ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ

1067

Пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ ба харитаи сиёсии ҷаҳон тағйироти ҷадид ворид кард. Дар харитаи ҷаҳонӣ давлатҳои ҷадид пайдо шуданд. Яъне давлатҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буда соҳибистиқлол шуданд. Дар баробари ин таҳаввулот, Тоҷикистон дар қатори чор давлати дигари Осиёи Марказӣ истиқлоли худро ба даст овард.

Вале дар пушти баҳори истиқлол боди тунди маҳалгароӣ, мазҳабӣ ва хештаннашносии шадид эҳсос мешуд. Душманони миллати мо, дар дохилу беруни миллат даст ба кор буданд то миллат ва давлати соҳибистиқлоли моро аз байн бибаранд. Дар натиҷа аз соли 1992 сар карда Ҷанги бародаркуш шуруъ шуд. Чашмҳо хунгирифта, сар дар ҳавои сарвату тахт гуруҳҳо дар майдон гирд омаданд. Дар ду ҷабҳа, майдони Шаҳидон ва Озодихоҳ гирдиҳамойӣ ва эътирозу душмани нисбати ҳамдигар Тоҷикистонро ба як Ҷанги нанговар, яъне Ҷанги Шаҳрвандӣ кашид. Албатта душманони миллати мо ин ҷангро таҳррезӣ ва таҳмил карда буданд. Лекин дар хотир бояд дошт, ки ин бо дасти худамон ба мо харобӣ овард. Сохтори давлатдорӣ то ба дараҷае фалаҷ шуда буд, ки давлат дар дасти гурӯҳҳои иртиҷоъпеша ва маҳалгаро қарор дошт. Дар чунин лаҳзаҳои ҳасос шамъе ба нурбахши дар Зулмистони дилҳои мардум оғоз кард, ки рафта-рафта ба офтоби оламоро мубаддал шуд, ки муддати 30 сол мешавад ба замини қалби тоҷикон нурбахши мекунад.

Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид.Зеро ҳокимияти он вақта фалаҷ шуда буд. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Пеш аз ҳама раванди пешрафти ҷанг бояд кунд карда мешуд. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт. Иҷлосияи 16-ум дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Точикистон ворид шуд.

Дар Иҷлосия раисони кумита ва комиссияҳои Шӯрои Олӣ, Раиси Шӯрои вазирон ва аъзои Ҳукумат аз нав интихоб карда шуданд. Дар маҷмуъ, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 74 қонун, қарор ва фармонро ба тасвиб расонид, ки ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, инкишофи сохторҳои демократӣ, таҳкими ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ замина гузошта, эътимоду боварии мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овард.

Барои ба эътидол овардани вазъият, истиқрори сулҳу осоиш ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон Раиси Шӯрои Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонов ба Шӯрои Олии Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат карда хоҳиш намуд, ки ба Тоҷикистон қувваҳои муштараки ҳомии сулҳро фиристонанд. Бо ин амали худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи байналмилалии Тоҷикистонро устувор намуд.

Бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, ки шахсони аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухолифати мусаллаҳона ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд.

Хулоса Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ заминаи мустаҳкамкунандаи сулҳу субот, қадами бузург дар роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳаводиси бузурги таърихии миллати тоҷик дар замони муосир аст. Инчунин дар кашфи бузурги чеҳраи сиёсии давр Пешвои миллат муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон саҳми беандоза дорад.

30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ муборак ҳамватанони азиз…

Донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии ТоҷикистонМаҳмудзода Исрофил Мирзоалӣ