ИНЪИКОСИ РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР САҲИФАҲОИ МАТБУОТИ ДОНИШГОҲӢ

834

(АЗ ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ ТО САРФАРОЗИИ УСТОДОНУ ВАРЗИШГАРОН)

Таҳти ин унвон имрӯз (23.11.2021) дар толори калони Донишгоҳи миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва 65-умин солгарди таъсисёбии нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» ҷаласаи тантанавӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд ва бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои болозикр, рӯзноманигорон ва парчамбардорони номдори кишвар доир гардид.

Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аҳли нишастро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми ноябр табрику таҳният гуфта, таъкид дошд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.

Дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Ректори донишгоҳ зимнан таъкид дошт, ки имрӯз аз таъсиси нашрияи “Ба қуллаҳои дониш”, ки ҳамчун оинаи донишгоҳ муаррифӣ мешавад, 65 сол сипарӣ мегардад.

Нашрияи “Ба қуллаҳои дониш”-и Донишгоҳи миллӣ манбаи хуби иттилоърасонӣ ба кулли устодону кормандон ва алоқамандони донишгоҳ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нашрия дар байни расонаҳои муассисаҳои Тоҷикистон аз лиҳози мавзӯву муҳтаво, миқдори чоп ва ҳам сифати хадамоти иттилоърасонӣ беҳтарин нашрия маҳсуб мегардад.

“Бо назардошти фаъол шудани шабакаҳои иҷтимоӣ мо фаъолияти нашрияро фарохтар намуда, идораи онро ба Маркази иттилоотӣ-таҳлилии донишгоҳ табдил додем. Акнун матолиб ҳам дар саҳифаҳои нашрия ва ҳам дар сомонаи донишгоҳ дарҷ мегардад. Мақсад аз бознигарии фаъолияти нашрия ҷалби бештари хонандагон ба эҷоди қалам ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани хонандагону истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ мебошад”-афзуд Хушвахтзода Қ.Х..

 Дар идома Ректори донишгоҳ меҳмонони олиқадр – М. Неъматзода – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад – раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансурро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо “Сипоснома”-и ДМТ сарфароз гардонид.

Дар идома, риштаи сухан ба М. Неъматзода – раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дода шуд. Мавсуф дар робита ба муқаддасоти миллӣ- Парчами давлатӣ суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ ин Парчами давлатӣ мебошад. Ҳамин аст, ки дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ парчам ҳамчун муқаддасот, рамзи давлатдорӣ бо ҳиси баланди ватандӯстӣ парафшон мегардад. Дар идомаи суханронӣ таъкид намуд, ки мо чанд рӯз пеш аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз сафари корӣ баргаштем. Дар ҳамон шабу рӯз ҷавонон дар мусобиқаи варзишӣ буданд. Бо масъулин ҳамсуҳбат шуда, пурсидам ва посух омад, ки ҷавонони мо зина ба зина ғолиб меоянд. Дар ниҳоят ба он мусобиқа рафтам, ки дар он ҷо ду финал буд. Яке Акмалиддин Каримов барои медали тилло ва дигаре Хушқадам Хусравов. Хушбахтии мо дар он аст, ки чемпиёни охирони ҷаҳон, яъне чемпиёни чоруми ҷаҳон оид ба “Самбо” Акмалиддин Каримов шуданд. Ин ҷавонмад тӯли 25 сол ҳастияшро баҳри ба даст овардани ин медал бахшид ва Худованд насибаш гардонид.

Аз рӯзҳои аввале, ки мо соҳиби истиқлол шудем, варзишгарон парчамбардорони миллат буданд. Имрӯзҳо эҳсос мекунем, ки рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ дар чорабиниҳои дохилию хориҷӣ хуб истифода мешавад. Аз таърих медонем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал, яъне аз баргузории Иҷлосияи 16 Шӯрои Олӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам эҳтироми хосса доранд. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди он гаштем, ки парчам дар ғурури ҷавонон ҳисси ватандӯстиву хештаншиносиро бедор намуд ва насли ҷавонро ба ояндаи нек роҳнамо сохт.

Дар идомаи суханронӣ М. Неъматзода оид ба лаҳзаҳои пурэҳсоси мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, ҳолати ғолиб омадани варзишгарон дар хориҷи кишвар хотироти ҷолиберо қисса намуда, дар самти ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол таъкидҳои судманд намуданд.

«Рӯзномаи «Ба қуллаҳои дониш», ки зиёд хондаам ва мехонам, воқеан ҳам он яке аз рӯзномаҳои рӯйимизӣ аст. Ба аҳли коллектив ва рӯзноманигорон саломатӣ ва қалами бурро таманно мекунам ва бошад, ки ин нашрия дар ҳаёти донишгоҳ садсолаҳои дигар фаъолият намояд. Ҷашни 65 солагӣ муборак бошад»- афзуд М. Неъматзода..

Ҳамин тавр, дар идомаи чорабинӣ тибқи фармоиши раиси Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон дар мавриди сарфарозии устодону кормандон ва варзишгарон қироат гардид.

Барои ҳамкориҳои судманд ва фаъолияти пурсамар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ як зумра фаъолон, аз ҷумла ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода З.А. бо “Ифтихорнома” ва варзишгарон А. Каримов, М.Сулаймонов бо “Сипоснома”-и Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Илова бар ин, дар робита ба ин ҷашни давлатӣ чанде аз устодони донишгоҳ: Р.Наботӣ, Ҳ.Саидов, А.Қудбиддинов, А.Назаров, С. Шоимардонов ва Каримӣ С. бо “Ифтихорнома”-и Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Кароматулло Исмонов дар мавзӯи «Нақши ВАО дар тарбияи ҷавонон дар мисоли «Ба қуллаҳои дониш»» суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки “Ҷавонон дар ҳама давру замон мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа қарор дошта, ба таълиму тарбияи онҳо ҳамеша диққат дода мешуд.

Зеро муаррифӣ ва ҳатто бақои миллат ба ин неруи бузурги ҷомеа бастагӣ дорад. Ҷавонон дар ҳама давр қишри осебпазири ҷомеа ба шумор мерафтанд ва дар замони кунунӣ, ки бо пешрафти технологиву ҷаҳонишавӣ ҷаҳон чун деҳкадае ба назар мерасад, осебпазирии онҳо даҳчанд гаштааст. Ҳамин аст, ки имрӯз оила, муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва олӣ ва дар умум ҳама ниҳодҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар якҷоягӣ ба тарбияи насли ҷавонон камари ҳиммат бастаанд ва дар ин самт набояд нафаре бетарафӣ намояд. Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад. Хусусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдату сарҷамъӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб кардааст. Ин рисолат аз тамоми ҷомеа, алалхусус, аз аҳли зиё тақозо менамояд, ки моҳияти сулҳу ваҳдат, ватану ватандорӣ ва худшиносии миллиро ба наврасону ҷавонон ҳарчи бештар ташвиқ намоянд».

 Бе тардид, дар замони муосир воситаҳои ахбори омма, ки оинаи акснамои рӯйдодҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ ва ғайра будаву ҳамеша ҳамқадами замон аст, дар тарбияи насли ҷавон нақши муассир дорад. Ҳар матлабе, ки дар саҳифаҳои матбуот ба нашр мерасад ва ё дар ВАО истифода мешавад, дар баробари чандин рисолат боз рисолати тарбияро бар дӯш дорад.

Ҳамеша хонанда дар симои қаламкаш фарди зиёиву маърифатнокро мебинад ва саъй мекунад аз ӯ чизе омӯзад. Мутолиа ва гӯш додан ба ВАО маърифату ҷаҳонбинии ҷавонро афзуда, ба худшиносиву худогоҳии ӯ мусоидат менамояд. Ҳамзамон бо ин, воситаҳои ахбори омма ҳамчун ҷузъи муҳимми забони адабӣ дар тарбияи забонӣ ва ташаккули забондонии ҷавонон нақши муассир дорад ва ҷавонон на фақат маълумоти муфиди ахлоқӣ, ҳатто бархе меъёрҳои имлоиву услубии забонро маҳз аз матбуоти даврӣ меомӯзанд. Дар ин ҷо месазад аз нақши тарбиявии нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ёдовар шуд. Саҳфаҳои ҳар шумораи ин нашрия саршор аз мақолаҳои таҳлилӣ, гузоришҳои илмӣ, сухан аз рӯзгору осори абармардони ин даргоҳ ва хабар аз дастовардҳои гуногунҷанбаи муҳаққиқону донишҷӯёни донишгоҳ мебошад, ки дар сатрҳову зерсатрҳои онҳо паёмҳои тарбиявии зиёде нуҳуфта аст. Гузашта аз ин, вақте ҷавони донишҷӯ дар саҳифаи нашрия мақолаи муаллим, ҳамкурс ва хусусан вақте мақолаи худро мехонад, ҳатман, ӯро як ифтихор фаро мегирад ва биниши мусбат дар ӯ боло гирифта, муҷиби таҳкими худшиносиву меҳанпарастӣ дар ӯ мегардад.

Воқеан, бархе мақолаҳое, ки дар ин нашрия манзури хонандагон мегарданд, ба қалами бузугтарин устодони донишгоҳ ва шинохтатарин донишмандони ҷумҳурӣ тааллуқ доранд ва аз нигоҳи муҳтавову ҳаҷм баробар ба як рисолаи илмианд. Бо таҳнияту табрики алоқамандони нашрияи «Ба қуллаҳои дониш» ба 65-умин солгарди ин нашрия мехоҳам нуктаеро аз фаъолият дар он ёдовар шавам. Воқеан, фаъолият дар нашрияи «Ба қуллаҳои дониш», аз як тараф, осон ва, аз тарафи дигар мушкил аст. Ба ин маъно, ки ба фарқ аз бештари нашрияҳо «Ба қуллаҳои дониш» аз ҷиҳати таъмини мавод танқисӣ намекашад, зеро ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ ҳамарӯза ба ин нашрия маводи насриву назмӣ, тавсифию таҳлилии зиёде пешниҳод менамоянд. Вале мушкилӣ дар он аст, ки хонандаи ин нашрия хонандаи одӣ нест. Хонандаи ин донишҷӯ ва омӯзгор аст, ки ҳамеша дар такопӯи донишанд ва метавонанд хурдтарин иштибоҳи имлоӣ ва нозуктарин ноҷурии ибораороиву ҷумласозиро эҳсос намоянд».

 Директори Академияи ВАО Исматзода С.М. дар робита ба баргузории чорабинии мазкур суханронӣ намуда, қайд кард, ки «он чи дорам аз Донишгоҳи миллӣ дорам. Ман ҳам фарзанди ҳамин донишгоҳ ҳастам. Инҷо ду ҷашн аст. Парчам ва нашрия. Парчам барои ҳар миллат муқаддас аст. Боиси хушнудист, ки варзишгарони мо, аз ҷумла Акмалиддин дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ давлати моро бо парчам муаррифӣ менамоянд. Ҷашни миллатдӯстиву ватандӯстӣ муборак бошад. Ташрифи варзишгарон ба ин ҷашнвора шукӯҳи онро боз ҳам баланд намуд.

Дар мавриди нашрия ҳаминро гуфтаниям, ки муҳаррирони он рисолати рӯзноманигориро хуб иҷро намуда, дар саҳифаҳои он таърихи донишгоҳро инъикос кардаанд, ки он моли таърих қарор гирифт. Ҷашн муборак!»

Ҳамин тавр, дар идомаи чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангину хотирмонеро пешкаши тамошобинон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин чорабинии тантанавӣ дар саҳифаҳои «Ба қуллаҳои дониш» муфассал инъикос меёбад.