маҳсулоти озуқаворӣ бо истифодаи оби тоза ҳадафҳои пешгирифтаи стратегии давлатро таъмин мекунад.

Дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ ва барқарории Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои назаррас вобаста ба масоили об ба вуқуъ пайвастанд, ки онҳоро ба ду қисм ҷудо кардан мумкин аст:

Якум, дастовардҳо вобаста ба масоили об дар сатҳи байналмилалӣ;

Дуюм, дастовардҳо вобаста ба масоили об дар сатҳи миллӣ.

Ба дастовардҳои сатҳи байналмилалӣ дар ҷодаи истифодаи самараноки об метавон пазироии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳо ва давлатҳои хориҷӣ доир ба масоили об, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани чандин конвенсияву созишномаҳо доир ба масъалаҳои обро шомил сохт. Заминаҳои мусбати Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ ва барқарории Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шаванд:

Масалан, бо дарназардошти ин, ки нарасидани оби тоза торафт ба яке аз проблемаҳои глобалӣ табдил меёбад, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби 142 кишвар дастгирӣ ёфт, ки дар доираи он бо қарори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) як силсила чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла Форуми об дар шаҳри Душанбе доир шуд. Ҳамчунин пешниҳоди Тоҷикистон доир ба Даҳсолаи оби тоза эълон кардани солҳои 2005-2015 аз ҷониби 141 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Тоҷикистон ташаббускори соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза, даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт 2005-2015», соли 2013-Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028 «Об барои рушди устувор» мебошад. Ҳамзамон пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси «Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мавриди пуштибонӣ қарор дода шуд.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Натиҷаҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ сол ба сол қавитар мегарданд. Дар заминаи амалишавии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин конфронсу ҳамоишҳо бо иштироки давлатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ баргузор гардиданд. Солҳои минбаъда низ баргузории ҳамоишҳои сатҳи баланд дар назар дошта шудааст.

Ба дастовардҳои сатҳи миллӣ дар ҷодаи истифодаи самараноки об ин таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба як чанд минтақаҳои ҷумҳурӣ, қабули якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бахши об дохил мегарданд. Бо мақсади таъмини аҳолии баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ бо оби тозаи нӯшокӣ миллиардҳо сомонӣ маблағ ҷудо гардида, давра ба давра аҳолии тамоми минтақаҳо бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуда истодаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбудии таъминот бо об ва ноил шудан ба дигар Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола барномаву стратегияҳои муҳимми давлатиро дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ қабул намудааст. Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 низ аҳамияти муҳим дар ин бахш дорад.

Дар натиҷаи баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ то имрӯз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав дар бахши истифодаи самараноки об ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ қабул гардиданд, аз ҷумла Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 апрели 2020, №1688; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» 19 июли соли 2019, №1633; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» 2 январи соли 2020, №1668; Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои истифодабарии системаҳои коммуналии обтаъминкунӣ ва канализатсия» 30 апрели соли 2011 № 234; «Дар бораи қоидаҳои хизматрасонии коммуналӣ» 6 июни соли 2005, № 209; «Дар бораи тартиби назорати давлатии таъмини оби нӯшокӣ» 31 декабри соли 2011, №679; «Дар бораи тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани иҷозатномаҳо барои истифодаи махсуси об» 3 декабри соли 2002, № 485; «Дар бораи тасдиқи Консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1 декабри соли 2001, № 551; «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020» 2 декабри соли 2006, №514 ва диг.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои вобаста ба об зиёда аз 15 барнома, стратегия ва нақшаҳои амалиёт қабул намуд, ки дар доираи онҳо даҳҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 500 миллион доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониҳо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналхалқӣ пайваста қайд менамоянд, ки яке аз проблемаҳои муҳим ин проблемаи оби тоза аст. Пешвои миллат ба ин масъала диққати хоса зоҳир намудааст ва пешниҳодҳои судманд ба тамоми аҳолии ҷаҳон ироа медоранд. Маҳз инкишофи ҳамкорӣ ва ҳамшарикӣ байни истифодабарандагони мухталифи об, аз сатҳи маҳаллию миллӣ сар карда, то сатҳи минтақавию байналмилалӣ метавонад дар амри расидан ба ҳадафҳои таъминоти об ва санитария, инчунин ҳифзи захираҳои об барои наслҳои оянда мусоидат намояд».

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «об барои инсон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад ва тамоми рӯйдодҳои ҷаҳон ба он вобастаанд, ки шарти асосии зиндагии мӯътадили тамоми мавҷудоти зинда, пеш аз ҳама инсон мебошад. Бинобар ин ҳуқуқи баҳрабардорӣ аз обро, ки СММ эълон кардааст, ҳамчун «ҷузъи ҳаётан муҳими таъминкунандаи шаъну эътибори инсонӣ» ва ҳамчун «заминаи таъмини ҳуқуқҳои дигари инсон» баррасӣ кардан зарур аст».

Аз ҷиҳати захираҳои обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Аз ин рӯ, пайваста талошҳо дар ҷодаи ҳифз ва истифодаи самараноки ин сарвати табиӣ ба амал бароварда мешаванд.

Минбаъд низ Ҳукумати мамлакат дар ин самти ниҳоят муҳим иқдомоти хосаеро амалӣ хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсати муносиб, кулли сокинони кишвари азизамонро ба муносибати ҷашнҳои фархундаи Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони мардуми тоҷик саломатӣ, саодатмандӣ ва дар фаъолияти созандаашон муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бошад!

САИДОВ Ҳуснуддин – мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи граждании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ